islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Нишонаҳои қиёмат


4881
Дарс Тавсифи

الحمد لله الذي خلق الموت و الحياة ليبلوكم أيكم أحسن عملا و الصلاة و السلام علي أفضل الخلق و أكمل البشر خلقا و خلقا و شريعة و منهاجا و علي آله و صحبه و من تبعهم بإحسان إلي يوم الحشر الذي لا يقبل فيه عدل و لا شفاعة و لا بدلا.

وبعد:

Бародарони гиромӣ! Аллоҳи мутаъол дар каломи маҷидаш мефармояд:

«Эй касоне, ки имон овардаед! Чунон, ки ҳаққи тарсидан аст, аз Аллоҳ битарсед ва намиред магар дар ҳоле, ки мусалмон бошед».

Пас худам ва шуморо ба тақвои Илоҳӣ ва тарси ҳақиқӣ аз Аллоҳи мутаъол супориш мекунам.

Имон ба рӯзи растохез ибора аст, аз эътиқод ба поёни зиндагии дунё ва вуруд ба зиндагии дигарест, ки бо маргу зиндагии барзахӣ оғоз шуда, аз қиёми Қиёмат – ва сипас барангехта шудану ҳашру ҷазо- убур карда ва саранҷом бо расидани инсонҳо ба дӯзах ё биҳишти ҷовидонӣ мунтаҳӣ мешавад.

Имон ба рӯзи охират, яке аз аркони (шашгонаи) имомн аст, ки имони бандаи мӯмин ҷӯз ба он комил намешавад ва касе, ки онро инкор кунад, кофир мешавад. Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَلَكِنَّ الْبِرَّ مَنْ آَمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآَخِرِ ) [البقرة: 177]

«Балки накукор касест, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон оварад».

Ва Расули гиромӣ (с) дар посухи Ҷибрил (а) фармуданд:

«أَنْ تُؤْمِنَ بِاللهِ وَ مَلآئِكَتِهِ وَ كُتُبِهِ وَ رُسُلِهِ وَ الْيَوْمِ الآخِر وَ تُؤْمِنَ بِالقَدَرِ خَيْرِهِ وَ شَرِّهِ»

«Пас маро аз имон хабар деҳ! Фармуданд? Ин, ки ба Аллоҳ ва Фариштагону Китобҳо ва Паёмбаронаш ва ба рӯзи охират бовар дошта бошӣ ва ҳамчунин имон дошта бошӣ ба тақдир, яъне ин, ки ҳар хайру шаре аз тарафи Аллоҳ муқаддар шуда аст».

Ва Аллоҳи мутаъол дар сураи Наба, ояти 39 чунин мефармояд:

( ذَلِكَ الْيَوْمُ الْحَقُّ فَمَنْ شَاءَ اتَّخَذَ إِلَى رَبِّهِ مَآَبًا 39 ) [النبأ: 39]

Яъне: «Онаст рӯзи ҳақ ва ҳар ҳақиқате ошкор гардад, пас ҳар касе, ки роҳи наҷоти худро меҷӯяд, роҳи руҷуъ ва бозгашт ба даргоҳи Аллоҳ бигирад».

Оре! Муҳимтарин марҳала дар зиндагии инсон, ки ӯро ғофилгир хоҳад, кард, қиёмат аст, он қадар ҳам ғофилгиркунанда нест, чун аломоту нашонаҳои он қаблан зоҳир шуда ва ҳар касе каму беш дар бораи қиёмат медонад. Ғофилгирии он аз ин ҷиҳат аст, ки инсон ҳамвора чашм ба дунё дорад ва дар бораи қиёмат ва зиндагии ҳақиқии пас аз камтар меандешанд. Маъбуди якто ва ягонаву гиромиямон ва молику ихтиёрдори рӯзи ҷазо мефармояд:

( فَهَلْ يَنْظُرُونَ إِلَّا السَّاعَةَ أَنْ تَأْتِيَهُمْ بَغْتَةً فَقَدْ جَاءَ أَشْرَاطُهَا فَأَنَّى لَهُمْ إِذَا جَاءَتْهُمْ ذِكْرَاهُمْ 18 ) [محمد: 18]

“Пас оё онҳо (кофирон) ҷӯз ин интизорро доранд, ки қиёмат ногаҳон фаро расад? Ба ростӣ нишонаҳояш омадааст, пас чун фаро расад, пандгирифтан (ва имони) эшон чӣ сӯде хоҳад дошт!

