islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Ваҳдату шафқат байни Саҳоба ва Аҳли байт


3341
Дарс Тавсифи

الحمد لله الذي جمع بين قلوب الموحدين ووحد صفوف أهل الإيمان من الصادقين والمخلصين لا سيما الصحابة وآل بيت رسوله الأقربين والصلاة والسلام علي من علمنا الصدق واليقين والمحبة في الدين وعلي آله وصحبه ومن تبعهم بإحسان إلي يوم الدين. وبعد:

Бародарони мусалмон! Аллоҳи мутаъол дар каломи маҷидаш мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

«Эй касоне, ки имон овардаед! Чунон, ки ҳаққи тарсидан аст, аз Аллоҳ битарсед ва намиред, магар дар ҳоле, ки мусалмон бошед».

Пас худам ва шуморо ба тақвои Илоҳӣ ва тарси ҳақиқӣ аз Аллоҳи мутаъол тавсия мекунам.

Аллоҳи мутаъол дар мадҳу ситоиши Саҳоба ва Аҳли байти Расули Аллоҳ (с) мефармояд:

( مُحَمَّدٌ رَسُولُ اللَّهِ وَالَّذِينَ مَعَهُ أَشِدَّاءُ عَلَى الْكُفَّارِ رُحَمَاءُ بَيْنَهُمْ تَرَاهُمْ رُكَّعًا سُجَّدًا يَبْتَغُونَ فَضْلًا مِنَ اللَّهِ وَرِضْوَانًا سِيمَاهُمْ فِي وُجُوهِهِمْ مِنْ أَثَرِ السُّجُودِ ذَلِكَ مَثَلُهُمْ فِي التَّوْرَاةِ وَمَثَلُهُمْ فِي الْإِنْجِيلِ كَزَرْعٍ أَخْرَجَ شَطْأَهُ فَآَزَرَهُ فَاسْتَغْلَظَ فَاسْتَوَى عَلَى سُوقِهِ يُعْجِبُ الزُّرَّاعَ لِيَغِيظَ بِهِمُ الْكُفَّارَ وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آَمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ مِنْهُمْ مَغْفِرَةً وَأَجْرًا عَظِيمًا 29 ) [الفتح: 29]

«Муҳаммад — паёмбари Худо ва касоне, ки бо ӯ ҳастанд, бар кофирон сахтгиранд ва бо якдигар меҳрубон. Пайваста ононро дар ҳолати рукӯъ ва суҷуд мебинӣ, онҳо ҳамвора фазлу ризои Аллоҳро металабанд. Нишони онҳо аз асари саҷда бар чеҳраи онҳост. Ин аст васфашон дар Таврот ва дар Инҷил, мисли зироате ҳастанд, ки гиёҳ барорад ва он ҷавон маҳкам шавад ва бар поҳои худ биистад ва деҳқононро ба ҳайрат водорад, то он ҷо ки кофиронро ба хашм оварад. Худо аз миёни онҳо касонеро, ки имон овардаанд, ва корҳои шоиста кардаанд, бахшоиш ва мукофоти бузург ваъда додааст».

Бародарони мусалмон ва сарварони гиромӣ! Дар таърих собиқа надорад, ки шогирдон ва ҷоннисорони Расул ва Паёмбаре пас аз имон ва пухта шудан дар кураи озмоишот ва касби даҳҳо ва садҳо медали ифтихор, ба хонадони ӯ ба ситез бипардозанд, аммо мутаъассифона бо таҳрифи таърих ва дурӯғпардозиҳои хаёлӣ ва афсонаҳои душманони Ислом, чунин вонамуд шуда, ки гӯё Паёмбари мо, Муҳаммад (с) дар тафҳим ва иҷрои рисолати худ (ба Аллоҳ паноҳ мебарам) ноком буда ва дар тамоми муддати бисту се соли даврони тилоии таърихи башар, ки эшон намунаи комил аз як инсони комил бо пуштибонии ваҳй ва назорати Илоҳӣ, раҳбарии ҷаҳони маънавиятро бар ӯҳда дошта, натавониста –ҷуз чанд нафаре, ки теъдодашон ҳадди аксар аз ангӯштони ду даст бештар нест- шогирдонеро парвариш диҳад, ки пас аз вай ҳадди ақал бо хонаводаи эшон робитаи самимӣ дошта бошад.

Бисёр аҷиб аст! чӣ гуна бояд чунин фаҳми нодурустро бовар кард? дар ҳоле, ки тибқи шавоҳиди равшану бароҳини қотеъ, Саҳоба ва Аҳли байт на танҳо ёру ёвари якдигар буданд, балки бо вуҷуди баъзе ранҷишҳои табиъӣ дар ҷомеъаи башарӣ, пайванди ногусастанӣ байни онон вуҷуд дошт ва ба шиддат ба якдигар эҳтиром доштанд ва бо якдигар пайванди хешовандӣ барқарор мекарданд ва ба номҳои якдигар ифтихор меварзиданд.

