islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Асрор ва маъонии ҳаҷ


3189
Дарс Тавсифи

Тазаккур додани мардум ба асрори ҳаҷ ва маъонии он.

Тазкир додан ба неъмати Ислом.

Баёни зарурати диндорӣ ва аҳамияти ибодат барои фард ва ҷомеъа.

Баён доштани ин, ки ислоҳ бидуни дини ҳақ, ба даст намеояд.

Хутбари аввал

الحمد لله الكبير المتعال ذي العزة والجلال ، خلق فسوى وقدر فهدى ، أحمده - سبحانه - وأشكره وأتوب إليه وأستغفره، وأشهد ألا إله إلا الله وحده لا شريك له وأشهد أن محمد عبد الله ورسوله وخليله وخيرته من خلقه، أفضل من صلى وقام وحج لله وصام ؛ فصلوات الله وسلامه عليه وعلى آله الطيبين الطاهرين وعلى أصحابه الغر الميامين، وعلى التابعين ومن تبعهم بإحسان إلى يوم الدين . أما بعد:

Аллоҳ таъоло мефармояд:

( وَأَذِّنْ فِي النَّاسِ بِالْحَجِّ يَأْتُوكَ رِجَالًا وَعَلَى كُلِّ ضَامِرٍ يَأْتِينَ مِنْ كُلِّ فَجٍّ عَمِيقٍ 27 ) [الحج: 27]

«Ба мардум эълом кун, ки пиёда ва ё савор бар шутурони борикандом, ки роҳҳои фарох ва дурро тай кунанд, ба ҳаҷҷи Каъба биёянд».

Бародарону хоҳарони мусалмон! Дини Ислом, дини ваҳдонияти холис ва яктопарастист. Динест, ки эътиқоде ба васотат дар иртибот байни бандагон, бо Парвардигорашон надорад. Мусалмонон Паврвардигореро ибодат мекунанд, ки аз доираи идрок ва абсор, болотар аст.

Танҳо касоне метавонанд ба ин маъбуди якто бирасанд, ки дорои тафкири баланд, нияту иродаи қавӣ ва ихлос дар амал бошанд. Дини Ислом барои тарбият ва ислоҳи пайравони хеш, дорои бархе аз аҳком ва қавонин аст, ки бархе аз ин аҳком ба унвони шаъоир ва мазоҳири таҷаллии қудрат ва азаммати Ислом –ин дини осмонӣ- талаққӣ мешаванд. Ба унвони мисол: ҳаҷҷи Байтуллоҳи ҳаром, намунае аз шаъоири Ислом аст, ки худ доройи маносик ва афъол ва аёми хосест, ки ҳар кадом аз онҳо ба навъи худ, ҷӯзъи шаъоири Аллоҳ ба ҳисоб мераванд, ҳамон шаъоире, ки таъзим ва бузургдошти онҳо, нишонаи тақвои қалб, муъаррифӣ шудааст.

Чунон, ки Аллоҳ мефармояд:

( وَمَنْ يُعَظِّمْ شَعَائِرَ اللَّهِ فَإِنَّهَا مِنْ تَقْوَى الْقُلُوبِ 32 ) [الحج: 32]

«Ва ҳар касе шаъоири Аллоҳро таъзим кунад, пас дар ҳақиқат ин –таъзим- аз тақвои дилҳост».

Оре! Ҳаҷ бо тамоми маносик ва афъоли худ, намунае аз иртиботи амиқу бетакаллуф дар миёни банда ва мавлояш аст. Аллоҳи мутаъол, қисмате аз кураи хокиро мавриди раҳамоти хоси хеш, қарор дода аст. Ин бахш аз кураи хокӣ, чунон бо раҳматҳои Илоҳӣ иҳота шуда ва ҷалолияти зоти қодиру муқтадир онро пӯшонидааст, ки мазҳаре аз мазоҳири боризи Илоҳӣ қарор гирифта ва иртиботи бисёр наздик бо холиқи лоязол дорад, ба тавре, ки инсонҳои мӯмин бо дидани он билофосила ба ёди Аллоҳи Раҳиму меҳрубон меафтанд ва дар айни ҳол ба маҳзи дидани он, баданҳояшон ба ларза афтода ва ҷалолияти Аллоҳ тамоми вуҷудашонро фаро мегирад.

