islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Таъсири васоили иртиботи ҷамъӣ бар ҷомеъа


3269
Дарс Тавсифи
Васоили иртиботи имрӯза ва каналҳои мутаъаддид, таъсири зиёде бар шаклгирии фикри фарзандон ва хонавода ва ҳамаи муҷтамаъ дорад ва ин ба ин хотир аст, ки васоили иртиботии имрӯза аз таблиғот ва ташвиқ ба барангехтани афрод истифода мекунанд, бинобарин лозим аст, ки ин васоили иртиботӣ ба гунаи саҳеҳ ба кор гирифта шаванд ва минбаре барои даъват ва нашри арзишҳои исломии саҳеҳ бошанд.

Ҷалби таваҷҷӯҳи мардум ба аҳамияти эълом.

Рабти васоили эълом, бо хидмат ба дин.

Таъкид бар ахлоқиёти амали эъломӣ.

Мушкилоте, ки эъломи исломӣ бо он мувоҷеҳ аст.

Хутбаи аввал

الحمد لله منزل الكتاب، هدى وذكرى لأولي الألباب، والصلاة والسلام على نبينا محمد المفضل على البشر بجوامع الخطاب، وعلى آله المطهرين والأصحاب.

وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمداً عبده ورسوله شهادة تنجي صاحبها يوم الحساب.

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا 1 ) [النساء: 1]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَقُولُوا قَوْلًا سَدِيدًا70 يُصْلِحْ لَكُمْ أَعْمَالَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ فَازَ فَوْزًا عَظِيمًا 71 ) [الأحزاب:70 - 71]

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

أما بعد:

Имрӯз бархе асри ҷадидро асри иртиботот медонанд ва ғолибан сухан аз васоили иртиботи ҷамъӣ ба миён оварда мешавад. Дар ҷомеъаи имрӯза ҳамаи афрод аз расонаҳои гурӯҳӣ таъсир мепазиранд ва дар воқеъ сеяки вақтҳои бедории мо дар ҳамроҳӣ бо ин расонаҳо сипарӣ мешавад.

Огоҳиҳои иҷтимоъӣ дар як ҷомеъа вақте ба сурати фарҳанги умумӣ дармеояд, ки ба таври мустамир аз тариқ ва васоили иртиботи ҷамъӣ ва дар ҷомеъаҳои мухталиф матраҳ шавад.

Дар ҷаҳони имрӯз, чаҳор омили таъсиргузор бар рӯи инсон аз аҳамияти болое бархурдоранд ва ба таври давомдор ва муъассир бар фард таъсир мегузорад, ин чаҳор омил иборатанд:

Хонавода, мадраса, гурӯҳи ҳамсолон ва васоили иртиботи ҷамъӣ.

Барасии баҳсҳои назарӣ ва оройи соҳибназарон аз иртиботот нишон медиҳад, ки асароти васоили иртиботи ҷамъӣ бисёр мутаъаддид ва мутанаввеъ мебошад, ба тавре, ки нақд ва барасии ин асарот печида аст ва ҳавзаи таъсири он низ, қаламрави бисёр густарда дорад.

Тибқи назароти баъзе соҳибназарон, васоили иртиботи ҷамъӣ дорои чунон қудрате ҳастанд, ки метавонанд насли тозаро барои аввалин бор дар таърихи инсон падид оваранд. Насле, ки бо наслҳои пешин бисёр мутафовит аст. Тарафдорони ин дидгоҳ қудрати радиоро бо бомбаи атомӣ муқоиса мекунанд, ки аз он метавон дар роҳи хайр ё шар бо таъсири шигифт суд барад.

Аз ин ҷо, ки ҷавонон алоқа ва таваҷҷӯҳи бештаре ба истифода аз расонаҳои дидорӣ -шунидорӣ монанди филмҳои синамойи, телевизион ва васоили савтӣ доранд, онҳо бештар аз ин гуна васоил осебпазир мебошанд.

