islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Дурӣ ҷӯстан аз бидъат (умури тозаворид дар дин


3530
Дарс Тавсифи
Аллоҳи мутаъол Паёмбарро барои ҳамаи ҷаҳониён фиристодааст ва вай рисолати Парвардигорашро адо карда ва ин амонати динро таҳвил додааст ва умматро бар роҳи равшан раҳо кардааст, ки шаби он ҳамонанди рӯз аст ва аз ҷаҳон чашм фуру набаста, магар ин, ки дин ва рисолаташро комил кардааст ва роҳе барои афроди баъд аз худаш, қарор надода, ки чизе ба дин бияфзоянд, ё аз он кам кунанд ва аз он низ наҳй кардааст ва ҳеҷ коре, ки бар асоси Суннат ва манҳаҷеро, ки аз суннати вай нест, намепазирад ва пайравӣ аз роҳу равиши вай хайр аст ва дӯрӣ аз он шар.

Баёни хатарҳои навоварӣ дар дин.

Барҳарзар доштани мардум аз навоварӣ дар дин.

Баёни баъзе сабабҳои навоварӣ дар дин.

Хутбаи аввал

الحمد لله الذي أمرنا بالإتباع. ونهانا عن الابتداع. وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له في العبادة. كما أنه لا شريك له في الخلق والإبداع. وأشهد أن محمداً عبده ورسوله الذي أرسله ليتبع ويطاع. صلى الله عليه وعلى آله وأصحابه وسائر الأتباع وسلم تسليماً كثيراً. اما بعد:

Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَأَنَّ هَذَا صِرَاطِي مُسْتَقِيمًا فَاتَّبِعُوهُ وَلَا تَتَّبِعُوا السُّبُلَ فَتَفَرَّقَ بِكُمْ عَنْ سَبِيلِهِ ذَلِكُمْ وَصَّاكُمْ بِهِ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ 153 ) [الأنعام: 153]

«Ва ин роҳ, роҳи мустақими ман аст, пас аз он пайравӣ кунед ва ба роҳҳои гуногун маравед, ки шуморо аз роҳи Худо пароканда месозад. Инҳо чизҳоест, ки Худо шуморо ба он тавсия мекунад, то парҳезгор шавед».

Бародарони ва Хоҳарони мусалмон! Аллоҳи мутаъол ҳазрати Муҳаммад (с), Паёмбари худро барангехт, то ваъдаи худро анҷом диҳад ва нубувватро бо ӯ хотима бахшад ва мардуми ҷаҳонро аз гумроҳӣ ба шоҳроҳи тавҳид ҳидоят намояд ва бандагони ӯро аз ибодати бутҳо бираҳонад ва ба ибодати Аллоҳ роҳнамойи кунад ва аз қайди итоъати шайтон берун оварда ва ба итоъати Аллоҳ роҳнамойи кунад. Паймбари Акрам (с) монанди омӯзгори дилсӯз ба миёни мардум омад, то онҳоро роҳнамойи ва иршод кунад ва ахлоқи накӯ ба онҳо биомӯзад ва онҳоро аз асорати ҷаҳлу нодонӣ ва гумроҳӣ бираҳонад ва то ҳуҷҷатро бар мардум тамом кунад, яъне мардум натавонанд эътироз кунанд, ки чаро Аллоҳ роҳнамоеро нафиристод, то хубу бад ва дурусту нодурустро ба мардум нишон дода ва моро аз ҷаҳаннам бим ва ба биҳишт башорат диҳад.

Паёмбари Акрам (с) умматро бар роҳи равшан гузошт ва шогирдони вафодорашон роҳи равшани эшонро то охирин лаҳзаҳои зиндагӣ амалӣ намуданд, то он ки баъд аз гузашти ин қуруни бартар, уммати исломӣ дучори мусибатҳои гуногуне шуданд.

