islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Сӯи зан (гумони бад)


4644
Дарс Тавсифи
Ислом бар тақвияти равобити дӯстӣ байни мусалмонон ва мустаҳкам намудани пояҳои бародарӣ байни мӯминон таъкид дорад ва ба ҳама чизҳое, ки боиси ин муҳаббат мешавад, амр намудааст, ки шомили салом кардан, аҳволпурсӣ ҳангоми дидор ва чизҳои дигар ва моро аз ҳамаи мавориде, ки ин муҳаббатро аз байн мебарад, манъ кардааст, монанди, гумони бад байни мусалмонон, ғайбат ва суханчинӣ... ва гумони бад беҳтарин роҳи гусшариши душманӣ ва буғзу кина ва қатъи робита ва аз ҳампошии хонаводаҳо ва нобудии бародарии исломӣ аст. Пас нисбат ба дигарон гумони хуб дошта бошед.

Илоҷи ин зоҳираи номатлуб.

Тарбияти мардум бар саломатии садр.

Тақвият додани робитаи бародарӣ, байни мусалмонон.

Хутбаи аввал

إن الحمد لله نحمده ونستعينه ونستغفره ونعوذ بالله من شرور أنفسنا وسيئات أعمالنا من يهده الله فهو المهتد ومن يضلل فلا هادى له وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له وأشهد أن محمدا عبده ورسوله .

قال الله تعالى: ( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا 1 ) [النساء: 1]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَقُولُوا قَوْلًا سَدِيدًا70 يُصْلِحْ لَكُمْ أَعْمَالَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ فَازَ فَوْزًا عَظِيمًا 71 ) [الأحزاب:70 - 71] فأن أصدق الحديث كتاب الله وخير الهدى هدى محمد e وشر الأمور محدثاتها وكل محدثة بدعة وكل بدعة ضلالة وكل ضلالة في النار .

Бародарони гиромӣ! Инсон аз ҳамон рӯзе, ки по ба арсаи вуҷуд гузошт, дар пайи шинохти худ буда ва ҳаст ва хоҳад буд ва чун Аллоҳ ин ниёзи инсонро мешинохт, аз ҳамон оғози хилқат, фитрате дар ӯ қарор дод, то ба василаи он ба растагорӣ бирасад, вале ин фитрат ниёз ба парваришу тарбият дошт аз ин рӯ, Аллоҳи мутаъол адёнро барои инсонҳо ба армуғон овард.

Чархаи ҳаёт, ҳамчунон мегузашт ва адён ва Паёмбарони Илоҳӣ (а) яке паси дигаре меомаданд, то кор ба ҷое расид, ки мебоист охирин Паёмбар барои иблоғи охирин ва комилтарин дин, зуҳур мекард ва бояд башарият дар убудият, ба авҷ мерасид.

Расидан ба авҷу камоли убудият ва бандагӣ, ниёз ба қалби поку соф ва содиқ дошт, ки мебоист заминае барои фурӯд омадани имон дар он бошад, вале қалбҳои одамон, он рӯзгор ба далели бутпарастӣ ва гум кардани асли хеш, дӯчори зулмати ҷаҳл ва бединӣ шуда ва инсонҳо дӯчори инҳитот ва сарнагунии шадиде аз ҳайси рӯҳию равонӣ ва ахлоқӣ шуда буданд.

Ногаҳон Аллоҳ миёни ҳамин ақвоми ҷоҳил ва саҳронишин, инсони воломақом ва шоистае баргузид, инсоне, ки баъдан табдил ба бартарин ва шоистатарин махлуқи Аллоҳ гардид, инсоне, ки аз ҳама тараф ба камол расида буд, шахсе, ки барои мо, ҳатто аз падару модар низ дилсӯзтар аз доя нисбат ба навзод, меҳрубонтар ва аз худи инсон ба инсон наздиктар буд ва он кас ҷуз Муҳаммад бин Абдуллоҳ (с) набуд, ки ба Паёмбарӣ баргузида шуд ва Қуръон бар ӯ нозил гардид. Даъват шурӯ шуд, ислоҳу тазкия ва тақвову тарибият ва насиҳату ҳидоят ва нуру ҷавонмардӣ ва садоқату покӣ ва некӣ ва садҳо хислатҳои неки дигар, дубора маъно пайдо карданд, инсон аз инҳитот ва гумроҳӣ, по ба арсаи ҳаёти ҷадид гузошт.

