islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Садоқат ва ростгӯйи


3803
Дарс Тавсифи
Рости аз ахлоқи накӯ ва аз такмилкунандаи имону исломи фард аст ва Аллоҳи мутаъол ба он амр намуда ва ростгӯёнро сутудааст. Ахлоқе, ки мояи наҷоти соҳибони он аст ва зинату виқор ва тоҷест барои касоне, ки муваффақ ба доштани он шаванд ва дуруғгӯи хиёнати бузургаст ва аз нишонаҳои нифоқ мебошад ва боиси дӯрии фард аз Аллоҳи мутаъол мешавад ва банда пайваста рост мегӯяд, то ин, ки назди Парвардигор содиқ маҳсуб мешавад ва фард пайваста дуруғ мегӯяд, то ин, ки назди Парвардигор дуруқгӯ навишта мешавад.

Водоштани уммати исломӣ бар садоқат дар муъомалот.

Барҳазар доштан аз хислати дурӯғгӯйи.

Рӯёндани мабдаи эътимод ва боварӣ байни мардум.

Хутбаи аввал

الْحَمْدُ للهِ العَفُوِّ الغَفُورِ، العَلِيمِ بِذَاتِ الصُّدُورِ، سُبْحَانَهُ حَثَّ عِبَادَهُ عَلَى تَحَرِّي الصِّدْقِ واجتِنَابِ قَولِ الزُّورِ، وجَعَلَ قَولَ الحَقِّ عَلَى الإِيمَانِ دَلِيلاً، وإِلى رِضْوَانِ اللهِ ومَحَبَّتِهِ طَرِيقاً وسَبِيلاً، أَحمَدُهُ بِمَا هُوَ لَهُ أَهْلٌ مِنَ الحَمْدِ وأُثنِي عَلَيه، وأُومِنُ بِهِ وأَتَوَكَّلُ عَلَيهِ، مَنْ يَهْدِهِ اللهُ فَلاَ مُضِلَّ لَهُ ومَنْ يُضْلِلْ فَلاَ هَادِيَ لَهُ، وَنَشْهَدُ أَنْ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللهُ وَحْدَهُ لاَ شَرِيْكَ لَهُ، وَنَشْهَدُ أَنَّ سَيِّدَنَا وَنَبِيَّنَا مُحَمَّداً عَبْدُ اللهِ وَرَسُولُهُ، خَيْرُ مَنْ ثَبَّتَ الحَقَّ وأَقَامَهُ، وهَدَى بِإذْنِ رَبِّهِ إِلى سَبِيلِ الاستِقَامَةِ، اللهُمَّ صَلِّ وسَلِّمْ وبَارِكْ عَلَيه وَعَلَى آلِهِ وَصَحْبِهِ أَجمَعِينَ، والتَّابِعِينَ لَهُم بِإِحسَانِ إِلَى يَوْمِ الدِّيْنِ. أَمَّا بَعْدُ:

Бародарони азиз! Бидонед, ки яке аз муҳимтарин асбоби инҳирофи башарият, дурӣ аз садоқат ва ростгӯйи ва рӯй овардан ба дурӯғ ва хиёнат мебошад. Башарият ба далели дурӣ аз ин асли азими Исломӣ ва инсонӣ, имрӯз дар ботлоқи табоҳӣ ва фасод ғӯтавар аст, зеро садоқату ростӣ, асоси ҳар хайру некӣ ва дурӯғу хиёнат пояи тамоми шар ва бадиҳост. Пас биёед нидои Аллоҳи мутаъолро лабайк гуфта ва тақвои Аллоҳро пеша намуда ва аз зумраи ростгӯён бошем.

Аллоҳ мефармояд:

(يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَكُونُوا مَعَ الصَّادِقِينَ119) [التوبة: 119]

«Эй касоне, ки имон овардаед, тақворо пеша сохта ва ҳамроҳи ростгӯён бошед».

Ростгӯйи, яъне фазилату наҷобат, яъне роҳи равшан ва дарунии воло. Инсони ростгӯ ва содиқ ҳамеша ба сӯи некиҳо тавфиқ меёбад. Дар ин ҳадис, ки Абдулло бин Масъуд (р) ривоят намудааст, диққат диҳед, ки Расули Акрам (с) чунин ривоят мекунад, ки ишон дар шарҳ ва баёни ин асли муҳим фармуданд:

«فإن الصدق يهدي إلى البر وإن البر يهدي إلى الجنة وما يزال الرجل يصدق ويتحرى الصدق، حتى يكتب عند الله صديقاً، وإياكم والكذب فإن الكذب يهدي إلى الفجور وإن الفجور يهدي إلى النار وما يزال الرجل يكذب ويتحرى الكذب حتى يكتب عند الله كذاباً".