Инсонҳои саркаш ва носипос, ки даст кашидан ва дилбуридан аз ақоиди ботил ва афкори фосидашон, душвораст ҳамвора ҳақиқатҳоро ба боди тамасхур мегиранд, муъосирони даъвати тавҳид дар замони Расули гиромӣ (с) низ аз ин қоида мустасно набуданд, лизо тамасхуркунон ба Расули маҳбубамон мегӯфтанд, билохира ин қиёмати шумо кай хоҳад омад?

( يَسْأَلُونَكَ عَنِ السَّاعَةِ أَيَّانَ مُرْسَاهَا قُلْ إِنَّمَا عِلْمُهَا عِنْدَ رَبِّي لَا يُجَلِّيهَا لِوَقْتِهَا إِلَّا هُوَ ثَقُلَتْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ لَا تَأْتِيكُمْ إِلَّا بَغْتَةً يَسْأَلُونَكَ كَأَنَّكَ حَفِيٌّ عَنْهَا قُلْ إِنَّمَا عِلْمُهَا عِنْدَ اللَّهِ وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ 187 ) [الأعراف: 187]

Тарҷума: «Эй Паёмбар (с) дар бораи қиёмат аз тӯ савол мекунанд, кай воқеъ мешавад? бигӯ: мусалламан илми он фақат назди Парвардигори ман аст ва ҷӯз ӯ касе вақташро (намедонад ва) ошкор насозад ва (донистани он) дар осмонҳо ва замин сангин (ва пӯшида) аст ва ҷӯз бар таври ногаҳонӣ ба сӯи шумо намеояд (чунон) аз ту савол мекунанд, ки гӯё ту аз вуқуъи он хабар дорӣ, бигӯ: илми он фақат назди Аллоҳ аст, вале бештари мардум намедонанд».

Мулоҳаза фармоед, ки посух чӣ қадар қотеъ аст ва қудрату азамати Аллоҳи зулҷалол чӣ қадар ошкор мутаҷаллӣ гардидааст? Оре! ҷӯз як зоти якто ва ягона, ки ҳама кораи ин ҷаҳон аст, ҳеҷ каси дигаре вақту замон ва наҳви қиёми қиёматро намедонад, ҳатто худи Паёмбари гиромӣ (с).

Аллоҳи зулҷалол мехоҳад, ки барпоии қиёмат ногаҳонӣ бошад, бо ин, ки аломоту нишонаҳои қиёмат зоҳир шуда ва бахши дигаре, ки ба нишонаҳои бузург ё аломоти кубро маъруфанд, баъдҳо зоҳир хоҳанд шуд, аммо ҳикмати Аллоҳи мутаъол чунин аст, ки қиёми қиёмат ногаҳонӣ мебошад.

( يَسْأَلُكَ النَّاسُ عَنِ السَّاعَةِ قُلْ إِنَّمَا عِلْمُهَا عِنْدَ اللَّهِ وَمَا يُدْرِيكَ لَعَلَّ السَّاعَةَ تَكُونُ قَرِيبًا36 ) [الأحزاب: 63]

Тарҷума: «(Эй Паёмбар) мардум туро аз (замони қиёми) қиёмат мепурсанд, бигӯ: илми он танҳо назди Аллоҳ аст ва тӯ чӣ медонӣ шояд, ки қиёмат наздик бошад».

Мумкин буд баъзеҳо тасаввур кунанд, ки ихтиёри барпо доштани қиёмат ба дӯстону авлиёи Аллоҳ муҳаввил шавад, Аллоҳи мутаъол ва яктову тавоно ва бемисолу бешарик, қотиъона фармуд: На!

( يَسْأَلُونَكَ عَنِ السَّاعَةِ أَيَّانَ مُرْسَاهَا 42 فِيمَ أَنْتَ مِنْ ذِكْرَاهَا 43 إِلَى رَبِّكَ مُنْتَهَاهَا 44 ) [النازعات: 42 - 44]

Тарҷума: «(Эй Паёмбар!) дар бораи қиёмат аз тӯ мепурсанд, ки дар чӣ замоне воқеъ мешавад? Туро бо ёдоварии ин сухан чӣ кораст? (саранҷом ва) мунтаҳои (илми) он назди Парвардигори туст».

Яъне ту эй Паёмбар (с) ҳатто замони омадани қиёматро намедонӣ ва аслан чунин чизе ба тӯ вогузор нашуда ва нахоҳад шуд.

Оре! Мардум аз равшантарин ҳақиқати зиндагиашон ғофил ва бехабаранд, ё дақиқтар арз кунам, ки аз зиндагии ҳақиқии худ, ки бисёр ҳам наздик аст, ғофил ҳастанд:

( اقْتَرَبَ لِلنَّاسِ حِسَابُهُمْ وَهُمْ فِي غَفْلَةٍ مُعْرِضُونَ 1 ) [الأنبياء: 1]

Тарҷума: «Ҳисоби мардум ба онҳо наздик шудааст, дар ҳоле, ки онҳо дар ғафлат рӯйгардонанд».