Фитратҳо пайдо шуданд, қалбҳо рӯ ба пок шудан ҳаракат карданд, дилҳо ба ҳамдигар наздиктар шуд ва тақво, ки бузургтарин самараи имон аст, дар қалбҳо реша давонд ва дубора чароғи нуру ҳидоят, шӯълавар гардид, инсон дубора ба чархаи ҳаёти воқеъияш, боз гашт ва ба сайри зиндагӣ идома дод.

Аммо шайтон ҳамеша бо васвасаҳояш дар камини инсон ва дар садади тағйири фитрати инсон ва дар садади коштани тухми куфр ва бединӣ, дар қалбҳо мебошад ва ба ҳамин сабаб муборизаи мустамири инсон бо шайтон аз сар гирифта шуд ва ин кашмакаш ва мубориза то қиёмат идома хоҳад дошт.

Мӯминон гиромӣ! Яке аз муҳимтарин дастовардҳои шайтон ва нафси саркаши инсон, сӯи зан аст. Бадбинӣ ва манфинигарӣ ва сӯи зан, яке аз разоили ахлоқӣ ва сифоти равонии бад мебошад ва бо асари баде, ки рӯи худи шахс ва атрофиёнаш мегузорад, на танҳо аз назари Ислом гуноҳ маҳсуб мешавад, балки зиндагиро дар коми инсон талх ва ғайри қобили таҳаммул мекунад.

Мо дар таъомули мутақобил бо дигарон ҳастем, агар хуб дар бораи онҳо фикр кунем, онҳо низ бо мо хуб хоҳанд буд ва агар дар бораи онон гумони бад кунем, онҳо низ бо мо бад хоҳанд буд.

Аз ҷониби дигар, мо ҳаргиз ҳақ надорем дар бораи Аллоҳи мутаъол бадбин ва манфинигар бошем ва агар ғайр аз он бошад, ҳастӣ дар баробари мо тира мешавад. Афроди бадбин ва манфинигар, ҳатто бо худ низ мушкил доранд ва ба замину замон бад ва беро мегӯянд: «дунё бо инсон муъомалаи мутақобил мекунад, агар бихандед, бар рӯи шумо механдад ва агар чин бар абрӯ андозед, ӯ ҳам дар муқобили шумо, абрӯ дарҳам мекашад. Агар меҳрубон ва самимӣ бошед, дар атрофи худ мардумеро мебинед, ки ҳама шуморо дӯст медоранд ва дари ганҷинаи дилҳоро ба рӯятон боз мекунанд.

Бародарон ва хоҳарони гиромӣ! Сӯи зан инсонро ба таҷассус дар ҳоли дигарон вомедорад, таҷассус сарчашмаи ғайбат, кам кам муҷиб мешавад, ки обрӯи инсоне ба хатар бияфтад. Дар ҳақиқат гумони бад, омилест барои ҷустуҷӯгарӣ ва ҷустуҷӯгарӣ омиле барои кашфи асрор ва розҳои ниҳони мардум аст. Агар иҷоза дода шавад ҳар кас ба ҷустуҷӯгарӣ дар бораи дигарон бархезад, ҳайсият ва обрӯи мардум барбод меравад ва ислом ҳаргиз иҷозаи чунин кореро намедиҳад.

Аллоҳи мутаъол дар ин бора мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اجْتَنِبُوا كَثِيرًا مِنَ الظَّنِّ إِنَّ بَعْضَ الظَّنِّ إِثْمٌ وَلَا تَجَسَّسُوا وَلَا يَغْتَبْ بَعْضُكُمْ بَعْضًا أَيُحِبُّ ) [الحجرات: 12]

«Эй касоне, ки имон овардаед! Аз гумонҳо бисёр бипарҳезед, ки баъзе аз гумонҳо, гуноҳ аст ва ҷосӯсӣ макунед ва баъзе аз шумо ғайбати баъзеро накунед».

