islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Имон ба Асмо ва Сифоти Илоҳӣ


4117
Дарс Тавсифи
Имон ба Асмо ва Сифоти Илоҳӣ мояи бузургии дин ва сабаби ворид кардани банда ба биҳишт аст ва Худо бандагонро барои муноҷоти ӯ ба Асмо ва Сифоташ, фаро мехонад, лизо бояд ҳар мусалмон ин Асмо ва Сифотро бидонад ва маъонии онро дарёбад.

Ташвиқ ба имон овардан ба Асмои Аллоҳи мутаъол

Шарҳи маънои баъзе Асмои Аллоҳи мутаъол

Ташвиқу тарғиб барои дуо кардан ба Асмои Аллоҳи мутаъол.

Баёни ин, ки Асмои Аллоҳ тавқифӣ буда, маҷоли истеъмоли ақл дар он вуҷуд надорад.

Хутбаи аввал

الحمد لله الذي جعل التوحيد أغلي ما في الأرض والسموات وأعز أهله بالجنة ورفع الدرجات وجعلنا من أهل التوحيد وعلي سفينة النجاة والصلاة والسلام علي أفضل الخلق صاحب الكمالات وعلى آله وصحبه ومن تبعهم بإحسان ذوي الفضل والتقوا والدعوة والجهاد والبطولات.. وبعد:

Бародарони мусалмон! Аллоҳи мутаъол дар каломи маҷидаш мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

«Эй касоне, ки имон овардед! Чунон чӣ шоистааст, аз Аллоҳ битарсед ва дар ҳолате бимиред, ки мусалмон бошед».

Пас худам ва шуморо ба тақвои Илоҳӣ ва тарси ҳақиқӣ аз Аллоҳи мутаъол супориш мекунам. Аллоҳи мутаъол ва зулҷалол мефармояд:

( وَلِلَّهِ الْأَسْمَاءُ الْحُسْنَى فَادْعُوهُ بِهَا وَذَرُوا الَّذِينَ يُلْحِدُونَ فِي أَسْمَائِهِ سَيُجْزَوْنَ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ 180 ) [الأعراف: 180]

«Азони Худованд аст некӯтарин номҳо, пас ба он (номҳо) ӯро бихонед ва касонеро, ки дар номҳои Худо таҳриф (ва каҷравӣ) меварзанд, раҳо кунед ва ба зудӣ онҳо ба ҷазои аъмоли худ хоҳанд расид».

Парвардигореро сипосу ситоиш мекунем, ки моро ба роҳи рост ҳидоят фармуд ва дилҳои моро бо шинохт ва имон ба худ ҳаёт бахшид ва ниҳони моро бо нури ҳидояти Қуръон мунаввар фармуд. Аз тавҳид сухан мегӯем, аз якто ва ягонагии Аллоҳи мутаъол, ин маъбуд ва молики дилҳо, ин зоти мутассиф ба беҳтарин сифатҳои камол ва мубарро аз ҳар нақсу завол, маъбуде, ки Асмои Ҳусно ва Сифоти улёи ӯ таъоло беназир ва бешумор аст.

Аҳамияти илм ба Асмо ва Сифоти Аллоҳ дар ин аст, ки шинохти онҳо яке аз ду рукни тавҳид ба шумор ояд, тавҳиде, ки паёми асосии ҳамаи Паёмбарони Илоҳӣ буда аст.

Тавҳид бар асоси яке аз тақсимоти уламои Аҳли суннат бар ду навъ аст: яке тавҳид дар илму эътиқод ва дигаре тавҳид дар нияту ирода. Навъи аввалро «Тавҳиди илмӣ» ва дигареро «Тавҳиди иродӣ» меноманд, чунки навъи аввал марбут ба шинохт ва маърифат ва дуввумӣ марбут ба ирода аст. Меҳвари навъи аввал мабнӣ бар исботи сифоти камоли Аллоҳи зулҷалол ва наҳйи ҳар гуна ташобуҳ ва мисол (нисбат ба соири махлуқот) ва радди ҳар гуна айбу нақс аз Аллоҳи мутаъол аст .

