islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Истиқболи моҳи шарифи рамазон


5209
Дарс Тавсифи
Моҳи рамазон моҳи бо арзишест. Дар ин моҳ дарҳои биҳишт боз мешавад ва дарҳои ҷаҳаннам баста мешавад. Моҳест, ки Аллоҳи мутаъол онро ба дигар моҳҳо бартарӣ дода ва Аллоҳи мутаъол ин неъматро ба бандагон дода, ки дари раҳмат ва ӯмеди наҷот аз оташро бар эшон бигушояд ва Аллоҳи мутаъол дар ҳар шаб гуруҳеро аз оташ раҳо месозад ва мӯминон бояд барои ин моҳи муборак омода шаванд ва қабл аз расидани ин моҳ худро омода созанд, ки ин моҳ, меҳмони бузургвораст ва дар сол фақат якбор рух медиҳад.

Ташвиқи мардум барои истеъдоди рӯҳӣ, барои пешвози Рамазон.

Ташвиқи мардум барои ғанимат шуморидани рӯзҳои бофазилат.

Баёни баъзе аз фазилатҳо ва аҳкому фавоиди Рамазон.

Хутбаи аввал

الحمد لله الذي فضّل أوقات رمضان على غيره من الأزمان وأنزل فيه القرآن هدى للناس وبينات من الهدى والفرقان ، أحمده سبحانه وأشكره وأشهد أن لا أله إلا الله وحده لا شريك له وأشهد أن نبينا محمدا عبده ورسوله الذي كان يخص رمضان بما لم يخص به غيره من صلاة وتلاوة وصدقة وبر وإحسان اللهم صل عليه وعلى آله وأصحابه الطاهرين الذين آثروا رضا الله على شهوات نفوسهم فخرجوا من الدنيا مأجورين وعلى سعيهم مشكورين وسلم تسليماً كثيراً إلى يوم الدين. أما بعد:

Аллоҳ ҷалла азаматуҳу дар китоби бо азаматаш мефармояд:

( شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآَنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ ) [البقرة: 185]

Рамазон он чунон моҳест, ки нузули Қуръон дар он оғоз гардидааст, Қуръоне, ки ҳидоят ва роҳнамо барои мардум ва баёнкунандаи роҳи ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаққу ботил аз ҳамдигар мебошад. Пас ҳар кас аз шумо моҳи рамазонро дарёфт, онро рӯза бигирад.

Бародарон ва хоҳарони мусалмон! Аллоҳи мутаъолро сипос мегӯем, ки рӯзаи моҳи рамазонро ба унвони асоситарин васила барои па йдоиши тақво дар вуҷуди мо ва мояи мағфират барои мо қарор дод ва аз Аллоҳ хосторем, ки ин моҳро василаи наҷот аз оташи дӯзах барои мо қарор диҳад.

Дар ин моҳ бар мо лозим аст, ки бо талоши пайгир ва рехтани арақ ва таҳаммули заҳамот аз ин меҳмони пурбаракат ба беҳтарин сурат пазиройи ва истиқбол намоем ва бо тамоми талошу кӯшиши худ битавонем хушнӯдии Парвардигоро ба дастт оварем.

Моҳи рамазон моҳест, ки Аллоҳ дар он бандагони худро зери пӯшиши раҳматаш қарор медиҳад ва гуноҳонашро меомӯрзад ва дуояшро қабул мекунад. Пешиниёни мо аз ҷумла ёрони Паёмбар (с) ва тобеъини онҳо ба моҳи мубораки рамазон аҳамияти вижае дода ва ба қудуми он шоду хурсанд мешуданд. Аз Аллоҳ мехостанд, ки моҳи рамазонро насибашон гардонанд ва ибодот ва бандагияшонро дар моҳи рамазон аз онҳо бипазирад. Рӯзҳои онро рӯза мегирифтанд ва аз ҳар он чизе, ки рӯзаашонро ботил, ё ноқис кунад –аз қабили корҳои беҳуда, бозӣ ва саргамӣ ва дурӯғу ғайбат ва суханчинӣ- маҳфуз медоштанд. Шабҳои онро бо намозу тиловати Куръон ба субҳ мерасонданд. Дар ин моҳ бо садақа ва эҳсон, таъом ва ифторӣ додан ба рӯзадорон, ба кӯмаки фуқаро ва масокин мешитофтанд ва бо фармонбардорӣ аз Аллоҳ ба ҷиҳоди нафс ва ҷиҳод бо душманони Ислом мепардохтанд барои баланд кардани калимаи «Аллоҳ» ва то ин, ки ҳама дин барои Аллоҳ бошад.

