islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Бадҳиҷобӣ ва асари он


4898
Дарс Тавсифи

الحمد لله الذي شرع الشرائع فأحكمها، وسن الأحكام وسلمها.. الحمد لله الذي أكرم الإنسان عن طبائع الحيوان، وأعطى كل مخلوق حقه وما يصلح له من غير زيادة ولا نقصان.. أكرم النســاء بالعفاف، وأوجب على الرجال صيانتهن والإنفاق عليهن بالكفاف، حماهن من التبرج والسفور، ورفعهن عن عهر الفاحشة و الغرور.. وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له « أمر أن لا تعبدوا إلا إياه ذلك الدين القيم ولكن أكثر الناس لا يعلمون «. وأشهد أن محمداً عبده ورسوله المبعوث رحمة للناس بشيراً ونذيراً، لتطيعوه وتتبعوه لعلكم تفلحون، صلى الله وسلم عليه وعلى آله وأصحابه وسلم تسليماً. أما بعد:

Бародарон ва хоҳарони гиромӣ! Яке аз муҳимтарин қавоиди дини мубини Ислом, ки машруъияти бисёре аз аҳком ва қавонини ин дин мабнӣ ва баргирифта аз он аст, «садди зариъа» мебошад. Садди зариъа, яъне бастани ҳар роҳе, ки ба фитна ва фасоду зарар ва дигар муҳаррамоти шаръӣ мунтаҳӣ мешавад.

Ва поягузории чунин асл ва қоидае дар дини Ислом нишон аз шумулияти ин дин ва раҳмати Худованди мутаъол бар бандагонаш дорад. Ҳамон гуна, ки медонем имрӯза дар бисёре аз сарзаминҳои исломӣ ва шояд тамоми онҳо бадҳиҷобӣ ва ихтилот байни марду зан, ки бар пояи ин асл амри муҳаррам ва ноҷоиз аст, ба масъалаи одӣ ва мутаъассифона дар баъзе аз ҷомеъаҳои мусалмонӣ ба як меъёр ва арзиш табдил шудааст ва ҳар, ки бо ин амр ба мухолифат ва мубориза пардозад, ӯро мутаҳаҷҷир ва ақибмонда меноманд.

Бародарони азиз! Масъалаи занон ба мурури замон табдил ба мушкилии бузург шудааст, ки ҳаргиз наметавон дар муқобили он сукут кард, ё аз он чашм пӯшид. Чун агар умур ба ҳамин минвол идома пайдо кунад, оқибати вахиме дарбар хоҳад дошт, ки ҳамаи мардум қурбони он хоҳанд шуд. Оё касоне, ки дар муқобили хонаводаҳо ва шаҳру диёри худ масъуланд, ба фикр меоянд? Оё онон намедонанд, ки лоақал масъулияти хонаводаи худро ба уҳда доранд? Оё ин шахс наметавонад зан, духтар, хоҳар ва наздиконашро монанди мардони Ансор дар ҳангоми нузули сураи Нур, насиҳат кунад? Оё ин мард наметавонад аз хуруҷи зани худ, магар дар сурати зарурат мамониъат кунад? Оё ӯ наметавонад дар сурати хуруҷи изтирории занон, онҳоро аз ороиш ва зинату истеъмоли атр, манъ кунад?

Оё касе, ки хешон ва ё хоҳари донишҷӯ дорад, наметавонад ба онҳо бигӯяд, то духтарони донишҷӯи дигарро насиҳат намуда ва дар бедорсозӣ ва даъвати онон нақше дошта бошанд ва ононро аз зиштӣ ва шарри гаштугузор дар бозор, он ҳам бо зиннату ороиш барҳазар доранд?