Асарот ва коркардҳои манфӣ ва васоили иртиботи ҷамъӣ:

Боздоштани корҳои таҳсилӣ ва ихтисоси вақти кӯдакон ва навҷавонон ба худ (ба ҳисоби миёна 1340 соат дар сол).

Пешкаши саҳнаҳои хушунатомез ва ривоҷи хушунат.

Ҷареҳадор кардани отифаҳои кӯдак.

Тела додани зудрас ба тарафи зиндагии бузургсолӣ.

Халқи ниёзҳои козиб.

Робита бо ҷурму ҷиноёт.

Барангехтани ҳолати таҳоҷумӣ.

Маҳдуд кардани қудрати ибтикор ва халлоқият.

Тасхир кардани зеҳни кӯдакон.

Бегона сохтани кӯдакон ва навҷавонон бо мутолиъа.

Бе тафовут кардани кӯдакону навҷавонон нисбат ба дардҳо ва ранҷҳои инсонӣ.

Ривоҷи ахлоқи зидди Исломӣ ва ахлоқӣ ва иҷтимоъӣ аз тариқи мушоҳада ва ёдгирӣ тавассути кӯдакон.

Нодида гирифтани қайду бандҳои иҷтимоъӣ аз тариқи ҳамонандсозӣ бо шахсиятҳои намоишҳое, ки дар он шеваҳои пурхошгарона ва маҳоратҳои хилофкорӣ нишон дода мешавад.

Эҷоди даргирии зеҳнӣ дар кӯдакон ба иллати тамошои филмҳои хоси солҳои болотар.

Эҷоди тарсу кобусҳои шабона барои кӯдакон.

Коҳиши муддати замони хобидани кӯдакон.

Масх кардани кӯдакон ва фуру рафтани онон дар дунёи хаёлӣ ва эҷоди фосила бо воқеъиятҳо.

Афзоиши ҳолати инфиъолӣ ва бетафовутӣ.

Шустушӯи мағз.

Таҳдиди саломатии ҷисмӣ ва равонию рафтории кӯдак.

Асари восоили иритиботи ҷамъӣ, хосатан телевизион бар рафторҳои кӯдакон ва навҷавонон замоне ба ҳадди аксар мерасад, ки бар арзишҳо ва дидгоҳои (мавриди назар) дар барномаҳои пай дар пай таъкид гардад.

Дар маҷмӯъ ҳамин васоили иртиботи ҷамъӣ метавонад осор ва коркардҳои мусбати зерро ба дунбол дошта бошад:

Агар тавассути инсонҳои мусалмон мавриди таваҷҷӯҳ ва истифода қарор гирад ва аз ҳамаи ин васоиле, ки имрӯз душманони Ислом барои набудии Ислом ва мусалмонон аз онҳо истифода мекунанд, метавон дар роҳи нашри Ислом ва даъват ба сӯи арзишҳои волои Исломӣ ва ислоҳи ҷомеъа истифода кард.

Низоми Исломӣ, ба васоили иртиботи ҷамъии Исломии хоси худ ниёз дорад.

Васоили иртиботи ҷамъии Исломӣ, васоилест, муваҳҳад ва ваҳдатгаро, ҷомеъ ва мустақил, ростгӯ ва ҳақгӯ, пурмаъно ва муътабар ва боиттилоъ ва хонданӣ, ки бо дидҳои ҷаҳонӣ барои эҳтиёҷот ва роҳнамоии ҷомиъа (уммати Исломӣ) ва рушди солими фикрӣ ва иттилоъотии афрод, мунташир ва тавзеъ мегардад.

Мафҳуми Уммат болотар аз марзҳои миллӣ ва ҳудуди сиёсист. Ҷомеъаи Исломӣ як мафҳуми динӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоъист ва фақат вақте мавҷудият дорад, ки тавассути Ислом бар он ҳукумат кунад.

أقول قولي هذا، وأستغفر الله لي ولكم، فاستغفروه إنه هو الغفور الرحيم.