Ба рости чаро чунин маконе ба ин мақому манзалат нарасад, дар ҳоле ки рӯзгори имоми мухлисон ва усваи яктопарастон бо ҳамроҳи хонаводаи кӯчак ва муборакаш, ки онҳо низ намуди комиле аз ихлос ва вафо ва исору ҷонфидойи буданд, дар ин макон ҷонфишониҳо карда ва намунаи боризе аз муҳаббат ва дӯстии холисона ва ихлоси шигифтангезро аз худ ба намоиш гузоштанд.

Анбиё ва Паёмбарони муваҳҳиду мухлис ва низ муҳиббон ва ҷонфидоёни аср ва замоне ҳамон аъмол ва афъолро такрор карда ва дақиқан, қадам ҷои қадами онон гузоштанд. Аз тавофи Байтуллоҳ то саъй байни Сафо ва Марваҳ, аз вуқуф дар Арафот гирифта, то майдони Муздалифа ва аз рамйи ҷамарот гирифта то қурбонӣ дар Мино, ҳама ва ҳама, баёнгари ихлос, имон, ҷонфидойи ва аз худгузаштагии бузургтарин муваҳҳиди таърих, Иброҳими Халил ва Исмоил (дуруду салом бар онҳо бод) аст.

Ба ростӣ онон, муҳиббон ва маҳбубони воқеъии Парвардигор буданд ва ин ҳуб ва ҷонфидойи онон, чунон таъсиреро дар ҷаҳони башарӣ, бар ҷой гузошт, ки Аллоҳи мутаъол, илова бар аҷру подоши ухравӣ, тамоми ҳиҷратҳо ва таҳаммулу машақатҳои ононро асари ҷаҳонӣ бахшида ва нидои Иброҳимро аз он сарзамини беобу алаф ва безаръ,ба гӯши тамоми мусалмонони дунё, то қиёмат, мерасонад ва аъмолу афъоли Ҳоҷар –он бонуи фидокор ва мухлис-ро барои ҳамеша, мондагор, мегардонад:

( وَإِذْ جَعَلْنَا الْبَيْتَ مَثَابَةً لِلنَّاسِ وَأَمْنًا وَاتَّخِذُوا مِنْ مَقَامِ إِبْرَاهِيمَ مُصَلًّى وَعَهِدْنَا إِلَى إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ أَنْ طَهِّرَا بَيْتِيَ لِلطَّائِفِينَ وَالْعَاكِفِينَ وَالرُّكَّعِ السُّجُودِ 125 ) [البقرة: 125]

«Ва макони хонаро барои Иброҳим омода кардем ва гуфтем: «Ҳеҷ чизро шарики ман масоз ва хонаи манро барои тавофкунандагон ва ба намоз истодагон ва рокеъону соҷидон покиза бидор».

Ҳаҷ бо тамоми маносик ва аркону аъмоли марбут ба худ, намунаи боризест аз итоъати мутлақ ва имтисоли бидуни чуну чаро, аз фармонҳои Аллоҳи мутаъол.

Яке дигаре аз мазоҳири бисёр ҷаззоби ҳаҷ, иҷтимоъи бошукӯҳ ва миллионии тӯдаи бузурге аз мусалмонон ва мӯминони содиқест, ки бо қалбҳои соф ва ниёти холисона, дар маконе бо ҳам ҷамъ мешаванд, ки ин иҷтимоъи онҳо, намунаи кӯчаке аз рӯзи растохезро ба намоиш мегузорад.

Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ (р) дар мавриди бо шукӯҳии ҳаҷ мефармояд: «Ҳақиқати ҳаҷ, таҷаммуъи гурӯҳе аз солиҳини уммати Исломӣ дар як замон ва дар макони мушаххасест, ки он макон ёдовари бандагони мухлис ва муқарраби Илоҳӣ, аъам аз Анбиё, сиддиқин ва солиҳин, ки он низ ба манзури таъзим ва такрими шаъоири Аллоҳ дар ин макон, ҳузур ёфта ва ба умеди даст ёфтан ба раҳамоти бекаронаи Илоҳӣ ва касби ризояти Илоҳӣ, ба дуо ва зорию тазарруъ пардохтаанд. Ҳоли чунин иҷтимоъе бо ин кайфият дар муқобили Парвардигори хеш, изҳори аҷз ва инкисорӣ намояд, баъид аст, ки мавриди лутфу марҳамат ва мағфирати Илоҳӣ қарор нагирад».

