islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Намози кусуф ва хусуф (моҳу офтобгирифтагӣ)


3337
Дарс Тавсифи
Хуршеду моҳ ду нишонае аз нишонаҳои Аллоҳи мутаъол ҳастанд ва агар Аллоҳи мутаъол маъсият ва нофармонии бандагонашро бубинад, моҳгирифтагӣ ва хуршедгирифтагиро падид меорад, то мардум ба сӯи ӯ баргарданд ва аз гуноҳонашон тавба кунанд. Бинобарин Аллоҳи мутаъол намози моҳгирфтагӣ ва хуршедгирифтагиро ташреъ намуда, то бандагон ба сӯи вай бозгарданд ва аз вай кӯмак бихоҳанд ва вай балоро рафъ кунад.

Азамат ва бузургии Аллоҳ ва вуҷуби итоъати ӯ.

Равшан сохтани ин, ки Аллоҳ ба сабаби маъосӣ, тағйир эҷод мекунад.

Баёни аҳкоми кусуф.

Баёни он чӣ мардум дар вақти хусуф, анҷом бояд диҳанд.

Хутбаи аввал

( الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَجَعَلَ الظُّلُمَاتِ وَالنُّورَ ثُمَّ الَّذِينَ كَفَرُوا بِرَبِّهِمْ يَعْدِلُونَ 1 ) [الأنعام: 1]

، أحمده جل شأنه خلق الليل والنهار والشمس والقمر وكل في فلك يسبحون ،وأشهد ألا إله إلا الله وحده لا شريك له ....أما بعد..

فأوصيكم عباد الله بتقوى الله في السر والعلن والغيب والشهادة فما استمطرت الرحمات ولا استجلبت النفحات ولا استدفعت المصائب والبليات بمثل تقوى الله رب البريات، فاتقوا الله أيها المؤمنون لعلكم تفلحون: (ﮃ ﮄ ﮅ ﮆ ﮇ ﮈ ﮉ ﮊ ﮋ ﮌ ﮍ ﮎ) [الزُّمَر:61]

Моҳу хуршед, ду нишонае аз нишонаҳои азаммат ва қудрати беинтиҳои Парвардигори ҷаҳониён мебошад, ки ӯ бар тамоми умур, қодиру тавоност.

Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَمِنْ آَيَاتِهِ اللَّيْلُ وَالنَّهَارُ وَالشَّمْسُ وَالْقَمَرُ لَا تَسْجُدُوا لِلشَّمْسِ وَلَا لِلْقَمَرِ وَاسْجُدُوا لِلَّهِ الَّذِي خَلَقَهُنَّ إِنْ كُنْتُمْ إِيَّاهُ تَعْبُدُونَ37) [فصلت: 37]

«Рӯзу шаб ва моҳу хуршед, аз нишонаҳои (қудрат ва азаммати) Парвардигор мебошанд, ҳаргиз ба моҳу хуршед саҷдаҳ накунед (ва онҳоро напарастед), балки танҳо ба Аллоҳ, ки онҳоро офарида, саҷда намоед, агар шумо (рост мегӯед), танҳо ӯ (Аллоҳ)ро ибодат мекунед».

Бародарони гиромӣ! Аз муҳимтарин ва азамматтарин махлуқоти Аллоҳи мутаъол, ки далолаткунанда ба қудрату азаммат ва ҳикмату тадбири вай дорад, моҳу хуршед ва ситорагон ва шабу рӯз ва низому ҳамоҳангии беназири ҳоким бар онҳо мебошад.

Аллоҳи мутаъол замину осмон ва он чӣ дар он ду мебошад, барои мо мусаххар (тобеъ) намуда, то бо тафаккур ва тадаббур дар ин махлуқоти бузург ва ҳамоҳангӣ байни онҳо, ба худ оем ва шукргузори Холиқ ва офарандаи онҳо, яъне Аллоҳи зулҷалол бошем.

