islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Ҳуқуқи мусалмон


4328
Дарс Тавсифи
Бародарӣ ба хотири Аллоҳи мутаъол аз неъматҳои бузурги Аллоҳи мутаъол мебошад ва фазилатест, ки Аллоҳи мутаъол ба мӯминони ҳақиқӣ мебахшад.Бародарӣ нушидании гувороест, ки Аллоҳи мутаъол онро ба мӯминони ростгӯ мебахшад ва Ислом бар иртиботи мустаҳками ҳар фарди мусалмон бо мусалмони дигар таъкид мекунад ва умуреро ба хотири он машрӯъ гардонида, ки ин равобитро мустаҳкамтар мекунад, монанди салом кардан, иёдати бемор ва ҳуқуқи дигар мусалмон бар мусалмони дигар.

Баёни вуҷуби эҳтимом ба ҳуқуқи мусалмон.

Баёни ҳақиқати бародарӣ барои Аллоҳ.

Баёни фазилати бародарӣ дар дин ва ин, ки он аз бародарии насаб болотар аст.

Барҳазар доштан аз ихтилофу тафриқа ва парокандагӣ.

Хутбаи аввал

الحمد لله منزل الكتاب، هدى وذكرى لأولي الألباب، والصلاة والسلام على نبينا محمد المفضل على البشر بجوامع الخطاب، وعلى آله المطهرين والأصحاب.

وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمداً عبده ورسوله شهادة تنجي صاحبها يوم الحساب.

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا 1 ) [النساء: 1]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَقُولُوا قَوْلًا سَدِيدًا70 يُصْلِحْ لَكُمْ أَعْمَالَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ فَازَ فَوْزًا عَظِيمًا 71 ) [الأحزاب:70 - 71]

أما بعد:

Мусалмонон! Яке аз бузургтарин неъматҳои Илоҳӣ, неъмати бародарӣ дар дин аст, он неъмате, ки Парвардигор дар борааш фармудааст:

( إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ) [الحجرات: 10]

“Дар ҳақиқат мӯминон бародари якдигаранд”.

Ва Аллоҳи мутаъол ин бародариро пайванде қарор додааст, ки бар ақида ва имон ба зоти ақдасаш устувор аст, зеро имон нерӯи ҷаззоб ва гироест, ки аҳли худро ба наздикӣ ва муҳаббати бештар нисбат ба якдигар вомедорад. Мумкин нест, қалбҳое, ки бар асоси имон ба Аллоҳ ва дӯстии ӯ ва Расулаш ҷамъ шудаанд, аз ҳам дур ва ҷудо шаванд. Ин ҳамон улфатест, ки Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу дар дили ёрони Паёмбар (с) ниҳод.

( وَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِهِمْ لَوْ أَنْفَقْتَ مَا فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا مَا أَلَّفْتَ بَيْنَ قُلُوبِهِمْ وَلَكِنَّ اللَّهَ أَلَّفَ بَيْنَهُمْ إِنَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ 63 ) [الأنفال: 63]

«Ва миёни дилҳояшон унс ва улфат барқарор кард, агар ҳамаи чизҳоеро, ки дар замин аст, сарф мекардӣ, наметавонистӣ миёни дилҳояшон улфат барқарор кунӣ, вале Аллоҳ миёни онон унсу улфат ба вуҷуд овард. Ҳамоно ӯ товонои шикастнопазиру боҳикмат аст».

Ин улфат дар воқеъ яке аз вижагиҳои ҷомеъаи Исломист, ки Расули Аллоҳ (с) онро чунин зебо ба тасвир кашидааст:

«مَثَلُ الْمُؤْمِنِينَ فِى تَوَادِّهِمْ وَتَرَاحُمِهِمْ وَتَعَاطُفِهِمْ مَثَلُ الْجَسَدِ إِذَا اشْتَكَى مِنْهُ عُضْوٌ تَدَاعَى لَهُ سَائِرُ الْجَسَدِ بِالسَّهَرِ وَالْحُمَّى».

«Мисоли мӯминон дар маваддат ва муҳаббату отифаи мавҷуд дар миёнашон, як пайкар аст, ки агар узве аз аъзои он ба дард ояд, соири аъзои бадан бо шаббедорӣ ва таб ҳамроҳияш мекунанд». Саҳеҳи Бухорӣ.

