Бозгашт ба сӯи Аллоҳ.
Тарбияти мардум дар мусолаҳат бо Аллоҳ.
Парҳез аз ноумедӣ аз раҳмати Аллоҳ.
Хубтаи аввал
الحمد لله، يقبل التوبة عن عباده ويعفو عن السيئات، أحمده سبحانه لا رب غيره يقيل العثرات، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن نبينا محمداً عبده ورسوله نبي الرحمة المؤيَّد بالمعجزات، اللهم صل وسلم على عبدك ورسولك نبينا محمد وعلى آله وأصحابه والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين، أما بعد:
Ҳамду ситоиш Аллоҳи мутаъолро, ки бандаи худро ба тавба намудан даъват кардааст ва гуноҳони эшонро ҳар чанд, ки зиёд бошад, меомӯрзад ва ба тавба намудани эшон хурсанд шуда, тамоми бадиҳояшро ба хубиҳо табдил месозад. гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз Аллоҳ маъбуди сазовор барои ибодат нест, ӯст Аллоҳи омурзгори тавба пазир ва гувоҳӣ медиҳам, ки ҳазрати Муҳаммад (с) бандаи Аллоҳ ва фиристодаи ӯст, он Паёмбари тавбагузор, ки мефармуданд:
“يا أيها الناس توبوا إلی الله واستغفروه ؛ فإني أتوب في اليوم مائة مرة». (رواه مسلم).
«Ҳамагӣ ба сӯи Аллоҳ тавба ва истиғфор кунед, эй мӯминон, ки ман дар рӯзе сад бор тавба мекунам». (Ривояти Муслим)
Дуруду саломи паёпай то ба рӯзи охират бар ӯ ва бар олу асҳоб ва атбоъи ростини вай бод.
Бародарони гиромӣ! Шаке нест, ки яке аз бузургтарин неъматҳои Аллоҳ бар бандагонаш инаст, ки дарвозаи тавба барояшон боз намуда ва онҳоро ба тавба амр фармуда ва ба пазируфтани тавбаи эшон умед дода ва барои тавбагузорон –илова бар омӯрзиши гуноҳон- аҷру подоши фаровоне, муҳайё кардааст ва тавба кардан танҳо аз гуноҳкорон матлуб нест, балки тамоми мукалллафон, аз ҷумла мӯминон ва накӯкорон, бояд ҳамвора тавба намоянд. Аллоҳи мутаъол мефармояд:
( وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعًا أَيُّهَا الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ 31 ) [النور: 31]
«Ва тавба намоед ба сӯи Аллоҳ ҳамагӣ, эй мӯминон, бошад, ки комёб шавед».
Ва чунон чӣ дар ҳадиси саҳеҳ омада:
«كل ابن آدم خطاء، وخير الخطاءين التوابون». (رواه الترمذي وابن ماجه وحسنه الآلباني)؟
«Тамоми бани Одам хатокоранд ва беҳтарини хатокорон, ононеанд, ки тавба мекунанд». (Тирмизӣ ва Ибни Моҷҷаҳ ва Албонӣ онро ҳасан гуфтаст).
Пас худ ва шуморо ба тақвои Илоҳӣ ва дурӣ аз гуноҳон ва шитоб варзидан дар тавба фаро мехонам.
Бародарони азиз! Мутаассифона бисёре аз мо бо таъхир андохтани тавба, худро аз ин хайри бузӯр ва роҳи наҷот маҳрум сохта ва гӯё ин, ки аз замони фаро расидани марги худ огоҳем ва бисёре аз бародарону хоҳарони мо аз зиёдии гуноҳони худ, аз раҳмати Аллоҳ ноумед шуда ва дигар умеде ба бахшиши Парвардигор надоранд! Магар онҳо аз ин фармудаи Аллоҳи мутаъол ғофиланд, ҳангоме ки гуноҳгоронро хитоб мекунад ва мегӯяд?:
( قُلْ يَا عِبَادِيَ الَّذِينَ أَسْرَفُوا عَلَى أَنْفُسِهِمْ لَا تَقْنَطُوا مِنْ رَحْمَةِ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ جَمِيعًا إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ 53 ) [الزمر: 53]
«Бигӯ: эй бандагони ман, ки бар хештан зиёдарави раво доштаед, аз раҳмати Аллоҳ ноумед машавед, дар ҳақиқат Аллоҳ ҳамаи гуноҳонро меомӯрзад, дар ҳақиқат ӯ худ омӯрзандаи меҳрубон аст».