الحَمْدُ لِلهِِ رَبِّ العَالمِينْ، وَالصَّلاَةُ وَالسَّلاَمُ عَلىَ نَبِينّا مُحَمّدٍ –صلى الله عليه وسلم-، وَعَلى آلِهِ وَأصْحَابهِ وَمَنْ دَعَا بِدَعْوَتِهِ إلىَ يَوْمِ الدِّيْن. أمّا بعد:

Бародарон ва Хоҳарони азиз! Расули Аллоҳ (с) фармуданд: « بلغوا عنی ولو آية», «(ҳар он чӣ аз ман омӯхтаед) онҳоро бирасонед ва агар чӣ як оят бошад».

Иттилоъот ва иртиботот, шараён ва рагҳои ҳаётии ҳар низом буда, ҳаст ва хоҳад буд. Дар муҷтамаъоти печидаи имрӯза, матбуот қисмати муҳиме аз ин нақшро адо мекунад. Дар ҳар низоме бояд нашриёте бошанд, ки аъзои он ҷомеъа вуҷуд ва мутолиъаи онро дар зиндагӣ ва кору тасмимоти худ, муфид ва зарурӣ бидонанд, на ин, ки чунин матбуоте дар сатҳи иттилоъот ва доноии рӯзонаи онҳо фарқе надошта бошад.

Суоли муҳим инаст, ки он чунин нашрияҳо дар як низоми Исломӣ барои Уммати Исломӣ вуҷуд дорад? чаҳорчӯби Исломии чунин нашрия ва матбуот чӣ гуна бояд бошад?

Аввалин ва асоситарин биниш дар мавриди инсон ва ҷаҳон дар Ислом, назарияи тавҳид аст, ки ба ваҳдат ва ҳамоҳангӣ байни ҳамаи қисматҳои ҷаҳон далолат дорад. Бо назарияи тавҳид, яке аз асоситарин пояҳои ахлоқии матбуот ва рӯзноманигорӣ, ба вуҷуд меояд.

Ин амр мушаххас аст, ки бандагӣ фақат дар муқобили Аллоҳ бошад ва ҳар гуна иртибот ва паёмҳои фикрӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ё сиёсӣ, ки навъи башарро муқайяд месозад, нафй мекунад. Ба ҳамин далел, ҳамаи қавонини сохти башар, мафоди иртиботот, расонаҳои гурӯҳӣ ва маҷомеъи умумӣ, ки монеъи ҳокимияти Аллоҳ шаванд, ботил ҳаст. Бинобарин мафҳуми тавҳид –агар ба он амал шавад- роҳнамойи асосӣ дар таъйини марзҳои машрӯъияти сиёсӣ, иҷтимоъӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ тавассути як системи иртиботии муъайянро, фароҳам меоварад.

Бар асоси мафҳуми ахлоқи матбуотӣ, возеҳу ошкор аст, ки вазифаи низоми иртиботот дар ҷомеъаи Исломӣ, шикастани бутҳо, гусустани вобастагӣ ба хориҷиён ва ба ҳаракат даровардани Уммат, ё ҷомеъа ба сӯи оянда аст. Яке аз муҳимтарин вазифаи матбуот аз байн бурдани афсонаҳо дар ҷаҳони муъосир аст. Ин афсонаҳо мумкин аст шомили падидаҳои воридотии қудрат, тараққӣ ва модернизм кардани беҳаду ҳисоб бошад. Шахсиятҳое, ки намояндаи инҳо ҳастанд, набояд мо фавқи башар ва мофавқи он чӣ ки ҳастанд, таъриф шаванд.