Парвардигори мутаъол робитаи имонии мусаломононро қавитар ва мустаҳкамтар аз робитаи хунӣ ва насабии онон қарор додааст. Робитаи имонӣ ва ақидатӣ, ки аз он эҳсоси муштарак ва улфату таъовун ва бародарӣ сарчашма мегирад, зеро робитаи хунӣ ва хешовандӣ мумкин аст суст ва сард шавад, вале ваҳдати ақидатӣ, навъи пайванди ҳамешагӣ ва ҳамешатоза аст. Мусалмонон бо гуфтани шаҳодатайн дар ниҳон ва ошкори хеш ва бо намозу рӯза ва закоту ҳаҷҷашон, ин пайвандро ба ёд меоваранд. Чунон ки дар ин рӯзҳои муборак ва дар гирдиҳамоии фархунда, бисёре аз бародарони имониро дар Байтуллоҳи ҳаром ва зерои сояи Хонаи Аллоҳи мутаъол мебинем.

Мусалмонон! Ин робитаи бародариро дар итоъат аз Аллоҳи мутаъол ва дар паноҳ бурдан ба ӯ дар ҳар чашм ба ҳам задан ва дар ҳар тапиши қалб ва дар ҳар дам ва ё боздам, ба ёд меоваранд..

Барои ҳифзи ин бародарӣ ва ҳифзи ин ваҳдат, дар китоби Аллоҳ ба чанг задан ба ресмони Илоҳӣ дастӯр дода шудааст, ки ресмон бар асоси тафсири «ҳибри уммат» ва «тарҷумони Қуръон», Абдуллоҳ бин Аббос (р) ба маънои дини Аллоҳ аст ва бар асоси тафсири Абдуллоҳ бин Масъуд (р) «ҷамоъат» мебошад ва бар асоси сухани дигар муфассирин, ресмони Илоҳӣ, ҳамон Қуръон аст, зеро иҷмоъ бар китоби Аллоҳ зомини асоси ваҳдат аст. Аз ин ҷо, ки иҷтимоъи қалбҳо бар ботил мумкин ва мақбул нест, бояд як будани қалбҳо дар ростойи ҳақ ва ҳақгаройи бошад. Дар ин сурат ҷомеъаи Исломӣ солим хоҳад монд ва ҳам барномаи мусалмонон равшан хоҳад шуд ва худи мусалмонон низ ба осоишу оромиш хоҳанд расид ва ин муҳим замоне таҳаққуқ мешавад, ки ваҳдати мавриди назар, ягонагии ҷомеъаи Исломиро дарбар бигирад ва ҳеҷ кас, ҳатто як нафар аз он ҷудо ва мустасно нагардад. Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَلَا تَفَرَّقُوا وَاذْكُرُوا نِعْمَةَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ كُنْتُمْ أَعْدَاءً فَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِكُمْ فَأَصْبَحْتُمْ بِنِعْمَتِهِ إِخْوَانًا وَكُنْتُمْ عَلَى شَفَا حُفْرَةٍ مِنَ النَّارِ فَأَنْقَذَكُمْ مِنْهَا كَذَلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمْ آَيَاتِهِ لَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ103 ) [آل عمران: 103]

«Ва ҳамагон ба ресмони Аллоҳ чанг занед ва пароканда нашавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он ҳангоме, ки душмани якдигар будед ва Ӯ дилҳоятонро ба ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи Ӯ бародар шудед ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз он бираҳонид. Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, шояд ҳидоят ёбед».

Эй бандагони Аллоҳ! Эҳсоси ин неъмати муборак, чунин металабад, ки бо тамоми тавон аз ҳуқуқи ин бародарӣ посдорӣ кунем ва ба шиддат бар ҳифзи он аз тамоми авомиле, ки метавонад онро заъиф ё беранг (ҷилва диҳад,) кушо бошем. Аз ин рӯ аз ин, ки як мусалмон бо василаи оҳане ба бародари худ ишора кунад, наҳй шудааст. Дар саҳеҳи Бухорӣ аз Абӯҳурайра (р) чунин ривоят шудааст:

«لا يشيرن أحدكم على أخيه بسلاح، فإنه لا يدري لعل الشيطان ينزع في يده، فيضعه في حفرة من نار».

