islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Аҳаммият ва шурути дуо


4428
Дарс Тавсифи
Инсонҳо барои ба даст овардани манофеъашон ва дур кардани масоибашон, ниёзманди Парвардигорашон ҳастанд, ҳамчунин барои ислоҳи дину дунёашон, низ ниёзманди вай ҳастанд ва ҳар банда барои ба озмоишҳо ва гирифториҳое мубтало мешавад ва ин вайро барои ҳамеша ниёзманди Парвардигор мекунад, бадин хотир шаръ дуоро машруъ кардааст ва одобу шуруте барои он қарор дода ва замонҳои таъйин карда, ки дуо дар он мустаҳаб аст ва иҷобати дуо эҳтимоли бештар дорад.

Баёни ҳақиқати дуо ва эҳтиёҷи халқ ба он.

Баёни аҳкоми дуо ва шуруту одоби он.

Барҳазар доштан аз мафоҳими нодуруст дар дуо.

Хутбаи аввал

الحمد لله مجيب الدعوات ، يقضي لعباده الحاجات ، ويدفع عنهم بفضله الآفات ويفرج الكربات, أحمده سبحانه ما دامت الأرض والسموات . وأشهد ألا إله إلا الله رب البريات ، وأشهد أن محمداً عبده ورسوله أيَّده ربه بالآيات البينات صلى الله عليه وعلى آله وأصحابه أولي الفضائل والدرجات . أما بعــــد :

Аллоҳи Азза ва Ҷалла дар китоби азизаш мефармояд:

( وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌ أُجِيبُ دَعْوَةَ الدَّاعِ إِذَا دَعَانِ فَلْيَسْتَجِيبُوا لِي وَلْيُؤْمِنُوا بِي لَعَلَّهُمْ يَرْشُدُونَ 186 ) [البقرة: 186]

«Ҳангоме, ки бандагони ман аз ту дар бораи ман суол кунанд, ман яқинан (ба эшон) наздикам, чун дуокунанда маро бихонад, дуояшро қабул мекунам. Пас онҳо бояд даъвати маро бипазиранд ва бояд ба ман имон биёваранд, то бошад, ки ба роҳи рост ҳидоят гарданд».

Бародарон ва хоҳарони мусалмон! Бидонед, ки дуо яке аз муҳимтарин ибодатҳо ва сабаби камоли нафс ва наздикӣ ба Худост. Аллоҳи таъоло дар ояти фавқ бандагонро ба дуо кардан даъват фармудааст, зеро дуо яке аз васоили иртибот бо Аллоҳи мутаъол аст, ки ин иртибот омили муассире дар роҳи худсозист. Банда бояд иртиботи худро бо холиқи ҳастӣ наздик карда ва бо забони худ бо Аллоҳ сухан гӯяд, то бар асари ин розу ниёз, шӯълае дар ӯ ба вуҷуд ояд, ки боиси сӯзондани гуноҳонаш шавад.

Расули Акрам (с) дар ҳадиси қудсӣ мефармояд:

« يَا عِبَادِي، كُلُّكُم ضَالٌّ إِلاَّ مَنْ هَدَيْتُهُ، فَاسْتَهْدُونِيْ أهْدِكُمْ، يَا عِبَادي، كُلُّكُمْ جَائِعٌ إِلاَّ مَنْ أطْعَمْتُهُ، فاسْتطْعمُونِي أُطْعِمْكُمْ، يَا عِبَادِيْ، كُلُّكُمْ عَارٍ إلاَّ مَنْ كَسَوْتُهُ فَاسْتَكْسُوني أكْسُكُمْ، يَا عِبَادِي، إنَّكُمْ تُخْطِئُونَ بِاللَّيْلِ وَالنَّهَارِ وَأَنَا أغْفِرُ الذُّنُوبَ جَمِيعاً، فَاسْتَغْفِرُوني أغْفِرْ لَكُم». (صحيح مسلم (2577)

