islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Хатари сеҳр ва фолбинӣ


5460
Дарс Тавсифи

Пайванд додани қалби мусалмонон ба Парвардигорашон.

Баёни ҳукми сеҳр ва ҷодӯгарӣ дар Ислом.

Барҳазар доштан аз рафтан пеши фолибин ва ҷодӯгар.

Баёни зарару хатарҳои сеҳру ҷодӯ бар уммат.

Ташвиқ бар истифода аз асбоби шаръӣ.

Хутбаи аввал

الحمد لله الذي جعل التوحيد أغلي ما في الأرض والسموات وأعز أهله بالجنة ورفع الدرجات وجعلنا من أهل التوحيد وعلي سفينة النجاة والصلاة والسلام علي أفضل الخلق صاحب الكمالات وعلي آله وصحبه ومن تبعهم بإحسان ذوي الفضل والتقوا والدعوة والجهاد والبطولات. وبعد:

Бародарони мусалмон! Аллоҳи мутаъол дар каломи маҷидаш мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

«Эй мӯминон! Чунон, ки ҳаққи тарсидан аст, аз Аллоҳ битарсед ва намиред, магар дар ҳоле ки мусалмон бошед»,

Пас худам ва шуморо ба тақвои Илоҳӣ ва тарси ҳақиқӣ аз Аллоҳи мутаъол тавсия мекунам.

Бародарони мусалмон! Аллоҳи зулҷалол мефармояд:

( وَاتَّبَعُوا مَا تَتْلُو الشَّيَاطِينُ عَلَى مُلْكِ سُلَيْمَانَ وَمَا كَفَرَ سُلَيْمَانُ وَلَكِنَّ الشَّيَاطِينَ كَفَرُوا يُعَلِّمُونَ النَّاسَ السِّحْرَ وَمَا أُنْزِلَ عَلَى الْمَلَكَيْنِ بِبَابِلَ هَارُوتَ وَمَارُوتَ وَمَا يُعَلِّمَانِ مِنْ أَحَدٍ حَتَّى يَقُولَا إِنَّمَا نَحْنُ فِتْنَةٌ فَلَا تَكْفُرْ فَيَتَعَلَّمُونَ مِنْهُمَا مَا يُفَرِّقُونَ بِهِ بَيْنَ الْمَرْءِ وَزَوْجِهِ وَمَا هُمْ بِضَارِّينَ بِهِ مِنْ أَحَدٍ إِلَّا بِإِذْنِ اللَّهِ وَيَتَعَلَّمُونَ مَا يَضُرُّهُمْ وَلَا يَنْفَعُهُمْ وَلَقَدْ عَلِمُوا لَمَنِ اشْتَرَاهُ مَا لَهُ فِي الْآَخِرَةِ مِنْ خَلَاقٍ وَلَبِئْسَ مَا شَرَوْا بِهِ أَنْفُسَهُمْ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ 102) [البقرة: 102]

Ва аз он чӣ шаётин дар (аҳди) ва фармонравоии Сулаймон (бар мардум) мехонданд, пайравӣ карданд, вале Сулаймон (ҳаргиз даст ба сеҳр наёлуд) ва кофир нашуд, вале шаётин, ки мардумро ҷодугарӣ меомӯхтанд, кофир буданд. Ва (низ) он чи бар ду фаришта «Ҳорут» ва «Морут» дар Бобул нозил шуда буд (пайравӣ карданд) ва (он ду фаришта) ба ҳеҷ кас чизе ёд намедоданд, магар ин, ки аз пеш ба ӯ) мегуфтанд: «мо василаи озмоишем, пас ҳаргиз кофир нашав». Ва мардум аз он ду чизҳоеро меомӯхтанд, ки ба василаи он метавонистанд миёни зану шавҳар ҷудоӣ бияфкананд ва онон ҷуз ба фармони Худо ба касе зиёне намерасониданд ва он чӣ мардум меомӯхтанд, ба онҳо зиён мерасонид, на суд. Ва худ медонистанд, ки харидорони он бошад, дар охират баҳрае нест ва чӣ зишт аст, он чӣ худро ба он фурӯхтанд, агар медонистанд.!»