«Ҳеҷ як аз шумо ба бародараш бо силоҳ ишора накунад, зеро чӣ медонад, шояд шайтон дасташро билағжонад ва дар чоҳе аз чоҳои оташ бияфтад!».

Ин ҳадис бо сиғай нафй омадааст ва ба ин маъност, ки мӯмин ин корро намекунад ва чунин коре аз мӯмин сар намезанад ва ҳамон тавре, ки аҳли илм дар мавриди ин ҳадис гуфтанд, ин балиғтарин ва расотарин навъи наҳй аст.

Ҳамчунин мусалмон аз ин, ки дигареро битарсонад, наҳй шудааст. Имом Аҳмад дар муснади хеш ва ҳамчунин Абӯдовуд дар сунан бо санади саҳеҳ аз Абӯ Абдурраҳмон бин Абӯяъло ривоят мекунанд, ки фармуд: «Теъдоде аз Саҳобаи киром бо Расули Аллоҳ (с) дар масире мерафтанд, пас яке аз онон ба хоб рафт. Бархе аз онон таноберо, ки ҳамроҳи он мард буд, ҳаракат доданд ва ин боис шуд он мард (ногаҳон бедор шавад) ва битарсад, пас Расули Аллоҳ (с) фармуданд: «Барои мусалмон ҷоиз нест, ки мусалмонеро битарсонад».

Комилан равшан аст, ки дар омӯзишҳои динӣ аз ҷангу даргирии бародарони имонӣ бо якдигар манъ шудааст, чаро ки даргирӣ бо якдигар, худ нишонаи инкори ин бародарӣ ва ин неъмат аст ва чунин рӯйкарде монанди рӯйкарди ғайри мусалмон аст, ки ҳурмате барои ҷони якдигар қоил нестанд. Расули Аллоҳ (с) дар хутбаи иди қурбон фармуданд:

«فَإِنَّ دِمَاءَكُمْ وَأَمْوَالَكُمْ عَلَيْكُمْ حَرَامٌ، كَحُرْمَةِ يَوْمِكُمْ هَذَا، فِي شَهْرِكُمْ هَذَا، فِي بَلَدِكُمْ هَذَا، إِلَى يَوْمِ تَلْقَوْنَ رَبَّكُمْ، أَلَا هَلْ بَلَّغْتُ؟ ، قَالُوا: نَعَمْ، قَالَ: اللَّهُمَّ اشْهَدْ». (صحيح بخاري)

«Хуну мол ва номӯсҳои шумо бар якдигар ҳаром аст, монанди ҳурмати ин рӯз дар ин моҳ, дар ин сарзамин, то он, ки ба мулоқоти Парвардигоратон биравед. Огоҳ бошед! Оё иблоғ кардам?... фармуданад: Бори Илоҳо! Шоҳид бош». (Саҳеҳи Бухорӣ).

Ва дар саҳеҳи Муслим аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки Расули Акрам (с) фармуданд: «Хуну мол ва номӯси ҳар мусалмоне бар соири мусалмонон ҳаром аст».

Аз ин ҷо, ки авомили даргирӣ ва ихтилоф бисёр аст ва ҷилавгирӣ аз он басо дӯшвору мушкил, Парвардигор роҳкоре барои пешгирӣ аз паёмадҳои ногувори тафриқа қарор дода ва ононро ба фармонбардорӣ аз омӯзаҳои Қуръони Карим ва Сунати Паёбараш дастӯр додааст, зеро ин танҳо роҳест, ки ононро ба аҳдофашон мерасонад ва адолат таҳаққуқ меёбад ва қалбҳо ба оромиш мерасанд. Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( َا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا أَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ وَأُولِي الْأَمْرِ مِنْكُمْ فَإِنْ تَنَازَعْتُمْ فِي شَيْءٍ فَرُدُّوهُ إِلَى اللَّهِ وَالرَّسُولِ إِنْ كُنْتُمْ تُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآَخِرِ ذَلِكَ خَيْرٌ وَأَحْسَنُ تَأْوِيلًا 59 ) [النساء: 59]

«Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро итоъат кунед ва ба Расул ва сардорони хеш фармон баред. Ва чун дар коре ихтилоф кардед, , ба Худову паёмбар руҷӯъ кунед, агар ба Худову рӯзи қиёмат имон доред. Дар ин хайри шумост ва саранҷоме беҳтар дорад».

