islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Муҳаббати Аллоҳи мутаъол


4452
Дарс Тавсифи
Муҳаббати Аллоҳи мутаъол ва Паёмбараш (с) аз унсури имон аст ва ончунон, ки Паёмбар (с) фармуда, фард мусалмон ва мӯмин намебошад, магар ин ки муҳаббаташ нисбат ба Аллоҳи мутаъол ва Расулаш бар муҳаббати молу фарзанд ва хонавода ва ҳамаи мардум, бартарӣ дошта бошад ва итоъат аз Аллоҳи мутаъол ва Паёмбараш ва иҷобати авомири онҳо ба андозаи муҳаббати онон аст.

Баёни вуҷуби муҳаббати Аллоҳ ва Расули ӯ ва тақдими муҳаббати онҳо бар ҳар чиз.

Мустаҳкам намудани муҳаббати Аллоҳ ва Расули ӯ, дар дилҳо.

Зикри асбобе, ки муҳаббати Аллоҳ ва Расулашро, ҷалб мекунад.

Барҳазар доштани тақдими муҳаббати аҳл ва молу фарзанд, бар муҳаббати онҳо.

Хутбаи аввал

الحمد لله الذي عمر قلوب أولیاءه بمحبته وطاعته والصلاة والسلام علي أفضل من علمنا الحب الصادق ومودته وعلي آله وصحبه ومن تبعهم بإحسان الي يوم لقاءه بقدرته. وبعد:

Бародарони мусалмон! Аллоҳи мутаъол дар каломи маҷидаш мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

«Эй касоне, ки имон овардаед! Чунон ки ҳаққи тарсидан аст, аз Аллоҳ битарсед ва намиред, магар дар ҳоле, ки мусалмон бошед».

Пас худам ва шуморо ба тақвои Илоҳӣ ва тарси ҳақиқӣ аз Аллоҳи мутаъол, даъват мекунам.

Бародарони мусалмон! дӯстон ва муҳиббони Аллоҳи мутаъол! мавзӯъи ин ҳафтаи мо, муҳаббат ва дӯстии Аллоҳи мутаъол аст. Аллоҳи мутаъол ва маъбуди Зулҷалол ва дӯстдоштаниамон, дар каломи муқаддасаш, Қуръони Карим мефармояд:

( قُلْ إِنْ كَانَ آَبَاؤُكُمْ وَأَبْنَاؤُكُمْ وَإِخْوَانُكُمْ وَأَزْوَاجُكُمْ وَعَشِيرَتُكُمْ وَأَمْوَالٌ اقْتَرَفْتُمُوهَا وَتِجَارَةٌ تَخْشَوْنَ كَسَادَهَا وَمَسَاكِنُ تَرْضَوْنَهَا أَحَبَّ إِلَيْكُمْ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ وَجِهَادٍ فِي سَبِيلِهِ فَتَرَبَّصُوا حَتَّى يَأْتِيَ اللَّهُ بِأَمْرِهِ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ 24 ) [التوبة: 24]

«Бигӯ: агар падарон ва писарону бародарон ва занону хонадони шумо ва амволе, ки гирд овардаед ва тиҷорате, ки аз касодаш бим доред ва сароеро хуш медоред, назди шумо аз Аллоҳ ва Расулаш ва ҷиҳод дар роҳи вай, дӯстдоштанитар бошад, пас мунтазир бошед, то Аллоҳ фармонашро (ба иҷро) дароварад ва Аллоҳ гурӯҳи фосиқонро ҳидоят намекунад».

Пас сухан аз муҳаббати Аллоҳ ва Расули ӯ, сухан аз як воҷиби айнӣ ва аз лавозим ва заруриёти имон аст, ки ҳар мусалмон барои таҳқиқи ин муҳаббати воқеъӣ ва ҳақиқӣ бикӯшад, то онро дар қалби худ эҷод намояд, ки дар ғайри он сурат, имон як даъвои пуч ва беасос аст».

Аз ҳазрати Анас (р) ривоят шуда, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд:

«لا يؤمن أحدكم حتى أكون أحب إليه من ولده ووالده والناس أجمعين».

