islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Равиши даъвати Анбиё


5438
Дарс Тавсифи
Даъвати Анбиё (а) ба сӯи Аллоҳи Азза ва Ҷалла аз барҷастатарин ҷанбаҳои достонҳои Паёмбарон мебошад ва ин даъват манҳаҷи возеҳ дорад, ки дар он шакке нест, аз ҷумла: илм доштан ба он чӣ ба он даъват мекунад, амал ба он, пардохтан ба муҳимтар қабл аз муҳим, ахлоқи накӯ доштан ва ҳикмат дар даъват.

Тазаккур додани мардум ба заҳматҳои Анбиё дар расонидани паёми Аллоҳ.

Ташвиқи даъватгарон барои иқтидо ба Анбиё дар роҳи дуруст ва комёбии даъват.

Эҳтимом додан ба таҷдиди роҳу равиши даъват мутобиқ ва замону макон.

Хутбаи аввал

الحمد لله منزل الكتاب، هدى وذكرى لأولي الألباب، والصلاة والسلام على نبينا محمد المفضل على البشر بجوامع الخطاب، وعلى آله المطهرين والأصحاب.

وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمداً عبده ورسوله شهادة تنجي صاحبها يوم الحساب.

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا 1 ) [النساء: 1]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَقُولُوا قَوْلًا سَدِيدًا70 يُصْلِحْ لَكُمْ أَعْمَالَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ فَازَ فَوْزًا عَظِيمًا 71 ) [الأحزاب:70 - 71] أما بعد:

Бародарону хоҳарони азиз! Даъвати Анбиё василаи наҷоти башарият аз микробҳо ва олӯдагиҳои ширку бутпарастӣ ва поксозии ҷомиъа аз алӯдагиҳо ва хабосати фасод ва инҳилоли ахлоқӣ ва ҳараҷу мараҷ ва бебандуборӣ ва беназмӣ буд.

Қуръони Карим дар ин замина мефармояд:

( كَانَ النَّاسُ أُمَّةً وَاحِدَةً فَبَعَثَ اللَّهُ النَّبِيِّينَ مُبَشِّرِينَ وَمُنْذِرِينَ وَأَنْزَلَ مَعَهُمُ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ لِيَحْكُمَ بَيْنَ النَّاسِ فِيمَا اخْتَلَفُوا فِيهِ وَمَا اخْتَلَفَ فِيهِ إِلَّا الَّذِينَ أُوتُوهُ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْهُمُ الْبَيِّنَاتُ بَغْيًا بَيْنَهُمْ فَهَدَى اللَّهُ الَّذِينَ آَمَنُوا لِمَا اخْتَلَفُوا فِيهِ مِنَ الْحَقِّ بِإِذْنِهِ وَاللَّهُ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ إِلَى صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ 213 ) [البقرة: 213]

«Мардум як уммат буданд, пас Худо паёмбарони муждадиҳанда ва бимдиҳанда бифиристод ва бар онҳо китоби барҳақ нозил кард, то он китоб дар он чӣ мардум ихтилоф доранд, миёнашон ҳукм кунад, вале ғайри касоне, ки китоб бар онҳо нозил шуда ва ҳуҷҷатҳо ошкор гашта буд, аз рӯи ҳасаде, ки нисбат ба ҳам меварзиданд, дар он ихтилоф накарданд. Ва Худо мӯъминонро ба иродаи худ дар он ҳақиқате, ки ихтилоф мекарданд, роҳ намуд ва Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад!».

Ин ояти карима ишора ба ин воқеъият дорад, ки инсонҳо дар ибтидо бар ҳидоят ва дини ҳақ буданд, баъдҳо ихтилофу чанддастагӣ дар миёни онҳо бурӯз кард ва бо ҳам ба низоъу кашмакаш бархостанд ва дар рӯи замин фасод барпо карданд ва аз роҳи дуруст ва мустақим мунҳариф шуданд, дар натиҷа Аллоҳ миёни онҳо Паёмбаронро –ба унвони башоратдиҳанда ва бимдиҳанда- мабъус намуд.

Аз ҳазрати Абдуллоҳ бин Аббос ривоят шуда, ки «фосилаи замон миёни ҳазрати Одаму Нӯҳ (а) даҳ қарн буд ва дар ин фосила инсонҳо бар ҳақ буданд, то ин ки ихтилофу инҳироф миёни онҳо бурӯз кард, Аллоҳ ҳазрати Нӯҳ ва соири Анбиёи баъд аз ӯро ба манзури бозгардонидани башарият ба ҷодаи ҳаққу савоб мабъус намуд.