Паёмбар (с) аз Аллоҳи мутаъол ривоят мекунад, ки Аллоҳ мефармояд: "Эй бандагони ман!" Ҳамаи шумо гумроҳед, ҷуз касе, ки ман ӯро ҳидоят карда бошам, пас талаби ҳидоят кунед, то шуморо ҳидоят фармоям. Эй бандагони ман! Ҳамаи шумо гуруснаед, магар касе, ки ман ӯро сер карда бошам, бинобарин аз ман дархости ғизо кунед, то ба шумо ғизо бидиҳам. Эй бандагони ман! Ҳамаи шумо лухту бараҳнаед, ҷуз касе, ки ман ӯро пӯшонида бошам, пас аз ман талаби пӯшиш кунед, то шуморо бипӯшонам. Эй бандагони ман! Шумо шабу рӯз хато мекунед ва фақат ман тамоми гуноҳонро меомӯрзам, пас аз ман талаби омӯрзиш кунед, то шуморо биёмӯрзам". (Саҳеҳи Муслим 2577).

Оре! дуо калиди наҷот ва ганҷинаи растагорӣ аст ва беҳтарин дуо он дуоест, ки аз синаи пок ва дили парҳезгор барояд ва дар розу ниёз василаи наҷот аст ва наҷот дар ихлос аст ва чун тарсу парешонӣ ва бетобӣ сахт шавад, паноҳгоҳ Аллоҳ аст. Бандаи Аллоҳ айни фақр ва ниёз аст ва агар як лаҳза файзи Аллоҳ аз ӯ қатъ шавад, нобуд хоҳад шуд. Дуо масодиқи равшани зикри Аллоҳ аст ва ёди Аллоҳ сабаби оромиши рӯҳу равон мешавад. Чунон, ки Аллоҳ мефармояд:

( الَّذِينَ آَمَنُوا وَتَطْمَئِنُّ قُلُوبُهُمْ بِذِكْرِ اللَّهِ أَلَا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ 28 ) [الرعد: 28]

«Касоне, ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Аллоҳ аст, бидонед! танҳо ба ёди Аллоҳ дилҳо ором мегирад».

Инсоне, ки бо дуо сару кор дорад, ҳаргиз яъсу ноумедӣ бар ӯ ғолиб намешавад ва бо дуо ва ниёиш мушкилоти моддӣ ва маънавии худро аз ӯ мехоҳад ва ба қабул шудани ӯ бовар дорад. Дуо ва тазаруъ дар муқобили маъбуди воқеъӣ дар ниҳоди ҷон ва фитрати инсон гузошта шудааст. Инсон пайваста моил аст аз гуноҳон тавба кунад ва аз камбудӣ ва тақсирҳо узрхоҳӣ намояд. Дуо дар Ислом ба манзилаи илтимоси рӯҳӣ ва тазарруъу зорист. Чунин фарде ҳар гиз ноумед намешавад ва то охирин нафас бо умед ва нишот бо Аллоҳ сухан мегӯяд.

Бандагони Худо! Аллоҳи мутаъол ба инсон мавқеият, неъмат, ҳукумат бар дилҳо, обрӯ ва ҳайсият, саломати, сарват ва қудрат ва маънавият мебахшад. Бояд пайваста дуо кунад, ки аз вай неъмату сарват ва ҳоли ибодат салб нашавад. Агар фарзандони мӯмине дорад, пайваста аз Аллоҳ бихоҳад бар имон ва маънавияти худ ва онон бияфзояд ва бар он собитқадам нигаҳ дорад. Агар аз неъмати амният ва саломат бархурдор аст, дуо кунад, ки Аллоҳ онро боқӣ бидорад. Инсон набояд фақат дар ҳоли изтирор ва мусибат ба ёди Аллоҳ бияфтад ва дуо кунад, балки дар ҳоли сиҳат ва мараз, нодорӣ ва тавонмадӣ, нотавонӣ ва иззату қудрат, ҳамвора бояд даст ба дуо бардорад. Қуръони Карим касонеро, ки фақат дар мавқеъи бадбахтӣ даст ба дуо бармедоранд, сарзаниш карда мефармояд:

