islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Зикри Аллоҳи мутаъол


5661
Дарс Тавсифи
Ёди Аллоҳи мутаъол барои қалб ҳамонанди об барои моҳист. Чӣ гуна моҳӣ метавонад обро тарк кунад? Дини Ислом ба иртиботи ҳар фарди мусалмон бо Парвардигораш таъкид мекунад, то вуҷудашро зинда гардонад ва қалбашро покиза гардонад ва аз вай кӯмаку тавфиқ биталабад ва ба ин хотир Қуръону Суннати Паёмбар ташвиқ ба зикр кардани зиёд аз Аллоҳи мутаъол кардаанд ва барои ҳар вақт зикреро қарор додаанд.

Баёни азамати зикр дар ҳаёти мусалмон.

Ташвиқ бар зикри Аллоҳ дар тамоми ҳолатҳо.

Тақвият додани алоқа байни банда ва Парвардигораш.

Барҳазар доштан аз аҳли ғафлат аз зикр.

Хутбаи аввал

الحمد لله القائل في كتابه الكريم: ( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اذْكُرُوا اللَّهَ ذِكْرًا كَثِيرًا 41 وَسَبِّحُوهُ بُكْرَةً وَأَصِيلًا 42 ) [الأحزاب:41 - 42]

وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له. وعد الذاكرين الله كثيراً والذاكرات أجراً عظيماً وثواباً جزيلا. وأشهد أن محمداً عبده ورسوله. كان يذكر الله على كل أحيانه بجوارحه وبقلبه ولسانه، ويحث على ذكر الله تعظيماً لشأنه. صلى الله عليه وعلى آله وأصحابه وأعوانه. وسلم تسليماً كثيراً. اما بعد:

Аллоҳ Ҷалла Ҷалолуҳу мефармояд:

( الَّذِينَ آَمَنُوا وَتَطْمَئِنُّ قُلُوبُهُمْ بِذِكْرِ اللَّهِ أَلَا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ 28 ) [الرعد: 28] «Касоне, ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Аллоҳ аст, бидонед, танҳо бо ёди Аллоҳ дилҳо ором мегиранд».

Бародарон ва хоҳарони мусалмон! Аз дидгоҳи Ислом, ҳеҷ чиз ба андозаи зикр ва ёди Аллоҳ, дорои арзиш ва аҳамият нест, балки ҳамаи умури дигар барои таваҷҷӯҳи инсон ба Аллоҳ аст. Қуръони Карим бо таваҷҷӯҳ ба осори ҳаётбахши ёди Аллоҳ дар мавориди фаровоне, мӯминонро ба ёди Аллоҳ фаро хонда ва ба мудовамати он амр фармудааст, то мӯминон бо он оби ҳаёт, дилҳои хешро сероб ва аз осори пурхайру баракати он, бархурдор гарданд.

Зикр ва ёди Аллоҳ, осори созандаи рӯҳӣ ва ахлоқии фаровоне дорад, ки ёди мутақобили Аллоҳ аз банда, равшании дил ва оромиши қалб ва тарс аз (нофармонии) Аллоҳ, басирату шинохти шайтон ва бахшиши гуноҳон ва илму ҳикмат аз ҷумлаи онҳост.

Зикри Аллоҳ яке аз зеботарин ҷилваҳои иртибот бо Парвардигор ва асоситарин роҳои сайру сулук аст, яъне мутарним будани забон ва қалби инсон бо Асмои ҳуснои Илоҳӣ ва шодоб нигаҳ доштани гули рӯҳ дар зери борони ёди ҳақ.

Зикри Аллоҳ аз ёд бурдани маҳдуди хеш дар раҳгузари ёди Асмои Илоҳист ва тадовум ва истимрори он зингори гуноҳонро аз рӯи дил мезидояд, зеро ғафлату фаромӯшии Ҳақ Таъоло, соҳати дилро тира мекунад.