Аллоҳи бории таъоло, ки асдақул-қоилин аст, ҳадаф аз беъсати Паёмбарони гиромиро баён мефармояд:

( رُسُلًا مُبَشِّرِينَ وَمُنْذِرِينَ لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَى اللَّهِ حُجَّةٌ بَعْدَ الرُّسُلِ وَكَانَ اللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمًا165 ) [النساء: 165]

«Паёмбарон башоратдиҳанда ва тарсонандагонанд, то барои мардум бар Аллоҳ ҳуҷҷату баҳонаи баъд аз (ирсоли) Паёмбарон набошад ва Аллоҳ аст, боиззату бо ҳикмат».

Чунон чӣ Аллоҳи таъоло ҳар Расулеро ба унвони наҷотдиҳандаи қавмаш аз торикии нодонӣ ва гумроҳӣ қарор дода ва мефармояд:

( وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مُوسَى بِآَيَاتِنَا أَنْ أَخْرِجْ قَوْمَكَ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ وَذَكِّرْهُمْ بِأَيَّامِ اللَّهِ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآَيَاتٍ لِكُلِّ صَبَّارٍ شَكُورٍ 5 ) [إبراهيم: 5]

«Ва ҳамоно фиристодем Мӯсоро бо ояҳои худ, ки берун овар қавми худро аз торикӣ (ширку гумроҳӣ) ба сӯи нур (ҳидоят ва тавҳид) ва ба ёдашон биёвар рӯзҳои Аллоҳро (неъматҳои Аллоҳ ё воқеъаҳо ва бархурдҳои замона), ҳамоно дар инаст нишонаҳо барои ҳар шикебо ва шукргузор».

Дар ин ҷо муҳимтарин шохиси даъвати Анбиё (а) ва хасоис ва вижагиҳои онро хидмати шумо азизон баён мекунам, бошад, ки чароғе бар фарози роҳи даъватгарон бошад.

Даъвати Анбиё забонист, яъне ба ваҳй ва таклифи Аллоҳ муттакӣ мебошад.

Анбиё бар рисолати хеш музде наметалабад, балки музд ва аҷри худро аз Аллоҳ мехоҳанд.

Ихлоси дин барои Аллоҳ ва даъват ба парастиши ӯ яке дигаре аз вижагиҳои даъвати Анбиё аст.

Даъвати онон дар авҷи соддагӣ ва басотат буда ва ҳеҷ таклифу таъқиде дар он вуҷуд надорад.

Ҳадаф ва мақсад дар даъвати Анбиёи гиром, возеҳу равшан аст.

Зуҳд дар дунё ва бартарии охират бар дунё, яке дигаре аз вижагиҳои даъвати Анбиё аст.

Таъкид бар ақидаи тавҳидӣ ва ташдид дар амри имон ба ғайб, яке аз дигар имтиёзоти даъвати Анбиё аст.

Инаст муҳимтарин вижагиҳои даъвати Анбиёи киром, ки инак ҳар як аз ин вижагиҳоро ба ихтисор тавзеҳ медиҳем ва дар ин росто, аз Аллоҳи мутаъол мадад мехоҳем.

Мақсад аз ин ҷумла инаст, ки маншаъ ва масдари ин даъват ваҳйи Аллоҳ мебошад. Бинобарин ин даъват бархоста ва нашъатгирифта аз вуҷуди Паёмарон нест ва натиҷаи шароит ва авомили иҷтимоъии замони онон низ аз қабили зулму туғён, ҷабру истибдод, залолату инҳироф ва ғайра, нест, ҳамчуноне, ки баромада ва фишурдаи афкори амиқи Паёмбарон, ё алами онон бар вазъияти асафбори ҳоким ба ҷомеъа низ, намебошад.

Ҳеҷ кадоме аз ин авомил масдару маншаъи даъвати онон ба ҳисоб намеояд, балки ягона омил ва боиси он ваҳй ва таклифи Илоҳисту бас ва тамоми он чӣ онҳо овардаанд, реша дар ваҳй дорад, ба ҳамин хотираст, ки ҳамагӣ ба ақвоми худ гуфтаанд:

(إِنْ أَتَّبِعُ إِلَّا مَا يُوحَى إِلَيَّ [الأنعام: 50]

«Пайравӣ ва табаъият намекунам, магар ҷуз он чӣ ба сӯи ман ваҳй шудааст».