Дар ин шакке нест, ки бахши рӯҳӣ ва маънавии ҳар ҷомеъа ва миллатро ҳамоно афкор ва муътақидоташ ташкил медиҳад ва то вақте, ки тафаккурот ва эътиқодоти он дуруст ва холӣ аз инҳирофот бошад, сулуку ахлоқаш низ ризоятбахш ва писандида хоҳад буд, вале ҳар гоҳ бо нуфузи аҷнабиён ва бегонагон афкори мунҳариф дохили ҷомеъа гардад, он гоҳ миллату ҷомеъа дучори беназмӣ ва ихтилолоти фикрӣ ва ақидатӣ хоҳанд шуд, пас аз ин ки муддати замоне аз аҳди Паёмбар ва Асҳобу Тобеъин гузашт ва имон рӯ ба заъф ва сустӣ ниҳод ва дурӯягӣ ва нифоқ аз ҳар сӯ сар баровард ва зуҳду тақво ба ҳадди ақали худ расид, бисёре аз инсонҳо ҷуръат намуданд ва бо пурруйи ва ҷасорат ва аз рӯи ҳаво ва ҳавас ба изҳори назар пардохтанд ва ҳар он чӣ мавриди ризояти Аллоҳу Паёмбар набуд, бар забон ҷорӣ намуданд ва ба сабаби он фирқаҳи гумроҳ бурӯз намуда, тафриқа ва ихтилоф ҷои ваҳдату ҳамбастагӣ, ҷаҳлу нодонӣ, ҷои илму дониш, бидъат ҷои суннатро гирифт ва фарзандони уммати исломӣ аз ду манбаъи аслии динашон фосила гирифтанд.

Мусалмонон! Оёту аҳодис ва ҳамчунин ақволи бисёре аз уламо вуҷуд дорад, ки мусалмононро дар тамассук ба суннат ва дурӣ ҷустан аз бидъат дастӯр додааст. Аз ҷумла Аллоҳи мутаъол ба унвони васият ба бандагони боимонаш мефармояд:

( وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَلَا تَفَرَّقُوا ) [آل عمران: 103]

«Ва ба ресмони Аллоҳ чанг бизанед ва мутафарриқ нашавед». «Ҳаблуллоҳ», яъне Қуръон ва Суннат дар маънои мустаъораш аст ва ҷамъ байни Қуръон ва Суннат, сабаби расидан ба мақсуд ва он ҳам подоши Илоҳӣ ва наҷот аз азоб аст. Аллоҳи мутаъол дар ҷои дигар мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا أَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ وَأُولِي الْأَمْرِ مِنْكُمْ ) [النساء: 59]

«Эй касоне, ки имон овардаед! Аз Аллоҳ ва Паёмбараш итоъат кунед ва аз кордорону фармондеҳони худ фармонбардорӣ намоед».

Имом Табарӣ (р) дар шарҳи ин оят мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед! Аз Аллоҳ дар он чӣ ба шумо амру наҳй мекунад, пайравӣ кунед ва аз Расулаш Муҳаммад (с) низ пайравӣ намоед, зеро пайравӣ кардани шумо аз Паёмбар (с) мунҷар ба итоъати шумо аз Аллоҳи мутаъол мешавад, чун шумо бар асоси амри Аллоҳи мутаъол аз Паёмбараш пайравӣ мекунед ва ин дастӯре аз тарафи Аллоҳ аст, мабнӣ бар пайравӣ кардан аз Паёмбар (с) дар замони ҳаёташ дар он чӣ ба он амру наҳй мекунад ва баъд аз вафоташ ба пойбанд будан ба Суннаташ.