Ҳар гоҳ инсон хоҳад маъбуди худро бишносад, беҳтарин роҳ барои фаҳму шинохти Аллоҳ нусусе аст, ки Асмо ва Сифоту Афъоли зоти гиромии он зоти қудсиро сароҳатан баён медоранд.

Аллоҳи мутаъол ва зулҷалол дар азимтарин ояти Қуръон худро чунин муъаррифӣ менамояд:

) اللَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ الْحَيُّ الْقَيُّومُ لَا تَأْخُذُهُ سِنَةٌ وَلَا نَوْمٌ لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ مَنْ ذَا الَّذِي يَشْفَعُ عِنْدَهُ إِلَّا بِإِذْنِهِ يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ وَلَا يُحِيطُونَ بِشَيْءٍ مِنْ عِلْمِهِ إِلَّا بِمَا شَاءَ وَسِعَ كُرْسِيُّهُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَلَا يَئُودُهُ حِفْظُهُمَا وَهُوَ الْعَلِيُّ الْعَظِي255 ) [البقرة: 255]

Маъбуде ба ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад ва ӯ зиндаву пойдор (ва ҷаҳони ҳастиро нигаҳдор аст, ӯро на хоби сабук фаро мегирад на хоби вазнин, (ва ҳамвора бедораст ва сустӣ ва рахват ба ӯ роҳ надорад). Аз они ӯст, он чӣ дар осмонҳову замин аст (ва дар мулки коинот ӯро анбозе нест). Кист он, ки дар пешгоҳи ӯ шафоъат кунад, магар ба иҷозати ӯ? Медонад он чиро дар пеши рӯи мардум аст ва он чиро, ки дар пушти сари ононаст (ва муталлеъи гузашта ва ҳоли оянда ва огоҳ бар буду набуди ҷаҳон аст ва аслан ҳамаи замонҳо ва маконҳо дар пешгоҳи илми ӯ яксон аст). Мардум чизе аз илми ӯ ба даст намеоранд, ҷуз он миқдоре, ки вай бихоҳад. (илму дониши маҳдуди дигарон, партаве аз илми бепоён ва бекарони аст). Фармондиҳӣ ва фармонравойи Ӯ осмонҳо ва заминро дарбар гирифтааст ва нигаҳдории он ду (барои ӯ гарон нест ва) вайро дар монда намесозад ва ӯ баландмартаба ва бузург аст).

Нусуси ворида дар ин робита фаровон аст, балки тамоми Қуръон аз зоти гиромии Аллоҳ ва Асмо ва Сифоти камоли Ӯ таъоло сухан мегӯяд.

Қуръони Карим ҳадафи тамоми рисолатҳои осмониро дар як оят баён мекунад:

( وَمَا أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ مِنْ رَسُولٍ إِلَّا نُوحِي إِلَيْهِ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنَا فَاعْبُدُون 25 ) [الأنبياء: 25]

«Мо пеш аз ту ҳеҷ Паёмбаре нафирстодем, магар ин, ки ба ӯ ваҳй кардем, ки маъбуде ҷуз ман нест, пас фақат маро парастиш кунед».

Ва хулосаи он чиро, ки ба Паёмбари гиромии Ислом ваҳй фармуда, ин гуна мефармояд:

( قُلْ إِنَّمَا يُوحَى إِلَيَّ أَنَّمَا إِلَهُكُمْ إِلَهٌ وَاحِدٌ فَهَلْ أَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 108 ) [الأنبياء: 108]

«Бигӯ! (асли даъвати ман инаст), ба ман ваҳй мешавад, ки маъбуди шумо, яке беш нест (ва бақияи чизҳои дигаре, ки ба ман ваҳй мегардад, тобеъи ҳамин асл, асоси тавҳид аст). Ҳоло, ки чунин аст, оё шумо таслим (Аллоҳи ягона) мегардед (ва бутҳои сангӣ ва маъбудҳои тоғӯтеро канор мегузоред?)».