Бинобари инҳо саҳме (ҷуз таблиғ) дар ваҳй надорад. Паёмбарон ба ҳеҷ унвон таслими авомили нафсӣ ва дарӯнӣ ва ё ҳаводиси муваққат ва хориҷӣ намешаванд ва рисолати хешро бо авзоъ ва аҳволу хости ҷавомеъ татбиқ намедиҳанд. Аллоҳи мутаъол дар робита бо Расули Аллоҳ, ҳазрати Муҳаммад (с) мефармояд:

( وَمَا يَنْطِقُ عَنِ الْهَوَى 3 إِنْ هُوَ إِلَّا وَحْيٌ يُوحَى ) [النجم:3 - 4]

«Ва сухан аз рӯи ҳаво (ҳавас) намегӯяд, ин сухан фақат он чизест, ки ба ӯ ваҳй мешавад».

Пас Паёмбар (с) ба ҳеҷ унвон наметавонад камтарин табдилу таҳриф ва таъдиле дар рисолат ва аҳкоми Аллоҳ ба вуҷуд оварад. Бо диққат дар сирати Анбиё (а) фарқи нубуват ва подшоҳӣ ба вузуҳ равшан мегардад, чун Анбиё (а) ҳозир ба муъомила бо кӯчакатарин чиз аз умури даъвати худ намебошанд, ҳар чанд, баҳое, ки дар муқобили он мепардозанд, бисёр фаровон бошад, аммо даъвати роҳбарону муслиҳини сиёсӣ ва иҷтимоъӣ ҳар гиз чунин нест. Замоне, ки мушрикини Қурайш саховатмандона ба Паёмбар пешниҳод доданд, ки мулку сарвати фаровоне ба ӯ бидиҳанд, ё зеботарин ва шарифтарин занонро ба ақди издивоҷу никоҳи ӯ дароваранд ва подшоҳӣ ва раҳбарии Шибҳи Ҷазираро ба ӯ вогузор кунанд, аммо дар муқобил аз даъват даст бардорад ва аз танқиди худоёни онҳо ва масхара кардани бутҳо худорӣ кунад. Ҷавоб ва мавзеъи Расули Аллоҳ дар муқобили пешниҳоди онон чӣ буд? Ин сухани ҷовидона ва машҳуреро бар забон ронд, ки то абад дар гузари замон такрор хоҳад шуд:

«والله لو وضعوا الشمس في يميني، والقمر في يساري، على أن أترك هذا الأمر حتى يظهره الله أو أهلك فيه ما تركته».

"­Қасам ба Аллоҳ, агар офтобро дар дасти рост ва моҳро дар дасти чапам қарор диҳанд, дар муқобил ин, ки аз ин даъват сарфи назар кунам, онро то замоне, ки Аллоҳ онро зоҳир менамояд ва иззат мебахшад, ё дар роҳи он шаҳид мешавам, онро раҳо нахоҳам кард". китобҳои сират.

أقول قولي هذا، وأستغفر الله لي ولكم، فاستغفروه إنه هو الغفور الرحيم.

الحَمْدُ لِلهِِ رَبِّ العَالمِينْ، وَالصَّلاَةُ وَالسَّلاَمُ عَلىَ نَبِينّا مُحَمّدٍ-صلى الله عليه وسلم-، وَعَلى آلِهِ وَأصْحَابهِ وَمَنْ دَعَا بِدَعْوَتِهِ إلىَ يَوْمِ الدِّيْن.

أمّا بعد:

Бародарон ва хоҳарони гиромӣ! Дар хутбаи қабл яке аз ин вижагиҳои даъвати Паёмбаронро зикр намудем ва дар ин хутба ба идомаи он мепардозем.

Дуввумин вижагии дигар дар даъвати Паёмбарон инаст, ки онҳо музду аҷр дар муқобили даъват аз ҳеҷ касе мутолаба немекунанд:

( يَا قَوْمِ لَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ أَجْرًا إِنْ أَجْرِيَ إِلَّا عَلَى الَّذِي فَطَرَنِي أَفَلَا تَعْقِلُونَ 51 ) [هود: 51]

«Эй қавм! Ман дар баробари он (даъват ба тавҳид) аз шумо подоше дархост намекунам, ман подошро танҳо аз касе металабам, ки маро офаридааст, оё намефаҳмед?».

Ва ин хотами Паёмбарон, Муҳаммад (с) писари Абдуллоҳ аст, ки ошкор бонг бармеоварад ва бепарда ҳақиқатро ба мардум эълом мекунад ва мегӯяд:

( قُلْ مَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ مِنْ أَجْرٍ إِلَّا مَنْ شَاءَ أَنْ يَتَّخِذَ إِلَى رَبِّهِ سَبِيلًا 57 ) [الفرقان: 57]

«Бигӯ: ман дар баробари иблоғи ин ойин ҳеҷ гуна подоше аз шумо мутолаба намекунам, танҳо подоши ман инаст, ки касе (агар хост) роҳ ба сӯи Парвардигораш дар пеш гирад».