Ҳоло агар миёни мӯминон ҷангу даргирӣ рух дод, боз ҳам Парвардигори мутаъол ононро раҳо намекунад, ки якдигаро аз миён бардоранд, балки дар ин маврид низ онҳоро роҳнамойи кардааст, ки чӣ роҳе бираванд ва чӣ равише дар пеш гиранд, то ин ки ҷанг поён ёбад ва оташи фитна хомӯш шавад ва сулҳ барпо гардад.

Парвардигори мутаъол мефармояд: «Ва агар ду гурӯҳ аз мусалмонон бо якдигар ҷангиданд, байн онон сулҳу оштӣ барқарор кунед, пас агар яке аз онон ҳамчунон бар дигаре таҷовуз кард, бо таҷовузгар биҷангед, то ба амри Аллоҳ боз гардад, пас агар боз гашт, миёни онон одилона ислоҳ кунед ва адолатро пеша созед, ки Аллоҳ одилонро дӯст дорад».

Дар ин фармони Илоҳӣ, раҳмат ва хайрхоҳии бениҳоят нисбат ба мӯминон мушоҳида мешавад, ки поён надорад.

Эй бандагони Аллоҳ! Тақвои Илоҳиро пеша созед ва ин неъмати Илоҳиро ба ёд оваред, ки шуморо пас аз душманӣ, бародари якдигар гардонд ва талош кунед, то ҳуқуқи бародарии диниро, пос доред ва аз рафтан ба сӯи фитна барҳазар бошед, ки паёмаде ҷуз нобӯдӣ ва хашми Илоҳӣ надорад.

( وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَلَا تَنَازَعُوا فَتَفْشَلُوا وَتَذْهَبَ رِيحُكُمْ وَاصْبِرُوا إِنَّ اللَّهَ مَعَ الصَّابِرِينَ 46 ) [الأنفال: 46]

«Аз Худову паёмбараш итоъат кунед ва бо якдигар ба низоъ бармахезед, ки нотавон шавед ва қуввати шумо биравад. Сабр пеша кунед, ки Худо ҳамроҳи собирон аст!»

Аллоҳи мутаъол мову шуморо аз ҳидояти Қуръони Карим ва Суннаи мутаҳҳари Паёмбараш (с) баҳраманд бифармояд.

أقول قولي هذا، وأستغفر الله لي ولكم، فاستغفروه إنه هو الغفور الرحيم.

Ситоиш аз он Аллоҳ аст, ӯро ситоиш мекунам ва аз ӯ дархости омӯрзиш ва кӯмак менамоям ва аз бадиҳои нафси хеш ва корҳои ношоистаам ба ӯ паноҳ мебарам. Ҳар киро Аллоҳ ҳидоят кунад, гумроҳгаре нахоҳад дошт ва ҳар киро гумроҳ намояд, ҳидоягаре нахоҳад ёфт ва гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ нест, яктост ва шарике надорад ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад (с) банда ва Паёмбари ӯст. Парвардигоро! бар банда ва Паёмбарат, Муҳаммад (с) ва бар хонадону ёронаш, дуруду салом бифирист.

Аллоҳ мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا لَا يَسْخَرْ قَومٌ مِنْ قَوْمٍ عَسَى أَنْ يَكُونُوا خَيْرًا مِنْهُمْ وَلَا نِسَاءٌ مِنْ نِسَاءٍ عَسَى أَنْ يَكُنَّ خَيْرًا مِنْهُنَّ وَلَا تَلْمِزُوا أَنْفُسَكُمْ وَلَا تَنَابَزُوا بِالْأَلْقَابِ بِئْسَ الِاسْمُ الْفُسُوقُ بَعْدَ الْإِيمَانِ وَمَنْ لَمْ يَتُبْ فَأُولَئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ 11 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اجْتَنِبُوا كَثِيرًا مِنَ الظَّنِّ إِنَّ بَعْضَ الظَّنِّ إِثْمٌ وَلَا تَجَسَّسُوا وَلَا يَغْتَبْ بَعْضُكُمْ بَعْضًا أَيُحِبُّ أَحَدُكُمْ أَنْ يَأْكُلَ لَحْمَ أَخِيهِ مَيْتًا فَكَرِهْتُمُوهُ وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ تَوَّابٌ رَحِيمٌ 12 ) [الحجرات:11 - 12]