Пас бар мост, ки тақвои Аллоҳро пеша кунем ва дасти инсонҳои гумроҳ ва мунҳарифро гирифта ва онҳоро бо ҳикмат ва муҳаббат ба роҳи рост ҳидоят ва роҳнамои намоем, то ин ки мабодо ба сабаби гуноҳони онҳо азоби дардноки Илоҳӣ моро низ дарбар нагирад. Аллоҳи мутаъол дар ин бора мефармоянд:

Абӯсаъиди Хузрӣ ривоят мекунад, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд: "Ҳар як аз шумо ҳангоме, ки мункаре (кори ноҷоиз ва нописанде)ро дид, ибтидо- агар дар тавони вай буд- бо дасти худ онро тағйир диҳад ва агар натавонист бо забони худ ва агар –бо забон ҳам- натавонист, пас бо қалбаш- он мункарро накӯҳиш кунад- ва ин (инкори бо қалб) поёнтарин дараҷаи имон аст".

Ҳамаи ин корҳо дар сурате, ки шахс Парвардигори худ ва Расули вайро тасдиқ намуда ва нияти худро холис ва азми худро мустаҳкам намояд, на танҳо имконпазир, балки бисёр низ осон аст.

Бародарони азиз! Шамае аз тавҷиҳоти Худованди субҳон ва Расули ӯ (с) дар ин бораро барои шумо баён мекунам, то ба хутурот ва аҳамияти мавзӯъ бештар пай барем.

Худованд мефармояд:

( وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ وَلَا مُؤْمِنَةٍ إِذَا قَضَى اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَمْرًا أَنْ يَكُونَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ مِنْ أَمْرِهِمْ وَمَنْ يَعْصِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَالًا مُبِينًا 36 ) [الأحزاب: 36]

Тарҷума: «Ва ҳеҷ марду зани мӯмине дар коре, ки Худованд ва Расули ӯ ҳукм диҳанд, ихтиёр ва иродае надоранд ва ҳар кас нофармонии Худо ва Расули ӯро бикунад, ба гумроҳии сахте дӯчор шудааст».

Дар ояти дигар Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( لُعِنَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ بَنِي إِسْرَائِيلَ عَلَى لِسَانِ دَاوُودَ وَعِيسَى ابْنِ مَرْيَمَ ذَلِكَ بِمَا عَصَوْا وَكَانُوا يَعْتَدُونَ 78 كَانُوا لَا يَتَنَاهَوْنَ عَنْ مُنْكَرٍ فَعَلُوهُ لَبِئْسَ مَا كَانُوا يَفْعَلُونَ 79 ) [المائدة:78 - 79]

Тарҷума: «Аз миёни фарзандони Исроил онон, ки куфр варзиданд, ба забони Довуд ва Исо писари Марям, мавриди лаънат қарор гирифтанд, ин (кайфар) ба хотири он буд, ки исён варзида ва (аз фармони Худо) таҷовуз мекарданд (ва) аз кори зиште, ки онро муртакиб мешуданд, якдигарро боз намедоштанд, ростӣ чӣ бад буд он чӣ мекарданд».

Ва Расули Алллоҳ (с) дар ҳадиси саҳеҳ вуҷуби наҳй аз мункар ва чигунагии онро барои мо баён медорад.

عن أبي سعيد الخدري رضي الله عنه قال : سمعت رسول الله صلى الله عليه وسلم يقول : "من رأى منكم منكرا فليغيره بيده ، فإن لم يستطع فبلسانه ، فإن لم يستطع فبقلبه ، وذلك أضعف الإيمان» رواه مسلم .

( وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَالرَّسُولَ فَأُولَئِكَ مَعَ الَّذِينَ أَنْعَمَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ مِنَ النَّبِيِّينَ وَالصِّدِّيقِينَ وَالشُّهَدَاءِ وَالصَّالِحِينَ وَحَسُنَ أُولَئِكَ رَفِيقًا 69 ) [النساء: 69]

Тарҷума: «Ва он, ки Худо ва Расули ӯро итоъат кунад, пас бо касоне, ки Худованд ба онҳо неъмати фаровоне дода, яъне Паёмбарон, Сиддиқин, Шуҳадо ва Солиҳин, маҳшур хоҳад шуд ва чӣ накӯ рафиқоне ҳастанд онон».