( وَإِذَا مَسَّ الْإِنْسَانَ الضُّرُّ دَعَانَا لِجَنْبِهِ أَوْ قَاعِدًا أَوْ قَائِمًا فَلَمَّا كَشَفْنَا عَنْهُ ضُرَّهُ مَرَّ كَأَنْ لَمْ يَدْعُنَا إِلَى ضُرٍّ مَسَّهُ كَذَلِكَ زُيِّنَ لِلْمُسْرِفِينَ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ 12 ) [يونس: 12]

«Ҳангоме, ки ба инсон нороҳатӣ ва балое мерасад, чӣ дар холати паҳлӯ хобида ва чӣ нишаста ва чӣ истода бошад, моро ба кӯмак мехонад, аммо ҳангоме, ки нороҳатӣ ва балоро аз сараш дур кардем, он чунон роҳи худро дар пеш мегирад, ки гӯё моро барои дафъи меҳнате, ки ба ӯ расида аст, ба фарёд нахондааст. Ин чунин аъмоли исрофгарон дар назарашон ороста шудааст».

Ва Расули Акрам (с) ба Ибни Аббос (р) тавсия намуда мефармояд:

« احْفَظِ اللَّهَ تَجِدْهُ أَمَامَكَ، تَعَرَّفْ إِلَى اللَّهِ في الرَّخَاءِ يعرِفْكَ في الشِّدةِ.» (مسند احمد).

«Аллоҳро дар ёд дошта бош, то ӯро дар баробари худ ёбӣ. Дар ҳангоми осоиш ва осӯдагӣ, Аллоҳро ба ёд дошта бош, то дар мавқеъи сахтӣ ва душворӣ, ҳофиз ва нигаҳдори ту бошад». (Муснади Аҳмад).

Пас инсон дар дунё пайваста дар маърази ҳодисаҳову бемориҳо ва тасодуфҳову, зилзилаҳову ҳаводис ва масоиби ногаҳонӣ ва ғайра қарор дорад ва набояд лаҳзае аз Аллоҳ ғофил гардад.

Дуо фазилатҳо ва хубиҳои бешуморе дошта, ки оёт ва аҳодиси фаровоне дар мавриди он омадааст. Аллоҳ дар Қуръони Карим мефармояд:

( أَمَّنْ يُجِيبُ الْمُضْطَرَّ إِذَا دَعَاهُ وَيَكْشِفُ السُّوءَ ) [النمل: 62] «Кист, ки дуои дармондае чун ӯро ниёиш кунад, иҷобат намояд ва бадиро дур созад?».

Ҳамчунин аз Паёмбари бузургвори Ислом (с) дар робита бо дуо аҳодиси зиёде ривоят шуда, аз ҷумла, ривояти имом Тирмизӣ аз Нуъмон бин Башир (р) аз он Ҳазрат (с) чунин нақл шудааст: «الدعا هوالعبادة», «дуо ибодат аст».

Ва дар ривояти ҳазрати Алӣ (р) аз он Ҳазрат (с) бо ин ибора нақл шудааст:

«الدعاء سلاح المؤمن وعماد الدين ونور السماوات والأرض». (مستدرک حاکم 1812)

«Дуо силоҳи мӯмин ва сутуни дин ва нури осмонҳо ва замин аст». (Мустадраки Ҳоким 1812).

Ин ҷо суоле матраҳ мешавад, ки оё дуо бо ризо ва таслим дар баробари Аллоҳи Азза ва Ҷалла мунофот надорад? Бояд гуфт: касоне, ки мегӯянд: дуо кардан мудохила дар кори Аллоҳ аст ва Аллоҳ ҳар чӣ маслиҳати бандаро бидонад, анҷом медиҳад ва ӯ масолиҳи моро аз худи мо беҳтар медонад, бинобарин ниёзе ба дуо нест, ин мардум аз асароти равонӣ, иҷтимоъӣ ва тарбиятии дуо ва ниёиш бехабаранд ва инро намедонанд, ки дуо ба зоти худ ибодат ва хузуъу бандагист ва инсон тавассути дуо иртиботи хосе бо Аллоҳ пайдо мекунад.