Аллоҳ таъоло ба таври умум дастӯри пайравӣ аз Паёмбари Акрам (с)ро содир карда ва ин дастӯр ба замони хосе ихтисос надорад, балки дастӯри ом ва куллӣ аст ва марбут ба ҳар ду замони ҳаёт ва пас аз вафоти Паёмбар (с) мешавад. Аллоҳи пок ва муназзаҳ мефармояд:

( فَلْيَحْذَرِ الَّذِينَ يُخَالِفُونَ عَنْ أَمْرِهِ أَنْ تُصِيبَهُمْ فِتْنَةٌ أَوْ يُصِيبَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ 63 ) [النور: 63]

«Ононе, ки бо фармони ӯ мухолифат мекунанд, бояд аз ин битарсанд, ки балое гиребонгирашон гардад ва ин, ки азоби дардноке дучорашон шавад».

Ибни Касир (р) мефармояд: «Сарпечӣ кардан аз дастуроти Расули Акрам (с), ки он ҳам, роҳу равиш ва суннату шариъати эшон аст ва аъмолу ақволи инсон бо аъмолу ақволи Расули Акрам (с) муқоиса мешавад, агар бо он мувофиқат дошт, қабул мегардад ва агар бо он мухолифат дошт, мардуду ботил аст.

Ҳамчуноне, ки дар саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим аз Паёмбар (с) ривоят аст, ки фармуданд:

«من عمل عملاً لیس علیه أمرنا فهو ردّ».

«Ҳар кас амале анҷом диҳад, ки мо бар анҷоми он дастур надода бошем, он амал ботилу мардуд аст».

Пас касе, ки бо дастури Паёмбар (с) аз лиҳози зоҳирӣ ва ботинӣ мухолифат мекунанд, битарсанд ва ҳаросон бошанд, аз ин, ки фитнаи дунё, ки шомили куштан, иҷрои худуд, зиндонӣ кардан ва ғайра аст, домангирашон нашавад.

Аз Ҷобир (р) ривоят аст, ки Паёмбари Акрам (с) мефармуд:

«أما بعد : فأنّ خير الحديث کتاب الله وخیر الهدی هدی محمد وشر الأمور محدثاتها وکل محدثة بدعة، وکل بدعة ضلالة». (روايت مسلم)

"Аммо баъд: беҳтарин сухан, китоби Аллоҳ ва беҳтарин равиш, равиши Паёмбар (с) аст ва бадтарин корҳо, корҳои ҷадиду навпайдо дар дин аст ва ҳамаи ин навовариҳо бидъатанд ва ҳамаи бидъатҳо гумроҳиянд". (Ривояти Муслим).

Ва аз Абӯмусо Ашъарӣ (р) ривоят аст, ки Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

«مَثَلِى وَمَثَلُ مَا بَعَثَنِى اللَّهُ كَمَثَلِ رَجُلٍ أَتَى قَوْمًا فَقَالَ رَأَيْتُ الْجَيْشَ بِعَيْنَىَّ ، وَإِنِّى أَنَا النَّذِيرُ الْعُرْيَانُ فَالنَّجَا النَّجَاءَ . فَأَطَاعَتْهُ طَائِفَةٌ فَأَدْلَجُوا عَلَى مَهْلِهِمْ فَنَجَوْا ، وَكَذَّبَتْهُ طَائِفَةٌ فَصَبَّحَهُمُ الْجَيْشُ فَاجْتَاحَهُمْ.» (روايت بخاری)

"Масали ман ва масали он чизе, ки Аллоҳ манро бо он ба сӯи шумо мабъус кард, мисли масали мардест, ки ба сӯи қавмаш омад ва гуфт: эй қавм! Ман лашкареро бо чашмонам дидам ва ҳақиқатан ман тарсонанда урёне –мисли мардест, ки ба лашкаре бармехурад ва онҳо ӯро ба тороҷ мебаранд ва асир мекунанд, сипас ӯ аз дасташон фирор карда ва дар ҳоле, ки чизе ҳамроҳ надорад, ба сӯи қавмаш фирор мекунад, то онҳоро аз вуҷуди душман огоҳ кунад-, ҳастам барои шумо, худатонро наҷот диҳед ва фирор кунед. Иддае аз афроди қавмаш суханашро қабул мекунанд ва сари шаб ба оромӣ ва дар ниҳояти сукун, ҳаракат мекунанд ва худашонро наҷот медиҳанд ва иддаи дигар суханашро қабул намекунанд ва ҳамон ҷо мемонанд, саҳаргоҳон лашкариён мерасанд ва онҳоро мекушанд ва аз беху бун бармекананд ва ин масали касест, ки аз ман итоъат кунад ва аз он чӣ овардаам, пайравӣ намояд ва масали касе, ки аз ман нофармонӣ варзад ва он чиро, ки аз ҳақ овардам, такзиб кунад". (Ривояти Бухорӣ).