Ғазваи «Бадри кубро», ки дар он мусалмонон бар душманон пирӯз шуданд, дар моҳи рамазон буд ва ғазваи «Фатҳи Макка», ки дар асари он мардум гурӯҳ гурӯҳ меомаданд ва Исломро мепазируфтанд, низ дар ин моҳ иттифоқ афтод.

Моҳи рамазон ҳамонтавр, ки баъзеҳо фикр мекунанд, моҳи танбалӣ ва хобу касолат нест, балки моҳи кӯшиш ва ибодату амал аст, лизо бар мо воҷиб аст, ки бо хушӣ ва шодмонӣ, хушомадгӯйи ва эҳтиром аз он истиқбол намоем, чигуна шоду хушҳол набошам ба моҳе, ки Аллоҳ онро барои фаризаи муҳими рӯза ва нозил намудани Қуръони Карим баргузидааст, Қуръоне, ки барои ҳидояти мардум ва берун овардани онон аз торикӣ ба сӯи нур ва рӯшнойи омадаст. Чигуна шоду хушҳол набошам ба моҳе, ки дар он дарҳои биҳишт гушӯда ва дарҳои ҷаҳаннам баста шуда ва шаётин ба занҷир кашида ва ҳасанот дар он чанд баробар ва хатову гуноҳон дар он бахшида мешавад.

Бояд сиҳату саломати ва ҷавониро ғанимат шуморем ва умрамонро бо итоъати Аллоҳ ва ҳусни ибодати ӯ обод намоем ва ин фурсати гаронбаҳоро ғанимат дониста ва ҳамвора аз гуноҳон ва хатоҳоямон бо тавбаи содиқона ба даргоҳи Аллоҳи таъоло, таҷдиди аҳду паймон намоем.

Дар тӯли зиндагӣ бо муҳофизат бар авомир ва навозиши мусталзим ба итоъати ӯ бошем, то аз зумраи растагорон қарор бигирем. Лозим аст, ки бар анҷоми воҷибот ва мустаҳаббот ва тарки муҳаррамот ва макрӯҳот дар рамазон ва ғайри рамазон муҳофизат намоем ва бо азм ва иродаи содиқона бо рӯза гирифтани рӯз ва зиндадорӣ дар ин моҳ аз рӯи имон ва эътиқод –на аз рӯи тақлид ва пайравӣ аз дигарон- ба истиқболи он бишитобем ва ҳамаи аъзои бадани хешро аз гуноҳ, аъам аз сухан, назар ба номаҳрам, шунидан, хӯрдану нӯшидани ҳаром, нигоҳ дорем, то ин, ки мағфират ва раҳои аз оташи ҷаҳаннамро ба даст оварем.

Бар мо лозим аст, ки одоби рӯза аз ҷумла ба таъхир андохтани саҳарӣ то охири соатҳи шаб ва шитоб намудан дар ифтор, ҳангоми итминон аз ғурӯби офтобро риъоят намоем ва аъмоли некро бештар анҷом диҳем. Ҳангоме, ки ба рӯзадор носазо гуфта шавад, ӯ муқобила бо мисл накунад ва ҷавоби бадеро бояд надиҳад, балки бо беҳтарин калима ҷавобашро бидиҳад, то ин ки рӯзааш комил шавад ва амалаш мақбули даргоҳи Илоҳӣ қарор бигирад.

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд: Аллоҳи бузӯр мефармояд:

«كل عمل ابن آدم له إلا الصيام، فإنه لي ، وأنا أجزي به ، والصيام جنة ، فإذا كان يوم صوم أحدكم فلا رفث ، ولا يصخب ، ولا يجهل ، فإن شاتمه أحد، أو قاتله، فليقل: إني صائم، -مرتين-، والذي نفس محمد بيده لخلوف فم الصائم، أطيب عند الله يوم القيامة من ريح المسك، وللصائم فرحتان يفرحهما: إذا أفطر فرح بفطره، إذا لقي ربه فرح بصومه». (بروايت احمد ومسلم ونسائی).

