islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Вузӯ ва намози бемор


4134
Дарс Тавсифи
Намоз ҷойгоҳи бузурге дар дили мӯмин дорад ва дар ҳама ҳолат ва замонҳо ба он пойбанд аст, вале гоҳе авқот мушкилоте барои инсон пеш меояд, монанди беморӣ ва шариъат аз ин ҳолоти инсон ғофил нашуда ва барояш аҳкомеро дар назар гирифта ва баён карда, ки чӣ гуна ин фард таҳорат бигирад, чӣ гуна намоз бихонад, чӣ гуна рӯза бигирад ва дар ҳамаи умур барои вай тасҳилоти бузургеро дар назар гирифтааст, ки нишондиҳандаи раҳмати Аллоҳ ва лутфаш дар ташреъ мебошад.

إن الحمد لله نحمده ، ونستعينه ، ونستغفره ، ونعوذ بالله من شرور أنفسنا ، ومن سيئات أعمالنا من يهده الله فلا مضل له ، ومن يضلل فلا هادي له ، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له .وأشهد أن محمداً عبدُه ورسولُه.

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا 1 ) [النساء: 1]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَقُولُوا قَوْلًا سَدِيدًا70 يُصْلِحْ لَكُمْ أَعْمَالَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ فَازَ فَوْزًا عَظِيمًا 71 ) [الأحزاب:70 - 71] Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَلَنَبْلُوَنَّكُمْ حَتَّى نَعْلَمَ الْمُجَاهِدِينَ مِنْكُمْ وَالصَّابِرِينَ وَنَبْلُوَ أَخْبَارَكُمْ 31 ) [محمد: 31]

«Мо шуморо ҳатман озмоиш мекунем, то маълум шавад муҷоҳидон ва собирони -воқеъӣ- шумо киҳоанд ва ахбор шуморо биёзмоем».

Аллоҳ ҳамеша бандагонашро дар маърази имтиҳон қарор медиҳад ва бархеро ҳам танбеҳ мекунад ва бар қавме бало нозил мекунад. Аллоҳ мӯминонро ба як ҳолат раҳо накарда, балки онҳоро меозмояд, бинобарин масъалаи ибтило ва азмоиши илоҳӣ аз суннатҳои қатъӣ аст, ки тахаллуф ва истисное дар он роҳ надорад ва ҳамаи инсонҳо бидуни шак мавриди озмоише қарор хоҳанд гирифт.

Аз он ҷо, ки низоми ҳаёт дар ҷаҳони ҳастӣ, низоми такомул ва парвариш аст ва ҳамаи мавҷудоти зинда масири комилро мепаймоянд, пас тамоми мардум бояд озмоиш шаванд, то истеъдоди худро шукӯфо созанд. Аз заъифтарин инсонҳо гирифта, то ситамгортарин ва диктатортарин ҷиноякорон, аз кӯчактарин афроди дилсӯзи ҷомъеа, то Паёмбарон, ки бузургтарин мураббиёни башариятанд, ҳама ва ҳама бояд ба таносуби шахсияти худ, мавриди озмоиш қарор гиранд, то ҳар кас дар раванди ҳаракати хеш, ба такомул бирасад.

Оре! Паёмбарони бузург ва улулъазм: Иброҳим, Мусо ва Паёмбари гиромии мо, ҳазрати Муҳаммад (с), дар партави озмоиши Илоҳӣ ба такомул расиданд ва Намрудҳо, Фиръавнҳо низ аз мартабаи инсоният суқут карданд ва ба пастарин даракот расиданд. Суннати озмоиши Илоҳӣ нисбат ба бандагонаш, яксон нест. Аллоҳ баъзеро бо сахтӣ ва талхӣ, гуруснагӣ ва нодорӣ, ё беморӣ ва нороҳатӣ, меозмояд ва бархеро бо молу сарват, қудрату риёсат, ё неъмату осоиш, озмоиш мекунад ва иддаи дигарро низ бо қарор додан дар муҳити олӯда ё солим, имтиҳон менамояд.

Албатта далели гуногунӣ ва танаввуъ дар имтиҳони Илоҳӣ равшан аст, зеро мумкин аст, афроде таҳаммули серӣ ва осоишро дошта бошанд ва иддаи дигар ин таҳаммулро надошта бошанд, мумкин аст афрод таҳаммули нозу неъматро дошта бошанд, вале дар муқобили имтиҳони гуруснагӣ ва фақр, таҳаммули худро аз даст бидиҳанд.