Аллоҳи мутаъол дар сураи мубораки Нур, ки бисёре аз аҳкоми занон ва хонавода дар ин сура баён шудааст, мефармояд:

( قُلْ لِلْمُؤْمِنِينَ يَغُضُّوا مِنْ أَبْصَارِهِمْ وَيَحْفَظُوا فُرُوجَهُمْ ذَلِكَ أَزْكَى لَهُمْ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا يَصْنَعُونَ 30وَقُلْ لِلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيُوبِهِنَّ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوْ آَبَائِهِنَّ أَوْ آَبَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ أَبْنَائِهِنَّ أَوْ أَبْنَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي أَخَوَاتِهِنَّ أَوْ نِسَائِهِنَّ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُنَّ أَوِ التَّابِعِينَ غَيْرِ أُولِي الْإِرْبَةِ مِنَ الرِّجَالِ أَوِ الطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْ يَظْهَرُوا عَلَى عَوْرَاتِ النِّسَاءِ وَلَا يَضْرِبْنَ بِأَرْجُلِهِنَّ لِيُعْلَمَ مَا يُخْفِينَ مِنْ زِينَتِهِنَّ وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعًا أَيُّهَا الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ 31 ) [النور:30 - 31]

Тарҷума: «Мардони мӯминро бигӯ, то чашмонашонро аз нигоҳи нараво бипӯшонанд ва фуруҷи (шармгоҳ) худро ҳифз кунанд, ки ин барои покизагии онҳо беҳтар аст ва баростӣ Худованд бар он чӣ онҳо анҷом медиҳанд, огоҳ аст. Ва ба занони мӯмин бигӯ, то чашмони худро аз нигоҳи нораво бипӯшанд ва фуруҷи (шармгоҳ) худро ҳифз кунанд ва зиннату ороиши худро ҷӯз он чӣ маҷбуран зоҳир шавад, бар бегонагон ошкор насозанд ва бояд сари синаи худро бо чодар бипӯшонанд ва зинату ҷамоли худро ошкор насозанд, ҷӯз барои шавҳарони худ ва падарони худ ва падарони шавҳар ва писарони худ ва писарони шавҳар ва бародарони худ ва писарони бародарони худ ва писарони хоҳарони худ ва занони мусалмон ва канизони худ ва хидматгузорони марде, ки ба занон майле надоранд (хоҷа-хуносо) ва ё тифле, ки ҳанӯз бар аврат ва маҳорими зан огоҳ нест ва пой бар замин муҳкам назананд, ки зинати пинҳони онон ошкор шавад ва ҳама ба даргоҳи Худованд тавба кунед, бошад, ки растагор гардед».

Бародарони намозгузор! Инҳо тавҷиҳоти Ислом буд, ҳоло бубинем, ки роҳу равиши аҳли Ислом, яъне гузаштагони неки мо, салафи солеҳи уммат, Уммаҳоти мӯминон ва занҳои Саҳоба, чӣ гуна аст.

Умми Салама (р) мефармояд: «Ҳангоме, ки ин оят нозил шуд: ( يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِنْ جَلَابِيبِهِنَّ ) [الأحزاب: 59]

занони Ансор ба гӯнае хориҷ мешуданд, гӯё, ки бар сари онҳо зоғ нишастааст, ки нишонаи сакина ва оромиши комил буд ва ҳама либоси сиёҳ бар тан доштанд».

Ва Ойша (р) мефармояд: «ҳаргиз ҳамонанди занони Ансор касеро надидаам, ки ингуна китоби Худовандро тасдиқ намуда ва ба танзили оёти он, мӯмин бошанд, ҳангоме, ки ин ояти сураи Нур нозил шуд:

( وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيُوبِهِنّ ) [النور: 31]

ҳар мард ба сӯи духтар ва хоҳару хешовандони худ равон шуд ва ин оётро бар онҳо тиловат кард ва ҳар кадом билофосила бо шунидин ин оёт порчаеро, ки дар ихтиёр дошт ба гирди худ печид, ки нишонгари тасдиқ ва имони онон ба оёти муназзала дар китоби Аллоҳ буд».