«Ҳар амалу рафторе, ки инсон анҷом медиҳад, барои худаш мебошад, магар рӯза, ки он барои ман мебошад ва ман худ ба он подош медиҳам, рӯза аз гуноҳон ва маъосӣ ҷилавгирӣ мекунад, пас ҳар гоҳ яке аз шумо рӯза дошта бошад, аз бадгӯйи ва сухани ношоиста ва аз фарёд кашидан ва рафтори аблаҳона, иҷтиноб варзад. Агар касе ба вай фаҳш ва носазо гуфт, ё бо вай ба низоъ бархост, ба вай посӯх надиҳад, балки ду бор бигӯяд: ман рӯзадор ҳастанд. Савганд ба он зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти ӯст, бӯйи бади даҳони рӯзадор, ки дар асари рӯза падид меояд, дар рӯзи растохез дар назди Аллоҳ, хушбӯтар аз бӯйи мушк аст. Рӯзадор ду шодӣ дорад, ки дигарон надоранд, яке: ба ҳангоми ифтор, ки бисёр шодмон аст ва дигаре вақте, ки Парвардигори хешро мулоқот мекунад, аз натиҷаи рӯзааш шодмон аст». (Ривояти Аҳмад, Муслим ва Насойи).

Бар мо воҷиб аст, ки дар рӯза, намоз ва ҳамаи аъмоламон ихлос дошта бошем, зеро ки Аллоҳи таъоло танҳо аъмоли солиҳу холисро мепазирад. Амали солеҳ, ҳамон амалест, ки танҳо ба хотири Аллоҳи мутаъол анҷом шавад ва мутобиқи Суннати Паёмбар (с) бошад.

Бар мусалмон воҷиб аст, ки бо таъассӣ ва пайравӣ аз Паёмбар (с) ва Асҳоб ва Хулафои рошидин –ва ба умеди аҷру савобе, ки ба дунбол дорад- бар намози таровеҳ, муҳофизат намояд.

Паёмбар (с) фармуда аст:

«من قام رمضان إيماناً واحتساباً غفر له ما تقدم من ذنبه». (متفق عليه)

«Касе, ки шабҳои моҳи рамазонро аз рӯи имон ва ихлос ба намоз бигзорад, гуноҳони гузаштааш омӯрзида мешавад». (Муттафақун алайҳӣ).

Намозгузор бояд то охири намоз (ва дуо) ҳамроҳи имом бимонад, то ин, ки савоби қиёми як шаб барояш навишта шавад ва даҳ шаби охири рамозонро бо намоз ва хондани Қуръон ва зикру дуо ва истиғфор, эҳё намояд, то ҳам аз суннати Паёмбар (с) пайравӣ карда бошад ва ҳам дар талаби шаби қадр буда бошад.

Шаби қадр аз ҳазор моҳ, яъне ҳаштод солу чаҳор моҳ беҳтар аст. Шаби муборакест, ки Аллоҳ бо нозил кардани Қуръон дар ин шаб, онро гиромӣ дошта аст. Шабест, ки фариштагон ва Ҷибрил фурӯд меоянд, шабест, ки ҳар кас онро аз рӯи имон ва ихлос ба намоз бигзаронад, гуноҳони гузаштааш ҳама бахшида мешаванд ва он шаб ҳам мунҳасир дар даҳ шаби ахири рамазон мебошад. Бар мусалмон лозим аст дар ҳамаи шабҳои рамазон ба намоз хондан, тавба, зикру дуо, истиғфор ва дар хости биҳишт ва раҳойи аз оташи ҷаҳаннам машғул бошад ва дар ростойи ин аъмол саъюу талош намояд.

Ба умеди ин, ки Аллоҳ аз ҳама бипазирад ва тавбаи ҳамаро қабул намуда ва мо ва падару модари мо ва ҳамаи муслиминро аз оташи ҷаҳаннам наҷот дода ва ба биҳишт дохил намояд.