Пас эй мӯминон ва дӯстдорони Аллоҳи ягона ва якто! Аллоҳи маҳбубамон, ки ягона маъбуди ҳастист, дар ояти каримае, ки дар оғози хутба тиловат шуд, мефармояд:

( وَلِلَّهِ الْأَسْمَاءُ الْحُسْنَى فَادْعُوهُ بِهَا وَذَرُوا الَّذِينَ يُلْحِدُونَ فِي أَسْمَائِهِ سَيُجْزَوْنَ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ 180 ) [الأعراف: 180] «Аз они Худованд аст некӯтарин номҳо, пас ба он (номҳо) ӯро бихонед ва касонеро, ки дар номҳои Худо таҳриф (ва каҷравӣ) меварзанд, раҳо кунед ва ба зудӣ онҳо ба ҷазои аъмоли худ хоҳанд расид».

Ин ояти карима се нуктаи муҳимро, барои мо ошкор месозад:

Исботи он чӣ, ки Аллоҳ аз Асмои муборакаш ба исбот расонида ва тамоми сифоте, ки бар он далолат менамояд.

Натиҷаи ин шинохт, фарохондани Аллоҳ бо номҳои неки худаш мебошад.

Шинохти хатти инҳирофие, ки дар таҳрифи Асмои Аллоҳ эҷод шуда ва сипас дурӣ аз он ва аҳли он.

Уламои Аҳли суннат роҷеъ ба ин мавзӯъ ва абъоди он мефармоянд:

“Асл дар боби Сифот инаст, ки Аллоҳи мутаъолро бо он чӣ, ки Худованд, зоти муқаддас ва гиромиашро бадон тавсиф намуда ва ё Паёмбари азиз ва мукаррамаш (с) Аллоҳи мутаъолро бадон тавсиф карда, тавсиф намоем ва он чиро, ки Аллоҳ барои худ собит карда, барои вай исбот намуда ва он чиро, ки аз худ нафй намуда, нафй намоем. Ва албатта бидуни ҳеҷ тавсиф ва ташбеҳе ва бидуни ҳеҷ таҳрифу табдиле”.

Аллоҳи мутаъол касонеро, ки дар Асмо ва оёти Илоҳӣ таҳриф эҷод мекунанд, мавриди накӯҳиш ва мазаммат қарор дода ва чунин мефамояд:

( إِنَّ الَّذِينَ يُلْحِدُونَ فِي آَيَاتِنَا لَا يَخْفَوْنَ عَلَيْنَا ) [فصلت: 40]

«Касоне, ки оёти моро мавриди таън қарор медиҳанд ва ба таҳрифи (ҳақоиқ ва маъонии) он даст мезананд, бар мо пӯшида нахоҳанд буд» .

Аз ин рӯ бояд гуфт, касоне, ки Асмо ва Сифот ва Афъоли Аллоҳро инкор мекунанд, дар воқеъ дари шинохт ва маърифати Аллоҳро барои худ ва дигарон мебанданд! Агар мавҷуде аз лиҳози Асмо ва Сифоту Афъол маҷҳул бошад, ақида доштан ба ӯ ба як назарияи муҷарраде табдил хоҳад шуд, ки ҳеҷ сӯде надорад.

Ба таъбири баъзе уламо, бидуни шинохти Асмо ва Сифоти субутӣ ва салбии зоти Аллоҳи мутаъол, шинохти ҳақиқии он маъбуди зулҷалол, номумкин аст.