Дар ҷои дигар мефармояд:

( إِنَّمَا صَنَعُوا كَيْدُ سَاحِرٍ وَلَا يُفْلِحُ السَّاحِرُ حَيْثُ أَتَى 69 ) [طه: 69]

«Бе шак он чӣ сохтаанд, танҳо макри соҳир аст ва соҳир ҳар куҷо равад, растагор (ва муваффақ) нахоҳад шуд».

Эътиқод ба тавҳид ва яктопарастӣ, асоси Ислом ва муҳимтарин асл ва пояи дин мебошад, бидуни ислоҳи ақида ҳеҷ амале мавриди қабули Аллоҳ намегардад. Тавҳид мадори имону куфр буда ва асли рисолати Илоҳӣ ва аввалин даъвати Анбиёи Илоҳист.

Яке аз боризтарин инҳирофоти фикрӣ ва иҷтимоъӣ дар таърихи башар, рӯй овардан ба сеҳру соҳирӣ будааст. Таърих нишон медиҳад, ки тамаддунҳои кӯҳани Мисру Ирон ва ғайра, олӯда ба беморӣ буд ва ҷомеъаи башарӣ ҳамвора бо ин мушкил ва муъзали печида дасту панҷа нарм мекардааст.

Таърихи сеҳру ҷодугари мегӯяд: соҳири воқеъӣ касест, ки дар сеҳри худ аз шайтон ёрӣ меҷӯяд ва касе, ки бо шайтон иртиботи қавӣ надошта бошад, мумкин нест дар сеҳр ба дараҷаи нубуғ бирасад.

Ба қавли аллома Ибни Қайм (р): «Ҳар чӣ соҳир кофиртар, палидтар ва душмании вай бо Аллоҳ ва Расул ва бандагони мӯмини Аллоҳ шадидтар бошад, сеҳраш қавитар ва нафизтар аст» .

Пажӯҳишгарон дар таърихи сеҳру соҳирон ба ин натиҷа расидаанд, ки барои соҳир шудан шароити зайл лозиму ногузир аст :

Соҳир бояд худ ва тамоми дороии хешро дар ҳоли ҳаёту марг ба шайтон бифурӯшад.

Душмани тамоми адён бошад ва нисбат ба онҳо хашмгин буда ва онҳоро мавриди истеҳзо қарор диҳад ва аз тамоми китобҳои осмонӣ, безорӣ ҷӯяд ва дар сӯзондан ва пора кардан ба коргирии он дар корҳои паст, кушо бошад.

Дар тамоми ин маворид лозим аст, ки ғайр аз Аллоҳро мавриди таъзим қарор дода ва ба Аллоҳ ширк биварзад ва шаётину ситорагон ва ё бутҳо ва башарро ибодат кунад.

Соҳир бояд мазҳари касиф ва палид ва пастии нафс дошта бошад ва покизагӣ ва назофатро тарк кунад, то он ҷо, ки бадану либос ва маскани ӯ бӯйи бад кунад.

Соҳир лозим аст, корҳои ҳаромро анҷом диҳад ва ба гуноҳоне, ки муҷиби хашми Аллоҳ ва ризояти шайтон аст, мубодарат кунад.

Оре, бародарони мусалмон! Аҳли бидъат ва гумроҳон, ки аз роҳҳои ғайри шаръӣ, зуҳд ва ибодат пеша кардаанд ва гоҳ мукошафот ва таъсироте ҳам доранд, бештар ба паноҳгоҳои шаётин, ки аз хондани намоз дар онҳо наҳй шудааст, паноҳ мебарад .

Соҳирон назофат намекунанд ва вузӯ намегиранд. Ҳамеша ҳомроҳи наҷосатҳо ва ҳамнишини сагонаст ва ба ҳаммомҳо ва заболадонҳо ва мақбара паноҳ мебарад. Паёмбар (с) фармуданд: «Хонае, ки дар он шахси ҷунуб ва ё саг бошад, малоика ворид намешавад».

Ҳамчуноне, ки медонед, аввалин мазҳар ва ошкортарин ҳунари козиби соҳирон, даъвои илми ғайб аст ва ҳама медонем ғайр аз Аллоҳи ягона ва якто, касе ғайб намедонад. Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( قُلْ لَا يَعْلَمُ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ الْغَيْبَ إِلَّا اللَّهُ ) [النمل: 65]

«Бигӯ: касе дар осмонҳо ва замин ғайбро намедонад, магар Аллоҳ».

