islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Даҳаи охири моҳи мубораки Рамазон


5682
Дарс Тавсифи
Моҳи рамазон моҳи боазаматест. Дар ин моҳ дарҳои биҳишт боз мешавад ва дарҳои дӯзах баста мешавад. Аллоҳи мутаъол фазилати бештареро ба ин моҳ ихтисос додааст, чун шаберо дар он қарор дода, ки аз ҳазор моҳ боарзиштар аст, "лайлатулқадр", ки шабе аз шабҳои даҳаи охири Рамазон мебошад ва бадин хотир буд, ки Паёмбари Худо (с) дар даҳаи охир талоше мекард, ки назире надорад, то шояд ин шаб шомилаш шавад ва бар ҳар мусалмон лозим аст, ки барои ба даст овардани савоби ин рӯзҳои даҳгона талош кунад ва хусусан бо эътикоф дар ин айём, ки аз беҳтарин аъмол дар ин шабҳост.

Тазаккур додани мардум ба фазли даҳаи охири Рамазон.

Баёни суннатҳо дар ин даҳа.

Тақвият додани алоқаи банда бо Парвардигораш ва кӯшиши тақарруб ба ӯ.

Хутбаи аввал

الحمد لله الذی أراد بنا الیسر، وجعل رمضان شهر الصبر، واختار منه ليالي العشر، وفضلها بليلة القدر وجعلها خیراً من الف شهر، وأشهد ان لا إله إلا الله وحده لا شریك له، بیده الأمر، ضاعف الأجر وغفر الوزر وأشهد أن سيدنا محمداَ عبده ورسوله الإمام البدر، رفيع القدر، ومحفوظ العمر كلما اغتنمت الفضائل وحوربت الرذائل وعلى آله وأصحابه ومن تبعهم بإحسان إلى يوم الدين. اما بعد:

Аллоҳи Азза ва Ҷалла мефармояд:

( إِنَّ الَّذِينَ يَتْلُونَ كِتَابَ اللَّهِ وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَأَنْفَقُوا مِمَّا رَزَقْنَاهُمْ سِرًّا وَعَلَانِيَةً يَرْجُونَ تِجَارَةً لَنْ تَبُورَ 29 ) [فاطر: 29]

«Онон, ки китоби Худоро мехонанд ва намоз мегузоранд ва аз он чӣ ба онҳо додаем, пинҳониву ошкоро садақа мекунанд, умедвор ба тиҷорате ҳастанд, ки ҳаргиз зиён намекунад”.

Бародарон ва ҳоҳарони мӯмин! Рамазон моҳи хайру баракат ва баҳори умр ва фурсати муносиб барои касби маънавиёт ва ҷуброни он чӣ аз даст рафта, мебошад. Мусалмонони садри Ислом ба моҳи Рамазон эҳтимоме хосае медоданд. Аз Аллоҳ мехостанд, ки онҳоро то Рамазон зинда нигаҳ дорад, то битавонанд ин моҳи пурфайзро рӯза бигиранд ва бо қудуми Рамазон хушҳол мешуданд. Рӯзҳои онро рӯза медоштанд ва шабҳояшро бо намозу тиловати Қуръон зинда нигаҳ медоштанд ва дар ин моҳ бо анҷоми анвоъи тоатҳо, нафси худро тазкия ва пок мекарданд.

Онҳо медонистанд, ки моҳи Рамазон, моҳи касолату танбалӣ ва хоб нест, чунон чӣ бархе чунин гумон мекунанд, балки бояд гуфт, моҳи Рамазон моҳи ибодат ва ҷиҳоду амал аст.