Ҳаҷ бо тамоми аркону афъолаш, чунон азаммат ва бузургиро ба намоиш мегузорад, ки баёни кайфияти онҳо дар қолаби алфоз ва калимот, намегунҷад, балки барои дарки воқеъии онҳо, бояд дар он маконҳои нуронӣ ва ирфонӣ, ҳозир шуд ва пешонии бандагиро дар ҳар кадом аз он амокин, бар замин ниҳода ва ашки дидагонро нисори он маконҳои муқаддас намуд.

Маросими рӯҳонӣ ва ирфонии ҳаҷ, намунаи бисёр бориз аз саҳрои маҳшар ва истодан дар муқобили Аллоҳи якторо, ба тасвир мекашад. Дар ин маросим, подшоҳу гадо ва ҳокиму раъият ва пиру ҷавон ва савораву пиёда ва сиёҳу сафедпӯст ва арабу аҷам, бо ду порча сон, сари бараҳна ва чашми гирён, зери як осмон ва дар як саҳро, ҳама даст ба сӯи осмон баланд карда ва дар ҳоли дуо ва гиряву зорӣ бо холиқу молики ҳақиқии хеш, ба ниёиш пардохта ва аз зоти меҳрубон ва бахшандааш, талаби бахшиш ва омӯрзиши гуноҳонро менамояд... яке дар саҷда ва яке дар рукӯъ ва дигаре дар ҳоли қиёму қироъати сураҳои тӯлонӣ дар намоз.

Яке бо тиловати Қуръон саъй дар зудудани зангҳои гуноҳ ва ғафлат аз дилу ҷони хеш дорад ва дигаре бо намозу касрати суҷуд, қасди тақарруби ҳар чӣ бештар ба боргоҳи Илоҳӣ.

Бандагони Аллоҳ! Маносики ҳаҷ бо пӯшидани либоси эҳром оғоз мегардад. Либоси эҳром худ бузургтарин дарс ва ҳикмати ҳаҷро барои ҳамагон мушаххас менамояд. Тамоми инсонҳо, аз шоҳ гирифта то гадо, аз ҳоким то раъият ва аз босаводу равшанфикру сиёсатмадор то бесавод ва олим, гирифта то оммӣ, ҳама ва ҳама дар як либос зоҳир мешаванд. Ин ҷо дигар ҳеҷ кас наметавонад, бо либоси фохираи худ дар муқобили касоне, ки либоси кӯҳна доранд, фахрфурӯшӣ намояд. Ин ҷо ҳама баробаранд, ҳеҷ нишоне аз бартарӣ ва фазилати зоҳирӣ мушаххас нест, чунон, ки Аллоҳ мефармояд:

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُمْ مِنْ ذَكَرٍ وَأُنْثَى وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٌ 13 ) [الحجرات: 13]

"Эй мардум! Мо шуморо аз марду зан офаридаем ва шуморо миллат, миллат ва қабила, қабила намудаем, то ҳамдигарро бишносед, бешак, гиромитарини шумо дар назди Аллоҳ муттақитарини шумост, Аллоҳ мусалламан огоҳу бохабар аст".

Ҳаҷ намоишгоҳе аз дараҷаи имон, тақво ва муҳаббати Илоҳист, ки дар қалби ҳар шахс мавҷуд аст. Ҳар кас ба ҳар мизон, ки аз дараҷаи имону тақвои болотаре бархурдор бошад, ба ҳамон мизон, бештар аз ҳаҷ ва анҷоми маносики ҳаҷ, лаззат бурда ва ба дараҷоти болое аз ирфон ва маърифати Илоҳӣ, даст меёбад.