Саввумин имтиёз даъвати Анбиё (а) ихлоси дин барои Аллоҳ ва танҳо ӯро ба ибодат ихтисос додан аст ва ин ҳадафи бузургу баландест, ки тамоми Анбиё дар ҳар асру замон ва муҳиту макон, ба он даъват кардаанд, ҳадафи онҳо ҷуз тавҷеҳу роҳнамойи ва ошнойи махлуқи заифи нотавон бо холиқи тавоно ва қодир чизе набудааст. Онҳо ба мисдоқ ояти каримаи Қуръон хостаанд, бандагонро аз ибодати бандагон ба сӯи ибодати маъбуду холиқашон роҳнамо ва ҳодӣ бошанд.

( وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ حُنَفَاءَ وَيُقِيمُوا الصَّلَاةَ وَيُؤْتُوا الزَّكَاةَ وَذَلِكَ دِينُ الْقَيِّمَةِ 5 ) [البينة: 5]

«Ба онҳо амр нашудаст, магар ин, ки мухлисона ва ҳақирона Аллоҳро бипарастанд ва танҳо шариъати ӯро ойин бидонанд ва номозро бояд бихонанд ва закотро бипардозанд. Ойни ростин ва арзишманд инасту бас».

Аллоҳи мутаъол тамоми Анбиёро маъмурияти таблиғ ва даъвати тавҳид намудааст, даъвати муборак, даъват ба яктопарастӣ ва ихлос дар ибодат, даъват ба нияту амал, дар ин маврид Аллоҳ мефармояд:

( وَمَا أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ مِنْ رَسُولٍ إِلَّا نُوحِي إِلَيْهِ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنَا فَاعْبُدُونِ 25 ) [الأنبياء: 25]

«Мо пеш аз ту Паёмбареро нафиристодем, магар ин, ки ба ӯ ваҳй кардаем, ки маъбуде ҷуз ман нест, пас фақат маро парастиш кунед».

Вижагии чаҳоруми даъвати Анбиё басотату содагӣ ва набудани таъқид ва таклиф дар он аст. Ин имтиёз дар даъвати тамоми Анбиё ба рӯшанӣ мушоҳида мешавад. Онҳо ҳангом бо фитрат ҳаракат мекунанд ва ба андозаи ақлонияти мардум, онҳоро мавриди хитоб қарор медиҳанд ва дар даъвати худ ба ҳеҷ гуна таклиф бовар надоранд, чунон чӣ аз роҳбарони сиёсӣ ва муҳассилин амал менамоянд, онҳо умурро бар мардум сахт ва печида намегиранд, тавре бо мардум сухан намекуянд, ки сухани онҳоро нафаҳманд...

(ادْعُ إِلَى سَبِيلِ رَبِّكَ بِالْحِكْمَةِ وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ وَجَادِلْهُمْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعْلَمُ بِمَنْ ضَلَّ عَنْ سَبِيلِهِ وَهُوَ أَعْلَمُ بِالْمُهْتَدِينَ 125 ) [النحل: 125]

«Мардумро бо ҳикмату панди некӯ ба роҳи Парвардигорат бихон ва бо беҳтарин тарз бо онон муҷодала кун, зеро Парвардигори ту ба касоне, ки аз роҳи Ӯ каҷрав шудаанд, огоҳтар аст ва ҳидоятёфтагонро беҳтар мешиносад!».

Барои пирӯзӣ ва муваффақияти даъват лозим аст роҳи Анбиёро дар пеш гирифт ва дур аз асолиб ва равишҳои сохтагӣ амал кард ва дар даъвату гуфтугӯ бо мардум роҳи такаллуфро дар пеш нагирифт ва бо мантиқ ва бурҳони ақлӣ, ки кӯчак ва бузург ва олиму ҷоҳил онро мефаҳманд ва дарк мекунанд, бо эшон суҳбат кард.

Панҷумин имтиёзи даъвати Паёмбарон вузуҳ ва равшании ҳадаф ва ғоятест, ки мардумро ба сӯи он фаро мехонанд, онҳо мардумро ба ҳадафи возеҳ, фикри равшан ва дур аз нофаҳмамиҳо даъват мекунанд. Дар фармудаи Аллоҳ хитоб ба ҳазрати Муҳаммад (с) диққат кунед:

( قُلْ هَذِهِ سَبِيلِي أَدْعُو إِلَى اللَّهِ عَلَى بَصِيرَةٍ أَنَا وَمَنِ اتَّبَعَنِي وَسُبْحَانَ اللَّهِ وَمَا أَنَا مِنَ الْمُشْرِكِينَ 108 ) [يوسف: 108]

"Бигӯ: инаст роҳи ман, мардумро бар басират ва равшанойи ба сӯи Аллоҳ фаро мехонам ман ва пайравонам ва покӣ барои Аллоҳ аст ва ман аз шарикқарордиҳандагон нестам".