Тибқи ин асл, яке аз ин ширкҳо, ақида ба ҷудои дину сиёсат аст, ки ақидаи моддигарона аст. Асли тавҳид ҳамчунин мусталзими адами вуҷуди ҳар гуна маркази иқтисодӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва ё марокизи дигар, аз ҷумла расонаҳои гурӯҳӣ аст, ки дар он қудрат битавонад, мутароким шавад. Бинобарин вақте, ки ҷавобгӯйи иҷтимоъӣ барои фарду ниҳод вуҷуд надошта бошад, озодии баёни иҷтимоъ ва васоили иртиботи ҷамъӣ ва иртиботот, маъно надорад, ҷанг алайҳи шахсияти ҳар ниҳоди иҷтимоъӣ, ки ба он муттасил бошад, ҷангест, алайҳи системи иртиботӣ, ки саъй дар таблиғи он дорад.

Дуввумин асли ҳидояткунанда, марзҳои ахлоқи матбуъотӣ ва рӯзноманигорӣ дар Ислом, асли эътиқоди амри ба маъруф ва наҳй аз мункар аст. Дар ин асл ба таври ҳатмӣ ва ошкор эътиқод ба масъулияти фардӣ ва иҷтимоъӣ барои омода сохтани насли оянда ҷиҳати пазируфтани аҳкоми Исломӣ ва амал кардан ба онҳо вуҷуд дорад. Мусалмонон масъули ҳидоят кардани якдигаранд. Ҳар насл масъулият дорад, ки насл баъдиро ҳидоят кунад. Дар ин оят аз Қуръони маҷид ин амр ташреҳ шуда аст:

( ادْعُ إِلَى سَبِيلِ رَبِّكَ بِالْحِكْمَةِ وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ وَجَادِلْهُمْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعْلَمُ بِمَنْ ضَلَّ عَنْ سَبِيلِهِ وَهُوَ أَعْلَمُ بِالْمُهْتَدِينَ 125 ) [النحل: 125]

«Мардумро бо ҳикмату панди накӯ ба роҳи Парвардигорат бихон ва бо беҳтарин тарз бо онон муҷодала кун. Зеро Парвардигори ту ба касоне, ки аз роҳи Ӯ каҷрав шудаанд, огоҳтар аст ва ҳидоятёфтагонро беҳтар мешиносад!».

Ин оят ба масъулиятҳои раҳбарӣ ва таблиғи иттилоъотии ормонҳои Исломӣ ишора мекунад ва шомили ҳамаи ниҳодҳои расонаҳои ҷамъӣ аз қабили матбуот, радио, телевизион ва синамо ва ҳамчунин ҳар як афроди ҷомеъа аст.

Ба унвони мисол, дар сатҳи иҷтимоъӣ ва ҷамъӣ, ин асли ақидатӣ аз рӯи қоидаи масҷид дар ҷавомеъи Исломӣ ба мавриди иҷро даромадааст. Аз замони Паёмбари Акрам (с) масҷид ба унвони як маҷройи муҳим ва аслии иртибототи иҷтимоъӣ ва умумӣ, ҳамеша маҳвари ҳаракатҳои маънавӣ ва фарҳангӣ будааст. Масҷид на фақат нақши тарбия ва тазкияи нафс, балки нақши касби дониш ва иттилоъоти умумиро анҷом додааст. Дар тамоми ҷаҳони Ислом, масоҷид ва донишгоҳҳои муҳим дар канор ё дохили якдигар, вуҷуд доштанд. Дар вақеъ масоҷид марокизи омӯзиши олӣ ва иртибототи ҷамъӣ дар суннати Исломӣ буданад. Имрӯзҳо дар теъдоде аз ҷомеъаҳои Исломӣ системаҳои иртибототи дастаҷамъии навин ба хубӣ дар дохили системаҳои классик ва суннатӣ иртиботи ҷамъӣ ва иҷтимоъии масҷид, махсусан намозҳои ҷумъа ба ҳам пайвастаанд. Натиҷаи он ба вуҷуд омадани як сатҳи олӣ аз созмондиҳӣ ва басиҷ аст, ки ҷараёни ширкати сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва низомиро фавқулода муассир мекунад.

Мафҳуми шаҳодат ва ҷиҳод дар Исломро танҳо дар сурате метавон дарк кард, ки асли ақидатии амри ба маъруф ва наҳй аз мункар, ки ба таври хулоса баён шуд, ба таври саҳеҳ дарк шавад.