Аллоҳ мефармояд:

(اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَأَنْزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَخْرَجَ بِهِ مِنَ الثَّمَرَاتِ رِزْقًا لَكُمْ وَسَخَّرَ لَكُمُ الْفُلْكَ لِتَجْرِيَ فِي الْبَحْرِ بِأَمْرِهِ وَسَخَّرَ لَكُمُ الْأَنْهَارَ 32 وَسَخَّرَ لَكُمُ الشَّمْسَ وَالْقَمَرَ دَائِبَيْنِ وَسَخَّرَ لَكُمُ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ 33 وَآَتَاكُمْ مِنْ كُلِّ مَا سَأَلْتُمُوهُ وَإِنْ تَعُدُّوا نِعْمَةَ اللَّهِ لَا تُحْصُوهَا إِنَّ الْإِنْسَانَ لَظَلُومٌ كَفَّارٌ 34 ) [إبراهيم:32 - 34]

«Аллоҳ он зотест, ки осмонҳо ва заминро офарид ва аз осмон обе фиристод ва ба василаи он аз меваҳо барои шумо, риз­қу рӯзӣ қарор дод ва киштиро барои шумо ром гардонид, то ба фармони ӯ дар дарё, равон шавад ва рӯдҳоро барои шумо, мусаххар кард ва хуршеду моҳро, ки пайваста равонанд, барои шумо ром гардонид ва шабу рӯзро (низ) мусаххари шумо сохт ва аз ҳар чӣ аз ӯ хостед, ба шумо ато кард ва агар неъмати Аллоҳро шумор кунед, наметавонед онро бишуморед, бешак инсон ситампешаи носипос аст».

Бародарони намозгузор! Ин назм ва ҳамоҳангии мавҷуд дар байни моҳу хуршед ва ситорагон ва дигар каҳкашонҳо, ки теъдоди онҳо ба миллионҳо мерасад, он қадар дақиқ ва ҳассос мебошад, ки донишмандон эътироф намудаанд, ки агар яке аз ин ситорагон ва ё сайёраҳо, ки ҳар кадом ба бузургии кураи замин ва ё камтару бештар аз он мебошанд, як сония дар ҳаракати худ, таъхир кунад ва ё ин, ки аз мадоре, ки дар он воқеъ аст, заррае хориҷ шавад, назми ҷаҳони ҳастӣ, ба ҳам мехурад ва инфиҷорҳои ваҳшатноке ба вуқуъ мепайвандад ва замину замон, фано ва нобуд мегардад.

Оре, ӯст ки бо ин занҷири ногусастанӣ, осмонҳоро зинат бахшидааст ва ҷуз худи ӯ, ҳеҷ кас қодир ба аз ҳам гусастани ин пайванди муҳкам нест.

Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَالشَّمْسُ تَجْرِي لِمُسْتَقَرٍّ لَهَا ذَلِكَ تَقْدِيرُ الْعَزِيزِ الْعَلِيمِ 38 وَالْقَمَرَ قَدَّرْنَاهُ مَنَازِلَ حَتَّى عَادَ كَالْعُرْجُونِ الْقَدِيمِ 39 لَا الشَّمْسُ يَنْبَغِي لَهَا أَنْ تُدْرِكَ الْقَمَرَ وَلَا اللَّيْلُ سَابِقُ النَّهَارِ وَكُلٌّ فِي فَلَكٍ يَسْبَحُونَ 40 ) [يس:38 - 40]

«Ва хуршед ба (сӯи) қароргоҳ ва мадори вижаи худ, равон аст ва тақдири он (Парвардигори) Азизи доно аст ва барои моҳ, манзилҳо ва мадорҳои мушаххас намудаем, то монанди шохаи хушки хурмо борик шавад (яъне, ҳилолшакл гардад). На хуршед шоистагӣ (ва тавоной), онро дорад, ки ба моҳ расад ва на шабро сазовор аст, ки бар рӯз пешӣ гирад ва ҳама дар фалаке шиноваранд».

Бале азизон! Ҷуз Аллоҳи пок, ки холиқи тамоми мавҷудот аз нестӣ мебошад, ҳеҷ махлуқе қодир ба аз байн бурдани ин назму тартиб нест ва танҳо ӯст, ки ҳангоми барпойи қиёмат ва растохез, замину замонро дар ҳам мекӯбад ва ин назму қонуни феълии ҳоким бар ҷаҳони ҳастиро, дигаргун месозад.

Замин чок шуд, кӯҳ бигдохта

Фалак бар замин оташ андохта

Ба по хест ҳангомаи растхез

Ҳама дидҳо сурху хунобарез

Сурайёву парвин ба ҳам рехта

Ҳама ақди манзума бигсехта

Пароканда мардум чу парвонаҳо

Чу мӯрон, ки дуранд аз лонаҳо

Ситора фурӯ резад аз осмон

Бимирад замину намонад замон

أخرج البخاري ومسلم في صحيحيهما عن أبي موسى الأشعري رضي الله عنه، قال: خسفت الشمس فقام النبي- صلى الله عليه وسلم- فزعا يخشى أن تكون الساعة، فأتى المسجد، فصلى بأطول قيام وركوع وسجود ما رأيته قط يفعله وقال: هذه الآيات التي يرسل الله لا تكون لموت أحد ولا لحياته ولكن يخوف الله بها عباده، فإذا رأيتم شيئا من ذلك فافزعوا إلى ذكره ودعائه واستغفاره».