Аллоҳи таборак ва таъоло дар бораи ҷинниёни ҳазрати Сулаймон (а) чунин мефармояд:

( لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ الْغَيْبَ مَا لَبِثُوا فِي الْعَذَابِ الْمُهِينِ 14 ) [سبأ: 14]

«Агар онҳо (ҷинҳо) илми ғайбро медонистанд, дар азоби дарднок боқӣ намемонданд» .

Аллоҳӣ мутаъол мефармояд:

( هَلْ أُنَبِّئُكُمْ عَلَى مَنْ تَنَزَّلُ الشَّيَاطِينُ 221 تَنَزَّلُ عَلَى كُلِّ أَفَّاكٍ أَثِيمٍ 222 يُلْقُونَ السَّمْعَ وَأَكْثَرُهُمْ كَاذِبُونَ 223 ) [الشعراء:221 - 223]

«Оё шуморо хабар бидиҳам, ки шаётин бар чӣ касоне фурӯд меоянд, бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкоре фурӯд меоянд, гӯш фаро медиҳанд, дар ҳоле, ки аксарашон дурӯғгӯянд».

Пас илми ғайб махсуси Аллоҳ аст, ҳатто худи ҳазрати Расули Акрам (с) илм ба ғайб надоштанд, Аллоҳи мутаъол ба эшон мефармояд, эълон кун:

( قُلْ لَا أَقُولُ لَكُمْ عِنْدِي خَزَائِنُ اللَّهِ وَلَا أَعْلَمُ الْغَيْبَ وَلَا أَقُولُ لَكُمْ إِنِّي مَلَكٌ إِنْ أَتَّبِعُ إِلَّا مَا يُوحَى إِلَيَّ قُلْ هَلْ يَسْتَوِي الْأَعْمَى وَالْبَصِيرُ أَفَلَا تَتَفَكَّرُونَ 50 ) [الأنعام: 50]

«Эй Муҳаммад! бигӯ: ман ба шумо намегӯям, ки ганҷҳои Аллоҳ пеши ман аст ва ғайбро намедонам ва намегӯям, ки фариштаам ва пайравӣ намекунам, ҷуз аз ваҳй, ки бар ман нозил мешавад».

Албатта шаётин бо гӯш додан ба суханони Фариштагон, истироқи самъ мекунанд ва он чӣ шунидааст, дар гӯши коҳин илқо мекунад ва коҳин ба ҳамроҳи ин хабари саҳеҳ, сад дурӯғ меоварад ва мардум ба сабаби ин хабари саҳеҳе, ки аз осмон гирифта, ӯро тасдиқ мекунанд ва ба ахбори кизби ӯ таваҷҷӯҳ намекунанд.

Бародарони мусалмон! Ҳамчуноне, ки мулоҳиза мефармоед, чӣ бисёранд рамол ҳо ва ҳаққабозҳое, ки бисоти фиреб густурда ва бо навиштани тилисми хутути аҷибу ғариб, ё ашёи пешгирикунанда аз ҷину чашми бад ва дафъи бало, мардумро гумроҳ мекунанд. Овезон кардани тилисму ҷодӯ ва бо ҳар чизи дигаре аз қабили онҳо, бо эътиқод ба ин, ки аз бало ҷилавгирӣ менамояд ва ё муҷиби хушбахтӣ мешавад ва ё дардеро аз касе даво менамояд, монанди сеҳр ҳаром аст .

Дар қарни бисту якум ҳанӯз ҳастанд касоне, ки наъли аспу хармӯҳра, гӯши моҳӣ ва ё нахи сиёҳу сафеди бофташуда ва ғайраро ба манзури рафъи бало бар сари дари манзил ва ё бар гардану дасти навзод ва кӯдакони худ, овезон менамоянд, сари говро дар мазраъаи худ мегузоранд ва муҳраҳои обиранг ба хотири дафъи чашми бад ба гардани бачаҳо ва молҳои худ, овезон менамоянд.