"Ҳамоно сидқ ва ростӣ ба сӯи некӣ ҳидоят мекунад ва некӣ ба сӯи биҳишт ва шахс он қадар ростӣ пеша мекунад, то ин ки назди Парвардигораш ба мақоми сиддиқ мерасад. Ва ҳамоно дурӯғ ва сӯи фуҷӯр раҳнамун мешавад ва фуҷӯр низ инсонро ба сӯи оташ мебарад ва шахс он қадар дурӯғ мегӯяд, то он ки назди Аллоҳ ба унвони дурӯғгӯ шинохта шавад. (ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Бародарони мӯмин! Мо набояд аз садоқат ва ростӣ дар кирдор ва гуфторамон нисбат ба дигаронд эҳмол ва ё дар робитаҳои иҷтимоъи худ аз он фосила бигирем. Фаромӯш накунем,ки инсони содиқ ва ростгӯ ба таври "табиъӣ" рост мегӯяд ва на ба гунае "сунъӣ", зеро садоқат ва ростгӯйи бо ҷисму ҷони ӯ дар ҳам танида шуда аст ва ӯ ба шавқи Аллоҳ барои ҷалби хушнӯдии маъбудаш забони садоқат ва ростгӯйи мечархонад ва ҳаргиз ҳозир намешавад, барои ҷалби манофеъи иқтисодӣ ва дастёбӣ ба ҷоҳу мақом ва шӯҳрати дунявӣ, забон ба кизбу дурӯғ бикшояд ва бо баҳраи ночизу фонӣ ва зудгузар ба хубсу палидӣ бигарояд ва ба макру найранг рӯй биёварад ва оташи фитна аланга созад ва робитаҳоро тира намояд ва дилҳоро аз ҳам ҷудо кунад, то худ ба омоли нафсонӣ ва шайтонияш даст ёбад.

Бандагони Аллоҳ! Садоқат баракат аст ва дурӯғ аз байнбарандаи он ва аз он ҷое, ки дар ҳангоми хариду фурӯш, тамаъ бештар аст ва қаноъат андак, Расули Акрам (с) чунин мефармояд:

عن حكيم بن حزام -رضي الله عنه- قال: قال رسول الله -صلى الله عليه وسلم- : «البيِّعان بالخيار ما لم يتفرقا. فإن صدقا وبيَّنا: بورك لهما في بيعهما. وإن كذبا وكتما: محقت بركة بيعهما». (متفق عليه).

"Харидору фурӯшанда то вақте, ки аз ҳам ҷудо нашудаанд, ихтиёр (фасхи муъомала) ро даранд, пас агар ростӣ пеша намуданд ва ошкор муъомила карданд (ва аз пинҳонкорӣ иҷтиноб варзиданд) дар муъомилаи онон баракат андохта хоҳад шуд ва агар китмон карданд ва дурӯғ гуфтанд, баракати муъомалаи онон аз байн хоҳад рафт". (Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Аллоҳи мутаъол дар китоби муқаддасаш ин сифати писандидаро сутуда ва онро ба зоти ақдаси хеш ва Паёмбараш ва мӯминони ростин нисбат додааст.

Аллоҳ мефармояд:

( وَمَنْ أَصْدَقُ مِنَ اللَّهِ حَدِيثًا 87 ) [النساء: 87]

«Ва чӣ касе ростгӯтар аз Аллоҳ аст?»

Ва низ фармудааст:

( وَمَنْ أَصْدَقُ مِنَ اللَّهِ قِيلًا 122 ) [النساء: 122]

«Ва чӣ касе ростгӯтар аз Аллоҳ аст?».

Ва боз фармудааст:

( قُلْ صَدَقَ اللَّهُ ) [آل عمران: 95]

«Рост гуфт Аллоҳ...».

Аллоҳи мутаъол Паёмбарон ва хосону авлиёи худро бо сифоти сидқу ростӣ, сутудааст:

Аллоҳ фамудааст:

( وَاذْكُرْ فِي الْكِتَابِ إِسْمَاعِيلَ إِنَّهُ كَانَ صَادِقَ الْوَعْدِ وَكَانَ رَسُولًا نَبِيًّا 54 ) [مريم: 54]

"Ва дар ин китоб Исмоилро ёд кун, ки ӯ дар ваъдааш рост ва расуле паёмбар буд".

