islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Аҳамияти таваккал


3552
Дарс Тавсифи
Таваккал бар Аллоҳи мутаъол амри бисёр муҳим аст ва дастӯри Аллоҳи мутаъол ба бандагони мӯминаш мебошад, ки ба он дар ҳама ҳолот пойбанд бошанд. Маънои таваккал, эътимоди қалб бар Аллоҳи Азза ва Ҷалла аст, дар ин ки манофеъро бар инсон ҷалб хоҳад кард ва зарарҳоро аз вай дур мекунад ва агар банда воқеъан бар Аллоҳи мутаъол таваккал кунад, Аллоҳи мутаъол барои вай кофист ва ба вай рӯзӣ медиҳад, ҳамон тавре, ки ба парандагону ҳайвонот, рӯзӣ медиҳад.

Баёни ҳақиқати таваккал ва аҳамияти он дар зиндагии фарди мусалмон.

Баёни ин, ки таваккал аз лавозими имон аст.

Баёни ин, ки аз асбоб кор гирифтан, мухолифи таваккал бар Аллоҳ нест.

Пайванд додани қалби фарди мусалмон ба Аллоҳи таъоло ва баёни ин, ки тамоми бандагон, муҳтоҷи Аллоҳи мутаъоланд.

Барҳазар доштан аз фолҳо ба моҳҳо ва рӯзҳо ва одоту тақолиди ҷоҳилона ва дигар умуре, ки мухолифи таваккал бар Аллоҳ бошанд.

Хутбаи аввал

الحمد لله الذي خص المتوكلين من عباده المؤمنين بالرعاية والصلاة والسلام علي خير من دلنا علي طريق الخير والسعادة علي آله وصحبه المتوكلون الأخيار الأبرار ومن تبعهم وانتهج نهجهم حتى قيام الساعة. وبعد:

Бародарони мусалмон! Аллоҳи мутаъол дар каломи маҷидаш мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

«Эй касоне, ки имон овардаед! Чунонки ҳаққи тарсидан аст, аз Аллоҳ битарсед ва намиред магар дар ҳоле, ки мусалмон бошед»

Пас худам ва шуморо ба тақвои Илоҳӣ ва тарси ҳақиқӣ аз Аллоҳи мутаъол супориш мекунам. Бародарони гиромӣ! Ин ҳафта дар бораи таваккал сухан хоҳем гуфт. Таваккал яъне эътимод ва итминони қалбии инсон ба Аллоҳи мутаъол дар ҳама умури хеш ва безорӣ аз ҳар қудрате ғайри ӯ. Ба таъбири дигар, яке аз мазоҳири имон, ки дар зиндагии ҳар мусалмон ҷойгоҳи хосае дорад «асли таваккал» аст.

Аллоҳи якто ва зулҷалол, ва Аллоҳи ягона ва фақат дорои сифоти камол дар китоби азизаш мефармояд:

( وَلِلَّهِ غَيْبُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَإِلَيْهِ يُرْجَعُ الْأَمْرُ كُلُّهُ فَاعْبُدْهُ وَتَوَكَّلْ عَلَيْهِ وَمَا رَبُّكَ بِغَافِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ 123) [هود: 123]

«Ва (огоҳ бошед аз) ғайби осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ аст ва ҳамаи корҳо ба сӯи ӯ боз гардонида мешавад, пас ӯро бипараст ва бар ӯ таваккал кун ва парвардигорат аз он чӣ мекунед (ҳар гиз) ғофил нест».

Пас ҳақиқати таваккал инаст, ки инсон дар тамоми умур худро ба Аллоҳи мутаъолу ягона, биспорад. Ба таъбири имом Фахруддин Розӣ (р): «Таваккал инаст, ки инсон тамоми умури худро ба зоте биспорад, ки молики амр ӯст ва бар суду зиёни ӯ қодир аст».

«تفويض الرجل أمره إلی من يملک أمره ويقدر علی نفعه وضرره.»