Расули гиромии Ислом низ дар ин бора моро бебаҳра нагузошта ва дар суханони бисёр омӯзанда ва тарбиявӣ, моро аз бемориҳои қалбӣ, ки сари маншаъи бисёр аз онҳо, сӯи зан мебошад, боз дошта ва мефармояд:

«إِيَّاكُمْ وَالظَّنَّ ، فَإِنَّ الظَّنَّ أَكْذَبُ الْحَدِيثِ ، وَلَا تَحَسَّسُوا ، وَلَا تَجَسَّسُوا ، وَلَا تَحَاسَدُوا ، وَلَا تَدَابَرُوا ، وَلَا تَبَاغَضُوا ، وَكُونُوا عِبَادَ اللَّهِ إِخْوَانًا» . (رواه البخاری ومسلم).

«Шуморо аз занну гумон (сӯи зан ва бадбинӣ) барҳазар медорам, зеро занну гумон, дурӯғтарин сухан ба шумор меравад ва ҳаргиз дар пайи ёфтани айбҳои дигарон набошед ва таҷассус накунед ва ба якдигар ҳасад наварзед ва ба ҳамдигар, пушт накунед (аз ҳам нороҳат дилгир нашавед) ва бандагии Аллоҳро пеша кунед, дар ҳоле ки бо якдигар бародар (ва меҳрубон), ҳастед».

Бародарони мӯмин! Сӯи зан, бузургтарин монеъи ҳамкориҳои иҷтимоъӣ ва иттиҳод ва ба ҳам пайвастагии дилҳост ва инсонро ба зиндагии фардӣ ва гӯшагирӣ ва инзивову мафосиди ношӣ аз ин сифот, мекашонад. Сӯи зан намегузорад, ки инсон ба дигаре, эътимод кунад ва пояи ҳамкори бо ӯро бирезад ва бо кӯмаки ӯ ба ҳалли мушкилот бишитобад. Бадбинӣ, сарчашмаи адоватҳо ва гоҳе мояи аслии ҷангҳо ва низоъҳои хунин мешавад. Чӣ бисёр хонаводаҳо ба асари бадбинӣ аз ҳам муталошӣ шуда ва чӣ бисёр мардони лоиқ ва бо шахсият, ки бо як гумони бад дар ҳаққи онҳо, таслими марг гардидаанд ва гоҳе гумони бад, оташи ҷангҳои бузургеро равшан сохтааст.

Ҳамчунин сӯи зан, муҳаббат ва дӯстиро хомӯш ва нифоқ ва дурӯиро дар миёни дӯстон парвариш медиҳад, зеро чунин касе дар зоҳир ночораст, худнамои ба дӯстӣ ва рафоқат кунад, дар ҳоле, ки дар ботин чунин нест ва нисбат ба онҳо бадбин мебошад ва ҳамин тарзи рафтор, муҷиби парвариши рӯҳи нифоқ ва дурӯи дар ӯ хоҳад гардид ва ба ҳамин сабаб Расули гиромии Ислом онро «Акзабул ҳадис», номида аст.

Бадбинӣ, сарчашмаи нороҳатии рӯҳ ва азоби ҷисму изтироб ва нигаронии хотир аст. Афроди бадбин, ғолибан нороҳатанд ва бар асоси таваҳҳумоте, ки дар бораи ашхос ва ҳаводис доранд, фавқулъода ранҷ мебаранд.

Онҳо аз муъошират бо афрод, ки яке аз васоили оддӣ ва муассири нишоти рӯҳист, гурезонанд, зеро калимот ё корҳои мардумро, масалан гӯшаҳо ва нешҳое барои худ фарз мекунанд. Аз дарди дил, ки василаи муфиде барое тахфифи аламҳо ва нороҳатиҳост, метарсанд, зеро мумкин аст, муҷиби ифшои асрори онҳо ва мушкилоти дигаре гардад ва ба ҳамин далел, ғолибан афсурда ва бенишоту ғамгин ҳастанд ва тадриҷан ба сурати як мавҷуди муъаттал ва бефоида, дармеоянд.

Афроди бадбин аз сафои рӯҳӣ ғолибан бебаҳраанд, зеро ҳамеша дар дили худ машғул ба ғайбати афроди дигаранд ва ба ҳамин мулоҳаза, баъзе аз уламои ахлоқ, сӯи занро ба унвони «ғайбати бо қалб», номидаанд ва ҳамонгуна, ки қаблан ишора кардем, чӣ басо ин офат худ маншаи бисёре аз бемориҳои қалбии дигар, монанди ғайбат ва ҳасад мегардад.