"Ҳаргиз аз шумо касе мусалмони комил намешавад, магар ин ки ман дар назди ӯ аз фарзанду падар ва тамоми мардум, маҳбубтар набошам". (бар ривояти Бухорӣ)

Пас, аломати имон ва нишонаи дӯстӣ ва муҳаббати Аллоҳи мутаъол инаст, ки инсони мӯмин итоъати Аллоҳи мутаъолро бар ҳар чизи дигар, муқаддам бидорад, ҳатто бар муҳаббати дӯстон ва фарзандону азизони худаш.

Агар касе воқеъан чунин буд, бидонад, ки ҳақиқатан мӯмин аст, аммо агар дар ҳангоми ибтило ва озмоиш, итоъати Аллоҳи мутаъолро (ба Худо паноҳ мебарам), зери по мегузорад, пас бидонад, ки ниёз ба тақвияти имон дорад ва бояд он қадар муҷоҳада ва талош кунад, то ин ки битавонад хосту муҳаббат ва дӯстию итоъати Аллоҳи мутаъолро бар ҳар чизе, муқаддам кунад. Аллоҳи мутаъол барои ҳамаи мо тавфиқ иноят бифармояд.

Дар ҳадиси саҳеҳе, ки Анас (р) ривоят карда, Паёмбари гиромӣ (с) мефармоянд:

«ثَلاثٌ مَنْ كُنَّ فِيهِ وَجَدَ حَلاوَةَ الإِيمَانِ: أَنْ يَكُونَ اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَحَبَّ إِلَيْهِ مِمَّا سِوَاهُمَا، وَأَنْ يُحِبَّ الْمَرْءَ لا يُحِبُّهُ إِلا لِلَّهِ، وَأَنْ يَكْرَهَ أَنْ يَعُودَ فِي الْكُفْرِ كَمَا يَكْرَهُ أَنْ يُقْذَفَ فِي النَّارِ». روايت بخارى:16

«Касе, ки ин се хислатро дошта бошад, ширинии имонро мечашад: яке ин ки Аллоҳ ва Расулашро аз ҳама бештар дӯст дошта бошад, дуввум ин, ки муҳаббаташ бо ҳар кас ба хотири хушнӯдии Аллоҳ бошад, саввум ин, ки баргаштан ба сӯи куфр барояш монанди рафтан дар оташ ногувор бошад». (ривояти Бухорӣ 16)

Он чӣ дар ин ҳадиси набавӣ матраҳ шуда, инаст, ки се чиз сабаб мешавад, ки инсони мӯмин, ҳаловат ва ширинии имонро бичашад, аввалин ва муҳимтаринаш, муҳаббати Аллоҳи мутаъол ва ягона ва муҳаббати Расули гиромӣ (с) аст.

Бинобарин яке аз боризтарин аломот ва нишонаҳои муҳаббати Аллоҳи мутаъол, итоъат ва пайравӣ аз Расули гиромӣ (с) аст, чунон, ки Аллоҳи Азза ва Ҷалла дар каломи азизаш мефармояд:

( قُلْ إِنْ كُنْتُمْ تُحِبُّونَ اللَّهَ فَاتَّبِعُونِي يُحْبِبْكُمُ اللَّهُ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ 31 ) [آل عمران: 31]

«Бигӯ: агар Аллоҳро дӯст медоред, пас аз ман пайравӣ кунед, то Аллоҳ шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро бароятон биомӯрзад ва Аллоҳ омӯрзандаи меҳрубон».

Аз аломот ва дӯстӣ ва муҳаббати Расули Акрам (с), илова бар итоъат ва пайравӣ, дӯст доштани суннатҳои он Паёмбар (с) ва ҳамчунин дуруду салом бар эшон аст.

Ва ҳамчунин аз аломот ва нишонаҳои дӯстӣ ва муҳаббати Расули гиромӣ (с) нусрат додан ва ёрӣ намудани дини Аллоҳи мутаъол ва шариъати он Паёмбари гиромӣ аст, нусрат ва ёрӣ дар гуфтору кирдор ва даъвату дифоъ ба ҳар василаи машрӯъи дигар ва ҳамчунин аз аломоти дигари он шавқу алоқаи садиқона ва фавқ ба мулоқоти он сарвари маҳбуб (с) аст.