Мӯминони намозгузор! Бидонед, ки Аллоҳи меҳрубон тамоми бандагонашро ба тавбаи насуҳ (холисона ва бидуни бозгашт) фаро хонда ва фармудааст:
( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا تُوبُوا إِلَى اللَّهِ تَوْبَةً نَصُوحًا) [التحريم: 8]
«Эй касоне, ки имон овардаед, тавба кунед ба сӯи Аллоҳ тавбаи холисона».
Аллоҳи мутаъол, ки яке аз номҳои гиромияш «Таввоб» (тавбапазир) аст, моро то пеш аз расидани аҷал мӯҳлат додааст, ки тавба кунем, аммо боз ҳам бисёре аз мо, дар хушиҳо ва лаззатҳои зудгузари дунё ғарқ шуда ва тавбаро ба фардо вогузор мекунем, ҳоло он, ки шояд фардое дар кор набошад.
عن أبي موسى الأشعري -رضي الله عنه- عن النبي- صلى الله عليه وسلم- قال: «إن الله عز وجل يبسط يده بالليل ليتوب مسيء النهار ويبسط يده بالنهار ليتوب مسيء الليل، حتى تطلع الشمس من مغربها.»
Ҳазрати Абӯмусо Ашъарӣ (р) аз Расули Аллоҳ (с) ривоят мекунад, ки эшон фармуданд: "Ҳамоно Аллоҳи баландмартаба ва бо азаммат, дастҳои (било кайфи) худро дар шаб мегӯшояд, то ин ки гуноҳкори рӯз тавба кунад ва дастҳои (било кайфи) худро дар рӯз мегӯшояд, барои ин, ки гуноҳкори шаб тавба намояд, то ин ки хуршед аз мағриб тулӯъ кунад". (киноя аз фарорасидани қиёмат аст, зеро яке аз нишонаҳои бузурги қиёмат, тулӯъи хуршед аз мағриб мебошад).
Аюҳаннос! Ин ҷаҳон ҷои таносойи нест
Марди доно ба ҷаҳон доштан арзонӣ нест
Хуфтагонро хабар аз замзамаи мурғи саҳар
Ҳайвонро хабар аз олами инсонӣ нест
Оре, бародарони азиз! Бо ин вуҷуд, ки Аллоҳи мутаъол тавбаро барои мо ҳамвор ва осон намуда ва дари тавбаро то замони марг ва то фаро расидани қиёмат кушода намудааст, аммо боз ҳам мо инсонҳо дучори ғафлат ва машғул ба айшу нӯши дунё шуда, тавбаро аз ёд мебарем, дар ҳоле, ки Расули Акрам (с) беҳтарин ва бартарин махлуқот, он ки Аллоҳ гуноҳони гузашта ва ояндаашро омӯрзида буд, ҳар рӯз беш аз сад бор ба даргоҳи Аллоҳи мутаъол, тавба ва истиғфор менамуданд ва моро низ ба ин кор фаро хондааст.
Мутаъассифона, имрӯза, ки бисёре аз мусалмонон иззати худро аз даст дода ва аз пойбандӣ ба Ислом, фарсахҳо фосила гирифтаанд ва таъмаи бисёр осон ва лазиз барои Ғарб гаштаанд, ба иллати адами дурӣ аз тақво ва тарси Илоҳӣ бисёр аз гуноҳон ва фасодҳо дар дидгоҳи онон, кӯчаку сабук шумурда мешавад ва ин дар ҳолест, ки Саҳоба ва ёрони бовафои Расули Аллоҳ (с) ҳар гиз чунин ба гуноҳон наменигаристанд ва онҳо, ки беҳтарин улгӯ ва усваи мо ҳастанд, худро аз кӯчактарин гуноҳон низ дур нигоҳ медоштанд, чунон чӣ имом Бухорӣ (р) аз ҳазрати Анас бин Молик (р) ривоят мекунад, ки эшон –хитоб ба ёрону шогирдонаш, ки насли баъд аз Саҳоба, яъне Тобиъин буданд- фармуданд:
« إنکم لتعملون أعمالاً هي أدق في أعينکم من الشعر، کنا نعدها علی عهد رسول الله من الموبقات».
"Ба таҳқиқ шумо корҳоеро анҷом медиҳед, ки он дар назари шумо аз муй бориктар мебошад, вале мо онро дар замони Расули Аллоҳ (с) аз гуноҳони мӯбиқот (гуноҳони бузург ва ҳалоккунанда) мешумурдем".