Имом Бухорӣ ва Муслим дар саҳеҳи худ аз Абӯмӯсо Ашъарӣ (р) ривоят мекунанд, ки фармуд: дар замони Расули Аллоҳ (с) моҳ хусуф кард, эшон дар ҳоле, ки музтарибу парешон буданд ва тарс аз ин доштанд, ки қиёмат барпо мешавад, вориди масҷид шуд ва намози бас тӯлоние хонд, бо рукуъ ва суҷуди бисёр дароз, ки ман тӯлонитар аз он намоз надида будам, сипас фармуд: «ин нишонаҳое, ки Аллоҳи мутаъол мефиристад, ба сабаби марги касе ва ё зиндагии касе, намебошад, балки онҳоро мефиристад, то бандагонашро бим диҳад, ҳар гоҳ чизе аз онро дидед, ба сӯи дуо ва зикру ёди Аллоҳ бишитобед ва аз ӯ талаби бахшиш намоед».

بارك الله لي ولكم في القران العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم أقول قولي هذا واستغفر الله العظيم الجليل لي ولكم ولسائر المسلمين من كل ذنب فاستغفروه وتوبوا إليه إنه هو الغفور الرحيم.

الحمد لله الذي خلق الليل والنهار والشمس والقمر ، وأشهد أن لا إله إلا الله المنجي من عذاب النار وعذاب القبر ، والصلاة والسلام على نبينا محمد ما أشرقت شمس وأنار بدر. أما بعد :

Дар бистунуҳӯми моҳи Шаввол, соли даҳуми ҳиҷрӣ, дуруст ҳамон рӯзе, ки Иброҳим, фарзанди Расули Акрам (с) аз дунё рафт, хуршедгирифтагии комиле дар шаҳри Мадина, ба вуқӯъ пайваст. Дар ҷоҳилият машҳур буд, ки ҳар гоҳ хусуф ва ё кусуф ба вуқӯъ мепайваст, мардум сабаби онро марги бузурге ва ё фавти фарзанди инсони бузурге, мепиндоштанд. Ба ҳамин сабаб Расули Гиромии Ислом (с) ҳамонгуна, ки дар ҳадиси Хутбаи аввал зикр шуд, шитобон ба сӯи мардум рафт ва баён кард, ки моҳу хуршед аз нишонаҳои қудрати Аллоҳ буда ва ба хотири маргу зиндагии касе, дучори тағйир намешавад.

Аммо он чӣ дар аҳодиси зиёде зикр шуда ва бисёр муҳим ва қобили таваҷҷӯҳ мебошад инаст, ки хусуф ва кусуф, инзори Илоҳист, бар дурии мардум аз шариъаташ ва баёнкунандаи мухолифатҳои мардум бо таъолими дини ҳанифи Ислом мебошад, Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَلَوْ يُؤَاخِذُ اللَّهُ النَّاسَ بِمَا كَسَبُوا مَا تَرَكَ عَلَى ظَهْرِهَا مِنْ دَابَّةٍ وَلَكِنْ يُؤَخِّرُهُمْ إِلَى أَجَلٍ مُسَمًّى فَإِذَا جَاءَ أَجَلُهُمْ فَإِنَّ اللَّهَ كَانَ بِعِبَادِهِ بَصِيرًا 45 ) [فاطر: 45]

«Ва агар Аллоҳ мардумро ба (сазои) он чӣ анҷом додаанд, хисобу китоб мекард, ҳеҷ ҷунбандаи бар рӯи замин боқӣ намегузошт, вале то муддати муъайян, мӯҳлаташон медиҳад ва чун аҷалашон фаро расад, Аллоҳ ба (кори) бандагонаш бисёр биност».