Оре! Бо ин, ки қиёмат наздик шуда ва рӯзи ҳисобрасӣ бисёр наздик аст, мардум на танҳо ғофил ва бехабар, балки рӯйгардонанд ба ҳадде, ки ҳеҷ таваҷҷӯҳе ба он надоранд ва ин бехабарӣ ба ҳаддест, ки ҳатто ба аломот ва нишонаҳои қиёмат низ таваҷҷӯҳ надоранд ва ин бетаваҷҷӯҳӣ то рӯзе идома хоҳад дошт, ки аломоти ошкори қиёмат зоҳир шавад ва:

( حَتَّى إِذَا فُتِحَتْ يَأْجُوجُ وَمَأْجُوجُ وَهُمْ مِنْ كُلِّ حَدَبٍ يَنْسِلُونَ 96 ) [الأنبياء: 96]

Тарҷума: «То вақте, ки (сади) Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ гушуда шавад ва онҳо аз ҳар (тепа ва) баландӣ шитобон сарозер гарданд».

Он вақт аст, ки авзоъ дигаргун хоҳад шуд, ҳангоме, ки ҳукми Аллоҳи мутаъол мабнӣ бар қиёми Қиёмат содир шавад:

( وَإِذَا وَقَعَ الْقَوْلُ عَلَيْهِمْ أَخْرَجْنَا لَهُمْ دَابَّةً مِنَ الْأَرْضِ تُكَلِّمُهُمْ أَنَّ النَّاسَ كَانُوا بِآَيَاتِنَا لَا يُوقِنُونَ 82 ) [النمل: 82]

Тарҷума: «Ва ҳангоме, ки фармони (азоб) бар онҳо воқеъ шавад (ва ҳодисаи Қиёмат наздик шавад) ҷонвареро аз замин барои онҳо берӯн меоварем, ки бо онҳо сухан гӯяд, ки мардум ба оёти мо яқин намеоваранд».

Он вақт аст, ки рӯзи ҳисоб наздик мешавад ва дигар фурсату маҷоли амал аз ҳама кас гирифта мешавад ва ҳар касе посӯхгӯи тамоми аъмоле хоҳад буд, ки дар ҷаҳон анҷом додааст, чӣ хуб ва чӣ бад. Умедворам, ки Аллоҳи мутаъол аз ҳамаи мо ҳисоби осон бигирад.

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم ونفعنا بهدي سيد المرسلين وقوله القويم أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلين و الحمد لله رب العالمين.

الحمد لله حمدا كثيرا طيبا مباركا فيه، كما يحب ربنا ويرضى، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمدا عبده ورسوله، وعلى آله وصحبه ومن تبعهم بإحسان إلى يوم الدين.

Бародарони мусалмон ва сарварони гиромӣ! Аллоҳи мутаъол ва маъбуди зулҷалол қабл аз ин, ки қиёмат барпо кунад, аломот ва нишонаҳое зоҳир хоҳад намуд, ки баёнгари қиёми Қиёмат бошад. Ин нишонаҳо бар ду қисм аст, Суғро ва Кубро, ё кӯчак ва бузург.

Аломоти суғро: ё аломоти кӯчак, ки албатта теъдодашон зиёд аст. Бисёре аз аз онҳо зуҳур карданд, аз ҷумла: беъсати Паёмбари гиромӣ (с), зоэъ шудани амонат, оростани масоҷид ва ифтихор ба он, дастрасии саҳронишинон ба опортмонҳо, ҷанг бо Яҳуд ва куштани онҳо, наздик шудани фосилаҳои замонӣ, кам шудани амали солеҳ, зоҳир шудани фитнаҳо, зиёд шудани қатлу куштор ва касрати фисқу зино, лизо Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( اقْتَرَبَتِ السَّاعَةُ وَانْشَقَّ الْقَمَرُ 1 ) [القمر: 1]

«Қиёмат наздик шуд ва моҳ дупора шуд».