Аммо асбоб ва васоиле, ки муҳаббати Аллоҳ ва Расул (с)ро ҷалб мекунад, имони содиқона ба Аллоҳи мутаъол, анҷоми аъмоли нек ва машрӯъ, мутобиқ бо суннати Расули Акрам (с) ва сабру эҳсон ва покӣ ва ғайра аст, чунон, ки Аллоҳи мутаъол дар оёти фаровоне дар ин бора сухан гуфтааст.

( وَاللَّهُ يُحِبُّ الْمُحْسِنِينَ 148 ) [آل عمران: 148]

«Ва Аллоҳ некукоронро дӯст медорад».

( إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ التَّوَّابِينَ وَيُحِبُّ الْمُتَطَهِّرِينَ 222 ) [البقرة: 222]

«Бешак Аллоҳ тавбакунандагонро дӯст медорад».

( إِنَّ الَّذِينَ آَمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ سَيَجْعَلُ لَهُمُ الرَّحْمَنُ وُدًّا 96 ) [مريم: 96]

«Бегумон касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд (Аллоҳи) Раҳмон барои онҳо муҳаббате (дар дилҳо) қарор медиҳад».

Тамом инҳо аъмолест, ки муҳаббати Аллоҳи зулҷалол ва муҳаббати Расули гиромӣ (с)ро ҷалб мекунад ва онро дар дили инсон мӯмин менишонад.

Яке аз боризтарин аломот ва нишонаҳои муҳаббат ва дӯстии содиқонаи Аллоҳ, дурӣ аз гуноҳ аст, ки шахси муҳиб ва дӯстдори Аллоҳ ва Расул бояд аз гуноҳ ва ҳар он чӣ ки дар назди Аллоҳи мутаъол накӯҳида ва мазмум аст, фосила бигирад, зеро иртикоби гуноҳ, инсонро аз маҳбуб дур мекунад, балки бо тамоми қотеъият метавон гуфт, дӯстии Аллоҳ бо иртикоби гуноҳ ва маъсият, қобили ҷамъ намебошад.

Олими зоҳид ва муҷоҳид, Абдуллоҳ бин Муборак (р) мефармояд:

تعصي الإله وأنت تظهر حـُبَّهُ، هذا محالٌ في القياس بديـعٌ

لو كانَ حبك صادقاً لأطعتـه، إن المحبَّ لمن يحبُّ مُطيـعٌ

«Аллоҳро нофармонӣ мекунӣ, дар ҳоле, ки изҳори муҳаббат ба ӯ менамои, ин маҳол аст ва дар корҳо чизи шигифтангезе аст, агар муҳаббати ту содиқона буд, аз ӯ итоъат мекардӣ, чаро ки дӯстдор нисбат ба касе, ки дӯсташ медорад, мутеъ ва фармонбардор аст».

Пас муҳаббати содиқона, итоъат ва табаъият ба дунбол дорад ва дӯстии содиқона ва муҳаббати воқеъӣ дар сурате таҳаққуқ меёбад, ки инсон нисбат ба хостаҳои маҳбуб аз худ аксулъамал нишон диҳад ва бо ишқу алоқа сухани маҳбубашро гӯш кунад ва аз ӯ пайравӣ намояд.

Ин итоъат ва пайравӣ аз маҳбуб низ бояд ҳам зоҳирӣ ва ҳам ботинӣ бошад, ба ин маъно, ки набояд итоъаташ забонӣ бошад, балки дӯстдори воқеъӣ он кас аст, ки дар зоҳир ва ботин ва ниҳону ошкор, мутеъи маҳбуб бошад.

Бадеҳист, ки итоъат ва пирӯзӣ аз маҳбуб боиси эҷоди муҳаббати бештар мешавад ва лизо, муҳаббати воқеъӣ ҳар чӣ бештар дар иҷрои аҳком ва авомиру навоҳии Илоҳӣ, талош ва кӯшиш намояд. дар воқеъ заминаи ҷалби муҳаббати Илоҳиро бештар фароҳам намояд.

