islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Тафаккур дар нишонаҳои қудрати Аллоҳи мутаъол


3899
Дарс Тавсифи
Тафаккур дар нишонаҳо ва қудрати Аллоҳи мутаъол дар ҷаҳон, имони банд ба қудрати Аллоҳи мутаъол ва ваҳдонияти вай дар ин дунёро ба армуғон меоварад. Аллоҳи таборак ва таъоло низ дар Қуръон моро ба он ташвиқ кардааст ва моро ба тафаккур дар хилқати осмонҳо ва замин ва куҳҳо ва чизҳои дигар амр кардааст, то бандагон бидонанд, ки ин ҷаҳон офарандаи ботадбир дорад ва танҳо ӯст, ки мустаҳиқи ибодат аст.

الحمد لله الذي جعل التوحيد أغلى ما في الأرض والسموات وأعز أهله بالجنة ورفع الدرجات وجعلنا من أهل التوحيد وعلي سفينة النجاة والصلاة والسلام علي أفضل الخلق صاحب الكمالات وعلي آله وصحبه ومن تبعهم بإحسان ذوي الفضل والتقوي والدعوة والجهاد والبطولات.. وبعد:

Бародарони мусалмон! Аллоҳи мутаъол дар каломи маҷидаш мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

«Эй касоне, ки имон овардаед! Чунон чӣ ҳаққи тарсидан аст, аз Аллоҳ битарсед ва намиред, магар дар ҳоле ки мусалмон бошед».

Пас худ ва шуморо ба тақвои Илоҳӣ ва тарси ҳақиқӣ аз Аллоҳи мутаъол, тавсия мекунам.

Аллоҳи ягона ва якто ва маъбуди муқтадир ва беҳамтоямон Ҷалла Ҷалолуҳу ва азаммати кибирё мефармояд:

( أَفَلَا يَنْظُرُونَ إِلَى الْإِبِلِ كَيْفَ خُلِقَتْ 17 وَإِلَى السَّمَاءِ كَيْفَ رُفِعَتْ 18 وَإِلَى الْجِبَالِ كَيْفَ نُصِبَتْ 19 وَإِلَى الْأَرْضِ كَيْفَ سُطِحَتْ 20 ) [الغاشية:17 - 20]

«Оё ба шутур намегаранд, ки чӣ гуна офарида шудааст? Ва ба осмон (наменигаранд), ки чӣ гуна барафрошта шудааст? ва ба кӯҳҳо (нигоҳ намекунанд) ки чӣ гуна (мустаҳкам бар замин) насб шудааст? ва ба замин наменигаранд, чӣ гуна густарда шудааст?».

Аллоҳи қодиру бо ҳикмат, инсонро ба беҳтарин шакл, халқ карда ва ба ӯ каромат бахшид ва ҷаҳони ҳастиро барояш мусаххар кард ва ба вай неъмати ақлро арзонӣ дошт ва ӯро бар фитрате офарид, ки ба сӯи камол сайр кунад ва дар ӯ майл ба шаҳват қарор дод, то бо сабру шукр дар мароҳили мухталифи зиндагӣ, роҳи наздикӣ ба Аллоҳи мутаъол барояш осон гардад.

Ба ӯ озодӣ ва ихтиёр бахшид, то аъмолашро арзишманд гардонад ва барои роҳнамойи ӯ, китобҳое фиристод,то парвардигорашро бишносад ва бандагиро ба ҷой оварад ва дар ниҳоят хушбахтии дунё ва охиратро бо касбу ихтиёри хеш ба даст оварад.

Ҳақиқат монанди доираест, ки дарбаргирандаи чаҳор хати мутақотеъ аст: хати нақли саҳеҳ, ақли сареҳ, фитрати салим ва воқеъияти мавҷуд.

Нақли саҳеҳ: каломи Аллоҳи мутаъол ва фиристодагони маъсум аст.