Ва хитоб ба ҳамаи бандагонаш фармудааст:

(يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَكُونُوا مَعَ الصَّادِقِينَ119) [التوبة: 119]

"Эй касоне, ки имон овардаед, тақворо пеша сохта ва ҳамроҳи ростгӯён бошед".

Сифати сидқу ростӣ дар дунё ва охират мавриди ситоиш қарор гирифта ва нишонаи тақво ва сабаби бахшиши гуноҳон ва боло рафтани дараҷот аст, ки ҳамаи инҳо дар ин сухани Худованди мутаъол ҷамъ гардидааст:

( وَالَّذِي جَاءَ بِالصِّدْقِ وَصَدَّقَ بِهِ أُولَئِكَ هُمُ الْمُتَّقُونَ 33 لَهُمْ مَا يَشَاءُونَ عِنْدَ رَبِّهِمْ ذَلِكَ جَزَاءُ34 لِيُكَفِّرَ اللَّهُ عَنْهُمْ أَسْوَأَ الَّذِي عَمِلُوا وَيَجْزِيَهُمْ أَجْرَهُمْ بِأَحْسَنِ الَّذِي كَانُوا يَعْمَلُونَ35 ) [الزمر:34 - 35]

«Ва он кас, ки ростӣ овард ва онро бовар намуд, онон ҳамон муттақиёнанд. Барои онон ҳар чӣ бихоҳанд пеши Парвардигорашон хоҳад буд. Инаст, подоши накӯкорон, то Аллоҳ бадтарин амалеро, ки карданд, аз эшон бизидояд ва ононро ба беҳтарин коре, ки мекарданд, подош диҳад».

Эй мусалмонон! Сифати «сидқу ростӣ» як сифати мустаҳаб нест, балки фаризаи воҷибест барои ҳар шахси мусалмон ва як хислат барои инсони мӯмин аст. к мӯмин бояд дар ботину зоҳири худ ба як андоза ростӣ ва покиву сафои нафс дошта бошад ва бадин сабаб бисёре аз уламо, монанди имом Ибни Қайм (р) сидқ ва ростиро ба се даста тақсим кардааст:

Сидқ дар гуфтор. Яъне бар ҳар бандае воҷиб аст, ки забони худро ҳифзу контрол намуда ҷуз рост сухани дигаре бар забон наоварад.

Сидқ дар кирдор. Ба маънои яксон будани зоҳиру ботин аст, ба гунае, ки зоҳиру ошкори вай мухолифи даруну ниҳонаш набошад.

Сидқ дар пиндор, ки муҳимтарин ва сахтарин анвоъи садоқат ва ростӣ ба шумор меравад. Монанди сидқ дар ихлос, сидқ дар ақида ва дар умед ба Аллоҳ ва дар тарс аз ӯ ва ғайра мебошад. Ва агар сидқ дар афкору ниёти инсон ҷой гирифт, ин хислат дар кирдору гуфтори вай низ ҷилвагар хоҳад шуд ва ба хости Худо аз инҳирофоти ахлоқӣ дар амон хоҳад монд.

Шоири ширинсухан дар ин бора чӣ зебо сурудааст:

Феълу қавл омад гувоҳони замир

З-ин ду бар ботини ту истидлол гир

Қавлу феъл бе таноқуз боядат

То қабул андар замон пеш оядат

Имом Муслим дар китоби саҳеҳаш, ҳадисе аз Паёмбари Худо (с) оварда, ки он ҳазрат мефармоянд: «Шахс он қадар рост мегӯяд ва дар пайи ростӣ меравад, то он ки дар назди Аллоҳ ба унвони «сиддиқ» шинохта мешавад ва шахси дигар он қадар дурӯғ мегӯяд ва дар пайи дурӯғ меравад, то он ки назди Аллоҳ ба унвони «каззоб» шинохта мешавад».

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم, أقول قولي هذا، وأستغفر الله لي ولكم، فاستغفروه إنه هو الغفور الرحيم.

إن الحـمد لله نسـتعينه ونسـتغفره، ونتوب إليه، ونعـوذ بالله من شرور أنفسـنا وسـيئات أعـمالنا، من يهده الله فلا مضـل له، ومن يضلـل فلا هـادي له، وأشـهد أن لا إله إلا الله وحـده لا شـريك له، وأشـهد أن نبينا محـمدا عبده ورسـوله صلى الله عليه وسـلم، وبارك عليه وعلى آله وأصحـابه، والتابعين لهم بإحـسان إلى يوم الدين.