Ҳанӯз ҳам ҳастанд касоне, ки бо истифода аз ноогоҳии мардум чизҳое менависанд ва ҷадвалҳо мекашанд ва тилисмҳое дар онҳо расму манқӯш мекунанд, даъво доранд, ки ин тилисмро бар худ овезон намояд, ё ҳамроҳ дошта бошад, аз шарри ҷину шаётин, чашми бад ва ғайра дар амон хоҳад буд» .

Аммо Ислом барои дифоъ ва ҳимоят аз мардум, тамоми ин асбоби фиреб ва гумроҳиро, ҳаром қарор додааст.

Аз ҳазрати Абӯҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар фармуданд:

« مَنْ أَتَى كَاهِنًا فَصَدَّقَهُ بِمَا يَقُول فَقَدْ كَفَرَ بِمَا أُنْزِلَ عَلَى مُحَمَّدٍ –صلى الله عليه وسلم».

«Ҳар кас пеши коҳине биравад ва он чиро, ки коҳин бигӯяд, тасдиқ кунад, ҳамоно бар он чӣ бар Муҳаммад (с) нозил шуда, кофир гардидааст».

Дар ҷои дигар мефармояд:

«مَنْ أَتَى عَرَّافاً فَسَأَلَهُ عنْ شَيْءٍ فَصَدَّقَهُ، لَمْ تُقْبَلْ لَهُ صَلاَةٌ أرْبَعِينَ يَوماً». (روايت مسلم).

"Касе назди фолбин биравад (коҳин-раммол) ва чизе аз ӯ бипурсад ва ҷавоби ӯро тасдиқ ва бовар кунад, чиҳил рӯз намозаш қабул намешавад". (Ривояти Муслим).

Аз Уқба бин Омир (р) ривоят шуда, ки Паёмбар (с) аз байъат кардан бо шахсе, ки навишта ё тилисме ба бозӯ дошт, худорӣ намуданд ва фармуданд: «مَنْ عَلَّقَ فَقَدْ أَشْرَكَ» , «касе, ки тилисм бибандад, шарик барои Аллоҳ қоил шудааст».

Дар ҷои дигаре фармудаанд: « مَنْ عَلَّقَ شَيْئًا وُكِلَ إِلَيْهِ" , «Касе, ки барои рафъи бало чизе бар худ овезад, ба ҳамон чиз супурда мешавад». Яъне, Аллоҳ бар ӯ ва сарнавишти ӯ коре надорад».

Ривоят шудааст, ки ҳамсари Абдуллоҳ бин Масъуд (р) нахе бар гардан овезон карда буд ва чун Абдуллоҳ вориди манзил шуд, онро дид ва қитъа қитъа кард ва гуфт: «Оли Абдуллоҳ аз ин, ки ширк бикунанд, бенаёзанд» ва баъд аз он гуфт:

سمعت رسول الله صلي الله عليه وسلم يقول: "إن الرُّقَى والتَّمائِم والتِّوَلة شرْك» .

Аз Расули Аллоҳ шунидам, ки мегуфт: "Ҳамоно афсӯн кардан ва тумор бастан ва тилисм овезон карданд ширк аст".

Сипас ба ҳамсараш фармуд: "Он чӣ Расули Аллоҳ фармудаанд, кофист, ҳазрат (с) фармуданд:

«اللهُمَّ رَبَّ النّاس ِ، مُذْهِبَ البَاسِ، اشْفِ أَنتَ الشّافي، لا شَافِيَ إلا َّ أَنتَ شِفاءً لا يُغادِرُ سَقمًا».

"Эй Парвардигори олам! Дуркунандаи нороҳатӣ, шифо деҳ, ки танҳо шифодиҳанда туйи, ҳеҷ шифое нест, ҷуз шифои ту, шифое деҳ, ки ҳеҷ нороҳатие баъд аз он боқӣ намонад".

Ва Расули Аллоҳ (с) фармуданд: «لَا بَأْسَ بِالرُّقَى مَا لَمْ تَكُنْ شِرْكًا», яъне: "Дар дам андохтан боке нест, ба шарте, ки дар он калимоти ширк набошад".

Аз ҳазрати Ойшаи Сиддиқа (р) ривоят шудааст, ки чун касе аз оли байти Расули Аллоҳ (с) мариз мешуд, ба муъаввазатайн ӯро дам мекард ва дар маразе, ки дар он фавт карданд, пас ман ӯро дам мекардам ва дасти худаш, ҷасадашро масҳ менамудам, зеро дасти эшон аз дасти ман бобаракаттар буд" .