Ақли сареҳ: ибрози санҷишест, ки Аллоҳи мутаъол ба инсон ато намуда,то аз тариқи он Холиқи хешро бишносад.

Фитрати солим, ҳам тарозӯи мунтабиқ ва ҳамсӯ бо шариъати Аллоҳи мутаъол аст, ки дар сиришти инсон ниҳода шуда, ки иштибоҳоти хешро дарёбад.

Аммо воқеъияти мавҷуд, ҳамон махлуқот пиромуни инсонанд, ки таҳти таъсири қавонини Илоҳӣ ҳастанд.

Ин чаҳор рукни ҳақиқат, ҳама аз як манбаъ сарчашма мегиранд, ки Аллоҳи мутаъоли муқтадир аст, лизо ҳама бо ҳам мунтабиқ ва ҳамоҳанг ҳастанд.

Тамоми адёни Илоҳӣ дар ҳар замон ва ҳар макон, фақат бар ду асли асосӣ устувор буда ва ғайри он дуро наметавон тасаввур кард. Ин ду асл дар ояти зер равшан гаштааст.

( وَمَا أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ مِنْ رَسُولٍ إِلَّا نُوحِي إِلَيْهِ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنَا فَاعْبُدُونِ25 ) [الأنبياء: 25]

«Мо пеш аз ту ҳеҷ Паёмбаре нафиристодем, магар ин, ки ба ӯ ваҳй кардаем, ки маъбуде ҷуз ман нест, пас фақат маро парастиш кунед».

Асли аввал иборат аст аз тавҳид: яъне шинохти далоили вуҷуд, яке будани камол ва низ шинохти исмҳои наку ва сифоти волои Аллоҳи мутаъол.

Асли дуввум, ибодат аст, яъне шинохти роҳи дурусти бандагии Аллоҳ, ки ангезаи хилқати инсон аст, ибодат ҳамон фармонбардории огоҳона ва иродиест, ки бо муҳаббат ва хости қалбӣ ҳамроҳ аст ва асоси он бовару яқинест, ки инсонро ба саъодати ҷовидона, мерасонад.

Дар воқеъ, тавҳид намод ва қуллаи маърифат ва ибодат намоди талош ва амали инсон аст.

Инсони мӯмин вақте ба ҷаҳонбини тавҳидӣ, ё нигоҳи мубтанӣ бар имон ва ҳадафи дуруст ба ин ҷаҳони ҳастӣ, нигоҳ мекунад, ҳама чиз ба Холиқ ва мудаббири ҳастӣ ва маъбуди ҳақиқӣ, гувоҳӣ медиҳад, ба таъбири Саъдии Шерозӣ:

Барги дарахтони сабз, дар назари ҳӯшёр

Ҳар варакаш дафтарест, маърифати кирдигор

Тамоми ҳастӣ аз каҳкашон ва ситораву саёраҳо, бо суръатҳои нурӣ ва ҳаҷмҳои фавқи тасаввур ва чархиш ва нерӯи ҷозиба ва замин бо кӯҳҳо ва дараҳо ва пастиҳову баландиҳо, бо чашмаҳову рудхонаҳо ва дарёҳову уқёнусҳо, бо ҳайвоноту наботот ва маъодину сарватҳояш, сипас инсони бо ақлу отифа ва аъзову дастгоҳҳои печидаи дарун, бо фитрату сиришт ва гароишҳои фитрӣ ва ғаризию шаҳвонӣ ва маънавӣ, ҳама ва ҳама муъҷизаҳои шигифтангез ва зара зараи он, оят ва нишонаи боризу равшан бар қудрати зоти алим ва қадир ҳастанд, ба ояти каримаи зайл таваҷҷӯҳ кунед:

( إِنَّ فِي خَلْقِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَاخْتِلَافِ اللَّيْلِ وَالنَّهَارِ لَآَيَاتٍ لِأُولِي الْأَلْبَابِ 190 الَّذِينَ يَذْكُرُونَ اللَّهَ قِيَامًا وَقُعُودًا وَعَلَى جُنُوبِهِمْ وَيَتَفَكَّرُونَ فِي خَلْقِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ رَبَّنَا مَا خَلَقْتَ هَذَا بَاطِلًا سُبْحَانَكَ فَقِنَا عَذَابَ النَّارِ 191 ) [آل عمران: 190 - 191]

«Бешак дар офариниши осмонҳо ва замин ва омаду рафти шабу рӯз, нишонаҳо ва далоилест, барои хирадмандон, касоне, ки Аллоҳро истода ва нишаста ва бар паҳлӯҳояшон афтода, ёд мекунанд ва дар бораи офариниши осмонҳо ва замин меандешанд ва (ва мегӯянд) Парвардигоро! Ин ҳамаро беҳуда ва абас наёфаридаи, ту муназзаҳ ва покӣ, пас моро аз азоби дӯзах маҳфӯз бидор!».

Ин инсон аст, ки ба далели ғарқ шудан дар зиндагӣ ва ғафлат аз Аллоҳи якто ва маъбуди ягона аз азаммати Парвардигораш, ки дар якояки махлуқот намоён аст, ғофил гардидааст.

Бархе донишмандони ғарбӣ мегӯянд: «он қудрате, ки бар хилқати ҷаҳон тавоно буда, бар ҳазф ё изофаи бархе аҷзои он низ, тавоност, чун аслан ҷаҳоне вуҷуд надошт ва Аллоҳи мутаъол онро офарид».

Ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки Қуръони Κарим пеш аз ҳазору се сад сол ояте нозил фармуда, ки аз ҳастӣ ва хилқати инсон, сухан мегӯяд. Яъне мавзӯъи тафаккур ва тадаббур дар ҷаҳони хилқат 1/6 Қуръони Каримро ба худ ихтисос додааст. Ин нукта бисёр ҷои таъаммул ва диққати амиқ дорад, ки агар оёти ҳомили дастуроти Аллоҳ, муқтазои итоъат ва оёти шомили наҳй, муқтазои парҳез аз бархе маворид аст, пас оёти офоқ ва нафсҳо, муқтазои чӣ амрест? Равшан аст, ки муқтазои тафаккуранд, дар ҳадисе омада аст: «تَفَکُّرُ ساعَهٍ خَیْرٌ مِنْ قِیامِ لَیلَهٍ", яъне: "як лахза тафаккур дар неъматҳо ва нишонаҳои қудрати Аллоҳ, аз як шаб то субҳ ба намоз истодан, беҳтар аст" .

Аз ин рӯ Аллоҳи мутаъол инсонро ба шинохти Аллоҳ аз тариқи тафаккур дар хилқати осмонҳо ва замин, фаро хондааст ва дар чандин сураи Қуръони Карим ба он ишора шуда, ки мабнои асосии пояҳои ақидатӣ ва имонӣ, қарор гирифтааст. Аллоҳи мутаъол дар бораи офариниши инсон мефармояд:

( فَلْيَنْظُرِ الْإِنْسَانُ مِمَّ خُلِقَ 5 خُلِقَ مِنْ مَاءٍ دَافِقٍ 6 يَخْرُجُ مِنْ بَيْنِ الصُّلْبِ وَالتَّرَائِبِ 7 ) [الطارق:5 - 7]

«Инсон бояд бингарад ва диққат кунад, ки аз чӣ чиз офарида шудаат? Аз оби ҷаҳандаи ночизе афарида шудааст, обе ки аз миёни устухони пушти мард ва устухони синаи зан берун меояд».