Аз ин ҷост, ки яке аз рисолатҳои Паёмбарон ва китобҳои осмонӣ, бартараф намудани ин тирагӣ ва кудурату торикӣ аст ва ба ҳамин иллат, яке аз номҳои Қуръони Карим зикр мебошад, ки муҷиби ёдоварии Аллоҳи мутаъол мебошад, бинобарин ёди Аллоҳ инсонро аз пастии моддият ба авҷи маънавият мерасонад ва умедро дар инсон зинда мекунад ва яъсу ноумедиро, ки аз мушкилоти зиндагии моддӣ ва муъодилоти башарӣ, ношӣ мегардад, бартараф мекунад. Аз ин рӯ, Паёмбари Акрам (с) тавсия менамоянд:

«لاَ يَزَالُ لِسَانُكَ رَطْباً مِنْ ذِكْرِ الله». (الترمذي 5/458، وابن ماجه 2/1246 صحيح الترمذي 3/139، وصحيح ابن ماجه 2/317 )

«Ҳамеша забонат ба зикри Аллоҳ тар бошад». (Тирмизӣ 5/458 /3/139 ва Ибни Моҷҷаҳ 2/1246-2/372).

Зикри Аллоҳ осор ва самароти таъаҷҷубовар ва бо шукӯҳе дорад, ки ҳар як аз онҳо дар созандагии рӯҳӣ ва ахлоқии инсон, таъсири босазое дорад.

Аввали асари зикри Аллоҳ инаст, ки Аллоҳи мутаъол низ инсонро ёд мекунад:

( فَاذْكُرُونِي أَذْكُرْكُمْ وَاشْكُرُوا لِي وَلَا تَكْفُرُونِ152)[البقرة: 152]

«Пас ёд кунед маро, то ёд кунам шуморо ва шукр кунед маро ва ношукрии ман накунед».

Ва Паёмбари Аллоҳ (с) мефармояд:

«يَقُولُ اللهُ تَعَالَى: أَنَا عِنْدَ ظَنِّ عَبْدِي بِي، وَأَنَا مَعَهُ إِذَا ذَكَرَنِي، فَإِنْ ذَكَرَنِي فِي نَفْسِهِ ذَكَرْتُهُ فِي نَفْسِي، وَإِنْ ذَكَرَنِي فِي مَلأٍ ذَكَرْتُهُ فِي مَلأٍ خَيْرٍ مِنْهُمْ، وَإِنْ تَقَرَّبَ إِلَىَّ شِبْرَاً تَقَرَّبْتُ إِلَيْهِ ذِرَاعَاً، وَإِنْ تَقَرَّبَ إِلَيَّ ذِرَاعَاً تَقَرَّبْتُ إِلَيْهِ بَاعَاً، وَإِنْ أَتَانِي يَمْشِي أَتَيْتُهُ هَرْوَلَةً». (متفق عليه).

«Аллоҳ таъоло мефармояд: ман назди гумони бандаам нисбат ба худам мебошам ва ҳар гоҳ зикри маро кунад, ман бо ӯ ҳастам ва агар маро дар дилаш зикр кунад, ман ӯро назди худам зикр мекунам ва агар маро дар гурӯҳе зикр кунад, ман ӯро дар гурӯҳи беҳтар аз он зикр мекунам ва ҳар гоҳ як ваҷаб ба ман наздик шавад, як газ (дасти инсон аз сари ангуштон то оринҷ) ба ӯ наздик мешавам ва агар як газ ба ман наздик гардад, як бозӯ (андозаи аз сари ангӯштони дасти рост, то сари ангушти дасти чап, вақте ки дастҳоро уфуқӣ ба ду тараф боз кунанд) ба ӯ наздик мегардам ва агар бо роҳ рафтан ба сӯи ман ояд, ман шитобон ба сӯи ӯ меравам». (Муттафақун алайҳӣ).

Зикри Аллоҳ сабаби оромиши дил ва сукуни қалби бандаи мӯмин мешавад, ҳамон оромиш ва итминони гумшудаи инсони имрӯза, ки дар орзӯйи ба даст овардани он мебошад ва Қуръони Карим роҳи расидан ба оромишро ба башар муъаррифӣ намуда мефармояд:

( الَّذِينَ آَمَنُوا وَتَطْمَئِنُّ قُلُوبُهُمْ بِذِكْرِ اللَّهِ أَلَا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ 28 ) [الرعد: 28]

«Касоне, ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Аллоҳ аст, бидонед, танҳо бо ёди Аллоҳ дилҳо ором мегиранд».