Пас бояд ин моҳи пурбаракатро гиромӣ дорем ва ин фурсатро ғанимат бишуморем ва ин аёмро бо анвоъи ибодоту тоъот аз зикру тиловат сипарӣ кунем. Паёмбар (с) ва Асҳоби киром дар даҳ рӯзи охири рамазон аъмолеро анҷом медоданд, ки дар рӯзҳои пешини он бадин шева анҷом намедоданд, ба гунае, ки хонандаи сирати Паёмбар (с) ба ин нукта хоҳад расид, ки ин даҳ рӯз, иртиботи Паёмбар (с) бо муҳит камтар шуда ва ҳалқаи иттисол ва хилват бо парвардигорашро бисёр мустаҳкамтар намудааст. Ҳамчуноне, ки Ойиша (р) мефармояд:

«كان رسول الله صلى الله عليه وسلم يجتهد في العشر الأواخر ما لا يجتهد في غيره» (روايت مسلم).

«Паёмбар (с) дар даҳаи охири Рамазон чунон иҷтиҳоду талош менамуд, ки дар ғайри он, он гуна набуд». (Ривояти Муслим).

Бинобарин ин даҳ рӯзи охири Рамазон, рӯзҳои сахткӯшӣ ва ибодати зиёд мебошад. Паёмбар (с) дар ин рӯзҳо шаббедорӣ намуда ва ба намозу дуо ва истиғфор мепардохт, ҳамчуноне, ки дар ҳадиси Ойиша (р) омадааст:

«كان رسول الله صلى الله عليه وسلم إذا دخل العشر أحيا الليل وأيقظ أهله وجد وشد المئزر». (متفق عليه)

«Паёмбар (с) ҳангоме, ки вориди даҳ рӯзи (охир) мешуд, шабро бедор монда ва аҳлашро низ бедор менамуд ва бисёр кӯшиш мекард ва аз занон дурӣ менамуд». (Муттафақун олайҳӣ).

Ҳамчунин эшон (с) аҳли хешро бедор намуда ва ба хотири ғанимат будани ин рӯзҳо ва аҷру савоби азиму фаровонаш, эшонро ба намозу азкор ва дуо ва ғайра ташвиқ менамуд. Эшон (с) дари хонаи Алӣ ва Фотима зада ва хитоб ба эшон мефармуд:

«ألا تقومان فتصليان» (متفق عليه).

«Оё бедор намешавед, то намоз бигзоред!». (Муттафақун алайҳӣ).

Бар мусалмон воҷиб аст, ки бо таъасси аз Паёмбар (с) ва Асҳобу Хулафои рошидин ба умеди аҷру подоше, ки ба дунбол дорад, бар намози таровеҳ муҳофизат намояд. Паёмбар (с) фармудаанд:

«من قام رمضان إيماناً واحتساباً غفر له ما تقدم من ذنبه». (متفق عليه).

«Касе, ки шабҳои Рамазонро аз рӯи имон ва ихлос ва умеди савоб ба намоз бигзаронад, гуноҳони гузаштааш омӯрзида мешавад». (Муттафақун алайҳӣ).

Намозгузор бояд то охири намоз (ва дуо) ҳамроҳи имом бимонад, то ин ки савоби қиёми як шаб барояш навишта шавад ва даҳ шаби охири Рамазонро бо намоз ва хондани Қуръон ва зикру дуо ва истиғфор, эҳё намояд, то ҳама аз Суннати Паёмбар (с) пайравӣ карда бошад ва ҳам дар талаби шаби қадр буда бошад.

Шаби қадр аз ҳазор моҳ, яъне ҳаштоду се солу чаҳор моҳ, беҳтар аст. Шаби муборакест, ки Аллоҳ бо нозил кардани Қуръон дар ин шаб онро гиромӣ доштааст». Шабест, ки Фариштагон ва Ҷибрил фуруд меоянд, шабест, ки ҳар кас онро дар рӯи имон ва ихлосу умеди савоб бо намоз бигзаронад, гуноҳони гузаштааш, ҳама омӯрзида мешаванд ва он шаб мунҳасир дар даҳ шаби охири Рамазон мебошад.