Мусалмонон! Бидонед фаро расидани моҳи рамазон аз ду роҳ собит мегардад:

Яке: дидани ҳилоли моҳи рамазон ва ин, ки василаи як нафар одил бошад.

Дуввум: Тамом кардани си рӯзи моҳи шаъбон.

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд:

«صوموا لرؤيته وأفطروا لرؤيته، فإن غم عليكم فأكملوا عدة شعبان ثلاثين يوما». (متفق عليه) .

"Ҳар вақт ҳилоли рамазонро дидед, рӯза бигиред ва ҳар вақт ҳилоли шавволро дидед, рӯзаро бихӯред ва рӯза набошед, агар ҳаво абролӯд буд ва натавонистед ҳилоли рамазонро бубинед, си рӯзи шаъбонро такмил кунед". (Муттафақун алайҳӣ).

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم. أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلمين فاستغفروه انه هو الغفور الرحيم.

الحمد لله حمدا يليق بجلال وجهه وعظيم سلطانه ، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له ، وأشهد أن محمدا عبد الله ورسوله ، صلوات الله سلامه عليه وعلى آله وأصحابه ومن سار على نهجه إلى يوم الدين وبعد:

Бародарони мусалмон! Рӯзаи моҳи рамазон ба далели Қуръони Карим ва Суннати Набавии шариф ва иҷмоъи уммат воҷиб мебошад. Аллоҳ фармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ 183 ) [البقرة: 183]

«Эй касоне, ки имон овардаед, рӯзаи моҳи рамазон бар шумо воҷиб шудааст, ҳамонгуна, ки бар умматони пеш аз шумо низ фарз гардидааст, шояд, ки муҷиби тақво ва парҳезгорӣ ва итоъати шумо аз амри Парвардигоратон гардид».

Паёмбар (с) фармуд:

«بني الاسلام على خمس: شهادة أن لا إله إلا الله، وأن محمدا رسول الله، وإقام الصلاة، وإيتاء الزكاة، وصيام رمضان وحج البيت». (متفق عليه)

«Ислом бар панҷ чиз бино ниҳода шудааст: гувоҳӣ ба ваҳдонияти Аллоҳи таъоло ва гувоҳӣ ба рисолати Муҳаммад бин Абдуллоҳ (с) ва барпо доштани фаризаи намоз ва пардохти закот ва гирифтани рӯзаи моҳи рамазон ва баргузории фаризаи ҳаҷҷи Байтуллоҳи ҳаром». (Муттафақун алайҳӣ).

Ва далели дигари вуҷуби рӯзаи моҳи рамазон, иҷмоъи уммати Исломист бар ин, ки воҷиб ва яке аз аркон ва пояҳои асосии дини Ислом аст ва ҳар кас мункири вуҷуби он гардад, кофир ва муртад мебошад.

Рӯзаи моҳи рамазон дар рӯзи душанбе, дуввуми моҳи шаъбон, соли дуввуми ҳиҷрӣ фарз гардидааст, бинобарин ба иҷмоъи уламо, рӯза бар ҳар мусалмони оқилу болиғи тандурусти ғайри мусофир, воҷиб аст ва барои занони илова бар шароити фавқ, шарт аст ки аз хуни «ҳайз» ва «нифос» низ пок бошанд. Бинобарин рӯзаи рамазон бар кофир, девона, бача, бемор, мусофир, ҳоиз, нуфасо ва пирамарду пиразани нотавон, зани ҳомила ва зани ширдеҳ, воҷиб нест. Шахси беморе, ки беҳбудии вай интизор меравад ва умеди беҳбудӣ дорад ва низ шахси мусофир, мубоҳ аст, ки дар рамазон рӯза нагиранд, вале қазои он бар онҳо воҷиб мебошад.

Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَمَنْ كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَى سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ 185 ) [البقرة: 185]

«Ва ҳар кас аз шумо дар моҳи рамазон бемор бошад, ё ба мусофират рафт, барои ӯ мубоҳ аст, ки рӯзаи рамазонро нагирад ва баъд аз моҳи рамазон ба теъдоди рӯзаҳое, ки нагирифтааст, рӯза бошад ва онҳоро қазо намояд».