Аз ҳазрати Абдулло бин Масъуд (р) ривоят аст, ки фармуд:
«إن المؤمن يری ذنوبه کأنه قاعد تحت جبل يخاف أن يقع عليه ، وإن الفاجر يری ذنوبه کذباب مرّ علی أنفه فقال به هکذا - ای بيده - فذبّه عنه . »
"Дар ҳақиқат мӯмин гуноҳони худро монанди кӯҳе болои сараш мебинад, метарсад, ки бар болои вай наафтад ва аммо фоҷир гуноҳи хешро монанди магасе мебинад, ки бар бинияш мурур мекунад ва ӯро ба дасти худ дур месозад". (яъне онро бисёр ҳақир мешуморад).
Расули Аллоҳ (с) чунин мефармоянд:
«إياکم ومحقَّرات الذنوب ؛ فإنهن يجتمعن علی الرجل حتی يهلکنه". (رواه احمد وصححه الألباني).
«Бар ҳазар бошед аз гуноҳони кӯчаку ҳақир шумурда шуда, зеро ин гуноҳон бо ҳам ҷамъ шуда, то ин ки инсонро ба ҳалокат мерасонад». (Ривояти Аҳмад ва Албонӣ онро саҳеҳ гуфтаст).
Уламои Ислом дар ин замина қоидаи бисёр зебоеро гузоштанд, ки мегӯянд:
«لا صغيرة مع الإصرار، ولا کبيرة مع الاستغفار».
"Гуноҳи кӯчак (сағира) дар ҳоли исрор варзидан бар он кӯчак намемонад, балки ба гуноҳи бузург (кабира) табдил меёбад ва (дар муқобил) гуноҳи бузург бо истиғфору тавба кардан, бузург намемонад, (балки ба фазли Аллоҳи мутаъолу меҳрубон, ба сабаби истиғфор бахшида мешавад).
Мӯминони намозгузор! Уламо ва донишмандони мусалмон барои тавбаи дурусту насуҳ, шартҳоеро зикр карданд, ки он шартҳоро аз оёти Қуръони Карим ва Аҳодиси Саҳеҳи Паёмбар (с) истинбот намудаанд.
Аввалин шарти тавба, даст кашидани фаврӣ аз гуноҳ мебошад.
Шарти дуввуми он, бар гуноҳи гузашта надомат ва изҳори пушаймонӣ кардан аст.
Саввумин шарти он, тасмими мустаҳкам ва ҷиддӣ гирифтан (азми худро ҷазм кардан) бар он, ки бори дигар ба он гуноҳ боз нагардад.
Ва шарти чаҳорум, ки марбут ба ҳуқуқ ва мазолими бандагон (инсонҳои дигар) аст, ин мебошад, ки ҳуқуқи мардумро, ки зулм кардааст, боз гардонад ва ё аз эшон талаби афву бахшиш кунад.
أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلمين من كل ذنب فاستغفروه وتوبوا إليه إنه هو الغفور الرحيم.
الحمد لله رب العالمين، أحمده سبحانه وأشكره، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن نبينا محمداً عبده ورسوله صلى الله وسلم وبارك عليه وعلى آله وأصحابه والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين، أما بعد:
عباد الله! اتقوا الله تعالى وأطيعوه، واعلموا أن طاعته أقوم وأقوى، وتزودوا فإن خير الزاد التقوى، واحذروا أسباب سخط الجبار فإن أجسامكم على النار لا تقوى، واعلموا أن أصدق الحديث كتاب الله، وخير الهدي هدي محمد صلى الله عليه وسلم، وشر الأمور محدثاتها وكل محدثة بدعة، وعليكم بالجماعة فإن يد الله مع الجماعة، ومن شذ شذ في النار اما بعد:
Бародарони азиз! Бидонед, ки Аллоҳи мутаъол на танҳо тавбаи инсони гунаҳгорро мепазирад, балки агар ӯ холисона ба сӯи Аллоҳ боз гардад, ҳамроҳ бо пазируфтани тавбаи вай, тамоми гуноҳони гузаштаашро низ ба ҳасанот ва некӣ табдил мекунад ва бар корномаи амали вай меафзояд.
Аллоҳи мутаъол дар сураи Фурқон чунин мефармояд:
( إِلَّا مَنْ تَابَ وَآَمَنَ وَعَمِلَ عَمَلًا صَالِحًا فَأُولَئِكَ يُبَدِّلُ اللَّهُ سَيِّئَاتِهِمْ حَسَنَاتٍ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا 70 ) [الفرقان: 70]
«Магар касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва кори шоиста кунад, пас Аллоҳ бадиҳояшро ба некӣ табдил медиҳад ва Аллоҳ ҳамвора омӯрзандаи меҳрубон аст».