Ё ин, ки афроде то вақте дорои мақом ва пӯсте нашудаанд, мутавозеъ ва хушбархурд бошанд ва заррае ғуруру кибр дар онҳо мушоҳида нашавад, аммо пас за расидан ба қудрат ва риёсат, дар муқобили имтиҳон, мутакаббир ва худхоҳ шаванд, ё ин, ки то замоне, ки дар муҳити солим ҳастанд, пойбанд ба ҳалолу ҳаром бошанд, вале бо қадам гузоштан дар муҳити носолим, ба дастуроти шаръ беэътино шаванд ва онҳоро нодида бигиранд, аз ин рӯ барои ин, ки инсон дар абъоди мухталиф, роҳи Аллоҳи мутаъолро бипаймояд ва ба камол бирасад, лозим аст дар тамоми ҷиҳот мавриди озмоиш қарор гирад, Қуръон мефармояд:

( إِنَّا جَعَلْنَا مَا عَلَى الْأَرْضِ زِينَةً لَهَا لِنَبْلُوَهُمْ أَيُّهُمْ أَحْسَنُ عَمَلًا 7 ) [الكهف: 7]

«Мо он чиро, ки дар рӯи замин аст, зинат барои он қарор додем, то онҳоро биёзмоем, кадомашон беҳтар амал мекунанд».

Бародарони мусалмон! Бидонед, ки аз бузургтарин неъматҳои Илоҳӣ, саломатӣ ва офият аст, саломатии дину бадан, дунё ва охират. Ҳар чанд бидуни дархост ба бандагони худ саломатӣ медиҳад, аммо бояд бо дуо кардан ҳам офияти дину охирати худро бихоҳанд ва ҳам боиси бақои он то охири умр бошанд, то мабодо дар тӯли зиндагӣ ин офият аз байн биравад ва оқибати инсон бо бединӣ ва зиллати дунё ва охират, ҳамроҳ бошад.

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) (дар дуо) мефамуданд:

«اللَّهُمَّ أَصْلِحْ لي دِيْنِيْ الَّذِيْ هُوَ عِصْمَةُ أَمْرِيْ، وَأَصْلِحْ لِيْ دُنْيَايَ الَّتِيْ فِيْهَا مَعَاشِيْ، وَأَصْلِحْ لي آخِرَتِيْ الَّتِيْ فِيْهَا مَعَادِيْ، وَاجْعَلِ الْحَيَاةَ زِيادَةً لي في كُلِّ خَيْرٍ، وَاجْعَلِ الْمَوتَ رَاحَةً لي مِنْ كُلِّ شَر ٍ». صحیح مسلم

"Бори Худоё! Динамро, ки нигаҳдорандае аз гуноҳон ва сахтиҳост, дунёямро, ки дар он зиндагии ман мегузарад ва охиратамро, ки бозгашти ман ба он аст, ислоҳ кун ва зиндагии маро муҷиби зиёд кардани корҳои неки ман гардон ва маргамро василаи роҳатӣ ва наҷоти ман аз ҳар бадӣ, қарор деҳ".

Бандаи мусалмон бояд хайри дунё ва охиратро аз Аллоҳи мутаъол бихоҳад ва ба сабаби беморӣ ё парешонӣ барои марги худаш, ё балое тақозои таъҷил накунад ва ё онро орзӯ нанамояд, зеро шахс аз ду хол хориҷ нест, ё яке аз ашхоси накӯкор аст, ки умри тӯлонии ӯ муҷиби афзоиши ҳасаноти ӯст ва ё аз ашхоси бадкораст, ки дар ин сурат умеди он меравад, ки Аллоҳ фурсати тавбаро барои ӯ фароҳам намояд ва аз он пас ибрати гирад ва ба даргоҳи Аллоҳ боз гардад, шояд бақои зиндагии чунин шахсе ҳам барои худ ва ҳам барои дигарон муфиду судманд бошад ва агар марг барои ӯ беҳтар бошад, Аллоҳ ӯро мемиронад, ки чӣ басо умри тӯлонии ӯ муҷиби гуноҳоне гардад, ки оқибати хуб ва сутудае дар бар надошта бошад, бинобарин лозим аст, ки инсон чунин огоҳиро ба Алллоҳ ва изну машиати ӯ бисупорад. Одоби як мусалмон бояд бо Парвардигораш чунин бошад, аммо касе, ки ба маҳзи ин, ки ба мусибате мубтало гардад, монанди ин, ки ҳамсараш, ё духтараш, ё фарзандаш ва ё ғайра, фавт намояд ва ё ба беморӣ дучор шавад, орзӯйи марг кунад ва тамоми зиндагияшро ба ҷаҳаннам табдил кунад, дар воқеъ худи ӯст, ки зиндагияшро ба ин сурат даровардааст, чаро ки инсон худ метавонад зиндагияшро ба сурати хубу саъодатмандона ва ризоятбахш дароварад.