Мутаъассифона дар кишварҳои Исломӣ, бисёре аз матбуъот ва рӯзноманигорон ва ҳатто донишкадаҳои рӯноманигорӣ ва иртибототи иҷтимоъӣ ба иллати адами тарвиҷи таърих ва усули Исломӣ ва ноошнойи бо фарҳанг, худ мубаллиғ ва муқаллиди ғайри интиқодӣ ва насанҷидаи усули матбуотӣ ва рӯзноманигорӣ аз ҷумла назар ба масъулияти иҷтимоъии матбуотии Ғарб шудаанд.

Баёни назарияи Исломии матбуот ва рӯзноманигорӣ як вазифаи илмӣ ва динӣ ва иҷтимоъию иқтисодӣ аст. Кӯшиш дар баён ва феҳристбандии он даста аз усули Исломӣ, ки по ба пойи рӯзноманигории навини мо бошад, дар ҳақиқат кушишу саъй барои сароғоз ва сохти як назарияи асили матбуъотии Исломӣ аст.

Усули дигаре аз назарияи матбуъоти Исломӣ, яъне, Уммат, тақво ва амонатдорӣ мебошад.

Уммат бояд олитарин меъёрҳои рафтору амалро ба вуҷуд оварад ва нуқтаи атф барои дигарон бошад ва аз ифроту тафрит ва исроф иҷтиноб карда, собитқадам ва дорои пушткор бошад. Бидонад, ки чӣ чизеро қабул ва чӣ чизеро рад кунад. Дорои асл ва бо ҷанбаи мутағайири зиндагии татбиқпазир бимонад.

Қуръони Маҷид мефармояд:

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُمْ مِنْ ذَكَرٍ وَأُنْثَى وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٌ 13 ) [الحجرات: 13]

«Эй мардум, мо шуморо аз як марду як зан биёфаридем. Ва шуморо ҷамоъатҳо ва қабилаҳо кардем, то якдигарро бишиносед. Албатта гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост. Худо донову кордон аст!».

Дар ҳукумати Исломӣ ва дар васоили иртиботи ҷамъии Исломӣ, лозим аст, ки ҳар як аз пайрав, беҳтарин панду тавсияи худро дар умури муштарак бидиҳад ва бояд ҳаққи ин коро дошта бошад, бинобарин, шеваҳои шӯройи дар сиёсат ва матбуъот мавриди тасдиқ буда ва вазифаи ахолоқии ҳоким ва мардум мебошанд, бинобарин ин матбуоти Исломӣ бояд мувассақ буда, халлоқият ва навоварӣ дошта бошад ва бо фарҳанги Исломӣ комилан ошно буда ва ҷозибаи таваҷҷӯҳ ба масоили воқеъии ҷомеъа ё уммати бузурги Исломиро дошта бошад.

Ҳамчунин тақво, тавоноии фардӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва равонӣ, ҷиҳати расидан ба он сатҳи олӣ, ки шахсро тақрибан аз тамоюлоти моддии дунё, эмин нигоҳ медорад ва фардро ба як сатҳи болои худогоҳии паёмбарона мерасонад. Васоили иртиботи ҷамъии Исломӣ таҳти асли тақво, ҳифзи озодагӣ карда ва созишнопазир ҳастанд, чоплус ва саногӯ набуда ва инитиқодпазир ҳастанд.

Рӯзноманигорӣ, мақоланависӣ, гузоришнависӣ ва таҳлилу тафсири рӯз дар як матбуоти Исломӣ бояд бо ният ва рӯҳияи тақво, омехта ва ҳамроҳ бошад.

Ғаразварзии шахсӣ, интиқомгирӣ, тахриб, савдогарии молӣ, сарватафузунӣ, мубоҳот ва фахрварзӣ ва истеҳзо дар васоили иртиботи ҷамъии Исломӣ ҷой надорад.

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم فصلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.

اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.

اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين.

اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.