Ҳамаи ин нишонаҳо ва хусусиятҳо, бузургтарин фалсафаи ҳаҷро, ки ҳамон рӯзи қиёмат аст, ба тасвир мекашад. Майдони Арафот ва кайфияти дуо ва таҷаммуъ дар ин рӯз ва дар ин макон, ки ҳар кас, машғули дуо ва гиряву зорист ва бо машғул шудан ба дуо ва ёдоварии гуноҳон ва талаби афву бахшиш аз боргоҳи эзид, муваҷҷеҳи атроф набуда ва дар дунёи худаш ба сар мебарад, тасвирест бисёр зебо ва гӯё аз майдони маҳшар ва истодан дар муқобили маҳкамаи адли Илоҳист. Дар он рӯз (майдони маҳшар) низ ҳар кас фарёди "нафсӣ нафсӣ", сар дода ва ҳеҷ фикру парешоние ба ҷуз кайфияти ҳисобу китоб ва хотимаеро, ки дар интизораш ҳаст, дар сар намепарварад.

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم.أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلمين انه هو الغفور الرحيم.

الحمد لله حمدا يليق بجلال وجهه وعظيم سلطانه ، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له ، وأشهد أن محمدا عبد الله ورسوله ، صلوات الله سلامه عليه وعلى آله وأصحابه ومن سار على نهجه إلى يوم الدين وبعد:

Бародарони мусалмон! Чуноне, ки ёдовар шудем, нишонаҳо ва хусусиёти ҳаҷ, рӯзи қиёматро ба тасвир мекашад. Дар рӯзи растохез, ҳамаи инсонҳо, бидуни либос ва бидуни ҳеҷ гуна дороие ва дар ихтиёрдоштани ашёи дунявӣ дар муқобили Парвардигор ҳозир мешаванл ва дар он рӯз низ танҳо чизе, ки боиси бартарӣ ва фазилат маҳсуб мешавад, қалби поку солим аз ҳар гуна ширку гуноҳ асту бас.

( يَوْمَ لَا يَنْفَعُ مَالٌ وَلَا بَنُونَ 88 إِلَّا مَنْ أَتَى اللَّهَ بِقَلْبٍ89) سَلِيمٍ [الشعراء:88 - 89]

"Он рӯзе, ки амволу авлод, суде намерасонад, балки танҳо касе, ки бо дили солим ба пешгоҳи Аллоҳ омада бошад".

Ҳар кас аз қалби поктару солимтар бархурдор бошад, ба ҳамон андоза, мавриди такрими Парвардигор қарор гирифта ва ба дараҷоти болотаре аз биҳишти баррин, ноил мегардад.

Яке дигаре аз дарсҳое ки ҳаҷ барои мусалмонон дар пай дорад, дарси зиндагӣ ва истифода аз авқоту лаҳазоти зиндагӣ аст. Ҳаҷ ба таври хулоса, иборат аз аъмоли махсусест дар рӯзҳои махсус, ки ҳар амале бояд дар вақт ва маҳали худаш, анҷом гирифта ва то қабл аз поён ёфтани аёми ҳаҷ, бояд тамоми аъмолу маносики он анҷом ёбад. Зиндагии инсонҳо низ ба ҳамин тартиб аст. Аллоҳи мутаъол, вақти маҳдуд ва мухтасареро ба инсонҳо арзонӣ дошта ва ин вақти мухтасар, фурсатест, ки бояд ҳар инсон аз он ба наҳви матлуб ва ба хотири ба даст ёфтан ба хушбахтӣ ва камёби зиндагии ухравии хеш, баҳрабардорӣ намояд.

Яке аз зарофиятҳо ва латофатҳои муҳиму қобили таваҷҷӯҳ дар ҳаҷ инаст, ки ба таври хулоса, ҳамаи аркони ибодатҳои Исломро дар худ ҷой додааст. Тамсили ҳамаи ибодатҳо дар ҳаҷ ба зоти худ як дарс аст ва ҳамон тавр, ки қабл зикр шуд, ҳаҷ мушобаҳати бисёр зиёде бо зиндагӣ дорад ва ҳамон тавр, ки бояд тамоми авомир ва маносики ҳаҷ бидуни чуну чаро анҷом гардад, зиндагии инсон низ бояд, мутобиқи авомири Аллоҳ ва раҳнамудҳои Расули Акрам (с), сипарӣ гардад, ҳамон гуна, ки дар ҳаҷ нидои зебо ва малакӯтии "لبيك اللهم لبيك", тараннум мешавад –ки худ баёнгари тавҳид ва фармонбардории комил аз Парвардигори ҷаҳониён аст- зиндагии ҳар мусалмон низ дар тӯли умр, бояд гӯёи амалии равшан аз нидои "لبيك اللهم لبيك», бошад.