Аз Анас (р) ривоят аст, ки фармуд: Бештари дуои Паёмбар (с) ин буд, ки:

«اَللَّهُمَّ آتِنَا في الدُّنْيَا حَسَنَةً، وفي الآخِرَةِ حَسَنَةً، وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ» متفق علیه

"Илоҳо! Дар дунё ва охират ба мо некӯи ва (савоб) хайр иноят фармо ва моро аз оташи дӯзах наҷот бидеҳ".

Мусалмонон! Ҳамаи мо ба зуди аз дунё хоҳем рафт ва дар пешгоҳи Аллоҳи мутаъол ҳозир хоҳем шуд. Дар он ҷо низ ба хотири ҳамаи аъмоли кӯчаку бузурге, ки анҷом додаем, муҳосаба хоҳем шуд, баъд аз он намедонем, ки чӣ сарнавиште дар интизори мост, оё бо Анбиёву Сиддиқин ва Шуҳадову Солиҳин ҳашр шуда ва ба биҳишт меравем, ки неъматҳои ҷовидонии онро ҳеҷ чашме надида ва ҳеҷ гӯше нашунида ва ба қалби ҳеҷ касе ҳам хутур накардааст, ё худое накарда ба дӯзах меравем, ки сарои азобу шиканҷа ва оҳу нола ва пушаймонию гиря аст.

Пас биёед ва қабл аз ин, ки фурсат аз даст биравад, аз хоби ғафлат бедор шавем ва фиреби ин дунёи фониро нахурем ва зиндагии худро дар роҳи итоъат аз Аллоҳ ва Расулаш сипарӣ намоем, чаро ки саъодати дунё ва охират дар ин роҳ нуҳӯфта аст.

Бояд бидонед, ки намоз сутуни дин аст ва ба василаи намоз аст, ки мусалмон аз кофир ва мунофиқ аз мӯмин, шинохта мешавад, ҳамчунин намоз аввалин чизест, ки рӯзи қиёмат банда ба хотири он муҳосаба мешавад ва агар намозаш пазируфта шуд, растагор мегардад ва агар намозаш пазирӯфта нашуд, ноком мегардад ва зиён мебинад, лизо ҳамеша бояд ба ёди он лаҳзаҳое бошем, ки дар пешгоҳи Парвардигор ҳозир мешавем, лаҳзаҳое ки афроди огоҳ, сахтии онро дарк мекунанд ва парҳезгорон шиддату ваҳшати онро мешиносанд. Пас бикушем то худро барои он лаҳзаҳои ҷонгудоз, омода созем ва аз он ҷо, ки намоз муҳимтарин амалест, ки дар лаҳазоти ҳассос ва сарнавиштсоз, ба фарёди инсон мерасад, пас лозим аст дар ҳамаи аҳвол бар он пойбанд бошем, дар адои он сустӣ ва касолат ба худ роҳ надиҳем, зеро Аллоҳ дар тамоми ҳолот, намозро воҷиб қарор додааст, ҳатто дар ин бора маризу мусофир ва касеро, ки дар ҳоли тарс ва ваҳшат ба сар мебарад, маъзур надониста аст, балки гоҳе дар шароити он тахфиф қоил шудааст ва гоҳе ҳам теъдоди ракаъоти онро камтар намудааст ва дар шароити хос ҳам, равиши намозхонданро тағйир додааст ва то замоне, ки инсон аз ақл бархурдор бошад, худашро бо зинати либос биёрояд ва рӯ ба қибла намояд, дар ҳоле, ки дар соири ибодот, ин корҳо шарт нестанд.