Оё набояд ин тавҷиҳоти исломиро бо ҷону дил дар оғӯш кашид ва аз роҳу равиши аҳли ислом ибрат гирифт? Оё набояд тақвое Худовандро пеша кард? Оё набояд иллатҳои каҷравии бисёре аз занон ва инҳирофи онон аз роҳу равиши аҳли исломро дарёфт ва ононро ба ислоҳи сулук ва сияр бар сироталмустақими Худованд мулзим намуд?

Ва дар натиҷа онгоҳаст, ки муҷтамаъи мо метавон дар мардону занони худ ва дар ибодатҳо ва ахлоқи худ, як муҷтамаъи исломӣ бошад ва мабодо онон, ки ба Худованд ва рӯзи қиёмат имон надоранд, шуморо ба ин рафтору кирдори худ мағрӯр созанд ва бояд донист, ки ин ороишу тазйин ва либосҳои кӯтоҳу танг ба тақлид аз онон сохта шудааст.

Дӯшманони шумо ба хубӣ медонанд, ки агар шуморо ба сароҳат ба куфр даъват кунанд, шумо ҳаргиз кофир намешавед ва низ агар шуморо ба ширк даъват кунанд, ба ҳеҷ унвон мушрик нахоҳед шуд. Пас онон аз роҳи дигаре ворид шудаанд ва мехоҳанд ахлоқу дини шуморо ба равишҳои мухталиф нобуд кунанд, ки яке аз ин равишҳо ҳамон (муҳаққироти зунуб) ё гуноҳони кӯчак мебошанд. Оре онон ин гуноҳонро дар чашми шумо кӯчак ҷилва дода ва шумо низ ононро кӯчак шумурда ва ба анҷоми он тан дар медиҳед ва билохира ҳамин гуноҳонанд, ки инсонро равонаи оташ мекунанд.

Пас хитоб ба хоҳари мусалмонам, хоҳарам! Тӯ бояд ба сурати шоиста ба ҳиҷобу либосат эҳтимом варзӣ ва барои худ шахсияти исломиро дошта бошӣ. Тӯ бояд дар базли ҷону мол ба Хадиҷа, дар фиқҳи дин ба Ойша ва дар сабру шаҳодат ба Сумайя, иқтидо кунӣ.

أقول قولي هذا، وأستغفر الله لي ولكم، فاستغفروه إنه هو الغفور الرحيم.

الحمد لله على إحسانه ـ والشكر له على توفيقه وامتنانه، وأشهد أن لا إله إلا ا لله وحده لا شريك له تعظيماً لشأنه، وأشهد أن محمداً عبده ورسوله الداعي إلى رضوانه صلى الله عليه وعلى آله وصحبه وإخوانه وسلم تسليماً كثيراً.. ومن تبعهم بإحسان إلى يوم الدين، أما بعد:

Эй касоне, ки имон овардаед! Тақвои Аллоҳро пеша намоед ва дар расонидани дастӯрот ва роҳкорҳои шаръӣ ба аҳли хонаводаи худ, кӯтоҳӣ накунед, ки дар пешгоҳи Аллоҳи мутаъол аз ману шумо яқинан дар мавриди онҳо суол хоҳад шуд. Ба ҳамин сабаб бар тамоми мо чӣ марду чӣ зан воҷиб аст, ки чигунагии ҳиҷоб ва пӯшиши шаръии занро бидонем, то бо илм ба ин фармони Илоҳӣ дар анҷом ва расонидани он кӯтоҳӣ наменамоем.