Эй бандагон! Бидонед, ки дуокунанда бояд бар ин ақида бошад, ки танҳо касе, ки қодиру тавоно бар қабули дуои ман аст, ҳамоно Аллоҳи ягона ва яктост ва тамоми васоилу асбоб ба ирода ва фармони Аллоҳ коргар меафтанд ва бояд дуокунанда пеш аз дуо намудан нияти худро тасҳеҳ намояд ва аз сидқи дил ва ҳузури қалб дуо кунад, чаро ки Аллоҳ дуои касе, ки бо дили ғофил ӯро мехонад, намепазирад ва аз хурдани ғизои ҳаром парҳез намояд, аз дуо кардан эҳсоси хастагӣ ва маломот накунад.

Тазарруъ ва хавфу умед ва мудовамат бар дуо ва умумӣ гардонидани дуо ва хӯрдани ризқи ҳалол ва ҳифозати қалб ва контроли забон бо мардум ва назарнакардан ба номаҳрамон умурест, ки муроъоти он, дар дуо муассир воқеъ мешавад. Ҳамчунон дуокунанда бояд дар дуоҳои худ аз Аллоҳ чизҳоеро, ки ҳаром қарор додааст, нахонад ва муртакиби гуноҳу маъосӣ нашавад ва қатъи силаи раҳм накунад ва ба ҳуқуқи мусалмонон таҷовуз нанамояд ва зулму таъаддӣ накунад ва дар иҷобати дуо шитоб накунад ва нагӯяд: ман дуои зиёд намудам, вале дуои моро напазируфт. Бандаи мусалмон бояд ба ҳамаи ин умур пойбанд бошад, то агар Аллоҳ бихоҳад дуояш ба зудӣ мавриди иҷобати боргоҳи зоти муқаддаси Илоҳӣ қарор гирад. Паёмбари бузургвори Ислом (с) фармуданд:

«تستجاب لأحدكم ما لم يعجل يقول: قد دعوت ربي فلم يستجب لي». (متفق عليه).

«Дуои яке аз шумо иҷобат мешавад модоме, ки шитоб накунад ва бигӯяд: дуо намудам ва парвардигор дуои маро иҷобат накард». (Муттафақун алайҳӣ).

Ва низ он Ҳазрат (с) мефармояд:

«مَا عَلَى الأَرْضِ مُسْلِمٌ يَدْعُو اللَّهَ بِدَعْوَةٍ إِلاَّ آتَاهُ اللَّهُ إِيَّاهَا أَوْ صَرَفَ عَنْهُ مِنَ السُّوءِ مِثْلَهَا مَا لَمْ يَدْعُ بِمَأْثَمٍ أَوْ قَطِيعَةِ رَحِمٍ». فَقَالَ رَجُلٌ مِنَ الْقَوْمِ: إِذًا نُكْثِرَ. قَالَ: «اللَّهُ أَكْثَرُ". (رواه الترمذي (3573) وقال: حديث حسن وحاکم(1816). من رواية أبي سعيد وزاد فيه: "أو يُدَخَّرُ له من الأجر مثلها».

“Бар рӯи замин мусалмоне нест, ки дуо ба даргоҳи Аллоҳ намояд, магар ин ки Аллоҳ дуои вайро иҷобат менамояд ва ё ба ҳамон андоза бадиро аз вай дур мегардонад, модоме, ки ба гуноҳ ва қатъи силаи раҳм, дуо накунад». Марде аз миёни қавм гуфт: аз ин ба баъд зиёд дуо мекунем. Он ҳазрат (с) фармуд: Аллоҳ бештар” (яъне эҳсону лутфи Аллоҳ аз дархости шумо зиёдтар аст). Ин ҳадисро имом Тирмизӣ ривоят намуда ва гуфта аст, ки ҳадис ҳасан ва саҳеҳ аст. Аммо Ҳоким дар ривояташ чунин афзудааст: “Ва ё ин, ки Аллоҳ барои ӯ монанди подош, ӯро захира мекунад”.

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم. أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلمين انه هو الغفور الرحيم.