Бародарони гиромӣ ва дӯстони тавҳид ва яктопарастӣ! Аллоҳи мутаъол гоҳе бо сифоти Улуҳият худро ба инсон мешиносонад ва гоҳе бо сифоти Рубубият. Сифоти Улуҳият боиси эҷоди муҳаббати хосе нисбат ба Аллоҳи мутаъол ва шуру шавқ ҷиҳати мулоқоти вай мешавад. Оромиши рӯҳӣ ва равонӣ ба хотири тамос ва иртибот бо вай аст ва рақобат барои қурб ва наздикии ба ӯ таъоло ва сухан гуфтан бо вай аз тариқи зикр ва дурӣ аз мардум мебошад, то он ҷое, ки Аллоҳ тамоми ҳамму ғами вай хоҳад шуд.

Ошкораст, ки сифоти Рубубият дар сифоти Улуҳият ва сифоти Улуҳият дар сифоти Рубубият вуҷуд дорад, ҳамон тавре, ки ҳамду сипоси Аллоҳ дар мулкаш, қудрати вай дар афваш, ҳикмати вай дар қазо ва қадараш, неъмати ӯ дар бало ва мусибаташ, лутфу эҳсон ва раҳмати вай дар подшоҳиаш, адолати ӯ ва интиқомаш ва караму бахшиши вай дар мағфират ва сатри розҳои инсон, вуҷуд дорад.

Агар дар Қуръони Карим диққату таъаммул кунем, хоҳем дид, ки подшоҳи қудратманд мофавқи осмонҳост, ки умури инсонҳо ва ҳастиро идора мекунад, амру наҳй мекунад, Паёмбаронро ба сӯи башарият равона менамояд, китобҳое нозил мекунад, бархе бандагонашро мавриди ризоят ва бархи дигареро мавриди хашм, баъзеро машмули савоб ва баъзеҳоро машмули иқоб қарор медиҳад. Ӯ таъоло мавсуф ба тамоми сифоти камол ва аз ҳар айбу нуқсоне мубарро аст, ҳеҷ заррае бидуни иҷозати вай ҳаракат намекунад. Ҳеҷ барги дарахте бидуни илми вай такон намехурад .

Сарварони гиромӣ ва шигифтагони муҳаббати Аллоҳи зулҷалол! Муҳимтарин ва бузургтарин оёти Илоҳӣ, оётест, ки аз Асмо ва Сифоти Аллоҳ сухан мегӯяд, ки ҳар кас ба онҳо имон биёварад ва маънои онро дарк кунад ва ба муқтазои он амал намояд, имонашон чанд баробар хоҳад шуд.

Дар ҳақиқат, илм ба сифоти Аллоҳ ва дарки маънои он ва амал ба муҳтаво ва фарохондани Аллоҳи мутаъол ба онҳо дар қалби инсони мӯмин, таъзиму тақдис ва муҳаббату умед ба зоти гиромии ӯ ва тарсу тақвои ҳақиқӣ аз ӯ Таъоло ва таваккали мутлақ ба қудрат ва иқтидори он маъбуди гиромӣ ва яқини комил ба бозгашт ба сӯи ӯ Таъоло эҷод мекунад. Ин ҷост, ки ҳеҷ кас дар дили онҳо дорои чунин маконат ва азаммате нахоҳад буд ва бо ин равиш аст, ки қалби инсони мӯмин ба Аллоҳи мутаъол ва муҳаббати воқеъии зоти гиромии ӯ Таъоло вобаста шуда ва хориҷ аз даъво ва худнамойи дар вуҷуди инсон, тавҳид қалбе эҷод мекунад ва убудият ва бандагии Аллоҳи мутаъолро таҳқиқ мебахшад ва ин ҷост, ки дилҳо дар баробари ҷалол ва азаммати маъбуди ҳақиқӣ, таслим мешаванд ва тамоми вуҷуд ва якояки андомҳои бадани инсон дар баробари қудрати бори Таъоло, сари таъзим фурӯд меоранд.

Пас бояд имонро мустаҳкам намуд ва Асмои гиромӣ ва Сифоти камоли ӯ таъолоро шинохт, то битавонад аз лаззат ва ҳаловату ширинии имон бархурдор гардад.