Дар ин ҳадис Паёмбар (с) худашро ба марде ташбеҳ карда, ки агар аз қавмаш дур бошад ва бихоҳад онҳоро огоҳ кунад ва ба онҳо хабар диҳад, ки душманро бо чашмони худаш дида, либосашро мебарорад ва бо он ба сӯи қавмаш ишора мекунад, то онҳоро аз омадани ногаҳонии душман хабардор кунад, дар ин миён ҳар кас ҳарфи он мардро тасдиқ кунад ва аз ӯ итоат кунад ва аз он минтақа хориҷ шавад, наҷот меёбад ва солим мемонад, вале агар ҳарфи он мардро такзиб кунад ва аз ӯ сарпечӣ варзад ва аз он минтақа хориҷ нашавад, душман меояд ва ӯро мекушад ва ё асир мегирад ва ин мисли касест, ки аз Паёмбар (с) итоъат мекунад, пас наҷот меёбад ва агар нофармонӣ кунад, ҳалок мешавад.

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم، أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلمين إنه هو الغفور الرحيم.

الحمد لله حمدا يليق بجلال وجهه وعظيم سلطانه ، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمدا عبد الله ورسوله ، صلوات الله سلامه عليه وعلى آله وأصحابه ومن سار على نهجه إلى يوم الدين وبعد:

Бародарони мӯмин! Паёмбар (с) амонатеро, ки бар дӯш доштанд, адо намуда ва дини Илоҳиро ба бандагон ба таври шоиста баён намуда, эшонро бар роҳи равшану ошкор гузошта ва ба рафиқи аъло пайвастанд.

Дар ҳадисе аз Ирбоз бин Сория (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд:

«قد تركتكم على البيضاء ليلها كنهارها لا يزيغ عنها بعدي إلا هالك ومن يعش منكم فسيرى اختلافا كثيرا فعليكم بما عرفتم من سنتي وسنة الخلفاء المهديين الراشدين من بعدي». (روايت حاكم).

"Шуморо бар равише тарк мегунам, ки шабаш дар равшанӣ мисли рӯз аст, яъне шуморо бар ҳидояте тарк мекунам, он қадар возеҳу ошкор аст, ки ҳеҷгуна хафое дар даврони фитна низ дар он вуҷуд надорад, танҳо касе , ки дучори ҳалок мешавад, аз ин ҳидоят ва равшанӣ мунҳариф мешавад ва ҳар, ки аз шумо зинда бимонад, ба зудӣ шоҳиди ихтилофоти зиёде хоҳад буд, пас бар шумо пайравӣ аз роҳу равиши ман ва хулафои рошидин, ки ҳидояткунандагонанд, воҷиб аст". (Ривояти Ҳоким).

Ва аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд:

«كل أمتي يدخلون الجنّة إلاَّ من أبى قيل يا رسول الله ومن يأبى قال: من أطاعني دخل الجنة ومن عصاني فقد أبى». (البخاري)

"Ҳамаи уммати ман дохили ҷаннат мешаванд, магар касе, ки худ аз дохил шудан имтиноъ варзад", гуфта шуд: Эй расули Аллоҳ! чӣ касе аз духули он имтиноъ меварзад? Фармуд: "Касе, ки аз ман итоъат кард, дохили ҷаннат хоҳад шуд ва касе ки аз ман нофармонӣ кунад, ӯ ҳамон касест, ки худ аз духули он имтиноъ варзидааст". (Бухорӣ)

Ҳамчунон Паёмбари Акрам (с) фармуд:

«ترَكْتُ فِيكُمْ أَمْرَيْنِ لَنْ تَضِلُّوا مَا تَمَسَّكْتُمْ بِهِمَا كِتَابَ اللَّهِ وَسُنَّةَ نَبِيِّهِ» (موطا امام مالک).