الحمد لله حمدا يليق بجلال وجهه وعظيم سلطانه ، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له ، وأشهد أن محمداً عبد الله ورسوله ، صلوات الله سلامه عليه وعلى آله وأصحابه ومن سار على نهجه إلى يوم الدين وبعد:

"Эй мусалмонон! Бидонед дуо дорои одобест, ки фарди мусалмон бояд саъй кунад онҳоро риъоят кунад, аз ҷумла бояд вақти муносиби дуоро дарёбад. Авқотест, ки дуо мустаҷоб мешавад, монанди: моҳи шаби Рамазон, рӯзи Арафа, рӯзи Ҷумъа, вақти саҳар –охири шаб-, даҳ рӯзи нахусти моҳи Зил-ҳиҷҷа. Паёмбар (с) мефармояд:

«ما من أيام العمل الصالح فيها أحب إلى الله من هذه الأيام العشر). قالوا: يا رسول الله ولا الجهاد في سبيل الله؟ قال: (ولا الجهاد في سبيل الله إلا رجل خرج بنفسه وماله فلم يرجع من ذلك بشيء». صحیح بخاري (969)

"Ҳеҷ рӯзе нест, ки дар он амали солеҳ назди Аллоҳи таъоло маҳбубтар аз ин даҳ рӯз бошад. Гуфтанд: Эй Расули Худо (с), ва ҳатто ҷиҳод дар роҳи Худо? Фармуд: ва ҳатто ҷиҳоди фи сабилиллоҳ, магар марде, ки бо ҷону моли худ барои ҷиҳод хориҷ шавад ва ҳеҷ чизе аз он боз нагардад (ба сангар шитофта ва шаҳид шавад)". (Саҳеҳи Бухорӣ 969).

Ривоят мекунанд, ки Расули Худо (с) вақте моҳи Рамазон фаро мерасид мефармуд:

«إن هذا الشهر قد حضركم، وفيه ليلة خير من ألف شهر. من حُرمها فقد حُرِمَ الخير كله ولا يحرم خيره إلا محروم». سنن ابن ماجه (1644)

Яъне, «ин моҳ бар шумо ворид шуд, дар ҳоле, ки аз ҳазор шаб бартар аст. Ҳар кас аз он бебаҳра монад аз ҳар чӣ некӣ ва хайр аст, бебаҳра мондааст ва ҷуз маҳрумон аз он бебаҳра намемонад». (Сунани Ибни Моҷҷаҳ 1644).

Он Ҳазрат (с) дар мавриди рӯзи ҷумъа низ мефармояд:

«فيه ساعة لا يوافقها عبد مسلم وهو قائم يصلى يسأل الله تعالى شيئًا إلا أعطاه إياه». (صحيح بخاری (935) و صحيح مسلم (852)

Яъне, "дар он вақтест, ки агар бандаи мусалмон дар он вақт намоз мегузорад, дар ҳоле, ки аз Аллоҳ чизеро металабад, ҳатман ба вай медиҳад". (Саҳеҳи Бухорӣ 935 ва Саҳеҳи Муслим 856).

Паёмбари Худо (с) низ мефармояд:

«ينزل الله إلى السماء الدنيا كل ليلة حين يمضي ثلث الليل الأول، فيقول: أنا الملك.. أنا الملك.. من ذا الذي يدعوني فأستجيب له؟ من ذا الذي يسألني فأعطيه؟ من ذا الذي يستغفرني فأغفرله؟ فلا يزال كذلك حتى يضيء الفجر» مسلم (758)

"Аллоҳ ҳар шаб вақте саввуми аввали он бигзарад, ба осмони дунё омада ва мефармояд: ман подшоҳам, ман подшоҳам, кист, ки дуо кунад ва ман бипазирам? Кист, ки аз ман бихоҳад ва ман ба ӯ ато намоям? Кист, ки аз ман талаби омурзиш намояд ва ман ӯро бибахшам? То он, ки субҳ шавад". (Муслим 758)

Ва ҳамчунин он Ҳазрат (с) фармуданд:

«الدعاء لا يرد بين الأذان والإقامة». روايت ترمذي212

Яъне: "Дуо байни азон ва иқомат рад намешавад". Ривояти Тирмизӣ (212)

Ҳамчунин он Ҳазрат (с) фармуданд:

«أقرب ما يكون العبد من ربه وهو ساجد؛ فأكثروا من الدعاء» روايت مسلم215.