«Рамйи ҷимор», санг андозӣ, яке аз дигар аҳком ва маносики ҳаҷ аст. Дар ин қисмат аз маносики ҳаҷ, агар чӣ ҳадаф сангрезаҳои партофташудаи як сутуни сангӣ беш нест, аммо дар ин ҳукм низ фалсафа ва ҳикматҳои бисёр зиёде нуҳуфта аст.

Аввал: Худи ин амал баёнгари пайравии бечуну чарои мусалмон аз фармонҳои Илоҳӣ ва равиши сайиди Паёмбарон аст, чуноне, ки аз Абдуллоҳ бин Аббос (р) ривоят аст, ки:

«أَنَّ عُمَرَ بْنَ الْخَطَّابِ أَكَبَّ عَلَى الرُّكْنِ فَقَالَ إِنِّى لأَعْلَمُ أَنَّكَ حَجَرٌ وَلَوْ لَمْ أَرَ حِبِّيبي -صلى الله عليه وسلم- قَبَّلَكَ أَوِ اسْتَلَمَكَ مَا اسْتَلَمْتُكَ وَلاَ قَبَّلْتُكَ .»

«Умари Форуқ (р) бар рукни –ҳаҷаруласвад- хамида фармуд: «Ман хуб медонам, ки ту санге ҳастӣ, агар Расули Аллоҳ (с)ро надида будам, ки туро бӯса ва масҳ менамояд, ҳаргиз туро бӯса ва масҳ намекардам».

Дуввум: ин сутун ва девор, ёдовари лаҳазотест, ки ҳазрати Иброҳим (а) барои анҷоми дастуроти Илоҳӣ, озими миъодгоҳ буд, ки шайтон бар сари роҳаш сабз шуд ва бо эҷоди васваса қасди мунсариф намудани эшонро доштааст, аммо ҳазрати Иброҳим бо партоби санг ва паноҳ бурдан аз шарри ӯ ба Аллоҳи қавӣ ва муқтадир, ӯро аз худ дур намуд, ки ин воқеъа баёнгари ин матлаб аст, ки шайтон дар тӯли зиндагӣ саъй дар иғво ва гумроҳ намудани инсонҳо дорад, ки ҳар инсоне бояд ба ҳар тариқи мумкин, ӯро аз худ дур карда ва фиреби васвасаҳояшро нахурад ва нуктаи дигар ин, ки «рамйи ҷамарот» бештар аз дигар аъмол ва маносики ҳаҷ анҷом мегирад ва ба тавре, ки Ҳоҷӣ то се рӯз пайдарпай ин амалро анҷом медиҳад, ки ин низ, баёнгари аҳамияти мавзӯъ аст, ки ҳифозат аз қайду макрҳои шаётин (ҷиннӣ ва инсӣ) дар тӯли зиндагӣ, бисёр муҳим ва ҳаётист, ки инсонҳо ҳаргиз набояд, аз он ғофил бошанд.

Хулоса ин, ки ҳар ҳукм аз аҳкоми ҳаҷ, дунёе аз фалсафа ва ҳикматро дар худ ҷой додаанд, ки баёни ҳамаи онҳо кори бисёр мушкилест. Аммо дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки маросими ҳаҷ ҳамроҳ бо маносик ва аҳкому аъмоли худ, чакидае аз зиндагии дунё, олами барзах ва ёдоварии ҳашру нашр ва китобу саҳнаи қиёмат аст.

Мусалмонон! Қабл аз Ислом, қабилаҳо вақте, ки дар мавсими ҳаҷ озими Макка мешуданд, ҳар кадом аз онҳо нишонаҳои хос, бутҳо ва ҷомаҳои худро бо худ ҳамл мекарданд ва бадин васила бартарии қабилае ва бартарии мақомаш дар миёни дигар қабилаҳо пофишорӣ мекарданд.