«Эй касоне, ки имон овардаед, набояд, ки гурӯҳе аз мардон гурӯҳи дигарро масхара кунад, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва набояд, ки гурӯҳе аз занон гурӯҳи дигарро масхара кунад, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва аз ҳам айбчӯйи макунед ва якдигарро ба лақабҳои зишт махонед. Бад аст унвони фисқ пас аз имон овардан. Ва касоне, ки тавба намекунанд, худ ситамкоронанд. Эй касоне, ки имон овардаед, аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед. Зеро баъзе аз гумонҳо дар ҳадди гуноҳ аст. Ва дар корҳои пинҳонии якдигар, ҷосусӣ макунед. Ва аз якдигар ғайбат макунед. Оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Пас онро нохуш хоҳед дошт. Ва аз Худо битарсед, зеро Худо тавбапазиру меҳрубон аст!

Эй бандагони Аллоҳ! Аллоҳи мутаъол мефармояд: «Ҳамдигарро масхара макунед ва бо номи бад ёд накунед ва гумони бад накунед ва ҷосӯсӣ ва ғайбати якдигарро нанамоед», оре Аллоҳ ба ин сабаб ин аъмоли зиштро барои мо нописанд донистааст, ки нахустин заминаи пайдоиши сустӣ ва заъфу нобӯдӣ ҳастанд ва инсон ва уммати заъиф дар дунё ва охират арзише нахоҳад дошт.

Ҳамчунин Парвардигори мутаъол моро аз ворид шудан ба роҳи ихтилофкунандагон ва ононе, ки роҳи тафриқаро дар пеш гирифтанд, боз дошта ва фармудааст:

( وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ تَفَرَّقُوا وَاخْتَلَفُوا مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَهُمُ الْبَيِّنَاتُ وَأُولَئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ 50 ) [آل عمران: 105]

«Ва монанди касоне набошед, ки пароканда шуданд ва пас аз он ки ба эшон нишонаҳои ошкор омад, ихитилоф варзиданд, азоби бузурге дар интизори чунин касоне аст».

Ҳоло агар роҳи тафриқаро дар пеш бигирем ва бадин сон умматро аз расидан ба аҳдофашон боз дорем, фирқа фирқа ва даста даста шавем, нахустин паёмади ногувор, безорӣ ва ҷудойии Паёмбар (с) аз мо хоҳад буд, зеро уммате, ки ӯ ба сӯи ташкили он даъват кард ва онро барои бар дӯш гирифтани даъваташ мехост, умматест, ки тафриқаро намешиносад. Он уммат, уммати якпорчааст, ки Парвардигораш якест, китобаш якест ва афродаш дар як саф қарор доранд, ҳамон гуна, ки Аллоҳ мефармояд:

( إِنَّ الَّذِينَ فَرَّقُوا دِينَهُمْ وَكَانُوا شِيَعًا لَسْتَ مِنْهُمْ فِي شَيْءٍ إِنَّمَا أَمْرُهُمْ إِلَى اللَّهِ ثُمَّ يُنَبِّئُهُمْ بِمَا كَانُوا يَفْعَلُونَ 159 ) [الأنعام: 159]

«Бе гумон бо касоне, ки дар динашон тафриқа варзиданд ва даста даста шуданд, ҳеҷ пайванде надорӣ, кори онон бо Парвардигор аст ва он гоҳ ононро аз кирдорашон огоҳ мекунад».

Пас эй бандагони Аллоҳ! Тақвои Илоҳиро пеша кунед ва барои аз байн бурдани шикофҳо, ихтилофот ва авомили тафриқа ва низ барои эҷоди ваҳдату якпорчагӣ аз ҳеҷ талоше дареғ наварзед.

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.

اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.

اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين.

اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.