Алӣ (р) аз фарти муҳаббаташ бо хулафои сегона, Абӯбакру Умар ва Усмон (р) сето аз фарзандонашро бо номи гиромии онон номгузорӣ мекунад.

Абӯбакр бин Алӣ бин Абӯтолиб (р), ки бо бародари бузургвораш ҳазрати Ҳусайн (р) дар саҳнаи Карбало ба шаҳодат мерасад.

Умар бин Алӣ бин Абитолиб (р) ки бо бародари бузургвораш ҳазрати Ҳусайн (р) дар ҳамосаи Карбало ширкат мекунад ва пас аз ҷиҳоду мубориза, зинда бо ҳазрати Зайнулобиддин ба Мадина бармегардад ва наслашро идома пайдо мекунад.

Усмон бин Алӣ бин Абитолиб (р), ки бо бародари бузургвораш имом Ҳусайн (р) дар Карбало ба шаҳодат мерасад.

Ҳазрати Ҳасани Муҷтабо (р) се фарзандашро Абӯбакру Умар ва Талҳа (р) ном мегузорад, ки бо амакаш дар Карбало ба шаҳодат мерасанд.

Ҳазрати Ҳусайн (р) низ фарзандашро Умар номгузорӣ мекунад.

Ҳазрати Зайнулобиддин (р) як духтарашро Ойша ва як писарашро Умар ном мегузорад, ки насли Умар бин Зайнулобиддин идома пайдо мекунад.

Ҳамчунин бақияи Аҳли байт аз насли Аббос бин Абдулмутталиб ва насли Ҷаъфар бин Абӯтолиб ва Муслим бин Ақил ва дигарон, ки дар инҷо мо дар садади зикри тамоми ин номҳо нестем, балки мақсад фақат намӯнаҳоест, ки матлаби мавриди назаро равшан кунад.

Аз боризтарин вижагиҳои исм инаст, ки далолат бар ақлу мактаб эътиқодии шахс мекунад. Ба таври мисол, душвор аст ва шояд номумкин аст, ки шумо шунида бошед Яҳуд ва Насоро фарзандонашонро (Муҳаммад) номгузорӣ кунанд, ё ин, ки мусаломонон фарзандонашонро Лоту Уззо, ё Фиръавну Ҳомон ва Абӯҷаҳлу Абӯлаҳаб биноманд!

Шариъати поки муҳаммадӣ бо исм аҳамияти фавқулода қоил аст, лизо Расули маҳбубамон исми баъзе Саҳобаро аъам аз зану мард, иваз мекарданд, балки ҳатто исми шаҳрашонро аз Ясриб ба Мадина табдил карданд ва низ он Ҳазрат монеъ аз номгузории баъзе номҳо шуданд ва ба баъзе номҳо, монанди Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон ва ғайра, ки дар он ишора ба мақоми бандагӣ барои Аллоҳ аст, тарғиб фармуданд:

«أحبُّ الأسماء إلي الله عبدالله وعبدالرحمن».

«Маҳбубатарин номҳо дар назди Аллоҳи мутаъол Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон аст».

Хулоса ин, ки масъалаи номгӯзории аиммаи Аҳли байт (р) фарзандонашонро ба номҳои ифтихорандгез, Абӯбакру Умар ва Усмону Ойша ва Талҳаву Зубайр ва Муъовия ва дигар бузургони Саҳоба (р) яке аз масоили муҳимест, ки далолат бар муҳаббат ва самимияти фавқулода дар байн он бузургворон мекунад.

Арабҳо ба мусоҳара (қудогӣ) аҳамияти вижа қоил буданд. Онон ба насаб ифтихор мекунанд, ҳамчунон ба домодҳо ва мавқеъиятҳо ва манзилати онон ифтихор мекунанд, лизо машҳураст, ки Арабҳо касеро, ки аз худашон шаъну манзалат камтаре дошта бошад, ба домодии худ қабул намекунанд, балки дар назди бисёре аз ҷомеъаҳои Араб низ вазъият ба ҳамин минвол аст.

Дар зимни ин меъёр, бахше аз дидгоҳи шариъат низ ҳаст, ҳамчуноне, ки фуқаҳои бузургвор мавзӯъи «куф», ё кифоят (ҳамсатҳ будан) дар дину насаб ва ҳирфа ва мабоҳиси мухталиферо, ки ба он таъаллуқ мегирад, мавриди баҳс қарор дода ва ба он аҳамияти фаровоне додаанд.