Оре! ёди Аллоҳ доруи маънавии изтиробу афсӯрдагист, ки аз назари равоншиносӣ иллатҳои он, тарси ояндаи мубҳам ва нигаронӣ аз шикаст хурдан ва тарс аз бемориҳо ва нигаронӣ аз омилҳои табиъӣ мебошад. Гузашта аз масъалаи бемории изтироб, оромишталабӣ дар фитрати инсон реша дорад ва дар сиришти инсонҳо, ҳисси оромишҷӯйи нуҳуфта аст ва бисёре аз фаъолиятҳои одамӣ дар ҳақиқат посӯх ба нидои Илоҳии фитрат аст.

Вақте ба зиндагии худ ва бисёре аз афрод назар мекунем, мебинем ҳадафи бисёре аз корҳои мо дастёбӣ ба гавҳари гаронбаҳои оромиш аст, яъне инсонҳо дар тӯли зиндагии худ талош мекунанд то ба оромиши хотир ва итминон ноил шаванд. Дар ин дидгоҳ байни инсонҳо иштироки назар вуҷуд дорад, вале ихтилофи назар дар таъйин ва ташхиси чизҳоест, ки ба зиндагӣ оромиш мебахшад.

Бисёранд касоне, ки ин гавҳари нафисро дар сарватандӯзӣ ва рафоҳии моддӣ медонанд ва оромиши гумшудаи худро дар он меҷӯянд ва ба қавли худашон бори худро мебанданд ва барои он худро ба обу оташ мезананд. Гурӯҳе –ба иштибоҳ- оромишро дар паноҳ бурдан ба домани «муътодӣ» мебинанд, то таскин ёбанд, ки ин оромиши козиб аст.

Вале Қуръони Маҷид танҳо нусхаи шифобахши изтиробро, ёди Аллоҳ медонад ва танҳо посӯхи нидои фитратро, зикри Аллоҳ мебинад. Зикри Аллоҳ заминаи растагории инсонро фароҳам месозад, чунон ки Аллоҳ мефармояд:

( وَاذْكُرُوا اللَّهَ كَثِيرًا لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ 10) [الجمعة: 10]

«Аллоҳи Таъолоро бисёр ёд кунед, бошад ки растагор шавед».

Ононе, ки ба ёди Аллоҳ ҳастанд, аз васвасаҳои шайтон мутаъссир намешаванд ва ёди Аллоҳ, силоҳест, ки аз онҳо дар баробари шайтон муҳофизат менамояд, чунон ки Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( إِنَّ الَّذِينَ اتَّقَوْا إِذَا مَسَّهُمْ طَائِفٌ مِنَ الشَّيْطَانِ تَذَكَّرُوا فَإِذَا هُمْ مُبْصِرُونَ 201 ) [الأعراف: 201]

«Парҳезгорон ҳангоме, ки гирифтори васвасаи шайтон шаванд, ба ёди Аллоҳ ва подоши кайфари ӯ меафтанд ва (дар партави ёди ӯ, роҳи ҳақро мебинад ва) ногаҳон бино мешаванд».

Бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти «Зикри Илоҳӣ» ва нақши созандаи он дар пешрафти маънавии инсонҳои мӯмин, Аллоҳ мӯминонро аз таваҷҷӯҳ ба умуре, ки инсонро аз ёди Аллоҳ боз медорад, барҳазар медорад:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا لَا تُلْهِكُمْ أَمْوَالُكُمْ وَلَا أَوْلَادُكُمْ عَنْ ذِكْرِ اللَّهِ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَلِكَ فَأُولَئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ 9 ) [المنافقون: 9]

«Эй касоне, ки имон овардаед! Амвол ва фарзандонатон шуморо аз ёди Аллоҳ боз надорад ва ҳар кас чунин кунад, аз ҷумлаи зиёнкорон аст».