Расули Аллоҳ (с) фармуданд: «Чун касе аз шумо мубтало ба дард шуд, пас дар ҷои дард, дасти худро бигзоред, сипас ҳафт бор бигӯед: «أَعُوذُ بِعِزَّةِ اللَّهِ وَقُدْرَتِهِ مِنْ شَرِّ مَا أَجِدُ» .

Бинобарин, муъаввизатайн ва ояталкурсӣ ва оёте, ки мутаъллиқ ба ҳазрати Мусо (а) соҳирони Фиръавн мебошанд ва ҳамчунон ду ояти охири сураи Бақара, беҳтарин илоҷ барои дафъи сеҳр ва ғайра мебошанд ва ояти Қуръонӣ барои мӯмини таваккалкунанда бар Аллоҳ илоҷ ва шифо мебошанд .

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم ونفعنا بهدي سيد المرسلين وقوله القويم أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلين والحمد لله رب العالمين.

الحمد لله حمدا كثيرا طيبا مباركا فيه، كما يحب ربنا ويرضى، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمدا عبده ورسوله، وعلى آله وصحبه ومن تبعهم بإحسان إلى يوم الدين.

Аллоҳи мутаъол фармудааст:

( وَنُنَزِّلُ مِنَ الْقُرْآَنِ مَا هُوَ شِفَاءٌ وَرَحْمَةٌ لِلْمُؤْمِنِينَ) [الإسراء: 82]

«Ва аз Қуръон он чӣ шифобахш ва раҳмат аст, барои мӯминон нозил мекунем» .

Агар дуое, ки навишта мешавад, ба забони Арабӣ ва мафҳуми он ошкор бошад, шомили дуоҳои мунтахаб аз Набии Акрам (с), ё ҳар он чӣ дар суннати Саҳеҳ дар иртибот бо аҳамияти қироъати оёти Қуръонӣ ва таъдоде аз сураҳое монанди муъаввизатайн бошад, аз назари баъзе аз фуқаҳо ишколе надорад.

Руқо аз назари эшон ҳамин ҳукмро дорад. Руқо иборат аз қироъати фотиҳа ё муъаввизатайн бар мариз ё фарди газидашуда, бо чизе ё девона аст, ҳамроҳи молидани даст ва дамидан дар ӯ.

Имом Нававӣ ва Ҳофиз Ибни Ҳаҷар (р) бар машруъияти «руқо» бо шартҳои зайл иттифоқи назаранд:

Каломи навишта шуда бояд дорои Каломи Аллоҳ, ё Асмо ва Сифоти ӯ таъоло бошад.

Ба забони Арабӣ бошад, ё ба шеваи фаҳмое, ки фаҳми маънои он ва тамоюзи он мумкин бошад.

Ин эътиқод вуҷуд дошта бошад, ки Руқия ба зоти худ муассир нест, балки шифо ба василаи Аллоҳи пок аст.

Аз ҷумлаи дуоҳои ҳифз ва муроқабат, ки Набии Акрам (с) ба мо ёд додааст, дар иртибот бо кӯдакон аст, ки дар ривояти Бухорӣ аз Ибни Аббос (р) омадааст, ки Расули Акрам (с) дуои ҳифз ва муроқабатро ба Ҳасан ва Ҳусайн мехонд ва мефармуд:

«أعيذكما بكلمات الله التامة، من كل شيطان وهامة، ومن كل عين لامة».

"Шуморо ба Аллоҳ месупорам ба василаи каломи комил ва томи ӯ аз шари ҳар шайтон ва ҳашароти газанда ва ҳар чашми бад" .

Аз ин рӯ Саҳоба ва Тобиъин ба шиддат мункири ин таъвизоту тилисмҳо буданд, то он ҷо, ки Хадиҷа (р) мардеро дид, ки ресмоне аз ин навъ бар гардани худ овехта буд, ин оятро қироъат кард:

( وَمَا يُؤْمِنُ أَكْثَرُهُمْ بِاللَّهِ إِلَّا وَهُمْ مُشْرِكُونَ 106 ) [يوسف: 106]

«Ва бештарашон ба Худо имон наёваранд, балки ҳамчунон мушриканд!».