Яъне: «Наздиктарин ҳолати банда ба Парвардигораш, ҳолати саҷда аст, пас дар он зиёд дуо кунед». (Муслим 215)

Аз дигар вақтҳои қабули дуо ҳангоми рӯ ба рӯи бо душман, вақти бориши борон, бонги хурӯс ва пас аз намозҳои фарз ва дар ҳолати саҷда ва рӯ ба сӯи қибла аст.

Рӯзе Расули Худо (с) барои намози истисқо (талаби борон) пеши мардум хориҷ шуд, пушт ба мардум ва рӯ ба қибла намуд ва ба дуо ва ниёиш пардохт. Муттафақун алайҳӣ.

Ҳамчунон аз одоби дуо баланд бардоштани дастон. Аз ҳазрати Умар (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) ҳангоми дуо дастҳояшро баланд менамуд. (Мустадраки Ҳоким (1225).

Паёмбар (с) фармуданд:

«إن ربكم حَيي كريم، يستحي أن يبسط العبد يديه إليه فيردهما صِفْرًا». (أبوداود 1488 وترمذي 3556 وابن ماجه 3865) .

Яъне: "Бидонед, ки Парвардигори шумо бисёр ҳаё дорад, ки бандааш даст ба сӯи ӯ баланд намуда ва ӯ онро холӣ ба вай боз гардонад". (Абӯдовуд 1488 ва Тирмизӣ 3556 ва Ибни Моҷҷаҳ 3865).

Ситоиш Аллоҳи субҳон ва дуруд ва салавот фиристодан бар Паёмбар (с) ва дуо, амри лозимӣ аст.

Фузола бин Убайд (р) мефармоянд: дар ҳоле, ки Расули Худо (с) нишаста буд, марде ворид шуд ва намоз гузорид ва гуфт:

«اللهم اغفر لي وارحمني».

Яъне: "Илоҳӣ" маро биёмурз ва ба ман раҳм фармо". Паёмбари Худо (с) фармуд:

«عَجِلتَ (تسرعتَ) أيها المصلي، إذا صليتَ فقعدتَ فاحمد الله بما هو أهله، وصلِّ علی، ثم ادعه».

Яъне: "Аҷала кардӣ эй намозгузор, вақте намоз гузоридӣ ва нишастӣ, ҳамду сипос Аллоҳро он гӯна, ки сазовори ӯст, бигӯ ва бар ман (Паёмбар) дурӯд фирист, сипас дуо кун!".

Он гоҳ марди дигаре омад ва намоз гузорид ва ҳамди Аллоҳро гуфт ва бар ҳазрати Муҳаммад (с) дуруд ва салавот фиристод, Паёмбар (с) ба ӯ фармуд: أيها المصلي! ادع تجب»", яъне: «Эй намозгузор» дуо кун, ки иҷобат мешавӣ». (Тирмизӣ (3476) ва Насойи (1286).

Банда бояд дар дуо пофишорӣ ва исрор намуда, се бор онро такрор намояд. Он Ҳазрат (с) мефармояд:

«لا يقولن أحدكم: اللهم اغفر لي إن شئتَ، اللهم ارحمني إن شئتَ. ليعزم المسألة فإنه لا مستكرِه له (أي يدعو الله وهو موقن أن الله سيقبل دعاءه. فالله هو القادر على كل شيء» بخاری (6339) و مسلم (2678).

Яъне: "Набояд бигӯед: Бори Илоҳо! Маро бибахш агар хостӣ, ба ман раҳм кун агар хостӣ. Бояд суолатонро росих ва мутмаъин баён доред ва касе наметавонад Аллоҳро ба коре водорад. (яъне Аллоҳро бихонад ва яқин дошта бошад, ки дуояш пазируфта мешавад, чун Аллоҳ бар ҳар чиз тавоност". (Муслим 2678).