Бародарони азиз! Шакке нест ки илова бар сабабҳои маънавӣ, вуқуъи хусуф ва кусуф, ки ҳамоно гуноҳу маъсияти бани Одам мебошад, бар асоси суннати Илоҳӣ дар ҷаҳони ҳастӣ, асбоби ҳастӣ низ дар вуқуъи ин амр, дахил мебошад, ки дини мубини Ислом, низ он асбоби илмӣ ва таҷрибиро, тақрир ва таъйид менамояд, аммо ҳаргиз набояд ғофил монд, ки Аллоҳи мутаъол худ мусаббиб ва ба вуҷудоварандаи тамоми ин асбоби моддӣ мебошад ва бо ин ҳаводис ба мо инзору ҳушдор медиҳад, ки ба худ оем ва ба сӯи вай тавба ва руҷуъ намоем ва бидонем, ки Расули гиромӣ (с) чӣ гуна бо ин ҳодиса бархурд менамуданд ва мусалмононро ба чӣ чизҳое, тавсия мекарданд.

Имом Муслими Нишопурӣ дар китоби саҳеҳаш аз Ҷобир бин Абдуллоҳи Ансорӣ (р) нақл мекунанд, ки «Рӯзе аз рӯзҳои гарм хуршед хусуф кард ва Расули Аллоҳ (с) бо ёронаш намоз хонд ва қиёмро тӯлонӣ намуд, то ҷое, ки наздик буд, баъзе бияфтанд, сипас рукӯъ карда ва рукӯъро низ тӯлонӣ намуд, сипас аз рукуъ бархост ва ба муддати тӯлонӣ истод, пас аз он ба саҷда рафт ва ду саҷдаро низ тӯлонӣ кард ва мисли онро дар ракаъати дигар анҷом дод, ки чаҳор саҷда ва чаҳор рукуъ шуд, сипас фармуд: «Бар ман намоиш дода шуд, ҳар он чиро тасаввур мекунед ва ҳатто биҳишт, ки дар он дарахте дидам, ки хостам аз он мевае баргирам, аммо дастам ба он нарасид ва ҷаҳаннам бар ман намоиш дода шуд, ки зане аз бани Исроилро дидам, ки дар он азоб медид, ба иллати ин, ки гурбаеро баста буд ва онро аз обу ғизо маҳрум карда буд ва раҳояш накарда буд, то худ барои худ чизе ёбад ва дидам Абӯсумома Амр бин Молик, рӯдаашро дар оташ мекашид, чаро ки ӯ мегӯфт: хуршеду моҳ кусуф намекунанд, магар ба сабаби марги инсони бузурге, балки бидонед, ин ду нишонае аз нишонаҳои Аллоҳи мутаъол мебошад, пас ҳар вақте онро мушоҳида кардед, намоз бихонед, то бартараф шавад».

Пас ҳамонгуна, ки дар ин ҳадис баён шуд, аввалин коре, ки Расули Аллоҳ (с) ҳангоми хусуф ё кусуф анҷом медоданд, розу ниёз бо Аллоҳи мутаъол ва хондани ду ракаъат намоз буд, ки ин намоз бо намозҳои оддӣ, мутафовит мебошанд ва Расули Аллоҳ (с) он қадар ин намозро тӯлонӣ менамуданд, то ин, ки кусуф поён мепазируфт ва пас аз адои намоз, мардумро ба тақво ва дуову парҳез аз гуноҳон ва тавба ва инобат ба сӯи Аллоҳи мутаъол, фаро мехонд ва бисёре аз гуноҳони кабираи хонумонсӯз, ҳамчун ширк, зино ва зулмро, ном бурда ва мардумро шадидан аз наздик шудан ба онҳо, барҳазар медоштанд.

Пас, эй бародарони азиз! Бар мост, ки аз ин фурсат истифода бурда, ба худ оем ва дар аъмолу рафтори худ, бознигарӣ кунем, то мабодо, хашму ғазаби Илоҳӣ моро дарбар гирад ва зиёнкори дунё ва охират шавем.

Аз Аллоҳи мутаъол, Рабулиззат ва ҷалолу ҷабарут ва камол, хоҳонем, ки моро биомӯрзад ва аз гуноҳон ва лағжишҳои мо, дар гузарад ва моро тавфиқи ихлосу мутобиъат дар тамоми ибодот, насиб гардонад ва комёбии ду гетиро ба мо ато намояд.

Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَكُونُوا مَعَ الصَّادِقِينَ 119 ) [التوبة: 119]

«Эй касоне, ки имон овардаед! Тақвои Аллоҳро пеша намуда ва бо ростон бошед».

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم فصلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.

اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.

اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين.

اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.