Ва аз Саъид бин Ҷубайр (р) ривоят шудаст, ки Паёмбар (с) фармуд:

«مَنْ قَطَعَ تَمِيمَةً مِنْ الْإِنْسَانِ كَانَ كَعِدْلِ رَقَبَةٍ»

Яъне: "касе, ки тумореро аз гардани фарде биканад ва ҷудо кунад, гӯё як бандаро озод кардааст".

Бинобарин дуруст онаст, ки тилисмҳо ба таври куллӣ мамнӯъ бошанд, чунон чӣ Паёмбар (с) дар мақоми нафрин ба дорандагони тилисмҳо мефармояд:

«مَنْ عَلَّقَ تَمِيمَةً فَلاَ أَتَمَّ اللَّهُ لَهُ وَمَنْ عَلَّقَ وَدَعَةً فَلاَ وَدَعَ اللَّهُ لَهُ» .

"Касе, ки тилисм ё бозубанде ба худ овезон мекунад, Аллоҳ кори ӯро тамом накунад ва ҳар кас туморе ё назри қурбонӣ ба хотири рафъи чашми захм ба гардан овезад, ба мақсуди худ нарасад".

Чунон чӣ касе ба беморӣ ва ё нороҳатии дигар дӯчор гардад, чорае ҷуз бурдани эшон назди табиб вуҷуд надорад, зеро Паёмбар (с) мефармояд:

«تَدَاوَوْا عِبَادَ اللَّهِ، فَإِنَّ اللَّهَ عَزَّ وَجَلَّ لَمْ يَضَعْ دَاءً إِلا وَضَعَ لَهُ دَوَاءً» .

"Бандагони Аллоҳ! Маризони худро табобат кунед, зеро Аллоҳ маразеро ноёварда, магар он, ки давое барои он қарор додааст".

Бино ба нақли саҳеҳи Бухорӣ, Паёмбар (с) мефармояд:

«إنما الشفاء في ثلاثة: مشربة عسل أو شرطة محجم أوكى بنار» .

"Шифои бемор дар се чиз аст:

Хурдани асал.

Нештарзадан ва ҳиҷомат .

Доғ кардан ва сузондани маҳали дард».

Ин навъ мудово шомили муъолиҷоте мегардад, ки дар асри мо аз тариқи дорӯ, ё амали ҷарроҳӣ ва ё сӯзондан ба василаи барқ ва ғайра анҷом мешавад. Бинобарин Паёмбар (с) шифои беморонро дар туморҳо ва хонадани афсун ва вирдҳои номашрӯъ ва амсоли он қарор надодааст, балки дармону муъолаҷаро аз ҳамон роҳи табиъии улуми пизишкӣ, муқаррар кардаанд, ки ё аз тариқи даҳон бо хурдани дорӯ ва амсоли он ва ё халондани дорӯ ва ба василаи ампул ба тамоми қисматҳои бадан аст. Нештарзадан ва ҳиҷомат низ имрӯз шомили анвоъи ҷарроҳӣ мегардад ва ҳамчунин сӯзондан ва доғ кардани имрӯза ба маъонии зери барқ гузоштан ва монанди он мебошад.

Инҳо ҳама дармонҳоест, ки Ислом ба он қоил аст ва Паёмбар (с) ба он дастӯр дода ва дар мудовои худ низ аз онҳо истифода кардааст. Чунон чӣ он ҳазрат дар мавриде ба ҳиҷомат пардохта ва ба пизишк муроҷиа намуда ва Асҳоб ва Умматашро ба муъолаҷа ва мудово дастӯр додааст.

Пас шоиста аст, ки мо низ тобеъи Суннати Паёмбар (с) бошем, Паёмбар (с) чунин мефармояд:«لِكُلّ دَاءٍ دَوَاءٌ», яъне: "Ҳар дарде, дармоне дорад" .

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صل على محمد وعلى آل محمد كما صليت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد . اللهم بارك على محمد وعلى آل محمد كما باركت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد ". اللهم صل على محمد وأزواجه وذريته كما صليت على آل إبراهيم وبارك على محمد وأزواجه وذريته كما باركت على آل إبراهيم إنك حميد مجيد.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.