Ва ин чунин мебинем, ки Паёмбарони бузургвор мардумро танҳо ба сӯи рисолати Илоҳӣ даъват кардаанд. Дорои ҳадафи ягона ва мақсади арзанда буда ва дар даъвати худ роҳи ҳиларо дар пеш нагирифтаанд, ки дар пинҳонӣ ҳадафи дигаре таъқиб карда бошанд, чунон чӣ ин амал хислати баъзе аз роҳбарон аст, ки аз ҳақиқати ниятҳои худ ошкоро парда барнамедоранд.

Шашумин имтиёзи даъвати Анбиё, зуҳд дар дунё ва бартарии охират бар зиндагии дунё аст. Ин имтиёз мулозими даъвати Анбиё (а) мебошад ва ба ҳеҷ унвон аз он ҷудо намешавад зеро ҳадафи онон талаби лаззат ва баҳрамандӣ аз лазоиз ва зухруфоти зиндагӣ намебошад.

Имтиёзи ҳафтум, даъвати Паёмбарон, таъкид бар ақида ва бовари тавҳидӣ ва таъкид бар масъалаи имон ба ғайб буд. Ин имтиёз ба вузуҳ дар даъвати тамоми Анбиё (а) бидуни истисно дида мешавад. Дар робита бо ҳазрати Нуҳ (а) мефармояд:

( لَقَدْ أَرْسَلْنَا نُوحًا إِلَى قَوْمِهِ فَقَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُوا اللَّهَ مَا لَكُمْ مِنْ إِلَهٍ غَيْرُهُ) [الأعراف: 59]

«Мо Нуҳро ба сӯи қавми ӯ фиристодем, пас ба эшон гуфт: Эй қавми ман! (танҳо) Аллоҳи ягонаро парастиш кунед, ки маъбуде ҷуз ӯ барои шумо нест!».

Ва дар робита бо ҳазрати Ҳуд (а) мфармояд:

( وَإِلَى عَادٍ أَخَاهُمْ هُودًا قَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُوا اللَّهَ مَا لَكُمْ مِنْ إِلَهٍ غَيْرُهُ أَفَلَا تَتَّقُونَ 65 ) [الأعراف: 65]

«Ҳудро ба сӯи қавми Од, ки худаш аз онон буд, фиристодем, пас ба қавми худ гуфт: Эй қавми ман! Аллоҳро бипарастед ва ҷуз ӯ маъбуде надоред».

Ва дар робита бо Солеҳ (а) мегӯяд:

( وَإِلَى ثَمُودَ أَخَاهُمْ صَالِحًا قَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُوا اللَّهَ مَا لَكُمْ مِنْ إِلَهٍ غَيْرُهُ) [الأعراف: 73]

«Солеҳро ба сӯи қавми Самуд, ки худаш аз онон буд, фиристодем. Гуфт: Эй қавми ман! Аллоҳро бипарастед, ҷуз ӯ маъбуде надоред».

Қуръон ин чунин аз тамоми Анбиё (а) бо мо сухан мегӯяд ва равшан менамояд, ки ҳамагӣ, мардумро ба сӯи тавҳид даъват кардаанд. Бадин гуна маърака ва ҷанг байни Анбиё (а) ва ақвомаш бар сари рисолати ҳақ ва даъвати тавҳидӣ, шиддату авҷ мегирифт, то саранҷом ба нобудии мушрикин ва ғалабаи Расулон меанҷомид. Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَلَقَدْ سَبَقَتْ كَلِمَتُنَا لِعِبَادِنَا الْمُرْسَلِينَ 171 إِنَّهُمْ لَهُمُ الْمَنْصُورُونَ 172 وَإِنَّ جُنْدَنَا لَهُمُ الْغَالِبُونَ 173) [الصافات:171 - 173]

«Ва ба ростӣ ваъдаи мо дар бораи он даста аз бандагон, ки рисолат ёфтаанд, аз пеш собит ва мутаҳаққиқ шудааст, ки бегумон онон ёрӣ мешаванд ва бешак лашкари мо худ ғолиб хоҳанд буд».

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه: ) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.

اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.

اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين.

اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.