Пас маънои таваккал инаст, ки инсон яқин кунад ба ин ки суду зиён ва бахшишу ҳирмон ба дасти мардум нест ва бояд аз онҳо ноумед буд ва агар бандае ба ин мартаба аз маърифат битарсад, ки ҷуз барои Аллоҳ коре анҷом надиҳад ва ҷуз ӯ аз касе умедвор набошад ва ғайр аз ӯ наҳаросад ва ғайр аз Аллоҳ чашми умеду тамаъ ба касе надошта бошад, ин ҳамон "таваккал" аст.

Яке аз маъруфтарин маҷолҳое, ки таваккали инсон ба маҳакки таҷриба гузошта мешавад, маҷоли касби ризқу рӯзӣ аст, чунки ризқу рӯзӣ ва қути лоямут барои ҳар махлӯқи зинда, бузургтарин машғала ва дағдағаи зеҳнии рӯзмара аст. Ин ниёз ва ғаризаи табиъии ҳар инсон аст ва Аллоҳи мутаъол инсонро ба гунае ниёзманди рӯзӣ офарида, ки бидуни обу нон зинда намемонад.

Лизо ҳар рӯзи субҳ тамоми инсонҳои рӯи замин ба навъе дар фикри касби рӯзӣ мебароянд. Кишоварзу тоҷир ва бозорию санъатгар ва корманду коргар ва хулоса ҳар кас ба василае, ки Аллоҳи мутаъол барояш муқаддар ва муяссар намуда, дар пайи касби рӯзӣ берун меравад ва бо таваҷҷӯҳ ба масъулиятҳои иҷтимоъӣ ва таъаҳҳуд дар баробари ҳамсару фарзанд ва ғайра ин эҳсосу ангеза қавитар мешавад ва инсон хурдро маҷбур медонад, ки бояд барои умури маъоши худ ва зердастонаш талош кунад. Инҷост, ки баъзе инсонҳои заъифуннафс ба баҳонаи касби рӯзӣ аз роҳи рост мунҳариф мешавад, ба вижа вақте, ки худро заъифу нотавон мебинад ва эҳсос мекунад, ки ба пуштибон ва ҳамкору мададгор ниёзманд аст, роҳи инҳирофро мепаймояд.

Аммо Ислом, ки дастури зиндагии ҳамаи моро равшану ошкор муъаррифӣ намуда, барои ин, ки аз каҷӣ ва инҳирофи инсон ҷилавгирӣ кунад, роҳи ҳалҳоеро пеши равиш гузошта, ки ҳеҷгоҳ эҳсос накунад, танҳост, дар ҳар марҳала ва сари ҳар печии зиндагӣ ба инсон мӯмин кӯмак мекунад, ки аз суқути ӯ ҷилавгирӣ намояд.

Пас барои наҷот аз суқут ва инҳироф бояд ба дини Аллоҳи мутаъол паноҳ бибарем. Дар ҳадисе, ки халифаи адолатгустари беҳамтои таърихи башарият (пас аз Паёмбарон (а) Амирулмӯминин, Умари Форӯқ (р) мефармояд, аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд:

«لو أنکم تتوکلون علی الله حق توکله لرزقکم کما يرزق الطير تغدوا خماسا وتروح بطانا».

"Агар шумо чунон, ки ҳақ ва шоиста аст, бар Аллоҳ таваккал кунед, ба шумо рӯзӣ хоҳад дод ҳамчуноне, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, ки субҳ гурусна аз лонаи худ берун мераванд ва шомгоҳон бо шиками сер боз мегарданд".

Оре! бародарони мусалмон! Мо бояд дар тамоми умури зиндагӣ ба Аллоҳи мутаъол таваккал кунем, зеро ки ин дастӯри Парвардигори мутаъол аст, ки мефармояд:

( وَتَوَكَّلْ عَلَى الْحَيِّ الَّذِي لَا يَمُوتُ وَسَبِّحْ بِحَمْدِهِ وَكَفَى بِهِ بِذُنُوبِ عِبَادِهِ خَبِيرًا 58) [الفرقان: 58]

«Ва бар зоти зиндае таваккал кун, ки ҳар гиз намемирад ва ба ситоиши ӯ тасбеҳ гӯй ва ҳамин бас, ки ӯ ба гуноҳони бандагонаш огоҳаст».