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم. أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلمين انه هو الغفور الرحيم.

الحمد لله حمدا يليق بجلال وجهه وعظيم سلطانه ، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له ، وأشهد أن محمدا عبد الله ورسوله ، صلوات الله سلامه عليه وعلى آله وأصحابه ومن سار على نهجه إلى يوم الدين وبعد:

Эй бандагон! Бидонед, ки намоз аз шахси бемор соқит намешавад ва бояд амали таҳоратро бо об анҷом диҳад. Дар натиҷа барои рафъи ҳадаси асғар, вузӯ гирифта ва ҷиҳати рафъи ҳадаси акбар, ғусл мекунад ва агар ба иллати аҷз ва тарс аз бештар шудани беморӣ ва хавф аз таъхири беҳбудӣ, наметавонист бо об таҳорат бигирад, пас бояд таяммум кунад. Кайфияти таяммум ба ин сурат аст, ки бо кафи дастҳои худ бар замини пок як бор зарба зада ва бо он ҳамаи рӯи худро масҳ кунад ва сипас каф ва пушти дастҳояшро бо якдигар масҳ мекунад.

Агар шахс аз таҳорат худаш оҷиз буд, пас бояд шахси дигаре ӯро вузӯ ва ё таяммум диҳад. Агар дар қисматҳое аз аъзои таҳорат, захму ҷароҳат вуҷуд дошт, онро бо об мешӯяд ва агар шустани бо об боиси вахомати захм мешавад, бояд дасти худро бо об тар карда ва бо он рӯи захми масҳ кунад ва агар масҳ кардан низ боиси унуфати захм мешавад пас бояд таяммум кунад. Агар дар баъзе аз аъзои таҳорат шикастагӣ вуҷуд дошт ва маҳали ин шикастагӣ бо гаҷ (гипс) ва ё порчае пӯшида шуда буд, бояд ба ҷои шустани ин ҷойҳо, онро бо об масҳ кунад ва ҳеҷ эҳтиёҷе ба таяммум нест, чун масҳ ҷои шустанро мегирад. Шахс метавонад бар девор ва ё ҳар чизи тоҳири дигаре, ки бар он гард нишастааст, таяммум кунад ва агар девор ба василаи чизе ҳамонанди ранг, ки аз ҷинси замин нест, пӯшида шуда бошад, наметавон бар он таяммум кард, магар ин, ки бар он гарде нишаста бошад, агар таяммум гирифтан бар замину девор ва ё ҳар чизи дигаре, ки бар он гард нишастааст, ғайри мумкин бошад, метавонад хокро дар зарф ва ё дастмоле нигаҳдорӣ карда ва бо он таяммум намуд, дар сурате, ки шахс барои адои намоз таяммум намуда ва то намози баъдӣ бар он таҳорат боқӣ бимонад, метавонад, ба ҳамин таяммум иктифо намуда ва намози баъдиро низ ба ҳамин таяммум адо кунад ва эҳтиёҷе ба таяммуми дубора надорад, чун ӯ ҳанӯз бар таҳорати худ боқӣ буда ва ин таҳорат ботил нашудааст.

Бар шахси бемор воҷиб аст, ки бадани худро аз наҷосат пок кунад ва агар бар анҷоми таҳорат тавонойи надошт, ба ҳамон ҳолат намоз мехонад ва намозаш дуруст буда ва эҳтиёҷе ба дубора хондани он нест.

Бар мариз воҷиб аст, ки бо либоси пок намоз бихонад ва дар сурати наҷосати либосаш бояд онро шуста ва ё бо либоси пок иваз кунад ва агар ин амр низ имкон надошт ба ҳамон ҳолат намоз бихонад ва намози ӯ дуруст буда ва эҳтиёҷе ба дубора хондани он нест.

Шахси бемор бояд дар ҷои пок намоз бихонад ва дар сурати наҷосати ин макон ё чизе, бояд онро шуста ва ё он чизро бо чизи поки дигар иваз кунад, ё ин, ки бояд бар он дастмол ва чизи поки дигаре фарш кард ва агар ин амр имкон надошт, ба ҳамон сурат намоз мехонад ва намози ӯ ҳеҷ ишколе надорад ва эҳтиёҷе ба дубора хондани намоз нест.