Бадиҳист, таваҷҷӯҳ ба мол ва зиндагии дунё дар сурате наҳй шудааст, ки инсонро аз ёди Аллоҳ боз дорад ва иборати дигар: ҳадафи инсон дар зиндагӣ таваҷҷӯҳ ба онҳо бошад, вале дар сурате, ки инсон муроқиби нафси хеш бошад ва аз инҳо ба унвони васила барои расидан ба саъодати абадӣ, истифода кунад, на танҳо мазмум нест, балки супориш ҳам шудааст. Пас амвол ва авлод, то он ҷо, ки аз онҳо дар роҳи Аллоҳ ва барои найл ба ҳаёти тайибаҳ, кӯмак гирифта шавад, аз мавоҳиби Илоҳӣ ҳастанд ва матлуб мебошад. Аммо агар алоқаи ифротӣ ба онҳо садде дар миёни инсон эҷод кунад, бузургтарин бало маҳсуб мешавад ва хусрони бузург аст, ки дар ояти карима ба ҳамин маъно ишора шудааст. Таъбир ба «хосирӯн» ба хотири инаст, ки ҳубби дунё чунон инсонро саргарм мекунад, ки сармояҳои вуҷуди хешро дар роҳи лаззати нопойдор ва авҳом ва пиндорҳо, сарф мекунад ва бо дасти холӣ аз дунё меравад, дар ҳоле, ки бо доштани сармояҳои бузург барои зиндагии ҷовидонааш, коре накарда аст.

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم.أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلمين انه هو الغفور الرحيم.

الحمد لله حمدا يليق بجلال وجهه وعظيم سلطانه ، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له ، وأشهد أن محمدا عبد الله ورسوله ، صلوات الله سلامه عليه وعلى آله وأصحابه ومن سار على نهجه إلى يوم الدين وبعد:

Бародарон ва хоҳарони мӯмин! Ҳамонгуна, ки "зикри Илоҳӣ", маншаи осори фаровонест, дурӣ аз ёди Аллоҳ низ паёмадҳоеро ба дунбол дорад, аз ҷумла, худфаромӯшӣ тавре, ки дар ояти карима ба он ишора шудааст:

( وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ نَسُوا اللَّهَ فَأَنْسَاهُمْ أَنْفُسَهُمْ) [الحشر: 19]

«Монанди касоне набошед, ки Аллоҳро фаромӯш карданд, ки Аллоҳ низ онҳоро худфаромӯшӣ дӯчор сохт».

Дар ҳақиқат, фаромӯшии Аллоҳи мутаоъл, тарки шукру зикри Аллоҳ аст ва низ тарки тоъат дар бандагиро ҳам ба ҳамроҳ дорад, зеро аз як сӯ фаромӯшии Парвардигор сабаб мешавад, ки инсон дар лаззати моддӣ ва шаҳвонӣ фурӯ равад ва ҳадафи офариниши худро ба фаромӯшӣ биспорад, бинобарин аз тӯша андӯхтан барои фардои қиёмат, ғофил бимонад. Аз сӯи дигар, фаромӯшии Аллоҳи мутаъол ҳамроҳ бо фаромӯш кардани сифоти поки ӯст, -ки Аллоҳи мутаъол ҳастии мутлақ ва илми бепоён ва ғизои беинтиҳост ва ҳар чӣ ғайр аз ӯст, вобаста ва ниёзманд ба зоти покаш мебошад- ҳамин амр сабаб мешавад, ки инсон худро мустақил ва ғанию бенаёз бишморад ва бар нафси худ эътимод кунад, бо ин ки бояд ба Парвардигораш эътимод намуда ва аз ӯ бимнок ва ба ӯ умедвор бошад.

Ва ҳамаи инҳо, омили аслии фисқу фуҷӯр аст, балки ин худфаромӯшӣ, мисдоқи хуруҷ аз тоъати Аллоҳи мутаъол аст ва ҳар гоҳ мусалмон аз Аллоҳ дур гардад, шайтон ҳамроҳу қарини вай мегардад.

Чунон чӣ Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَمَنْ يَعْشُ عَنْ ذِكْرِ الرَّحْمَنِ نُقَيِّضْ لَهُ شَيْطَانًا فَهُوَ لَهُ قَرِينٌ 36 ) [الزخرف: 36]

«Ва ҳар кас аз ёди Аллоҳ рӯйгардон шавад, шайтоне барои ӯ мегуморем, то ҳамнишини ӯ шавад».