Пас таваккал ба зоте бояд намуд, ки ҳамеша зиндааст ва ҳаргиз намемирад ва зоте, ки ғолибу меҳрубон аст:

( وَتَوَكَّلْ عَلَى الْعَزِيزِ الرَّحِيمِ 217 ) [الشعراء: 217]

«Бар Аллоҳи пирӯзманди меҳрубон, таваккал кун».

( وَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ وَكَفَى بِاللَّهِ وَكِيلًا 3 ) [الأحزاب: 3]

«Ва бар Аллоҳ таваккал кун ва Аллоҳ (ба унвони) корсоз (ва мудофеъ) басандааст».

Дар боби фазилати таваккал дар саҳеҳайн омадааст, ки Расули Акрам (с) дар бораи ҳафтод ҳазор нафаре, ки бидуни ҳисобу китоб вориди биҳишт мешаванд, фармудааст:

«هُمُ الَّذِينَ لا يَسْتَرْقُونَ، وَلا يَتَطَيَّرُونَ، وَلا يَكْتَوُونَ، وَعَلَى رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ». ( صحيح بخارى:5705).

«Онҳо касоне ҳастанд, ки таъвиз (дам) намебанданд, фол намебинанд, доғ намекунанд ва ба Парвардигорашон, таваккал мекунанд».

Агар инсон бар Аллоҳ таваккал дошта бошад, иродааш қавӣ ва азмаш росих мегардад ва мавонеъ ва музоҳимоти рӯҳӣ дар баробари он хунсо хоҳанд шуд, зеро инсон дар мақоми таваккал ба мусаббибуласбоб, пайванд мехурад ва бо чунин пайванде дигар ҷое барои нигоронӣ ва ташвиши хотир боқӣ намемонад ва бо қотеиъят, бо мавонеъ дасту панҷа нарм мекунад, то ба мақсуд бирасад.

Як нуктаи дигар дар бораи таваккал, баъд аз ғайбӣ ва моваройи онаст. Яъне Аллоҳи мутаъол шахси мутаваккилро бо имдодҳои ғайбӣ мадад мерасонад, ки ин имдодҳо аз ҳавсала ё асбоби оддӣ ва табиъӣ фаротар ва дар радифи мо фавқи моддӣ қарор дорад. Вақте инсон бо эътимод ва итминони қалбӣ ба Аллоҳи мутаъол дар ҳамаи умури хеш, аз қудрате ғайри ӯ безорӣ ҷуста, ки таҳаққуқи ин ҳолат дар инсон мутаваққиф аст, бар имон ва яқин ва қуввати қалб, ба ин маъно, ки ҳеҷ кувват ва қудрате ҷудо аз Аллоҳ таъоло дар кори оламу одам асаргузор намебошад ва ҳамаи илалу асбоб мақҳури қудрати Илоҳианд ва таҳти иродаи ӯ амал мекунанд. Ин худ дар воқеъ мартабае аз маротиби тавҳид мебошад, пас реша ва асоси тавҳид, «таваккал» аст ва ҷуз бо ҳусули тавҳид шакл намегирад.

Пас таваккал, яъне сидқи эътимоди қалб бар Аллоҳи мутаъол дар ҷалби масолеҳ ва дафъи музиррот.

Имом Ибни Қайми Ҷавзӣ (р) мефармояд: таваккал нисфи имон аст ва нисфи дигари он инобат аст».

Саъид бин Ҷубайр (р) мефармояд: «التوکل علی الله، جماع الايمان». Яъне: «Таваккал бар Аллоҳ хулосаи имон аст».

Пас бояд бовар ва яқин дошта бошем, ки бо вуҷуди истифода аз асбоб ва имконоти моддӣ дар ин ҷаҳон, ҷуз ирода ва қудрати Аллоҳи мутаъол ҳеҷ чизи дагаре таъсиргузор нест. Он чӣ, ки дар оташ таъсири сӯзондан ва дар гулула таъсири куштан ва дар боду борон ва тӯфон, таъсири хароб кардан ва дар ғизо таъсири сер карданд мегузорад, фақат зоти мутаъол ва ягонаву яктои Парвардигор аст ва ҷуз ӯ қудрат ва иродаи ӯ, ҳеҷ чизи дигаре, наметавонад, таъсири мустақил дошта бошад.