Ҳатто хостгориро бубинед, ки чӣ қадар муҳим таъриф мешавад ва хонаводаи арӯс бо чӣ диққате дар бораи марди хостгор таҳқиқ ва баррасӣ мекунанд. Фикр мекунанд, машварат мекунанд ва дар ниҳоят ҳеҷ илзоме ҳам надоранд, мумкин аст мувофиқат кунанд ва ё бо камоли ихтиёр ва ҷуръату шаҳомат мухолифати худашонро эълон мекунанд. Онон мухторанд ҳазор бор бияндешанд, ки оё шоистааст, дасти азиз ва ҷигаргӯшаашонро ба дасти ин мард бидиҳанд ё на?

Хоҳари ҳазрати Ҳасани муҷтабо ва ҳазрати Ҳусайн, сайди шуҳадо, духтари Фотимаи Заҳро «Умми Кулсум» (р)ро падараш Амири мӯминон Алӣ (р) ба издивоҷи Форӯқи аъзам, Умар бин Хаттоб (р) дармеоварад.

Сафиюддин Муҳаммад бин Тоҷуддин, маърӯф ба Ибни Тақтақӣ Ҳуснӣ (вафоти 709 ҳ дар зайли унвони баноти Амири мӯминон Алӣ (р)) менависад:

«وأم كلثوم وأمها فاطمة بنت رسول الله تزوجها عمر بن الخطاب فولدت له زيدا ثم خلف عليها عبد الله بن جعفر».

Яъне: «Яке дигар аз духтарони Амири мӯминон Умми Кулсум мебошад, ки модараш Фотима, духтари Расули Аллоҳ аст, Умар бин Хаттоб бо вай издивоҷ кард ва фарзанде бо номи Зайд аз ӯ ба дунё овард ва пас аз Умар ба ақди Абдуллоҳ бин Ҷаъфар даромад».

Мулло Боқир Маҷлисӣ менависад: «... ҳамчунин аст инкори шайх Муфид аз асли ҷараёни издивоҷ. Ин барои баёни ин матлаб аст, ки он (издивоҷ) аз тариқи онҳо собит нашудааст, ва илло баъд аз вуруди он ривоёт ва ривоёти дигаре, ки бо санад хоҳад омад, ки Алӣ (р) ҳангоме, ки Умар вафот кард, назди Умми Кулсум омад ва ӯро бо худ ба хонаи худаш бурд. Ва ривоёти дигаре, ки аз Биҳорул-анвор овардаам, ин инкор аҷиб менамояд. Асли ҷавоб инаст, ки ин издивоҷ аз рӯи туқия ва изтирор будааст...».

Соҳиби Усули кофӣ чунин ҳадис дар китобаш овардааст, аз ҷумла:

«باب المتوفي عنها زوجها المدخول بها أن تعتد وما يجب عليها: عن أبي عبدالله عليه السلام قال: سألته عن المرأة المتوفي عنها زوجها أتعتد في بيتها أو حيث شاءت؟ قال: بل حيث شاءت إن عليا- عليه السلام- لما توفي عمر أتي أم كلثوم فانطلق بها إلي بيته».

«Муъовия бин Аммор мегӯяд: аз имом Содиқ (а) пурсидам: Зане, ки ҳамсараш вафот мекунад, бояд дар хонааш (идда) бишинад, ё ҳар ҷое, ки хост? Фармуд: балки ҳар ҷое, ки хост. Алӣ (р) ҳангоме, ки Умар вафот кард, Умми Кулсумро бо худ ба хонаи хеш бурд».

Ин худ мерасонад, ки ин ду хонавода чӣ қадар якдигарро дӯст медоштанд ва ба якдигар эҳтиром мегузоштанд ва моҳавли саршор аз улфату муҳаббат дар миёни онон ҳоким буд, чаро чунин набошад, дар ҳоле, ки худ Расули Аллоҳ (с) домоди (шавҳрдухтари) Умар буд, бинобарин робитаи гарми иҷтимоъӣ байни хонаводаи Расули Аллоҳ (с) ва хонаводаи Умар (р) қабл аз ин идзивоҷ барпо буд.

Намунаи дигари фармудаи ҳазрати Ҷаъфари Содиқ (р) аст, ки фармуданд: ««ولَدَنِي ابوبكر مَرَّتين. Оё медонед модари имом Содиқ кист? «Умми Фарваҳ» духтари Қосим бин Муҳаммад бин Абӯбакри Сиддиқ (р). Шуморо ба Аллоҳ қасам медиҳам ва бияндешед, ки инсон ба чӣ касе ифтихор мекунад?!

Пас гуфтем, ки Умари Форӯқ (р) бо Умми Кулсум, духтари ҳазрати Фотимаи Заҳро, духтари гиромии Расули Аллоҳ (с) издивоҷ карда ва низ ин, ки модари ҳазрати Ҷаъфари Содиқ (р) аз ду тараф нувосаи Абӯбакри Сиддиқ (р) аст.

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم ونفعنا بهدي سيد المرسلين وقوله القويم أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلين والحمدلله رب العالمين.