Яке дигаре аз авомили рӯйгардонӣ аз зикри Аллоҳ, ҳамнишинӣ бо шайтон аст ва ба ин далел, ки онҳо дар дунё чашми дилашонро ба ҳақоиқ баста буданд ва бар асоси он Аллоҳро фаромӯш намуда буданд, Аллоҳ низ дар қиёмат онҳоро мавриди фаромӯшӣ қарор дода, биноии онҳоро мегирад, тавре ки Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَمَنْ أَعْرَضَ عَنْ ذِكْرِي فَإِنَّ لَهُ مَعِيشَةً ضَنْكًا وَنَحْشُرُهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ أَعْمَى 124 ) [طه: 124]

«Ва ҳар кас аз зикри ман рӯйгардон шавад, зиндагии (сахт) ва танг хоҳад дошт ва рӯзи қиёмат ӯро кӯр ҳашр мекунем».

Замоне, ки ин афрод эътироз мекунанд, мо дар дунё бино будем:

(قَالَ رَبِّ لِمَ حَشَرْتَنِي أَعْمَى وَقَدْ كُنْتُ بَصِيرًا 125 ) [طه: 125]

«Парвардигоро! Чаро моро нобино барангехтаи? Дар ҳоле, ки яқинан мо пеш аз ин бино будем».

Ҷавоб мешунаванд:

( قَالَ كَذَلِكَ أَتَتْكَ آَيَاتُنَا فَنَسِيتَهَا وَكَذَلِكَ الْيَوْمَ تُنْسَى 126 ) [طه: 126]

«Мегӯяд: ҳамчунин оёти ман ба ту расид ва ту онҳоро нодида гирифтӣ, ҳамонгуна ту имрӯз нодида гирифта мешавӣ».

Ва Паёмбари Акрам (с) мефармояд:

«مَثَلُ الَّذي يَذْكُرُ رَبَّهُ وَالَّذي لاَ يَذْكُرُ رَبَّهُ مَثَلُ الحَيِّ وَالَميِّتِ».

«Сифати касе, ки зикри Парвардигор мекунад ва оне, ки зикри ӯро намекунад, ҳамонанди зинда ва мурда аст».

Инсоне, ки дар тамоми лаҳзаҳи зиндагӣ ба ёди зоти покест, ки сарчашмаи тамоми хубиҳо ва некиҳо мебошад ва ба ин васила рӯҳу ҷони худро поку равшан месозад, Аллоҳ низ дар тамоми мароҳили зиндагӣ ва дар авҷи мушкилот ва сахтиҳо, ӯро танҳо намегузорад». Саҳеҳи Бухорӣ

Чунон чӣ Расули Акрам (с) фармудааст:

«أَلاَ أُنَبِّئُكُمْ بِخَيْرِ أَعْمَالِكُمْ، وَأَزْكَاهَا عِنْدَ مَلِيكِكُمْ، وَأَرْفَعِهَا فِي دَرَجَاتِكُمْ، وَخَيْرٍ لَكُمْ مِنْ إِنْفَاقِ الذَّهَبِ وَالْوَرِقِ، وَخَيْرٍ لَكُمْ مِنْ أَنْ تَلْقَوْا عَدُوَّكُمْ فَتَضْرِبُوا أَعْنَاقَهُمْ وَيَضْرِبُوا أَعْنَاقَكُمْ؟ قَالُوا بَلَى. قَالَ: ذِكْرُ اللهِ تَعَالَى». (الترمذي 5/459، وابن ماجه 2/1245 ونگا: صحيح ابن ماجه 2/316 وصحيح الترمذي 3/139).

«Оё шуморо ба беҳтарин ва поктарин кирдоратон назди моликатон (Аллоҳ) хабар надиҳам, аъмоле, ки шуморо боло мебарад ва бароятон беҳтар аз инфоқи тилло ва нуқра ва аз даргириҳо бо душманон, то ҷое, ки гарданашонро бизанед ва гарданатонро бизананд, аст? гуфтанд: оре!. фармуд: «зикри Аллоҳи таъоло».