Сипосу ситоиш Худоро ба хотири некӣ ва эҳсони вай ва шукру сипос ӯро ба хотири тавфиқ ва миннати вай ва гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуде ба ҳақ нест, ҷуз ӯ, ки танҳо ва бешарик аст ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад (с) банда ва расули вай ва даъватгар ба сӯи ризвони ӯст. Дуруду салом ва баракоти Аллоҳ ба ӯ ва Аҳли хонадон ва ёрону тобиъини ӯ ва касоне бод, ки ба некӣ то рӯзи қиёмат аз онон пайравӣ намоянд. Аммо баъд...

Эй мусалмонон! ростгӯйи аз аъмоли неки инсонӣ ва назди дину хирад аз ҷойгоҳи хосе бархурдор аст. Фитрати поки инсон тақозо мекунад, ки одами солим ва муътадил, дилу забонаш яксон ва ҳамоҳанг бошад, зоҳиру ботин як бошад ва он чиро бовар дорад, бар забон ҷорӣ кунад.

Ислом дини фитрист ва ростӣ низ ниёзест фитрӣ ва дарунӣ, пас ин ду пайванди ногусастанӣ доранд ва дар ривоёти исломӣ бо таъбирҳои гуногун бар ростгӯии мусалмонон таъкид шуда ва онро аз усули имон ва диндорӣ ба хисоб овардаанд.

Одат додани нафс ба ростӣ ва пойбанд будан ба ин сифат ва фаромӯш накардани ин мавзӯъ, ки Аллоҳ таъоло дар ҳар маконе аз ҳоли мо огоҳ аст ва тақво пеша кардан, ҳамаи инҳо инсонро барои дар пеш гирифтани хислати сидқу ростӣ, кӯмак мекунад.

Ба ҳамин сабаб нашри фарҳанги ростгӯйи дар ҷомеъа ва тарк намудани дурӯғ ва дурӯғгӯён дар ҷомеъа, ба вижа дар масоили иртиботи ҷамъӣ ва матбуъот, барои мардуми ҷомеъа лозим ва зарурист.

Оре бародари мусалмон! Дурӯғ бисёр хатарнок ва яке аз сифоти мунофиқин аст ва ҳар ки ба ин хислати нописанд муттасиф бошад, яке аз нишонаҳои нифоки амалӣ дар вай падидор гашта, Расули Худо (с) дар ин бора чунин фармуданд:

عن عبد الله بن عمرو رضي الله عنهما عن النبي -صلى الله عليه وآله وسلم- ، قال: أربع من كن فيه كان منافقا، ومن كانت خصلة منهن فيه كانت فيه خصلة من النفاق حتى يدعها ، من إذا حدث كذب، وإذا وعد أخلف ، وإذا خاصم فجر، وإذا عاهد غدر». (خرجه البخاري ومسلم)

Аз Абдуллоҳ бин Амр (р) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд: «Чаҳор хислатаст, ки агар дар касе бошад, он шахс мунофиқи холис (вокеъӣ) аст ва агар яке аз онҳо дар вай бошад, дар вай яке аз хислатҳои нифоқ вуҷуд дорад, то ин ки онро тарк кунад».

Ва агар сӯхан гӯяд, дурӯғ гӯяд.

Хилофи ваъд кунад.

Ва ҳангоми хусумат бо касе, фаҳшу дашном гӯяд.

Агар амин шумурда шавад, хиёнат кунад(хиёнат дар амонат мекунад). (Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Дурӯғ имонро ноқис мекунад, Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( إِنَّمَا يَفْتَرِي الْكَذِبَ الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِآَيَاتِ اللَّهِ وَأُولَئِكَ هُمُ الْكَاذِبُونَ 105 ) [النحل: 105]

«Танҳо касоне дурӯғпардозӣ мекунанд, ки ба нишонаҳои Аллоҳ имон намеоваранад».

Ва ҳатто инсони дурӯғгӯ дар маърази лаънат қарор дорад:

( ثُمَّ نَبْتَهِلْ فَنَجْعَلْ لَعْنَةَ اللَّهِ عَلَى الْكَاذِبِينَ 61 ) [آل عمران: 61]

«Он гоҳ, ҳама дуову тазарруъ кунем ва лаънати Худоро бар дурӯғгӯён бифиристем!»