Шахси бемор наметавонад ба далели нотавонӣ аз таҳорат, намози худро аз вақти намоз ақиб бияндозад, балки ба қадри имкон таҳорат гирифта ва намозро дар вақти худ, адо мекунад, ҳатто агар дар бадан либос ва макони намозаш, наҷосате бошад, ки қодир ба зудудани он нест.

Агар касе ба узри беморӣ ва ё монанди он, натавонист намози фарзро истода бихонад ва агар нишаста низ натавонист онро бихонад, бар паҳлӯ хобида ва онро бихонад ва ё бо ишора рукӯъ ва суҷудро ба ҷо оварад ва барои саҷда бештар аз рукӯъ хам шавад, чун Аллоҳ фармудааст:

( فَاذْكُرُوا اللَّهَ قِيَامًا وَقُعُودًا وَعَلَى جُنُوبِكُمْ ) [النساء: 103]

«Дар ҳамаи аҳвол ба зикри Аллоҳ мудовамат дошта бошед, истода ва нишаставу бар паҳлӯ хобида».

Аз Имрон бин Ҳусайн (р) ривоят аст, ки фармудааст: Ман ба бемории бавосир мубтало будам, дар бораи намоз аз Паёмбар (с) суол кардам, фармуд:

«صل قائما فإن لم تستطع فقاعدا، فإن لم تستطع فعلى جنبك» به روايت همه محدثين جز مسلم. ونسائي بدان افزوده است: «فإن لم تستطع فمستلقيا ( لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا) [البقرة: 286]

"Истода намоз бихон, чун натавонистӣ, нишаста бихон, чун натавонистӣ бар паҳлӯ бихон, чун натавонистӣ бар пушт бихон, Аллоҳ бар қадри вусъ ва тавонойи ҳар кас вайро мукаллаф месозад". Ривояти ҳамаи муҳаддисин ғайр аз Муслим ва Насойи ба он афзудааст, ки "Агар натавонистӣ, пас рост бихон, Аллоҳ ҳар касро миқдори тавонаш мукаллаф месозад".

Аз Ҷобир (с) ривоят аст, ки Паёмбар (с) аз як бемор дидан мекард ва дид, ки ӯ бар рӯи болиште намоз мехонад, Паёмбар (с)болиштро дур андохта ва фармуд:

«صل على الارض إن استطعت، وإلا فأومئ إيماء واجعل سجودك أخفض من ركوعك» بيهقي آن را روايت كرده وابوحاتم وقف آن را تصحيح كرده است.

"Бар рӯи замин (нишаста) агар метавонӣ намоз бихон, дар ғайри он сурат, бо ишора намоз бихон ва барои саҷда бештар аз рукӯъ хам шав". (Байҳақӣ онро ривоят карда ва Абӯҳотам вақфи онро тасҳеҳ кардааст)

Он чӣ, ки меъёри адами иститоъат мебошад, иборат аст аз машақат ё тарсу нигаронӣ ва зиёд шудани беморӣ, ё дер хуб шудани он, ё нигаронӣ аз сари гаранг. Агар касе натавонист намозро истода бихонад, чаҳорзонӯ нишаста ва онро бихонад.

Аз ҳазрати Ойиша (р) ривоят аст, ки "Паёмбар (с)ро дидааст, ки чаҳорзону нишаста ва намоз мехонд". (Ривояти Насойи ва тасҳеҳи Ҳоким).

Ва метавонад ба монанди нишастан барои ташаҳҳуд низ бишинад. Агар касе натавонист истода ё нишаста, намоз бихонад, бар паҳлӯи рост хобида ва онро бихонад ва агар натавонист, бар пушт бихобад ва ба қадри имкон пойҳояшро ба тарафи қибла дароз кунад. Ибни Манзӯр ин кайфиятро интихоб кардааст.