Оре! зикри Аллоҳ аз бузӯртарин ибодат ва беҳтарин ҳасанот аст ва дар баробари таҳоҷум ва васвасаҳои нафс ва нуфузи шайтон ба инсон, ҳифозат менамояд. Пардаҳои худхоҳӣ ва ғурурро, ки бузӯртарин душмани саъодати инсон аст, медарад, ӯро аз хоби ғафлат бедор мекунад ва аз хатароте, ки саъодати вайро таҳдид мекунад, огоҳӣ месозад. Зикри Аллоҳ монанди донаҳои ҳаётбахши борон аст, ки бар сарзамини рӯҳ ва қалби инсон меборад ва анвоъи донаҳои фазилат ва тақворо шукуфо ва борвар месозад ва ҳар андоза дар бораи аҳамият ин ибодат сухан гуфта шавад, боз ҳам кам аст.

Зикр мақоми бисёр баланд дорад ва дорои маротиб ва дараҷотест!

Аввалин мартабаи он, зикри лафзӣ ва забонӣ аст ва мурод аз зикри лафзӣ, танҳо ҷунбондани забон намебошад, чаро ки агар таваҷҷӯҳ ба маънои алфоз набошад, ҳеҷ арзише надорад ва барои мисол гоҳо инсон афродеро мебинад, ки дар ҳоле, ки бо забон машғули зикри Аллоҳ ҳастанд, дар амал муртакиби гуноҳ ва маъсияте мешаванд ва ҳоло он, ки зикри ҳақиқӣ, инсонро аз гуноҳ боз медорад».

Мартабаи дуввум: Зикри қалбист, яъне таваҷҷӯҳ ба Аллоҳ аз дили инсон биҷӯшад ва ба забон ҷорӣ шавад.

Мартабаи саввум: Ёд кардани Аллоҳ дар тамоми аҳволаст ва инки инсон ҳатто як лаҳза аз ёди Аллоҳ ғофил набошад ва дар тамоми авқот Аллоҳро ҳозиру нозир бар аъмоли хеш бидонад.

Албатта ёди Аллоҳи мутаъол фақат зикри забонӣ нест, балки шомили Қуръон хондан, адои намози нофила, дуруд фиристодан бар Паёмбар (с), хондани дуоҳои маъсур дар мавридҳои мухталиф ва ёди азамати Аллоҳ дар маҷлисҳо, низ мебошад, чунон чӣ он ҳазрат (с) фармудааст:

«مَا جَلَسَ قَوْمٌ مَجْلِسَاً لَمْ يَذْكُرُوا اللهَ فِيهِ، وَلَمْ يُصَلُّوا عَلَى نَبِيِّهِمْ إِلاَّ كَانَ عَلَيْهِمْ تِرَةٌ، فَإِنْ شَاءَ عَذَّبَهُمْ وَإِنْ شَاءَ غَفَرَ لَهُمْ».. (الترمذي، ونگا: صحيح الترمذي 3/140 )

«Ҳар он гурӯҳе, ки дар маҷлисе бишинанд ва дар он зикри Аллоҳ накунанд ва бар Паёмбар (с) дуруд нафиристанд, барояшон боиси афсӯс аст ва агар Аллоҳ бихоҳад азобашон медиҳад ва агар бихоҳад ононро меомӯрзад». (Тирмизӣ 3/140)

Ва ҳамчунин маҷлис бояд бо хондани дуои каффораи маҷлис хотима ёбад. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд:

«Ҳар кас дар маҷлисе бишинад ва суханаш дар он бисёр шавад –сухане, ки аз он хайри охират мутасаввир нест- ва қабл аз он, ки аз он маҷлис бихезад, бигӯяд:

«سُبْحَانَكَ اللَّهُمّ وَبِحَمْدِكَ أشْهَدُ أنْ لاَّ إِلَهَ إلاَّ أنْتَ أسْتَغْفِرُكَ وَأَتُوبُ إلَيْكَ».

"Бори Илоҳо! Поку муназзаҳ туйи ва ба сипос ва ситоиши ту мепардозам, шаҳодат медиҳам, ки ҷуз ту Парвардигоре нест, аз ту омӯрзиш металабам ва ба даргоҳи ту тавба менамоям".

Тамоми иштибоҳоте, ки дар он маҷлис аз ӯ содир шудааст, бахшида мешавад". Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷҷаҳ.

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين. اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.