Лозим аст мусалмон дар ҳамаи шабҳои Рамазон ба намоз хондан, тавба, зикр, дуо, истиғфор ва дархости биҳишт ва раҳойи аз оташи ҷаҳаннам машғул бошад ва дар ростои ин аъмол саъйю талош кунад, ба умеди ин, ки Аллоҳ аз ҳама бипазирад ва тавбаи ҳамаи моро қабул намуда ва мо ва падару модари мо ва ҳамаи мусалмононро аз оташи ҷаҳаннам наҷот диҳад ва ба биҳишт дохил намояд.

Паёмбар (с) дар даҳ шаби охири Рамазон, эътикоф менамуданд ва дар пайи шаби қадр мешуданд ва ёронашро ташвиқ менамуданд, то ин шаби гиромиро дарёбанд ва дар даҳаи охир хонаводаи хешро бедор менамуд, ба умеди ин, ки шаби қадрро дарёбанд.

Пас эй касе, ки умратро беҳуда сарф менамойи! Он чиро, ки дар гузашта аз даст додаи, дар Рамазон дарёб, зеро касе, ки аз аҷру подоши он маҳрум шуд, аз тамоми некиҳо маҳрум гаштааст ва ин шаб дар даҳаи охири моҳи Рамазони муборак ва дар шабҳои тоқ мебошад».

Модари мӯминон, Ойиша (р) мефармояд: Гуфтам: Эй Расули Аллоҳ! Агар шаби қадро дарёфтам, чӣ бигӯем: Паёмбар (с) фармуд: «Бигӯ:

«اللهم انك عفوٌ تحب العفو فأعف عني». (روايت احمد وترمذي والباني آن را صحيح خوانده).

«Бори Илоҳо! Ҳамоно ту бисёр бахшандае ва бахшишро дӯст медорӣ, пас маро бибахш ва аз ман даргузар». (Ривояти Аҳамад ва Тирмизӣ ва Албонӣ онро саҳеҳ хонда).

Ҳар кас, ки шаби қадрро бо имону умеди савобу аҷр, қиём намояд, мавриди мағфирати Илоҳӣ воқеъ шуда ва гуноҳони пешинаш бахшида мешавад, чуноне, ки Паёмбар (с) фармудаанд:

«من قام ليلة القدر إيماناً واحتساباً غفر له ما تقدم من ذنبه». (متفق عليه)

«Касе, ки шаби қадро аз рӯи имон ва умеди савобу аҷр, барпой дорад, Аллоҳ гуноҳони гузаштаи ӯро мебахшад». (Муттафақун алайҳӣ).

Аллоҳи мутаъол, сураи махсусеро дар бораи он нозил фармуд, ки то рӯзи қиёмат, қироъат ва хонда хоҳад шуд:

( إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ1 وَمَا أَدْرَاكَ مَا لَيْلَةُ الْقَدْر 2 لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ 3 تَنَزَّلُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّوحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِمْ مِنْ كُلِّ أَمْرٍ 4 سَلَامٌ هِيَ حَتَّى مَطْلَعِ الْفَجْرِ 5 ) [القدر:1 - 5]

«Мо дар шаби қадр онро (Қуръон) нозил кардем! Ва ту чӣ донӣ, ки шаби қадр чист? Шаби қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст. Дар он шаб фариштагону рӯҳ ба фармони Парвардигорашон барои анҷом додани корҳо мефароянд. Он шаб то тулӯъи бомдод ҳама салому эминӣ аст».

Дар ин шаб, ризқи яксола ва замони марги инсонҳо навишта мешавад:

( فِيهَا يُفْرَقُ كُلُّ أَمْرٍ حَكِيمٍ 4 ) [الدخان: 4]

«Дар он шаби муборак, ҳар гуна кори ҳакимонае баён ва муқаррар мегардад».

Аммо шаби қадр дар кадом шаби Рамазон хоҳад буд? Шаби қадр дар даҳаи охири моҳи рамазон аст, Паёмбар (с) мефармояд:

«تحروا ليلة القدر فی الوتر من العشر الأواخر من رمضان». (رواه البخاری).

«Шаби қадрро дар дар даҳаи охири Рамазон биҷӯед». (Ривояти Бухорӣ).