Бинобарин итоъат аз Аллоҳ ва парҳез аз гуноҳ ва тарки ҳавои нафс ва амволи нафсонӣ, аз нишонаҳои муҳимми муҳаббати инсон ба Аллоҳи мутаъол аст.

Аз дигар нишонаҳои муҳаббати инсон ба Парвардигори хеш, инаст, ки фарди муҳиб танҳо ба Аллоҳ муҳаббат варзад ва фақат Аллоҳро маҳбуби воқеъии худ бидонад ва ӯро бар ҳамаи маҳбубҳои дигар, тарҷеҳ диҳад ва қалбаш пур аз муҳаббати ӯ бошад ва барои таҳқиқи муҳаббати ӯ таъоло, Расули гиромӣ ва маҳбубашро итоъат кунад ва дӯст бидорад.

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم ونفعنا بهدي سيد المرسلين وقوله القويم أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلين والحمد لله رب العالمين.

الحمد لله حمدا كثيرا طيبا مباركا فيه، كما يحب ربنا ويرضى، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمدا عبده ورسوله، وعلى آله وصحبه ومن تبعهم بإحسان إلى يوم الدين.

Бародарони мусалмон ва дӯстдорони Аллоҳи ягона ва якто! Бузургтарин сармоя дар ин ҷаҳон пас аз имон, муҳаббат ва дӯстии содиқона бо Аллоҳи мутаъол ва Аллоҳи зулҷалол аст, хушо ба саъодати мӯминоне, ки ҳақиқатан Парвардигорашонро дӯст медоранд, дар роҳи дӯстӣ ва муҳаббати ӯ, ҳозиранд ҳама дору нодорашонро фидо намоянд, зеро Аллоҳи мутаъол ва маъбуди ягона ва зулҷалол, зоти шаккур ва қадршиносе аст, ки бандагонашро ба шиддат дӯст медорад ва барои подош додан ба дунболи баҳона аст.

Таваҷҷӯҳи шуморо ба ҳадиси Қудсии зайл ҷалб мекунам:

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ - رضي الله عنه - قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صلى الله عليه وآله وسلم : «إِنَّ اللَّهَ قَالَ: مَنْ عَادَى لِي وَلِيًّا فَقَدْ آذَنْتُهُ بِالْحَرْبِ، وَمَا تَقَرَّبَ إِلَيَّ عَبْدِي بِشَيْءٍ أَحَبَّ إِلَيَّ مِمَّا افْتَرَضْتُ عَلَيْهِ، وَمَا يَزَالُ عَبْدِي يَتَقَرَّبُ إِلَيَّ بِالنَّوَافِلِ حَتَّى أُحِبَّهُ، فَإِذَا أَحْبَبْتُهُ كُنْتُ سَمْعَهُ الَّذِي يَسْمَعُ بِهِ، وَبَصَرَهُ الَّذِي يُبْصِرُ بِهِ، وَيَدَهُ الَّتِي يَبْطِشُ بِهَا، وَرِجْلَهُ الَّتِي يَمْشِي بِهَا، وَإِنْ سَأَلَنِي لأُعْطِيَنَّهُ، وَلَئِنِ اسْتَعَاذَنِي لَأُعِيذَنَّهُ» (بخارى:6502)

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд: «Ҳар кас бо дӯстони ман душманӣ кунад, ман бо ӯ эълони ҷанг менамоям ва бандаам бо ҳеҷ чизи маҳбубе назди ман ба андозаи анҷоми он чӣ, ки бар ӯ фарз қарор додаам, бар ман наздик намешавад ва ҳамчунон бо анҷоми навофил бар ман тақарруб меҷӯяд, то ин ки маҳбуби ман қарор мегирад, пас ҳангоме, ки мавриди муҳаббатам қарор гирифт, ман гӯшу чашм ва дасту пояш мешавам, ки ба василаи онҳо мешунавад ва мебинад ва мегирад ва меравад ва агар аз ман талаб кунад, ба ӯ ато мекунам ва агар паноҳ бихоҳад, ӯро паноҳ медиҳам».