Бародарони азиз! Авсоф ва вижагии ҳиҷоби исломӣ ба ин гуна аст:

Ҳиҷоб бояд ҳамаи баданро сатр кунад, зеро Худованд мефармояд: ( يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِنْ جَلَابِيبِهِنَّ ) [الأحزاب: 59] ва ҷилбоб ҳамон либоси дарозест, ки ҳамаи баданро сатр мукунад ва идно ба маънои раҳо сохтан ва кашидан аст. Дар натиҷа ҳиҷоби шаръӣ ҳамаи баданро мепӯшонад.

Ҳиҷоб бояд ғафсу дурушт бошад ва тунуку шаффоф набошад, зеро ғараз аз ҳиҷоб сатр аст. Дар натиҷа ҳангоме, ки либос баданро сатр накунад, ҳиҷоб хонда намешавад, зеро ин либос пеши роҳи рӯятро нагирифта ва ҳиҷобе дар муқобили анзор маҳсуб намешавад.

Ин либос набояд дар худ зиннат дошта бошад ва дорои рангҳои ҷаззобе бошад, ки анзорро ба худ ҷалб кунад, зеро Худованд мефармояд: (ﮗ ﮘ ﮙ ﮚ ﮛ ﮜ ﮝ ﮞ) [النور:31] ва маънои мо ( ما ظهر منها) онаст, ки бидуни қасду амд бошад, пас агар худ ин либос зиннат бошад, наметавон онро пӯшид ва ҳиҷоб низ хонда намешавад, чун ҳиҷоб онаст, ки аз зоҳир шудани зинат дар муқобили бегона ҷилавгирӣ кунад.

Ҳиҷоб бояд васеъ буда ва танг набошад, то пастӣ ва баромадагиҳои бадан ва маконҳои фитна дар он муҷассам нагардад.

Либоси зан бояд муъаттар набошад, то сабаби ҷалби мардон нашавад ва ҳазрати Расули Аллоҳ (с) фармуданд:

«اَلْمَرْأَةُ إِذَا اسْتَعْطَرَتْ فَمَرَّتْ بِالْمَجْلِسِ فَهِيَ كَذَا وَكَذَا يَعْنِي زَانِيَةً». رواه أصحاب السنن وقال الترمذی: حسن صحيح.

Тарҷума: "Агар зане худро ба атр олӯда ва бар маҷлисе бигзарад, пас ӯ ингуна ва онгӯна аст, яъне зинокор".

Ва дар ривояти дигар:

«أَيُّمَا امْرَأَةٍ اسْتَعْطَرَتْ فَمَرَّتْ عَلَى قَوْمٍ لِيَجِدُوا مِنْ رِيحِهَا فَهِيَ زَانِيَةٌ». (رواه النسائي و حسنه الآلباني)

Тарҷума: «Ҳар зане, ки худро ба атр биёлояд ва бар гурӯҳе бигзарад, то бӯи он ба машоми онҳо бирасад, он зан зинокор аст». Зеро гӯё вай бо ин амали худ мардони бегонаро ба зино ва бебандуборӣ мекашонад.

Дар либос набояд ҳеҷ ташобуҳе ба либоси мардон вуҷуд дошта башад, чун дар ҳадиси Абӯҳурайра (р) ин гӯна омадааст, ки:

«لَعَنَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ الرَّجُلَ يَلْبَسُ لِبْسَةَ الْمَرْأَةِ وَالْمَرْأَةَ تَلْبَسُ لِبْسَةَ الرَّجُلِ».

Тарҷума: "Расули Аллоҳ (с) мардеро, ки либоси занон мепӯшад ва зане, ки либоси мардонро мепушад, лаънат намуда аст". (ин ҳадисро Абӯдовуд ва Насои ва имом Аҳмад ривоят кардаанд).

Дар ҳадиси Бухорӣ аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд:

«لَعَنَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ الْمُخَنَّثِينَ مِنْ الرِّجَالِ وَالْمُتَرَجِّلَاتِ مِنْ النِّسَاءِ».