Суфён бин Уяйна (р) мефармояд: Ҳеҷ кас даст аз дуо боз накашад ба хотири он чӣ дар мавриди худ медонад, ки Аллоҳ дуои бадтарин махлуқоташро, яъне Иблисро иҷобат фармуд, ки гуфт:

( قَالَ رَبِّ فَأَنْظِرْنِي إِلَى يَوْمِ يُبْعَثُونَ 36 قَالَ فَإِنَّكَ مِنَ الْمُنْظَرِينَ 37 إِلَى يَوْمِ الْوَقْتِ الْمَعْلُومِ 38 ) [الحجر: 38]

Яъне: «Гуфт парвардигоро пас маро то рӯзе, ки барангехта хоҳанд шуд, мӯҳлат деҳ, фармуд ту аз мӯҳлатёфтагонӣ, то рӯз (ва) вақти маълум».

Ҳамчунин дуо бояд бо садои ором ва кӯтоҳ бошад. Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( ادْعُوا رَبَّكُمْ تَضَرُّعًا وَخُفْيَةً ) [الأعراف: 55]

«Парвардигоратонро ба зорӣ ва дар пинҳонӣ бихонед».

Расули Худо (с) ба Асҳоби хеш ҳангоме, ки садои дуояшонро баланд намуда буданд, чунин фармуд:

«إنكم ليس تدعون أصم ولا غائبًا، إنكم تدعون سميعًا قريبًا، وهو معكم». مسلم 2704.

Яъне: «ҳамоно шумо ношунаво ва ғоибро намехонед, шумо шунавои наздикеро фаро мехонед ва ӯ бо шумост». (Муслим 2704).

Ҳамчунон саъй шавад калимот ва ҷумлаҳои дуо баргирифта аз Қуръон ва Суннат бошад ва дуокунанда худ аз ба кор бурдани ибораҳои мавзун ва бо саҷъ дар дуо худорӣ кунад ва бояд ибтидо дуо барои хеш ва сипас барои дигарон кунад ва аз нафрин кардан бар хеш ва хонавода ва ё амвол ва фарзандон ҳазар кунад ва бидонад дуои шахси муслим барои бародараш дар ғоибии вай қабул мешавад. Дар назди сараш малоикае муваззаф аст, ки ҳар гоҳ барои бародараш дуои хайре кунад, бигӯяд: Омин ва барои ту монанди он бод. Ҳамчунон касе, ки ба шумо некӣ кардааст, дар дуо фаромӯш накунед ва аз бародарони худ бихоҳед, то бароятон дуо кунанд, ба вижа аз афроди солеҳ ва дурусткор.

Эй бандагон! Аз Аллоҳ битарсед ва барои гуноҳ ва қатъи хешовандӣ дуо накунед, зеро тақво ва иштиёқ ба анҷоми тоъот ва дур гаштан аз маъосӣ ва мункарот ва шитофтан ба сӯи тавба, аз ҷумлаи авомиле ҳастанд, ки дуоро дар дараҷаи қабул наздиктар месозанд.

Аз Иброҳими Адҳам (р) пурсиданд: Моро чӣ шуда, ки ҳар чанд дуо мекунем, кабул намешавад? Фармуд: чун қалбҳои шумо ба хотири даҳ чиз мурдааст: 1. Аллоҳро шинохтед ва фармонашро иҷро накардед. 2. Паёмбарро шинохтед ва аз суннати ӯ пайравӣ нанамудед. 3. Қуръонро шинохтед ва ба он амал накардед. 4. Аз неъматҳои Аллоҳ хурдед ва шукри онро ба ҷо наовардед. 5.Биҳиштро шинохтед ва ҷустуҷӯяш нарафтед. 6. Дӯзахро шинохтед ва аз он нагурехтед. 7. Шайтонро шинохтед ва бо ӯ мубориза накардед. 8. Маргро шинохтед ва барои он омодагӣ нагирифтед. 9. Мурдагонро ба хок супурдед ва аз он ибрат нагирифтед. 10. Аз хоб бархостед ва ба айбҳои дигарон саргарм шуда ва айбҳои худро фаромӯш кардед.

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين. اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.