Эҳтимоли вуҷуди шаби қадр дар шабҳои тоқ аст, зеро Паёмбар (с) мефармояд:

«تحروا ليلة القدر فی الوتر من العشر الأواخر من رمضان». (رواه البخاری).

«Шаби қадрро дар шабҳои тоқи даҳ шаби охири Рамазон биҷӯед». Шаби қадр ба ҳафтаи охири шабҳои тоқ наздиктар аст: Паёмбар (с) мефармояд:

«التمسوها فی العشر الأواخر فإن ضعف أحدكم أو عجز فلا يغلبن على السبع البواقی». (رواه مسلم).

«Шаби қадрро дар даҳ шаби охир биҷӯед, аммо агар касе аз шумо заъф дошт ва ё оҷиз аз қиём (дар он шаб), буд, ҳафтаи боқимондаро бидор монда ва аҷз ба вай ғолиб нашавад». (Ривояти Муслим).

Ва наздиктарин шаб, шаби бистуҳафт мебошад, ки ҷумҳури уламо бар онанд ва далели он, ҳадиси Убай бин Каъб аст, ки мефармояд:

«والله إنی لأعلم أی ليلة هی الليلة التی أمرنا رسول الله بقيامها هی ليلة سبع وعشرين». (روه مسلم)

«Ба Аллоҳ қасам, ман медонам, ки Паёмбар (с) моро ба қиём дар чӣ шабе амр фармудааст, он шаби бистуҳафтум аст». (Ривояти Муслим).

Ва ҳамчунин Паёмбар (с) мефармояд:

«لیلة القدر لیلة سبع وعشرین». (رواه أحمد وأبو داود).

«Шаби қадр, шаби бистуҳафтум мебошад». (Ривояти Аҳмад ва Абӯдовуд).

Аммо имом Нававӣ ва Ибни Ҳаҷар ва теъдоди дигаре аз уламо бар онанд, ки шаби қадр дар ҳами солҳо дар шаби мушаххасе нест, балки ҳар сол нисбат ба ҳикмати Илоҳӣ, ҷой ба ҷой мегардад ва Паёмбар (с) дар ин маврид мефармояд:

«التمسوها فی تاسعة تبقى فی سابعة تبقى فی خامسة تبقى». (رواه البخاری).

«Шаби қадрро дар нуҳ шаби боқимондаи (охир) ва дар ҳафт шаби охир ва дар панҷ рӯзи охир биҷӯед». (Ривояти Бухорӣ).

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم. أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلمين انه هو الغفور الرحيم.

الحمد لله حمدا يليق بجلال وجهه وعظيم سلطانه ، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمدا عبد الله ورسوله، صلوات الله سلامه عليه وعلى آله وأصحابه ومن سار على نهجه إلى يوم الدين وبعد:

Эй бандагони Аллоҳ! Яке аз ҳикматҳои махфӣ мондани ин шаб бар бандагон инаст, ки бештар ба зикри Аллоҳ ва намозу соири ибодот машғул гарданд. Аммо аломоти шаби қадр, Паёмбар (с) бархе аз аломотро барои шаби қадр баршумурд, ки ба василаи он нишонаҳо, метавон шаби қадрро аз соири шабҳо, ташхис дод.

Шаби қадр, шаби ором буда, на бисёр гарм ва на бисёр сард мебошад:

«ليلة القدر طلقة لا حارة ولا باردة تصبح الشمس يومها حمراء ضعيفة».

«Шаби қадр муътадил буда ва на гарм ва на сард мебошад ва хуршед дар субҳи он шаб, сурху заъиф аст», (камранг аст).

Ҳамчунин шаби нуронист, ки дар он, оромиш бар аҳли имон ҳоким буда ва мӯминон иншироҳи садр ёфта ва дар он шаб хабаре аз бодҳои хашин ва вазин набуда ва шиҳоби сангӣ дида намешавад:

«ليلة القدر لية بلجة لا حارة ولا باردة لا يرمى فيها بنجم». (رواه أحمد).