"Ду чизро дар миёни шумо ба ҷой гузоштам, ки бо чанг задан ба он ду, ҳаргиз гумроҳ намешавед: Китоби Аллоҳ, (Қуръон) ва суннати Паёмбараш (Аҳодис)". (Муваттаи Молик)

Саҳобаи киром (р) ва уламои бузурги садри Ислом ва мобаъди эшон (р) низ аз дурӣ ҷустан аз бидъат ва тамассук ба Суннати Паёмбар (с) таъкид варзидаанд аз ҷумла:

Абдуллоҳ бин Масъуд (р) фармудааст: "Табаъият ва пайравӣ кунед ва бидъатгузорӣ накунед, чун пайравӣ кардан шуморо кифоят мекунад".

Боз дар ҷои дигар мефармояд: "Мо иқтидо мекунем ва истиқлолталабӣ намекунем ва пайравӣ мекунем ва бидъатгузорӣ намекунед ва модоме, ки ба осори Паёмбар (с) чанг занем, ҳаргиз гумроҳ намешавем". (сунани Дорамӣ)

Аз Абдуллоҳ бин Умар (р) ривоят аст, ки фармудааст: "Тамоми бидъатҳо гумроҳиянд ва агар чӣ мардум онро хубу дуруст бидонанд". (сунани Дорамӣ)

Аз Ҳишом бин Урваҳ (р) ривоят аст, ки фармуд: "Аз суннатҳо пайравӣ кунед, чун суннатҳо нигоҳдорандаи динанд". (ҷомеъу банёнил-илм).

Аз Ибни Ҳурмуз (р) ривоят аст, ки фармудааст: "Бо аҳли Мадина мулоқот кардам ва дар миёни онҳо фақат Китоби Аллоҳ ва Суннати Паёмбар (с), аҳодисаш мавҷуд буд ва агар масоиле пеш меомад, ҳоким ба асоси онҳо фатво медод". (ҷомеъул биёнил-илм).

Ривоят аст, ки марде номае ба Умар бин Абдулъазиз (р) навишт ва дар мавриди (қадар) аз ӯ суол кард. Умар бин Абдулъазиз дар ҷавоби ӯ, барояш навишт: "Аммо баъд: туро ба риъояти тақвои Илоҳӣ, миёнаравӣ дар умури Илоҳӣ, пайравӣ аз Суннати Паёмбар (с) ва тарки он чӣ, ки бидъатгузорон бо вуҷуди Суннати Паёмбар (с) ба вуҷуд овардаанд, тавсия мекунам. Ба ту пайравӣ аз Суннати Паёмбар (с) воҷиб аст, чун барои ту ба масобаи паногоҳе аст. Сипас бидон! Мардумон ҳеҷ бидъатеро ба вуҷуд наовардаанд, магар ин, ки дар гузашта далеле дар радди он бидъат вуҷуд дошт ва дарсҳое аз он гирифта шуда, ҳақиқатан Суннатро касе бунёнгузорӣ карда, ки дар мухолифати Суннат, хато, иштибоҳ, инҳироф, нодонӣ ва зиёдаравӣ, вуҷуд дорад, пас нафсатро бар он чӣ мусалмонони қабл аз ту бо он розӣ шуданд, розӣ гардон...". (ривояти Абӯдовуд).