Ба қисмати аввали ин ҳадиси қудсӣ агар диққат кунем, Аллоҳи мутаъол ва маъбуди зулҷалол аз авлиё ва дӯстони худаш дифоъе мекунад, ки дар тамоми дину шариъат фақат як бори дигар (дар бораи рибохурӣ) такрор шуда ва он эълони ҷанг бо касоне аст, ки бо дӯстони Аллоҳ душманӣ кунанд! Субҳоналлоҳ! Чӣ ифтихор ва азаммате, ки зоти азими Аллоҳи якто ва муқтадири тавоно, мустақиман дар дифоъ аз дӯстонаш бо душманони онон вориди ҷанг шавад! Бори Илоҳо! ҳамаи моро ҷузъи дӯстони воқеъии худат бигардон.

Оре, сарварони гиромӣ! Маъбуди якто ва ягона, на танҳо худаш дӯстонашро дӯст медорад, балки дӯстӣ ва муҳаббати ононро дар дили соири бандагонаш низ ҷой медиҳад:

( إِنَّ الَّذِينَ آَمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ سَيَجْعَلُ لَهُمُ الرَّحْمَنُ وُدًّا 96 ) [مريم: 96]

«Бегумон, касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, (Аллоҳи) Раҳмон барои онҳо муҳаббате (дар дилҳо) қарор медиҳад».

Шояд таъаҷҷуб кунед, аммо воқеъиятеро арз мекунам, ки Аллоҳи зулҷалол ва маҳбуб ва бахшандаи меҳрубон ва зоти вадуд ва дӯстдоштанист. Бандае, ки холӣ аз отифа ва муҳаббат нисбат ба зоти гиромии ӯ бошад ва ӯро дӯст надошта бошад, намеписандад. Зоти гиромӣ ва маҳбуб ва дӯстдоштании ӯ таъоло, бандагонеро мехоҳад ва меписандад ва дӯст медорад, ки ӯро дӯст дошта бошанд ва дастӯроташро ба дилу ҷон бихаранд. Ба ин ояти карима таваҷҷӯҳ кунед, ки хитоб ба аҳли имон чӣ мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا مَنْ يَرْتَدَّ مِنْكُمْ عَنْ دِينِهِ فَسَوْفَ يَأْتِي اللَّهُ بِقَوْمٍ يُحِبُّهُمْ وَيُحِبُّونَهُ أَذِلَّةٍ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ أَعِزَّةٍ عَلَى الْكَافِرِينَ يُجَاهِدُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَلَا يَخَافُونَ لَوْمَةَ لَائِمٍ ذَلِكَ فَضْلُ اللَّهِ يُؤْتِيهِ مَنْ يَشَاءُ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ 54 ) [المائدة: 54]

«Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳар кас аз шумо, ки аз дини худ баргардад (ба Аллоҳ зиёне намерасад), Аллоҳ ба зудӣ гурӯҳеро меоварад, ки онҳоро дӯст дорад ва онҳо (низ) ӯро дӯст доранд, (онон) дар баробари мӯминон фурӯтан ва дар баробари кофирон сарсахт гарданфароз ҳастанд, дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод мекунанд ва аз сарзаниши ҳеҷ сарзанишкунандае, намеҳаросанд, ин фазли Аллоҳ аст, ба ҳар кас бихоҳад, медиҳад ва Аллоҳ гушоишгари доност».

Ҳама содиқона дуо кунем ва аз зоти бениёзаш, оҷизона бихоҳем, ки моро ҷузъи дӯстони худаш, бипазирад.

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صل على محمد وعلى آل محمد كما صليت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد . اللهم بارك على محمد وعلى آل محمد كما باركت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد. اللهم صل على محمد وأزواجه وذريته كما صليت على آل إبراهيم وبارك على محمد وأزواجه وذريته كما باركت على آل إبراهيم إنك حميد مجيد.

اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المؤمنين والمؤمنات والمسلمين والمسلمات الأحياء منهم والأموات، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.