Ва дар бораи ғизои инсон фармудааст:

( فَلْيَنْظُرِ الْإِنْسَانُ إِلَى طَعَامِه ِ24 أَنَّا صَبَبْنَا الْمَاءَ صَبًّا25 ثُمَّ شَقَقْنَا الْأَرْضَ شَقًّا26 فَأَنْبَتْنَا فِيهَا حَبًّا27 وَعِنَبًا وَقَضْبًا 28وَزَيْتُونًا وَنَخْلًا 29 وَحَدَائِقَ غُلْبًا 30 ) [عبس: 24 - 30]

«Инсон бояд ба ғизои хеш бингарад ва дар бораи он бияндешад, мо обро аз осмон ба гунаи шигифте меборонем, сипас заминро мешикофем ва аз ҳам боз мекунем, дар он донаҳоро мерӯёнем ва ангуру гиёҳҳои хурданиро ва дарахтони зайтуну хурморо ва боғҳои пурдарахт ва анбуҳро».

Бадин сон, тафаккур дар хилқати осмонҳо ва замин, навъе ибодат ва балки беҳтарин ибодат мебошад.

Аллоҳи мутаъол ва маъбуди зулҷалол қудрат ва азаммати худро ба рухи мо бандагони ночиз мекашад:

( سَنُرِيهِمْ آَيَاتِنَا فِي الْآَفَاقِ ) [فصلت: 53]

«Мо ба онон ҳар чӣ зудтар далоил ва нишонаҳои худро дар ақтор ва навоҳи (осмону замин ки ҷаҳони кабир аст), нишон медиҳем».

Чӣ қадар муқтадирона мефармояд:

( قُلْ أَرَأَيْتُمْ إِنْ جَعَلَ اللَّهُ عَلَيْكُمُ اللَّيْلَ سَرْمَدًا إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ مَنْ إِلَهٌ غَيْرُ اللَّهِ يَأْتِيكُمْ بِضِيَاءٍ أَفَلَا تَسْمَعُونَ 71 ) [القصص: 71]

«(Эй Паёмбар) бигӯ: ба ман хабар диҳед, агар Аллоҳи мутаъол шабро то рӯзи қиёмат бар шумо пойдор созад, кист маъбуде, ҷуз Аллоҳ ки барои шумо равшанӣ оварад? оё намешунавед?!

Инсон бо тафаккур дар хилқати осмонҳо ва замин ва шинохти Аллоҳ ба унвони Холиқ ва мураббӣ ва ҳаётбахш ва низ маърифати гӯшае аз номҳои накӯ ва сифатҳои арҷманди ӯ, ангезаи қавӣ барои наздикӣ ба Аллоҳи мутаъол меёбад ва дар такопӯ барои расидан ба мақоми қурби ӯ, ба анҷоми авомир ва дастӯрот ва парҳез аз манҳиёти ӯ мепардозад, дан ин ҷо аҳамияти илми шариъат, комилан ҳувайдо мегардад, зеро авомир ва навоҳии Аллоҳи мутаъол, дар заминаи ибодот ва муъомалоту ахлоқ дар он баён мешавад.

Шариъати Илоҳӣ, саросар адлу раҳмат ва маслиҳату ҳикмат аст, лизо ҳар масъалае, ки аз адл ба ҷавр ва аз раҳмат ба ғазаб ва аз маслиҳат ба фасод ва аз ҳикмат ба беҳудагӣ, бигарояд, дар шариъат ҳеҷ мабное надорад, агар чӣ бо ҳазор таъвил ва тавҷеҳ ба он нисбат дод шуда бошад.

Паёмбари гиромӣ дар ривояте, ки имоми Бухорӣ нақл кардааст, мефармояд: یرد الله به خیرا یفقهه فی الدین من», «ҳар касе, ки Аллоҳ хайри ӯро хоҳад, дар дин фақиҳаш мегардонад» .

Ва мефармояд:

«المومن القوی خیر واحب الی الله من المومن الضعیف وکل خیر".