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم, أقول قولي هذا، وأستغفر الله لي ولكم، فاستغفروه إنه هو الغفور الرحيم.

الحمد لله منزل الكتاب، هدى وذكرى لأولي الألباب، والصلاة والسلام على نبينا محمد المفضل على البشر بجوامع الخطاب، وعلى آله المطهرين والأصحاب.

وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمداً عبده ورسوله شهادة تنجي صاحبها يوم الحساب.

اما بعد:

Мӯминони намозгузор! Тақвои Аллоҳро дар пеш гирифта ва нисбат ба бародарон ва хоҳарони худ, ҳусни ният дошта бошед ва ҳаргиз ба шайтон иҷоза надиҳед, то дилҳои поки шуморо ба дардҳои хонумонсӯз, ҳамчун бадбинӣ (сӯи зан) ва ҳасаду кина ва ғайра, бемор гардонад.

Бародарони азиз! Дини Ислом, дини миёнаравист ва ифрот ва тафрит, ҳаргиз мавриди писанди Ислом нест ва он чӣ дар ин дин бар он таъкид шуда, риъояти эътидол аст, он ҳам дар ҳама заминаҳо.

Усулан дар маънои адл гуфтаанд, ки адл иборат аст аз "وضع الشيء في مكانه», яъне, адл, қарор додани ҳар чиз дар ҷои худ аст, пас ҳар чизе, ки аз ҷои худ ва замони худ ва ҳадди худ, хориҷ шуд, яъне аз ҳудуди адл, убур намудааст.

Дар масъалаи хушбинӣ ё сӯи зан, инсон бояд аз ифроту тафрит бипарҳезад, яъне на он чунон хушбин бошад, ки ба роҳатӣ фиреби дигаронро бихурад ва ё дӯчори шикасту инҳироф гардад ва на он қадар бадбин бошад, ки ба инсонҳои мӯмин, бидуни далели қонеъкунанда, гумони бад дошта бошад, ки ин бадбинӣ муқаддимае барои кина ва душманӣ ва ҳасодат ва ғайра, гардад.

Дӯстони азиз ва гиромӣ! Мумкин аст гуфта шавад, ки гумони хуб ё бад, ё ба истилоҳ, мусбатнигарӣ ва ё манфинигарӣ, амри ихтиёрӣ нест, бинобарин чӣ гуна метавон аз он ҷилавгирӣ кард? дар ҳамин росто тавсиёте аз сӯи уламои ахлоқ баён гардида, ки ба ихтисор иборатанд аз:

Чуноне, ки ишора шуд, манзур аз наҳй аз гумони бад, наҳй аз тиртиби асар додан ба онаст, яъне ҳар гоҳ гумони бад нисбат ба шахси мусалмон дар зеҳн пайдо шуд, дар амал набояд кӯчактарин эътиное ба он кард, яъне равиши таъомули худро тағйир надиҳем, бинобарин он чӣ гуноҳ аст, тартиби асар додан ба гумони бад мебошад.

Инсон метавонад бо тафаккур рӯи масоили мухталиф, гумони бадро дар бисёре маворид аз худ дур созад, ба ин тартиб, ки дар роҳҳои ҳамли қавл ё феъл бар сиҳҳат бияндешад ва эҳтимолоти саҳеҳеро, ки дар маврид он амал вуҷуд дорад, дар зеҳни худ муҷассам созад ва кам кам бар гумони бад ғалаба кунад, бинобарин гумони бад чизе нест, ки ҳамеша аз ихтиёри одамӣ, берун бошад.

Парҳез аз ҳамнишинӣ бо афроди нопок ва носолиму номуътадил, зеро инсон бар асари ҳамнишӣ бо онҳо аз вижагиҳои ахлоқии эшон таъсир мепазирад ва кам кам ба афроди хубе, ки бо ӯ ҳамранг ва ҳамақида нестанд, бадбин мешавад.