«Шаби қадр, шаби нуронӣ буда, на гарм буда ва на сард мебошад ва ва шиҳоби сангӣ низ дар бартоб намешавад».

Субҳи он шаб, хуршед монанди рӯзҳои дигар шуъо надорад:

«صبيحة ليلة القدر تطلع الشمس لا شعاع لها كأنها حلت حتى ترتفع». «رواه مسلم».

«Субҳи шаби қадр, хуршед дар ҳоле тулӯъ мекунад, ки шуъое надорад, монанди ин ки фуруд омада бошад, то замоне, ки баланд шавад».

Аз ҷумлаи умуре, ки Паёмбари Акрам (с) дар Рамазон бар он бо давом амал мекард, даҳ рӯзи охирро ба эътикоф менишастанд, ба гунае ки дар масҷид муътакиф гашта худро машғул ба анҷоми ибодат менамуданд, ҳамчуноне, ки Ойиша (р) мефармояд:

كان النبي -صلى الله عليه وسلم- يعتكف في كل رمضان عشرة أيام فلما كان العام الذي قبض فيه اعتكف عشرين يوماً». (رواه بخاري).

«Паёмбар (с) дар тамоми рамазонҳо даҳ рӯз ба эътикоф менишаст, аммо дар соли вафоташ, бист рӯз ба эътикоф нишаст». (Ривояти Бухорӣ)

Аллоҳи мутаъол эътикофро чузъи мустаҳабе дар дин қарор дод, то инсон дар он аём, худро фориғ намуда ва бештар ба зикри Парвардигораш машғул гашта ва нафси хешро тазкия намояд. Ин даҳ шаби охир аз беҳтарин фурсатҳои барои пешгирифтан ва рақобат дар хайрот кардан мебошад, то дар он аҳли тақво бо ҳам рақобат карда ва аз якдигар пешӣ гиранд, зеро фазоил ва подошҳои аъмол дар ин даҳ рӯзи охир, беш аз соири аём мебошад.

( وَفِي ذَلِكَ فَلْيَتَنَافَسِ الْمُتَنَافِسُونَ 26 ) [المطففين: 26]

«Мусобиқадиҳандагон бояд барои ба даст овардани инҳо ба ҳамдигар мусобиқа бидиҳанд ва бар якдигар пешӣ бигиранд».

Мустаҳаб аст, ки эътикофкунанда, ибодатҳои суннатро фаровон, анҷом диҳад ва худро бо намозҳои суннат ва тиловати Қуръон ва тасбеҳу тамҷид ва таҳлилу такбир ва истиғфору дуруд ва салом бар Паёмбар (с) ва дуо хондан ва муноҷот ва амсоли он аз корҳое, ки инсонро ба Аллоҳ наздик мекунад ва пайванди ӯро бо офаридагораш, барқарор месозад, саргарм кунад ва машғул дорад ва дарс хондан илм ва давра кардан, китобҳои тафсир ва ҳадис ва хондани саргузашти Анбиё ва солиҳин ва хондан ва мутолиъаи китобҳои дигари динӣ низ аз ҷумлаи ин корҳои хайр ба ҳисоб меояд.

Мустаҳабаст, ки эътикофкунанда бо иқтидо ба Паёмбар (с) дар саҳни масҷид барои хеш хаймае барпо дорад.

Макруҳ аст, ки худро ба корҳои беҳуда ва суханони ёва машғул дорад. Барои эътикофкунанда мубоҳ аст, барои худоҳофизии хонаводааш аз маҳали эътикоф берун ояд.

Эътикофкунанда метавонад, мӯйи худро шона кунад ва сари худро битарошад ва нохунро бигирад ва тани хешро аз жулидагӣ ва чирку касофат, пок созад ва назофат кунад ва либоси покиза ва некӯе бипушад ва хештанро хушбӯ кунад ва барои ниёзе, ки пеш меояд, берун биравад.