Лекин ҳаҷ дар Ислом, бунёди тозаеро устувор сохт, ки бо тамоми ин аъмол ва шаъоирҳо дар тазод буд ва ҳатто онҳоро аз миён бурд ва як вазъияти тавҳиди холисро ба вуҷуд овард, ин мусалмононро қодир сохт, то дар баробари ҳамбастагиҳои мухталиф аз қабили миллият ва қабила ва монанди он, муқовимат кунанд.

Азин рӯ он гуна, ки миллигароӣ, дигар миллатҳоро фурӯ бурда, мусалмононро наметавонанд фурӯ баранд ва онҳо қурбонии он намешаванд ва кишварҳояшон, ки бар ҳасби ангезаи фитрӣ, отифӣ ва нажодӣ, онро дӯст медоранд, қиблае нест, ки ба сӯи он рӯй оваранад ва Каъбае нест, ки онро зиёрат кунанд, балки мусалмононро як қибла ҳаст, ки шарқию ғарбӣ ва арабию ғайри арабӣ ба сӯи он рӯ мекунанд ва ин қибла, ҳамон каъбаи мушаррафа аст, ки Ҳиндию Афғон ва Иронию Тоҷикӣ ва Аврупоию Амрикойи... онро ҳаҷ мекунанд.

Дар ҳаҷ тамоми миллатҳои Исломӣ, аз тамоми ҷомаҳо ва либосҳои минтақаи хеш, ки бархе аз бархи дигаре, ташхис дода мешавад ва гурӯҳҳои нисбат ба он таъасуб нишон медиҳанд, бараҳна мешаванд ва ҳамагӣ як либосро мепӯшанд, ки он дар забони дин ва фиқҳ ва дар истилоҳи ҳаҷҷу умра ба номи «эҳром», ёд мешавад.

Кӯчаку бузург, раиси маръус, сарватманду фақир, сарҳояшро бараҳна мекунанд ва ҳамагӣ бо як забон як сурудро мехонанд:

«لَبَّيْك، اَللَّهُمَّ لَبَّيْك، لَبَّيْكَ لا شَرِيكَ لَكَ لَبَّيْك، إِنَّ الْحَمْدَ والنّـِعْمَةَ لَكَ والْمُلْك، لا شَرِيكَ لَكَ لَبَّيْك».

Ҳаҷ яке аз гирдиҳамоиҳои мусалмонон аст ва аз лиҳози фарогирӣ ва густардагӣ, муҳимтарин ва зеботарини онҳо ба шумор меравад ва ин гирдиҳамоиҳо иборатанд аз:

Гирдиҳамоие, ки дар сатҳи яке аз маҳалҳои як шаҳр баргузор мешавад ва рӯзона панҷ бор такрор мегардад, яъне, намози ҷамоъат, ки Аллоҳ онро суннат ниҳода аст.

Дуввумин гирдиҳамойи дар сатҳи як шаҳр ва дар ҳар ҳафта як бор ташкил мешавад ва Аллоҳ барои анҷоми ин гирдиҳамои намози ҷумъаро фарз гардонидааст.

Саввумин гирдиҳамой дар сатҳи тамоми ҷаҳон баргузор мегардад, зеро дар ин гирдиҳамой, мусалмонон аз нуқоти мухталифи кураи замин, бо якдигар дидор мекунанд, то бо ҳамдигар ошно шаванд ва ба табодули дидгоҳо ва таҷрибаҳо бипардозанд ва ягонагии худро бар дигар ягонагиҳо, назири вобастагиҳои мухталифи таърихӣ ва иҷтимоъию фарҳангӣ, ғолиб созанд.

Оре! Ҳаҷ гирдиҳамойи мусалмонон аст, ки дар он намояндагоне баргузида нашудаанд, ки бар ҳоҷиён эҳсоси бартарӣ кунанд ва ба ҷидол бипардозанд, балки дарвоза ба рӯи ҳар кас, ки битавонад дар ин гирдиҳамойи бузург ширкат кунад, боз аст.

Бинобарин, ҳоҷиён намояндагони тамоми шаҳрҳо ва ҳатто тамоми рустоҳо, ҳастанд ва низ аз ҷониби ҳамаи фарҳангҳо ва табақот намояндагӣ мекунанд ва аз осори ҳаҷ ошнойи тоифаҳои мухталиф аст, ки аз чаҳор гӯшаи ҷаҳони Ислом, омадаанд.

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين. اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.