Мӯминони гиромӣ! Мутаассифона имрӯз, дурӯғ ҳамонанди бисёре аз гуноҳони дигар назди мусалмонон, кӯчак шумурда шуда ва бидуни ҳеҷ ибо ва парвое дар зиндагии рӯзмара ба иртикоби ин гуноҳи кабира одат намудаанд. Дар сурате, ки Расули Акрам (с) дурӯғ гуфтан ба хурдсолон ва ё ҳатто барои хандондани дигарон ҳаром донистанд, чӣ бирасад, ки инсон ҳамонанди бисёре аз тоҷирон барои ба даст овардани касбу манфиъат дурӯғ бигӯяд, ки ин навъ бисёр хатарноку иқоби он шадидтар мебошад.

عن إسمعيل بن عبيد بن رفاعة عن أبيه عن جده أنه خرج مع النبي- صلى الله عليه وسلم- إلى المصلى فرأى الناس يتبايعون فقال: «يا معشر التجار!» ، فاستجابوا لرسول الله- صلى الله عليه وسلم- ورفعوا أعناقهم وأبصارهم إليه. فقال: «إن التجار يبعثون يوم القيامة فجارا، إلا من اتقى الله وبر وصدق»

Аз Руфоъа (р) ривоят аст, ки ӯ бо ҳамроҳи Расули Худо (с) ба сӯи мусалло хориҷ шуд ва дид, ки мардум дар ҳоли доду гирифт ҳастанд, пас ба онон гӯфт: «Эй ҷамоъати тоҷирон!» Онҳо дар истиҷобат ба нидои Паёбар (с) сарҳои худро баланд карда ва ба сӯи ӯ нигаристанд, пас фармуд: «Тоҷирон дар рӯзи қиёмат фоҷиру бадкор барангехта хоҳанд шуд, ҷуз он тоҷироне, ки тақвои Аллоҳро пеша сохта ва некӣ кунанд ва рост гӯянд». (ба ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷаҳ. Тирмизӣ мегӯяд: Ин ҳадиси ҳасан ва саҳеҳ аст).

Бародарони азиз! Осори арзандаи ҳар мавзӯъе бастагӣ ба арзиш ва аҳамияти он дорад ва чун ростӣ аз аҳамияти болое бархурдор аст, паёмадҳои арзишманде низ ҳамроҳ дорад, ки бархе аз онҳоро барои шумо зикр хоҳам намуд:

Ҳамроҳии Аллоҳ

Покии кирдор.

Наҷот ва саломатӣ.

Бузургии мақом.

Хайри дунё ва охират.

Подошҳои ухравӣ.

Қуръони Карим дар ин бора мефармояд:

(قَالَ اللَّهُ هَذَا يَوْمُ يَنْفَعُ الصَّادِقِينَ صِدْقُهُمْ لَهُمْ جَنَّاتٌ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ ذَلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ) [المائدة: 119]

«Имрӯз рӯзест, ки ростии ростгӯён ба онҳо сӯд мебахшад. Барои онҳо боғҳое (аз биҳишт) аст, ки об аз зери (дарахтони) он ҷараён дорад ва ҷовидона ва барои ҳамеша, дар он мемонанд. Аллоҳ таъоло аз онҳо хушнӯд ва онҳо аз Аллоҳ таъоло хушнӯд хоҳанд буд ва ин комёбии бузург аст».

Бинобар ин ояти карима, онон, ки масъулият ва рисолати худро анҷом дода ва дар ин дунё, дар кирдору гуфтор ва пиндор содиқ буда ва ҷуз роҳи сидқу дурустӣ напаймуданд, аз корҳои худ баҳраи кофӣ хоҳанд бурд ва ба растагории бузург, ки ҳамон хушнӯдии Аллоҳи мутаъол аст, даст хоҳанд ёфт.

Пас сидқу ростиро ба унвони тариқаи худ қарор диҳед ва дар зоҳиру ботин ба он пойбанд бошед, то он ки Аллоҳ тақвои худро дар қалби шумо ҷой диҳад ва роҳи шуморо пур аз нуру муваффақият кунад.

Худованд мефармояд:

(يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَكُونُوا مَعَ الصَّادِقِينَ119) [التوبة: 119]

«Эй касоне, ки имон овардаед! Тақвои Аллоҳро пеша сохта ва ҳамроҳи ростон бошед».

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمركم الله بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه: ) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم فصلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.

اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.

اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين.

اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.