Имом Бухорӣ (р) дар саҳеҳи худ аз Саҳобии ҷалилул-қадр, ҳазрати Абӯҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбари мукаррам (с) фармуданд:

«إن لله تسعة وتسعين اسماً، مئتاً إلا واحداً، من أحصاها دخل الجنة».

«Аллоҳ дорои наваду нӯҳ ном аст, ки ҳар кас онро ҳифз намояд дохили ҷаннат хоҳад шуд».

Уламо мефармоянд: маротиби ҳифзи номҳои Аллоҳ бар се қисм аст:

Ҳифзи алфоз ва шумориши онҳо.

Фаҳми маънои онҳо.

Дуо кардан ва фаро хондани Аллоҳи мутаъол бо онҳо, ҳамон гуна, ки фармуданд:

( وَلِلَّهِ الْأَسْمَاءُ الْحُسْنَى فَادْعُوهُ بِهَا ) [الأعراف: 180]

«Аллоҳ дорои зеботарин номҳост (ки беҳтарин маъноҳо ва комилтарин сифоти камоли ӯ таъоло далолат менамоянд), пас Аллоҳро бо он номҳо фаро бихонед» .

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم ونفعنا بهدي سيد المرسلين وقوله القويم أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلين والحمد لله رب العالمين.

الحمد لله حمدا كثيرا طيبا مباركا فيه، كما يحب ربنا ويرضى، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمدا عبده ورسوله، وعلى آله وصحبه ومن تبعهم بإحسان إلى يوم الدين.

Эй аҳли имон ва тавҳид! Бидонед, ки Асмо ва Сифоти Аллоҳи мутаъол, ки фаровон ва бо азаммат аст, далолаткунанда бар қудрат ва азаммати Аллоҳ аст.

Асмо ва Сифоту Афъоли Аллоҳи мутаъол, инсонро нисбат ба азаммат ва камоли ӯ ҳидоят менамоянд, лизо ин беҳтарин роҳест, ки инсон метавонад онро барои ҳаракат ба сӯи таъзиму тамҷид ва фарохондани Аллоҳи мутаъол пеш гирад.

Аллоҳи мутаъол ба мо дастӯр дода, ки ӯро бо номҳои зебояш дуо ва фаро хонем:

( وَلِلَّهِ الْأَسْمَاءُ الْحُسْنَى فَادْعُوهُ بِهَا ) [الأعراف: 180]

«Номҳои накӯ фақат махсуси Аллоҳ аст, пас ӯро бо ин номҳои нек бихонед».

Дуо дар луғат ба маънои дархост аст, яъне Аллоҳи мутаъолро бо номҳояш фаро бихонед . Фарохондан ва дуо кардани Аллоҳ бо номҳои зебояш, ҳамон гуна, ки Аллома Ибни Қайим (р) мефармояд, дорои ду мартаба аст :

Якум: Фарохондани Аллоҳи мутаъол ҷиҳати шукр ва сипос, ё ибодати вай, зеро Аллоҳи мутаъол ба мо дастӯр дода, ки ӯро тақдис ва сипосу ситоиш намоем:

. ( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اذْكُرُوا اللَّهَ ذِكْرًا كَثِيرًا 41 وَسَبِّحُوهُ بُكْرَةً وَأَصِيلًا 42 ) [الأحزاب:41 - 42]

«Эй мӯминон! Аллоҳро бисёр ёд кунед ва ҳар субҳу шом покии ӯро баён кунед».

Дар саҳеҳи Бухорӣ аз Абдуллоҳ бин Масъуд (р) ривоят шуда, ки Паёмбари Худо (с) фармуд:

«ما من أحد أحب إليه المدح من الله» .

«Ҳеҷ касе нест, ки мадҳу ситоишро аз Аллоҳи мутаъол бештар дӯст дошта бошад».

Аллоҳи мутаъол ваъда дода, касоне, ки ӯро ёд мекунанд, онҳоро ёд менамояд:

( فَاذْكُرُونِي أَذْكُرْكُمْ وَاشْكُرُوا لِي وَلَا تَكْفُرُونِ 152 ) [البقرة: 152]

«Пас маро ёд кунед, то ман шуморо ёд кунам ва шукру сипоси маро ба ҷо оваред ва носипосӣ макунед».