Пирамардону пиразанон ва бемороне, ки интизори беҳбудии онҳо намеравад ва коргароне, ки корҳои сангин доранд ва ба ғайри аз ин корҳои сангин роҳе барои касби рӯзӣ ва идомаи зиндагӣ надоранд, ҳамаи инҳо чунон чӣ дар ҳамаи фусули сол, рӯза гирифтан барояшон машақат дошта бошад ва рӯза гирифтан ононро заъиф кунад ва ба машақат андозад, шаръан ҷавоз аст, ки рӯза нагиранд. Бар онон воҷиб мегардад, ки дар ивази ҳар рӯз, як нафар мискинро таъом диҳанд. Ин таъом ба як соъ гандум ва ё нисф соъ, ё як муд бар ҳасби ихтилофе, ки дар он ҳаст, тахмин зада шудааст ва дар суннат миқдори дақиқи он баён нашудааст, бар ҳасби вазнҳои имрӯзӣ, як соъ баробар аст бо вазни 2 килло ва 76 грамм.

Мусалмонон! Моҳи рамазон, моҳи бахшиши гуноҳонаст, касе, ки бар асоси имон ба Аллоҳ ва талаби аҷру подош, ин моҳи муборакро рӯза бигирад ва рукни чаҳоруми Исломро ба ҷой оварад ва шабҳои онро бо қиёму таҳаҷҷуд сипарӣ кунад, гуноҳонаш бахшида мегардад.

Моҳи рамазон моҳест, ки азимтарин китоби Илоҳӣ, Қуръони Карим, китобе, ки:

( هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ ) [البقرة: 185]

«Роҳнамои мардум ва нишонаҳои ҳидоят ва ҷудокунанда миёни ҳақу ботил аст», нозил шуда аст.

Дар моҳи рамазон шабе вуҷуд дорад, ки он аз ҳазор моҳ, яъне 83 солу чаҳор моҳ, беҳтар аст, он шаб, шаби қадр аст:

( إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ 1 وَمَا أَدْرَاكَ مَا لَيْلَةُ الْقَدْرِ 2 لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ 3 تَنَزَّلُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّوحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِمْ مِنْ كُلِّ أَمْرٍ 4 سَلَامٌ هِيَ حَتَّى مَطْلَعِ الْفَجْرِ5 ) [القدر:1 - 5]

«Шаби қард беҳтар аст аз ҳазор моҳ. Фариштагон ва рӯҳ (Ҷибрил) дар он шаб ба иҷозаи парвардигорашон барои ҳар коре фуруд меоянд. Он шаб то тулӯъи фаҷр, салом ва саломатист».

Бузургтарин маъракае, ки миёни аҳли имон ва аҳли ширк воқеъ шуд ва аҳли тавҳид бар аҳли ширк пирӯз шуданд ва Аллоҳ миёни ҳаққу ботил ҷудойи андохт, ғазваи «Бадри Кубро» буд, ки дар ҳафтдаҳуми моҳи рамазон, иттифоқ афтод. Фатҳи Макка дар моҳи рамазон сурат гирифтааст. Моҳи рамазон моҳест, ки дарвозаҳои раҳмат ва биҳишт боз мешавад ва дарвозаҳои дӯзах баста мегардад ва шаётин дар занҷирҳо баста мешаванд.

Дар шабе аз шабҳои рамазон, нидокунандае аз осмон нидо мекунад: эй касе, ки хоҳони хайру хубӣ ҳастӣ, биё! Ва эй касе, ки хоҳони шарру бадӣ ҳастӣ бардор. Дар шабҳои рамазон Аллоҳи бузург бандагонашро аз оташи ҷаҳаннам озод мекунад.

Рамазон моҳест, ки аввалаш раҳмат ва нимааш мағфират ва охираш озодӣ аст. Рамазон моҳи сабру бурдборист, подоши сабр биҳишт аст, савоби анҷом додани Умра дар моҳи рамазон, монанди анҷом додани Ҳаҷ ҳамроҳи Расули Аллоҳ (с) аст.

Моҳи рамазон, моҳи бахшиш ва эҳсон аст. дар шаби охири рамазон гуноҳи рӯзадоронро мебахшад, чунон чӣ коргар баъди аз поён расидани кораш, муздашро дарёфт мекунад.

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين. اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.