Контроли роҳҳои идрокот, чаро ки Қуръони Карим тамоми роҳҳои фаҳми инсонро, масъул дониста ва мефармояд:

( وَلَا تَقْفُ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ إِنَّ السَّمْعَ وَالْبَصَرَ وَالْفُؤَادَ كُلُّ أُولَئِكَ كَانَ عَنْهُ مَسْئُولًا36 ) [الإسراء: 36]

«Ва чизеро, ки бадон илм надорӣ, дунбол макун, зеро гӯшу чашм ва қалб, ҳама мавриди пурсиш воқеъ хоҳанд шуд». Пас қатъан чашму гӯш ва дил ҳама масъуланд, агар канкоше дар иллали пайдоиши сӯи зан дошта бошем, мебинем, ки идрокоти ҳиссӣ ва билахас, диданиҳо ва шуниданиҳои мо дар шакл додани афкор ва тахайюлоти мо саҳми босазое доранд, дар натиҷа яке аз беҳтарин роҳҳои тадбири хостаҳо ва тасаллути бештар бар худ ва пирӯзӣ бар хоҳиши нафсонӣ ва васвоси шайтонӣ, дар мавриди муттаҳам кардани дигарон, маҳори идрокот ва беш аз ҳама маҳори чашму гӯш аст, монанди парҳез аз гӯш додан ба суханони пинҳонии дигарон ва пос додани ҳарими хусумии онҳо.

Таваҷҷӯҳ ба осори бади манфинигарӣ ва бадгумонӣ ва диққат дар оёт ва аҳодисе, ки сӯи занро тақбеҳ карда ва ба ҳусни зан, ташвиқ намудаанд.

Шоёни зикр аст, ки ҳеҷ кас набояд коре кунад, ки мардум ба ӯ гумони бад, пайдо кунанд.

Ва сухани поёнӣ ин, ки аз боризтарин нишонаҳои нобасомонии рӯҳӣ ва равонӣ, сӯи зан ва бадгумонист, ҳамчуноне, ки дар ҳадиси саҳеҳ ба ривояти имом Муслим аз Паёмбар (с) омадааст, ки фармуданд:

«إياكم والظن فإن الظن أکذب الحديث».

"Аз зан ва гумон парҳез кунед, зеро ки зану гумон дурӯғтарин суханонанд".

هذا واللهمَّ صلِّ وسلِّم وبارِك على عبدِك ورسولِك مُحمّد, وارْضَ اللهمَّ عن خلفاء نبيك الرّاشدين الأئمة الهداة المهديين ذوي القدر العلي والفخر الجلي ساداتنا وأئمتنا أبي بكر وعمر وعثمان وعلي وارض اللهم عن السبطين الشهيدين سيدي شباب أهل الجنة وقرتي أعين أهل السنة الإمام أبي محمد الحسن والإمام أبي عبدالله الحسين وعن أمهما فاطمة الزهرا وعن جدتهما خديجة الكبرى وعن الصديقة بنت الصديق عائشة أم المؤمنين وعن سائر أزواج نبيك الطاهرات وعن سائر آل بيت النبي المطهرين من الدنس والأرجاس وعن عمي النبي الكريم حمزة والعباس وعن من تبعهم بإحسان الى يوم الدين.

اللهم أحينا في موالاتهم وموالاة أولياءهم ومعاداة أعدائهم وأمتنا على ملتهم واحشرنا في زمرتهم.

اللهم أعز الإسلام والمسلمين ، وأذل الشرك والمشركين ، ودمر أعداء الدين ، واجعل اللهم هذا البلد آمناً مطمئناً وسائرَ بلاد المسلمين .

اللهم انصر من نصر الدين، اللهم انصر دينك وكتابك وسُنَّة نبيِّك - صلى الله عليه وسلم.

اللهم انصر إخواننا المسلمين في كل مكان يا حي يا قَيُّوم، اللهم انصرهم نصرًا مؤزَّرًا، وأيدهم بتأييدك، واحفظهم بحفظك يا حي يا قيوم يا ذا الجلال والإكرام.

اللهم آمنَّا في أوطاننا، وأصلح أئمتنا، وولاة أمورنا، واجعل ولايتنا فيمن خافك واتقاك، واتبع رضاك يا رب العالمين، اللهم أَبرِم لهذه الأمة أمرَ رشدٍ يَعزُّ فيه أهل طاعتك، ويُذلّ فيه أهل معصيتك، ويُؤمر فيه بالمعروف، ويُنهى فيه عن المنكر؛ إنك على كل شيء قدير.