Бар бемор воҷиб аст, ки дар намози худ, рукӯъ ва суҷуд кунад. Дар сурати нотавонӣ, ин аъмолро бо ҳаракат ва ишораи сараш анҷом медиҳад, ки дар ҳолати суҷуд, сари худро поёнтар аз ҳолати рукӯъ қарор медиҳад. Ва агар шахсе метавонист рукӯъ кунад ва аз саҷда оҷиз буд, дар ҳангоми рукӯъ, рукӯъ кунад ва ҳангоми саҷда бо сари худ, ба саҷда ишора кунад ва дар сурате, ки шахс метавонист саҷда биравад, аммо аз рукуъ оҷиз буд, дар ҳангоми суҷуд, саҷда карда ва дар ҳангоми рукуъ бо сари худ ба рукуъ ишора мекунад ва агар ишора кардан ба сар низ дар ҳангоми рукуъ ва суҷуд, барояш ғайри мумкин буд, бо чашмони худ ба ин аъмол, ишора мекунад. Пас барои рукуъ, касе чашмони худро бар ҳам гузошта ва барои саҷда, чашмони худро бештар мебандад ва аммо ишора кардан бо ангуштони даст дар ҳангоми суҷуд ва рукуъ, ки бархе аз беморон анҷом медиҳанд, ҳаргиз дар Китобу Суннат ҳеҷ асл ва нишонае аз он намешиносем ва аҳли илм низ бадон ишора накардаанд. Ва агар ишора кардан ба сару чашм низ барои бемор, имкон надошта бошад, ба қалби худ намоз мехонад, дар натиҷа такбир гуфта ва оётро қироъат мекунад ва суҷуду рукуъ ва қиёму қуъуд (нишастан)ро, ба қалби худ ният мекунад.

Бар шахси бемор воҷиб аст, ки ҳамаи намозҳоро дар вақтҳои маҳдуди худ бихонад ва ҳамаи воҷиботи онро то ҳадди иститоъат, анҷом диҳад ва агар ба ҷо овардани намозҳо дар вақтҳои мактуби он барояш бо машаққат ҳамроҳ буд, метавонад байни намозҳои пешину аср ва ҳамчунин шому хуфтан, ҷамъ баста ва ин намозҳоро ба сурати ҷамъ бихонад, дар натиҷа ин намозҳо, ё ба сурати (ҷамъи тақдим) хонда мешавад, яъне намози асро пас аз намози пешин ва дар вақти намози пешин ва намози хуфтанро баъд аз намози мағриб ва дар вақти намози мағриб, адо мекунад ва ё ин, ки ин намозҳоро ба сурати (ҷамъи таъхир) мехонад, яъне, намози зуҳрро қабл аз намози аср ва дар вақти намози аср ва намози шомро қабл аз намози хуфтан ва дар вақти намози хуфтан, ба ҷо меоварад ва бояд шахс бубинад, ки кадоме аз ин ҳолатҳо барояш роҳаттар мебошад. Аммо намози субҳро натаметавон дар сурати ҷамъ бо намозҳои дигар хонд.

Дар сурате, ки шахси бемор мусофир буда ва барои муъолиҷа ба диёри дигаре ғайр аз шаҳри худ, мусофират карда бошад, бояд намозҳои чаҳор ракаъатиро ба сурати (қаср) бихонад, яъне намозҳои зуҳру аср ва ишоро, ба ҷои чаҳор ракаъат, ду ракаъат адо мекунад, то ин, ки ба шаҳри худ боз гардад, холо хоҳ ин сафар тӯлонӣ бошад, ё кӯтоҳ.

Ҳамчунин, бар пизишкон ва парасторони беморон дар бемористонҳо лозим аст, ки беморонро аз авқоти намозҳо ва ҷиҳати қибла, огоҳ созанд ва дар амали вузӯ, ё таяммум, бо онон ҳамкорӣ намоянд, зеро масъалаи намоз муҳимтар аз ҳар чизи дигарест ва ҳамон тавре, ки доруро дар бемористон дар авқоти муъайян тақдим менамоянд, дар мавриди намоз низ, бояд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дошта бошанд ва ин худ ҳамкорӣ дар некист, чуноне, ки Аллоҳ дастур медиҳад:

( وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى وَلَا تَعَاوَنُوا عَلَى الْإِثْمِ ) [المائدة: 2]

«Дар роҳи некӣ ва парҳезгорӣ, ҳамдигарро ёрӣ ва пуштибонӣ намоед ва ҳамдигарро дар роҳи таҷовуз ва ситамгорӣ, ёрӣ ва пушибонӣ, накунед».

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين. اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم. اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين. اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.