Бародарону Хоҳарони мусалмон! Таваҷҷӯҳ намоед Абдуллоҳ бин Масъуд (р) чӣ сухани зебо ва балиғ дар мавриди пайравӣ ва тарки навоварӣ дар дин фармудааст: "Аллоҳ назаре ба қулуби бандагонаш андохта ва қалби Муҳаммад (с)ро беҳтарин қалбҳо ёфт ва ӯро ба Паёмбарӣ мабъус кард, сипас назаре ба қулуби бандагонаш баъд аз интихоби қалби Паёмбар (с) андохт ва қалбҳои Саҳобаи Расули Аллоҳро беҳтарин қалбҳо ёфт ва онҳоро ба унвони ёрони Паёмбараш ва ёридиҳандаи динаш баргузид, сипас он чиро, ки мусалмонони Саҳобаи Расули Худо (с) хуб ва шоиста медонанд, назди Аллоҳ низ хубу шоиста аст ва он чиро мусалмонон зишту нописанд мешуморанд, назди Аллоҳ низ зишту нописанд аст".

Бинобарин вобастагии шадид ба ашхосу мазоҳиб ва пайравии кӯркӯрона аз падару ниёгон, омили бисёре аз бидъатҳо ва зиштиҳо ба баҳонаи ҳифзи одобу сунан шуда ва ҳиҷобе дар баробари маърифат ва шинохти ҳақ. Пас бояд донист, ки бидъатгузорӣ дар дин, осор ва паёмадҳои ногувори фаровоне дорад, ки аз ҷумлаи онҳо:

Аввал: Табоҳии дин, зеро агар ҳар кас ба худ иҷоза бидиҳад, бо салиқаи хоси худ чизе ба ойини Аллоҳ бияфзояд ва ё аз он бикоҳад, ҳақиқати дин аз байн меравад ва чизе аз он боқӣ намемонад.

Дуввум: Бо пайравӣ аз бидъат, суннат ба фаромӯшӣ супурда мешавад.

Саввум: Бидъатгузорӣ дар дин сабаби дурӣ аз ҳақ ва афтодан дар водии гумроҳӣ аст. бидъатгузор на танҳо худ дар водии гумроҳист, балки бидъат мояи гумроҳии инсонҳои бешуморе мегардад.

Чаҳорум: Бидъатгузор бо дастдарозӣ дар дин ва каму зиёд кардани аҳкоми Аллоҳ ҳам дар амал ва ҳам дар андешаву эътиқод, аз ҳақ фосила мегирад, дар натиҷа аъмолу ибодоти ӯ бесамар буда, мақбули даргоҳӣ Ҳақ нахоҳад буд ва аз осори манфӣ ва паёмадҳои хатарноки бидъат, эҷоди фитна ва ошӯб аст.

Оре! бидъат дар арсаи дин, сабаби эҷоди фазои номатлӯб, омехта шудани ҳақу ботил мегардад, биёре аз бидъатҳо ба хотири шароите ба суръат паҳн мешаванд ва гоҳ дар тӯли замон боқӣ мемонанд ва гурӯҳҳои бисёреро ба инҳироф мекашонад ва шахси бидъаткор бояд ҷаримаи тамоми онҳоро бипардозад.

Қуръони маҷид дар бораи ин гуна ашхос мефармояд:

( لِيَحْمِلُوا أَوْزَارَهُمْ كَامِلَةً يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَمِنْ أَوْزَارِ الَّذِينَ يُضِلُّونَهُمْ بِغَيْرِ عِلْمٍ أَلَا سَاءَ مَا يَزِرُونَ 25 ) [النحل: 25]

«Онон бояд дар рӯзи қиёмат бори гарони гуноҳони худро ба тамому камол дар дӯш кашанд ва ҳам бархе аз бори гуноҳони касонеро ҳамл намоянд, ки эшонро бидуни огоҳӣ, гумроҳ сохтаанд. Огоҳ бош! чӣ бори гуноҳони бадеро бар дӯш мекашанд».

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين. اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.