"Мӯмини қавӣ ва тавоно назди Аллоҳи мутаъол, маҳбубтар аз мӯмини заъиф ва нотавон аст, ҳар чанд, ки ҳар ду аз хайр ва некӣ дар ҳадди худ, бархурдоранд" .

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم ونفعنا بهدي سيد المرسلين وقوله القويم أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلين والحمد لله رب العالمين.

الحمد لله حمدا كثيرا طيبا مباركا فيه، كما يحب ربنا ويرضى، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمدا عبده ورسوله، وعلى آله وصحبه ومن تبعهم بإحسان إلى يوم الدين.

Бародарони мусалмон, шигифтагони тавҳид ва яктопарастӣ! Диққат кунед, ки баъзе мо бандагони Аллоҳ, чӣ қадар аз Парвардигори Ҷалла Ҷалолуҳу, ғофилем, чӣ гуна аз бузургӣ, ҷалол, кибирё ва ҷабарут ва азаммати Аллоҳ ғофиланд? Чаро азаммат ва бузургии Аллоҳи мутаъолро фаромӯш мекунем? Чаро ҳурмат ва тоъати Аллоҳро ба ҷо намеорем? Маъбуди меҳрубонамон дар китоби азизаш моро маломат намуда ва мухотаб қарор медиҳад, ки шуморо чӣ шуда, ки ба тавқир ва таъзими Парвардигор намепардозед?:

( مَا لَكُمْ لَا تَرْجُونَ لِلَّهِ وَقَارًا 13 ) [نوح: 13]

«Ва шуморо чӣ шудааст, ки аз азаммати Аллоҳ наметарсед?».

Дар ҷои дигар мефармояд:

( وَمَا قَدَرُوا اللَّهَ حَقَّ قَدْرِهِ وَالْأَرْضُ جَمِيعًا قَبْضَتُهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَالسَّماوَاتُ مَطْوِيَّاتٌ بِيَمِينِهِ سُبْحَانَهُ وَتَعَالَى عَمَّا يُشْرِكُونَ 67 ) [الزمر: 67]

«Ва Аллоҳро он чунон, ки бояд, ба бузургӣ нашинохтанд, ҳоло он, ки рӯзи қиёмат замин ҳама якҷо дар қабзаи ӯст ва осмонҳо дар ҳам печида ба дасти ӯст. Ӯ муназзаҳ ва бартар аст аз он чӣ бо вай шарик мегардонанд».

Ҳамчунин мефармояд:

) يَوْمَ نَطْوِي السَّمَاءَ كَطَيِّ السِّجِلِّ لِلْكُتُبِ كَمَا بَدَأْنَا أَوَّلَ خَلْقٍ نُعِيدُهُ وَعْدًا عَلَيْنَا إِنَّا كُنَّا فَاعِلِينَ 104 ) [الأنبياء: 104]

«Рӯзе, ки осмонро ҳамчун дар ҳам печидани сафҳаи китобҳо, дар ҳам мепечем, ҳамон гуна, ки бори нахуст офаринишро оғоз кардем, дубора онро боз мегардонем, бар ӯҳдаи мо ваъдаест, ки мо ҳатман анҷом диҳандаем».

( وَلَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ وَنَعْلَمُ مَا تُوَسْوِسُ بِهِ نَفْسُهُ وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنْ حَبْلِ الْوَرِيدِ 16 ) [ق: 16]

"Ва яқинан мо инсонро офаридаем ва медонем, ки нафси ӯ ба ӯ чӣ васваса мекунад ва мо аз шоҳраги (гардан) ба ӯ наздиктарем".