Ҳазрати Ойиша (р) мефармояд: «Ҳар вақт Паёмбар (с) ба эътикоф менишаст, сари хешро ба ман наздик мекард ва ман онро шона мекардам ва ӯ дохил намеомад, магар барои ниёзҳои маъмӯлии инсон». Ба ривоят Бухорӣ ва Муслим.

Ва ҳамчунон рафтан барои ғусли ҷанобат ва бо покизагии бадан ва ҷома аз чирк низ ҳамин ҳукмро дорад.

Эътикофкунанда ҳақ дорад, ки дар намози Ҷумъа ва иёдати бемор ва ташеъи ҷаноза, ширкат кунад ва ин матлаб аз Алӣ бин Абӯтолиб низ ривоят шудааст ва раъйи Саъид бин Ҷубайр ва Ҳасани Басрӣ ва Иброҳими Нахъӣ низ чунин аст. Аммо берун рафтан аз масҷид ба амд ва бидуни ниёз агар чӣ андак ҳам бошад, эътикофро ботил мекунад, зеро дар ин ҳол ба амд, яке аз аркони онро, ки мукс ва таваққуф дар масҷид аст, аз байн бурдаст.

Аз байн рафтани ақл ба сабаби девонагӣ, ё мастӣ, ҳайз ва нифос, эътикофро ботил мекунанд, зеро ҳушёрӣ ва тамйиз ва пок будан аз олӯдагии ҳайзу нифос, аз шурути эътикоф мебошанд.

Ҳамбистарӣ ва ҷимоъ бо ҳамсар аз ботилкунандаҳои эътикоф аст, чун Аллоҳ мефармояд:

( وَلَا تُبَاشِرُوهُنَّ وَأَنْتُمْ عَاكِفُونَ فِي الْمَسَاجِدِ تِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ فَلَا تَقْرَبُوهَا ) [البقرة: 187] «Дар ҳоле, ки дар масоҷид эътикоф бошед, ба занон наздик нашавед, инҳо ҳудуди Аллоҳ ҳастанд, ба онҳо наздик нашавед, аз онҳо таҷовуз накунед».

Даст задан ба зан бидуни шаҳват, ишколе надорад, зеро модари мӯминон, Ойиша (р) мӯйи Паёмбар (с) дар ҳоли эътикоф шона кардааст.

Пас бародар ва хоҳари мусалмон! Дар ҳар амали худ бояд, мухлис бошед ва ҳадафатонро ҷалби ризои Аллоҳи таъоло бошад, чун амали беихлос мавриди пазириш Парвардигор қарор намегирад. Аз ҳар гуноҳи кӯчак ва бузӯр, тавба намоед ва истиғфор биҷӯед, зеро тавба, ҳамаи гуноҳонро маҳв менамояд.

Ҳамвора намози худро бо ҷамоъат адо намоед ва дар ин маврид сустӣ накунед. Ҳар рӯз ба тиловати Қуръони Карим бипардозед, чун тибқи фармудаи Расули Аллоҳ (с) дар баробари ҳар ҳарфи он барои инсон даҳ аҷр дода мешавад ва Қуръон дар қиёмат супоришгар барои мо қарор мегирад. Агар тавон доштед дар Рамазон Умра ба ҷо оваред, зеро Умра дар Рамазон ба паймонаи як Ҳаҷ бо Паёмбар (с) аҷру подош дорад.

Дастатон ба дуо баланд бошад ва дар дуои худ, падару модар ва хешовандону дӯстон ва дигар мусалмонон ва ҷаҳони Исломро фаромӯш накунед.

Дар аҷр барои сарватмандон ва соҳибони фурушгоҳҳои тиҷорӣ, арз менамоем, ки муъомалоти дунявиатон шуморо аз намозу рӯза ва таровеҳу тиловати Қуръон ва нафақа кардан дар роҳи Аллоҳ, ба ғафлат наяндозад ва тиҷорати охирататонро фидои тиҷорати дунё насозед ва дар муъомалоти худ аз фиребу дурӯғ, истифода накунед.

Мардум бояд аҷносро бо баҳонагирӣ ва тазвир, кам насозанд.

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين. اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.