Аломоти кубро: ё нишонаҳои бузург, нишонаҳое ҳастанд, ки андаке пеш аз қиёми Қиёмат зоҳир мешаванд ва гӯё бонги хатар ҳастанд, ки оғози қиёматро эълон мекунанд. Теъдоди ин аломот даҳтост, ки ҳеҷ кадом аз онҳо то кунун таҳаққуқ наёфтааст, аз ҷумла:

Хуруҷи Маҳдӣ, хуруҷи Даҷҷол, нузули Исо (а) аз осмон ба унвони ҳокими одил, ки салибро мешиканад ва Даҷҷол ва хинзирро мекушад, ҷизяро мансух мекунад ва ба шариъати Ислом ҳукм мекунад ва Яъҷуҷу Маъҷуҷ, ки зоҳир шуданд, алайҳи онҳо дуо кунанд ва саранҷом онҳо мемиранд ва сето хусуф падид меояд, яке дар мағриб, яке дар машриқ ва яке дар Ҷазираи Араб ва Духон, ки иборат аз дӯди бузургест, ки аз осмон фуруд меояд ва мардумро мепӯшонад ва баланд шудани Қуръон аз замин ба осмон, тулуъи хуршед аз мағриб ва хуруҷи добба (ҷонвар) ва хуруҷи оташи бузурге аз Адан (Яман), ки мардумро ба сӯи Шом пеш мекунад. Ин охирин аломат аз аломоти бузурги Қиёмат аст.

Имом Муслим аз Ҳузайфа бин Усайди Ғаффорӣ (р) ривоят мекунад, ки фармуд: Дар ҳоле, ки мо бо ҳам гуфтугӯ мекардем, ногаҳон Паёмбар (с) ҳозир шуданд ва фармуданд, дар бораи чӣ гуфтугӯ мекунед?, гуфтем: дар бораи ­Қиёмат, фармуданд:

«إنها لن تقوم حتى تروا قبلها عشر آيات»

Тарҷума: «Қиёмат барпо нахоҳад шуд, то ин, ки қалб аз он даҳ нишонаро бубинед».

Аз ҷумла: «Духон», «Даҷҷол», «доббаҳ», «тулуъи хуршед аз мағриб», «нузули Исо (а)», «Яъҷуҷу Маъҷуҷ», «сето хусуф», ва «оташеро ки аз Яман берӯн омада» ва мардумро ба сӯи майдони маҳшар пела медиҳад, зикр фармуданд.

Ҳамчунин Паёмбар (с) мефармоянд:

«يخرج في آخر أمتي المهدي يُسقيه الله الغيث و تخرج الأرضَ نباتها و يُعطي المالُ صِحاحاً و تكثر الماشية، و تعظم الأمة يعيش سبعاً او ثمانياً يعني حججاً»

Тарҷума: «Дар охири уммати ман, Маҳдӣ хоҳад омад, ки бо омадани ӯ Худованд борони зиёде хоҳад боронид ва моли саҳеҳ ва бидуни айб дода мешавад ва замин гиёҳонашро хоҳад рӯёнид ва ҳайвоноти ҳалолгӯшт зиёд хоҳанд шуд ва уммат нерӯманд хоҳанд гадид ва ҳафт ё ҳашт сол умр хоҳад дид».

Дар ин ҷо тавзеҳи ин нукта лозим аст, ки тибқи ақидаи Аҳли суннат, Маҳдӣ як муслиҳи динист, ки ба сурати одӣ ва табиъӣ дар наздикии қиёмат таваллуд хоҳад шуд. Ин, ки баъзеҳо кӯшиш мекунанд дар миёни мусалмонон чунин вонамуд кунанд, ки гӯё Маҳдӣ таваллуд шуда ва аз қарнҳо пеш то кунун зинда аст ва дар умури ҷаҳон тасарруф дорад, ақидаи мухолифи ақидаи Аҳли суннат ва Қуръони карим ва суннати Расули Аллоҳ (с) аст.

Дар ривоёт омадааст, ки ин аломот ҳамонанди донаҳои тасбиҳ, ки радиф ҳастанд, пай дар пай хоҳанд омад, яке ки зоҳир шуд, дигаре низ зоҳир хоҳад шуд, ҳар гоҳ тамоми ин аломот таҳаққуқ ёфт, ба машият ва иродаи Худо, қиёмат барпо шудааст.

Мақсуд аз Қиёмат рӯзест, ки мардум бо иродаи Парвардигорашон аз қабрҳояшон берӯн меоянд, то ин, ки муҳосаба шаванд. накӯкорон подош ва бадкорон азоб мебинанд, чуночӣ Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( يَوْمَ يَخْرُجُونَ مِنَ الْأَجْدَاثِ سِرَاعًا كَأَنَّهُمْ إِلَى نُصُبٍ يُوفِضُونَ 43 ) [المعارج: 43]

Тарҷума: «Рӯзе, ки аз гӯрҳо шитобон берӯн оянд, гӯё, ки онон ба сӯи нишонае медаванд».

( إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

«اللهم صل على محمد وعلى آل محمد كما صليت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد . اللهم بارك على محمد وعلى آل محمد كما باركت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد «. اللهم صل على محمد وأزواجه وذريته كما صليت على آل إبراهيم وبارك على محمد وأزواجه وذريته كما باركت على آل إبراهيم إنك حميد مجيد .»

ربنا آتنا في الدنيا حسنة و في الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

عباد الله!( إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُ بِالْعَدْلِ وَالْإِحْسَانِ وَإِيتَاءِ ذِي الْقُرْبَى وَيَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاءِ وَالْمُنْكَرِ وَالْبَغْيِ يَعِظُكُمْ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ 90 ) [النحل: 90]

Хотима

Хутабои гиромӣ!

- Бидонед, ки фарзандони ин уммат амонате ҳастанд, ки ба дасти шумо супурда шудаанд. Дар ҳар ҷо, ки ҳастед, дар ҷойгоҳи бисёр муҳиме қарор доред, аз марзи бузурги Ислом посдорӣ намоед, мабодо, ки душман аз ҷониби шумо рахна кунад.

- Ҳоло, ки нақши хутбаро дар бино ва сохтори уммати Исломӣ донистед ва бахше аз аҳком ва шуруту аркон ва суннати хутбаро омӯхтед ва аносири хутбаи хуб ва сифоти хатиби камёб ва сохтору васоили он бароямон, ошкор гардид ва дар чандин хутбаи гуноногун ба манзури равшангарӣ ва намунаи татбиқӣ, сайр намудем, пас аз он чӣ чизе бар мо лозим аст?

* Бар мо ва шумо лозим аст, дар майдони таблиғ, таълиму тарбияти фарзандони уммати Исломӣ, бо нерӯ, шуҷоъат, илм, ҷиддият ва пайгирӣ, ворид шавем, зеро ин саҳна, саҳнаи амали мо ва шумост, Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَقُلِ اعْمَلُوا فَسَيَرَى اللَّهُ عَمَلَكُمْ وَرَسُولُهُ وَالْمُؤْمِنُونَ وَسَتُرَدُّونَ إِلَى عَالِمِ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ فَيُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ 105 ) [التوبة: 105]

«Бигӯ: амал кунед, Аллоҳ аъмоли шуморо мебинад ва Паёмбар ва мӯминон, аъмоли шуморо мебинанд ва дар охират ба сӯи Аллоҳ баргардонида мешавед, ки огоҳ аз пинҳону ошкор аст ва шуморо ба он чӣ, мекунед, мутталеъ месозад».

Китобе, ки дар дастраси шумо қарор дорад, ҷуз роҳнамойи кӯчак дар ин майдон набуда, ё дар ҳақиқат қатраи ночизе аз уқёнӯси бузурги илму дониши Исломӣ муртабит бо хутба ва аҳкоми тарбияти Исломист ва мову шумо дар оғози ин роҳ қарор дорем, пас ҳар рӯзе, ки бар мо мегузарад, бояд бештар аз пеш бар илму дониши худ, бияфзоем, зеро ин амали шарафманд, беҳтарин васила барои олитарин маъмӯрият ба шумор меравад.

Дини мубини Ислом дар гузашта дар бисёре аз кишварҳо, ба василаи сухани хуб ва таъомули нек, густариш ёфтааст ва дар домони Ислом афроде парвариш ёфтаанд, ки ба монанди як уммат буданд ва чӣ басо воқеъ шуда, ки як фард ба танҳойи масири таърихро тағйир додааст.

Ин амр замоне буда, ки шахс масъулияти худро дарк намуда, ҷомаи ҷиддият ва иҷтиҳодро бар тан карда, касолат ва танбалиро аз худ дур намуда ва остини ҳимматро боло зада ва шабу рӯз ва пинҳону ошкор, бидуни дар назар гирифтани замон ва макон, мардумро ба сӯи Аллоҳ даъват намуда ва ҳаргиз тарсу ноумедиро бар худ роҳ надода ва аз маломати ҳеҷ маломаткунанда, наҳаросида то ин, ки дидагонаш ба чирагӣ ва ғалабаи Ислом, равшан ва нури дурахшони он, дар гӯшаву канори ҷаҳон, аз нав тобидааст.

Аз Аллоҳи мутаъол истидъо дорем, ки ҳамаи моро дар роҳи баргузидаи худ, роҳнамои сохта, тақво ва илму амаламонро афзун гардонад ва ҳамаи мову шуморо дар итоъат ва ибодат ва адои амонате, ки бар гардани мо ниҳода шуда, комёбу сарбаланд, созад, (омин).