Оре, Аллоҳи мутаъол ин гуна бар мо раҳиму меҳрубон аст ва дари тавбаро барои мо кушода аст, то мо ба худ оем ва бо вуруд ба он саъодату хушбахтии абадӣ худро ба армӯғон оварем.
Бародари азиз! Оё садои маргро шунидаи ва қабро дидаи, дӯстону хешони худро бо дастҳоят гусел кардаи ва марги онҳоро низ мушоҳида намудаи, ки чӣ гуна аз қасрҳо ба қабрҳо интиқол ёфтанд, аз нури манзил ба торикиҳои қабр, аз оғӯши гарми хонавода ба оғӯши кирмҳо ва хашарот сакане гузидаанд. Аз бистарҳои нарм ба хоки хашини қабр мунтақил шуданд, аз канори шумо ба ҷивори мурдагон кӯч карданд. Рӯзе канори қабрашон фарёд бизан ва аз онҳо бипурс, аз лашкар ва дороиашон суол кун, аз забоне, ки бо он ҳарф мезаданд, бипурс, аз чашмоне, ки бо он лаззат ҳосил мекараданд, аз зуру қудрати онҳо, аз хашму ғурриши онҳо бипурс, аз забони чарбу суханвари онҳо, аз такаббур ва боди гулӯяшон суол кун, ҳатман бо оҳу ҳасрат хоҳанд гуфт: мо фиреб хурдем, зарар кардем ва ғофил мондем.
Пас эй Хоҳару Бародари азиз! То кай дар ғафлат ва рӯйгардонӣ аз Аллоҳ? То кай фармонбардори шайтону нафс будан, оё вақти он нарасида, ки қалби сахтро ба тавба нарм кунем?
( أَلَمْ يَأْنِ لِلَّذِينَ آَمَنُوا أَنْ تَخْشَعَ قُلُوبُهُمْ لِذِكْرِ اللَّهِ وَمَا نَزَلَ مِنَ الْحَقِّ وَلَا يَكُونُوا كَالَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ مِنْ قَبْلُ فَطَالَ عَلَيْهِمُ الْأَمَدُ فَقَسَتْ قُلُوبُهُمْ وَكَثِيرٌ مِنْهُمْ فَاسِقُونَ 16 ) [الحديد: 16] «Оё барои касоне, ки имон овардаанд, вақти он нарасидааст, ки дилҳояшон ба ёди Аллоҳ ва он ҳақиқате, ки нозил шуда, нарм (ва фурутан) гардад ва монанди касоне набошанд, ки аз пеш ба онҳо китоб дода шуд ва (умр ва) интизор бар онон ба дарозо кашид ва дилҳояшон сахт гардид ва бисёре аз онҳо фосиқ буданд».
Марг фақат як бор ба сӯи ту меояд, молу ҷавонӣ ва мақом монеъи ӯ нахоҳад буд, қитори тавбаро савор шав, қабл аз ин, ки аз истгоҳ дур шавад. Аз он рӯзҳое, ки аз умрат гузашта ва ба он чӣ Аллоҳ додааст, мағрӯр мабош, ки бақияи умрат низ ба ин сон хоҳад гузашт ва накунад хоб бошӣ ва замоне бедор шавӣ, ки дер шудааст.
Шоири ширинсухани порсигӯе чӣ зебо сурудааст:
Дили ғофил бикун тавба, ки марг андар камин дорӣ
Машав ғофил бикун тавба, ки ҷой зери замин дорӣ
Дӯсти азиз! Ҳамин имрӯз на, балки ҳамин соат, ки инҷо дар хонаи Аллоҳ нишастаи, пас аз адои намози ҷумъа бархез ва аз самими қалб ва бо исрор ба сӯи Аллоҳ баргард ва бар маъосии гузашта ва умре, ки беҳуда зоеъ кардаи, истиғфор кун ва ба истиғфорҳои гузашта низ истиғфор кун, ки бисёре аз тавбаҳо ва истиғфорҳо, худ ниёз ба маъзаратхоҳӣ доранд, пас:
Бозо, бозо, ҳар он чӣ ҳастӣ бозо
Гар габру яҳуду бутпарасти бозо
Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест
Сад бор агар тавба шикастӣ бозо
عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:
) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]
اللهم فصلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.
اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.
اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين.
اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.
عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.