Ва илло чӣ қадар зиёданд ҳамсароне, ки ҳамон роҳи маъмӯлиро тай мекунанд, аммо фарзандор намешаванд ва чӣ қадар зиёданд бемороне, ки ҳамон дорӯро мехуранд, аммо шифо намеёбанд!

Пас ин имону таваккал аст, ки инсонро ба ин яқину қаноъат мерасонад, ки асбоб фақат нақши асбобро дорад ва на беш аз он ва таъсир дар асбоб фақат кори Аллоҳи мутаъол аст, ки холиқу офаридгор ва муъассир дар асбоб аст.

Бори Илоҳо! Яқину имон ва таваккали комил иноят бифармо!.

بارك الله لي ولكم ولسائر المسلمين ونفعني وإياكم بالآيات والذكر الحكيم والحمد لله رب العالمين.

الحمد لله الذي جعلنا مفتقرين إليه سبحانه فلا نحتاج إلى غيره والصلاة والسلام على من دربنا على التوكل والافتقار إلى الله تعالى وعلى آله وصحبه ومن تبعهم بإحسان إلى يوم الدين. و بعد:

Бародарони имонӣ! Таваккал ин нест, ки инсон аз истифода аз асбоби моддӣ даст бикашад, балки камоли таваккал инаст, ки аз асбоб бо ин яқину бовар кор бигирад, ки ин асбобу имконоти моддӣ, ҳеҷ таъсири мустақиле надорад, он ки дар ин асбоб таъсир қарор медиҳад, зоти гиромии Аллоҳи мутаъол аст, зеро, ки холиқу офаридагори асбоб, зоти гиромии ӯ таъолост. Ин ҳақиқатест, ки Паёмбари маҳбубамон (с) ба Саҳобаи гиромӣ ва соири уммат омӯхтаанд.

Ҳасани Басрӣ (р) мефармояд: «التوکل لا ينافی السعی فی الأسباب».

«Таваккал мунофии талош дар истифода аз асбоб нест».

Ки гар чӣ мурғ таваккал кунад ба донаву об Ба дасти худ зи барои худ ошёна кунад.

Ба таъбири баъзе уламо: «ليكن عملك هنا ونظرك في السماء»

«Бояд корат инҷо ва нигоҳат ба осмон бошад».

Аз Анас бин Молик (р) ривоят аст, ки шахсе арз кард:

«يا رسول الله أعقلها وأتوكل ، أو أطلقها وأتوكل ؟ قال : «اعقلها وتوكل.»

«Оё шутурамро бибандам ва таваккал кунам, ё раҳо кунам ва таваккал намоям? Фармуд: «أعقلها وتوكل». Яъне, бибанд ва таваккал кун. Ривояти Тирмизӣ ва Албонӣ инро хасан гуфтааст.

Шоъир мефармояд:

Гуфт: оре! гар таваккал раҳбараст,

Ин сабаб ҳам суннати Паёмбар аст

Гуфт Паёмбар (с) ба овози баланд,

Бо таваккал зонуйи уштур бибанд.

Рамзи косиби Ҳабибуллоҳ шунав,

Аз таваккал дар сабаб коҳил машав.

Аллоҳи таъоло мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا خُذُوا حِذْرَكُمْ فَانْفِرُوا ثُبَاتٍ أَوِ انْفِرُوا جَمِيعًا 71 ) [النساء: 71]

«Эй мӯминон! боэҳтиёту мувозиб бошед».

Ва ҳамчунин мефармояд:

( وَأَعِدُّوا لَهُمْ مَا اسْتَطَعْتُمْ ) [الأنفال: 60]

«Ва он чӣ аз нерӯ дар тавон доред, барои (муқобила бо) онҳо, омода кунед».