Тарҷума: «Расули Худо (с) муханнисин аз мардон ва мардоннамоёни аз занонро лаънат карда аст».

Яъне онҳое, ки дар либос ва қиёфаи худ ҳамонанди бархе аз занони ин давру замона мушобиҳати мардон мекунанд.

Ва муханнисин аз мардон, мардоне ҳастанд, ки дар лисос ва сухану дигар масоил амдан аз занон тақлил мекунанд.

Пас бародарони азиз! Ҳоло, ки донистем ҳиҷоби Исломӣ чӣ вижагиҳое дорад, ҳаргиз набояд фиреби таблиғот ва моделҳоеро, ки душманон ба мо пешкаш мекунанд, бихурем ва шумо бояд аз ин ду роҳ якеро интихоб кунед:

Ё ин, ки дар дини худ устувор буда ва бо салобати худ найрангу кайди душманонро дарҳам шиканед ва дорои қуввату шахсияти исломӣ буда ва дунболарави онон набошед ва ба онон мағрӯр нашуда ва роҳу расми ниёгони худро бигиред, то ба хайри дунё ва охират ноил гардед ва ё ин, ки баръакс – аз Худованд саломатӣ хоҳонем- шахс дар дини худ суст ва дар шахсияти худ заъиф буда ва дар муқобили ҳар иғвову шаҳвате аз ҳам бипошад ва аз зиёнкорон бошад:

( قُلْ إِنَّ الْخَاسِرِينَ الَّذِينَ خَسِرُوا أَنْفُسَهُمْ وَأَهْلِيهِمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ أَلَا ذَلِكَ هُوَ الْخُسْرَانُ الْمُبِينُ 15) [الزمر: 15]

Тарҷума: «Бигӯ! Ба ростӣ зиёнкорон ононе ҳастанд, ки худ ва аҳли худро дар қиёмат аз даст дода ва ба азоби ҷовидон дарафтанд, ин ҳамон зиёни ошкор аст».

Ва Расули Аллоҳ (с) мефармояд:

«من تشبه بقوم فهو منهم».أخرجه البخاري في « صحيحه « ( 6 / 115 – فتح ) تعليقاً.

Тарҷума: «Касе, ки худро ба қавми дигаре ташбеҳ созад, ӯ аз ҳамон қавм аст».

Оре эй бародарон! Ҳангоме, ки мо ба ҳар чизи ҷадиде дил баста ва русуму тақолиди воридоти дигарро дунболаравӣ кунем, болохира кор ба ҷое мерасад, ки дар гумроҳии ахлоқ, ақоид ва афкор низ муқаллиди онон хоҳем шуд. Пас ҳар шахс бояд ҳофизи одоту тақолиди хешони худ бошад, магар ин, ки ин одот бо шариъат тазоду тасодум надошта бошад.

Ва бар ҳар мусалмон воҷиб аст, ки дини худро азиз шумурда ва ба он ифтихор кунад ва ба ҳудуд ва қавонини Худованд ва Расулаш (с) басанда намояд, ҳамон қавонине, ки Худованд шоистаи бандагони худ медонад ва эҳдоси ҳаргуна афзӯнӣ ва костагӣ дар он ҷоиз нест.

Ҳар фард бояд умури худро бар дунболарави китоби Худованд ва суннати Расулаш (с) бино ниҳода ва аз бидъат ва навоварӣ дӯр бошад. Ӯ бояд зиндагии худро бар ихлос бино намуда ва аз ширк дӯр бошад. Бояд аз қавонини маҳбуби Раҳмон пайравӣ намуда ва умури маҳбуби шайтон барҳазар бошем ва ҳамчунин бар фарди мусалмон воҷиб аст, ки ҳамонанди парчам тарафи вазиши ҳар бодеро дунбола накунад ва шахсияти худро бар асоси шариъати Худованди субҳон поягузорӣ кунат, то дар дунё ва охират ба иззату каромат ноил гардад.

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه: ) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم فصلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.

اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.

اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين.

اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.