Аллоҳи қодиру тавоно дар айни вақт ҳамаро мебинад ва аз ҳама мешунавад, дуо ва муноҷоти ҳар бандаро мешунавад ва мепазирад, чӣ дар масҷиди ҳаром бошанд ва ё дар соири гӯшаҳои ҷаҳон, ӯ таъоло дуо ва муноҷоти миллиардҳо бандаро дар ҳар ҷое, ки ҳастанд, дар як лаҳза мешунавад, тавре ки мефармояд:

( وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌ أُجِيبُ دَعْوَةَ الدَّاعِ إِذَا دَعَانِ ) [البقرة: 186]

"Ва ҳар гоҳ бандагонам дар бораи ман аз ту бипурсанд, (ба эшон бигӯ) ман наздикам ва дуои дуокунандаро –ба ҳангоме, ки маро бихонад- иҷобат мекунам".

Пас тамоми неъматҳои ҷаҳони ҳастӣ бо ҳама шигифтиҳояш, беруну даруни колбади хокии инсон, нишонаҳои бепоён ва ҳайратангезе аз қудрати беҳамтой зоти лоязоли Илоҳист, ки агар инсон тамоми умри худро дар роҳи шинохт ва диққату таъаммул дар ин системи печида сипарӣ кунад, умри ӯ ба поён хоҳад расид, аммо оёт ва нишонаҳои қудрати ӯ таъоло, ки баёнгари азамату иқтидори мутлақи он маъбуди якто ва ягона аст, ба поён нахоҳад расид.

Ҳадаф чист? Масъулияти инсон чист? Қимат ва ҳазинае, ки бояд инсон бипардозад, чист? Шукр ва ибодату парастиш. Ҳар гуна ибодат ва парастиш ва карнишу наёиш ва муноҷоте барои холиқ ва мунъиму бахшанда ва маъбуди ҳақиқии ҷаҳон, яъне Аллоҳи ягона ва якто, махсус кардани ҳамину бас.

( فَكُلُوا مِمَّا رَزَقَكُمُ اللَّهُ حَلَالًا طَيِّبًا وَاشْكُرُوا نِعْمَةَ اللَّهِ إِنْ كُنْتُمْ إِيَّاهُ تَعْبُدُونَ 114 ) [النحل: 114]

«Пас он чӣ Аллоҳ ба шумо рӯзӣ додааст, ҳалол (ва) покиза, бихуред ва шукри неъмати Аллоҳро ба ҷой оваред, агар танҳо ӯро мепарастед».

( إِنَّمَا تَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ أَوْثَانًا وَتَخْلُقُونَ إِفْكًا إِنَّ الَّذِينَ تَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ لَا يَمْلِكُونَ لَكُمْ رِزْقًا فَابْتَغُوا عِنْدَ اللَّهِ الرِّزْقَ وَاعْبُدُوهُ وَاشْكُرُوا لَهُ إِلَيْهِ تُرْجَعُونَ 17 ) [العنكبوت: 17]

«Бе гумон касонеро, ки ба ҷои Аллоҳ мепарастед, молики ҳеҷ ризқе барои шумо нестанд, пас рӯзиро танҳо (аз) назди Аллоҳ талаб кунед ва ӯро бипурсед ва шукри ӯро ба ҷо оваред, ки ба сӯи ӯ боз гардонида мешавед».

Ва ба гуфтаи шоир:

Шукри неъмат неъматат афзун кунад

Куфри неъмат аз кафат берун кунад

Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الْإِنْسَانُ مَا غَرَّكَ بِرَبِّكَ الْكَرِيمِ 6 الَّذِي خَلَقَكَ فَسَوَّاكَ فَعَدَلَكَ 7 فِي أَيِّ صُورَةٍ مَا شَاءَ رَكَّبَكَ 8 ) [الإنفطار:6 - 8]

«Эй инсон! Чӣ чиз туро дар бораи Парвардгидори бахшандаат, мағрур кард, ҳамон зоте, ки туро офарид (аз нутфа), пас устувор кард (туро ба андомҳои дуруст) ва он гоҳ туро сомон бахшид ба ҳар сурате, ки хост, туро таркиб кард».

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صل على محمد وعلى آل محمد كما صليت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد . اللهم بارك على محمد وعلى آل محمد كما باركت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.