Таваккал ҳамон дарсе буд, ки Саҳобаи бузургвори Расули Аллоҳ (с) амалан омӯхтанд ва татбиқ карданд. Субҳи рӯзи баъд аз ғазваи Уҳуд, ки Саҳоба ба сӯи Ҳамроуласад ҳаракат карданд, то бо ҳамон ҳолати хастагӣ ва кӯфтагии ҷанг ва баъзеҳо захмӣ, муҷаддадан ба дастӯри Аллоҳи мутаъол ба набарди мушрикин бираванд. Шайтон омад ва васваса шурӯъ кард, ки душман зиёд ва қавист ва ғайр, Саҳоба, ки имонашон ҳамчун фулод буд, гуфтанд, танҳо Аллоҳ барои мо кофист:

( الَّذِينَ قَالَ لَهُمُ النَّاسُ إِنَّ النَّاسَ قَدْ جَمَعُوا لَكُمْ فَاخْشَوْهُمْ فَزَادَهُمْ إِيمَانًا وَقَالُوا حَسْبُنَا اللَّهُ وَنِعْمَ الْوَكِيلُ 173 فَانْقَلَبُوا بِنِعْمَةٍ مِنَ اللَّهِ وَفَضْلٍ لَمْ يَمْسَسْهُمْ سُوءٌ وَاتَّبَعُوا رِضْوَانَ اللَّهِ وَاللَّهُ ذُو فَضْلٍ عَظِيمٍ 174 ) [آل عمران:173 - 174]

«Он касоне, ки (баъзе) мардум ба онҳо гуфтанд: мардум ба зидди шумо гирди якдигар фароҳам омаданд, пас аз эшон битарсед, вале (чунин таҳдид) бар имонашон афзуд ва гуфтанд: Аллоҳ моро бас ва ӯ беҳтарин ҳомӣ ва сарпараст аст, пас онон бо неъмати бузург ва фазлу марҳамати Аллоҳ баргаштанд ва ҳол он, ки ҳеҷ гуна осебе ба эшон нарасид ва ризояти Аллоҳро хостанд ва Аллоҳ дорои фазлу карами бисёрест».

Оре! маъно ва муқтазои таваккал ҳамин аст, ки фақат Аллоҳи ягона ва якто барои бандагонаш кофист:

( أَلَيْسَ اللَّهُ بِكَافٍ عَبْدَهُ وَيُخَوِّفُونَكَ بِالَّذِينَ مِنْ دُونِهِ ) [الزمر: 36]

«Оё Аллоҳ барои (ҳифозат ва ҳимоя аз) бандааш кофӣ нест? Онон туро аз касоне ҷуз Аллоҳ метарсонанд».

Дар боби ақида лозим аст, ки ҳар мусалмон бовару яқини комил дошта бошад, ки Аллоҳи мутаъол ва ягона танҳо зотест, ки метавонад дар ин ҷаҳон тасарруф кунад ва лизо ҳар мусалмоне бояд худро ва тамоми умури худро фақат ба ӯ таъоло биспорад ва танҳо аз ӯ кӯмак бихоҳад ва танҳо ба ӯ таваккал кунад ва саъй кунад, ки ба доми ҷаллодон ва душманони дину дунёи мардум наяфтад ва фиреби онро нахӯрад.

Аллоҳи қодиру тавоно мефармояд:

( وَإِنْ يَمْسَسْكَ اللَّهُ بِضُرٍّ فَلَا كَاشِفَ لَهُ إِلَّا هُوَ وَإِنْ يُرِدْكَ بِخَيْرٍ فَلَا رَادَّ لِفَضْلِهِ يُصِيبُ بِهِ مَنْ يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ وَهُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ 107 ) [يونس: 107]

«Ва агаро зиёне ба ту бирасонад, пас ҷуз ӯ ҳеҷ кас натавонад онро бартараф кунад ва агар иродаи хайре барои ту кунад, пас ҳеҷ кас фазли ӯро боз натавонад дошт, ба ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад, мерасонад ва ӯ омӯрзандаи меҳрубон аст».

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صل على محمد وعلى آل محمد كما صليت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد . اللهم بارك على محمد وعلى آل محمد كما باركت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد «. اللهم صل على محمد وأزواجه وذريته كما صليت على آل إبراهيم وبارك على محمد وأزواجه وذريته كما باركت على آل إبراهيم إنك حميد مجيد.

اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المؤمنين والمؤمنات والمسلمين والمسلمات الأحياء منهم والأموات، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار. عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.