Аллоҳи мутаъол ба мо хабар дода, ки зикри Аллоҳ дилҳоро ором мегардонад:

( أَلَا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ 28 ) [الرعد: 28] «Огоҳ бош! Дилҳо бо ёди Аллоҳ ором мегиранд».

Дуввум: Фарохондани Аллоҳи мутаъол барои дархости ҳоҷате. Аллоҳи мутаъол ба мо дастӯр дода, ки ӯро фаро бихонем ва ҳоҷоти худро бо ӯ дар миён гузорем ва ӯ таъоло ваъдаи истиҷобати онро додааст:

( وَقَالَ رَبُّكُمُ ادْعُونِي أَسْتَجِبْ لَكُمْ) [غافر: 60]

«Парвардигори шумо мегӯяд: Маро ба фарёд хонед, то бипазирам ва иҷобат кунам».

Фарохондани Аллоҳи мутаъол ва дархости масоил аз ӯ ба ҷуз аз роҳи Асмо ва Сифоти волои Илоҳӣ ҷоиз нест. Уламои динӣ ба мо гӯшзад кардаанд, ки лозим аст касе, ки дуо мекунад, барои ҳар дуое номи хоси муносиби дуои мавриди назаро интихоб кунад ва Аллоҳро бо он фаро бихонад.

Асмо, ё номҳои гиромии Аллоҳи мутаъол комилан тавқифӣ буда ва маҷоле барои баҳси ақлӣ дар он нест, бинобарин воҷиб аст, бар он чӣ Китобу Суннат гуфтаанд, иктифо кунем ва чизе ба он наяфзоем ва аз он кам накунем, чун ақли ноқиси инсон тавонои дарки Асмои гиромии Аллоҳи зулҷалолро ба наҳве, ки шоистаи он зоти гиромӣ бошад, надорад, бинобарин таваққуф бар насс воҷиб аст. Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَلَا تَقْفُ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ إِنَّ السَّمْعَ وَالْبَصَرَ وَالْفُؤَادَ كُلُّ أُولَئِكَ كَانَ عَنْهُ مَسْئُولًا36 ) [الإسراء: 36]

«Ба дунболи чизе нарав, ки бадон илм ва огоҳӣ надорӣ, бегумон гӯшу чашм ва қалб ҳамаи онон, мавриди бозхост қарор хоҳанд гирифт».

Бинобарин қарор додани номе барои Аллоҳи мутаъол, ки Парвардигор онро муқаррар нафармуда, ё инкори номе, ки онро муқаррар фармуда бошад, гуноҳи бузурге дар ҳаққи Парвардигори мутаъол аст. Пас бар мо воҷиб аст, ки адабро пеша кунем ва ба он чӣ, ки нас барои мо овардааст, иктифо намоем.

Бародарони мусалмон ва муштоқони муҳаббат ва дӯстии Аллоҳи мутаъол!, маъбуди меҳрубонамон мефармояд:

( وَقَالَ رَبُّكُمُ ادْعُونِي أَسْتَجِبْ لَكُمْ إِنَّ الَّذِينَ يَسْتَكْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِي سَيَدْخُلُونَ جَهَنَّمَ دَاخِرِين 60 )َ [غافر: 60]

«Парвардигори шумо фармуд: маро бихонед, то (дуои) шуморо иҷобат кунам, ҳамоно касоне, ки аз ибодати ман саркашӣ мекунанд, ба зӯдӣ бо хорӣ ба ҷаҳаннам ворид мешаванд».

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صل على محمد وعلى آل محمد كما صليت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد . اللهم بارك على محمد وعلى آل محمد كما باركت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد «.

اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المؤمنين والمؤمنات والمسلمين والمسلمات الأحياء منهم والأموات، برحمتك يا أرحم الراحمين، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار. عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون».