islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Фазилати даҳҳаи аввали моҳи Зулҳиҷҷа


4339
Дарс Тавсифи
Даҳ рӯзи аввали моҳи Зулҳиҷҷа бобаракаттарин авқот ҳастанд, зеро ин айём маконати бузурге назди Аллоҳи мутаъол доранд ва ин нишондиҳандаи муҳаббати Аллоҳи мутаъол нисбат ба ин айём ва аҳамияти он аст. Ин даҳ рӯз пурбаракат ҳастанд ва савоби он бисёр зиёд аст ва иқоб дар онҳо кам. Манзалати воло доранд, ибодоти мухталифе дар он машруъ шудааст ва Аллоҳи мутаъол фақат ба чизҳои бо азамат қасам ёд мекунад ва Аллоҳи мутаъол ин айёмро бартарини айёми дунё қарор додааст.

Баёни ин, ки Аллоҳ ҳар чиро хоҳад, халқ мекунад.

Тазаккур додани мардум ба мавсимҳои хайр ва ғанимат шуморидани ин мавсимҳо.

Баёни фазилати ин рӯзҳо.

Баёни вусъати раҳмати Аллоҳ ва фазли ӯ бар бандогонаш.

Хутбаи аввал

الحمد لله على ما خَصَّنا به من الفضلِ والإكرام، فما زال يُوالي علينا مواسمَ الخير والإنعام، ما انتهى شهر رمضان حتى أعقبَه بأشهر الحج إلى بيته الحرام. وأشهدُ أنَّ لا إله إلا الله وحده لا شريك له في ربوبيته وإلهيته وأسمائه الحسنى وصفاته العظام، وأشهدُ أنَّ محمداً عبده ورسوله. أفضلُ مَنْ صلَّى وصام ووَقَفَ بالمشاعر، وطاف بالبيت الحرام. صلَّى الله عليه وعلى آله وأصحابه البررة الكرام. وسلَّم تسليماً كثيراً. أما بعد:

Аллоҳи Раҳмон мефармояд:

( وَالْفَجْرِ 1 وَلَيَالٍ عَشْرٍ 2 وَالشَّفْعِ وَالْوَتْرِ 3 ) [الفجر: 3]

«Ба сапедадам (субҳгоҳон) савганд ва ба шабҳои даҳгона савганд, ба ҷуфту тоқи (ҳар чизе) савганд».

Ибни Касир (р) дар тафсири худ менигорад: «Манзур аз ин даҳ шаб, даҳаи Зулҳиҷҷа аст, ҳамонтавре, ки Ибни Аббос (р) ва Ибни Зубайр (р) ва Муҷоҳид (р) ва дигарон фармуданд. (Ривояти Бухорӣ).

Бародарон ва хоҳарони мусалмон! Аллоҳи мутаъол аз байни шаҳрҳо, Маккаро ба унвони беҳтарин шаҳрҳои дунё қарор дода, ва аз байни рӯзҳо, рӯзи ҷумъа ва даҳ рӯзи аввали зулҳиҷҷаро афзалтарин рӯзҳо қарор дода ва аз байн моҳҳо, Рамазонро ва аз байни шабҳо, шаби қадрро.

Фазл ва эҳсони Аллоҳ бар бандагон аз ҳудуди ҳисоб хориҷ аст ва аз ҷумлаи фазлҳои Аллоҳ бар бандагонаш инаст, ки мавосим ва авқоти тоъот ва ибодотро барояшон фароҳам овардааст, то дар он мавосим ва авқот ба аъмоли хубу солеҳ қиём намуда ва ба хотири касби ризои Аллоҳ ҳама бикӯшанд. Ва аз ҷумлаи ин мавосими пурфайзу баракат, ҳамин даҳ рӯзи Зулҳиҷҷа аст, ки Аллоҳ Ҷалла Ҷалолуҳу дар Қуръони Карим ба ин рӯзҳо савганд ёд кардааст ва дар мавзеъи дигар мефармояд:

( وَيَذْكُرُوا اسْمَ اللَّهِ فِي أَيَّامٍ مَعْلُومَاتٍ ) [الحج: 28]

«Ва номҳои Аллоҳро дар рӯзҳои мушаххас, ёд кунанд».

Ибни Аббос (р) дар тафсири ин оят мефармояд: «Яъне рӯзҳои даҳгонаи Зулҳиҷҷа» .

Ва ҳамчунон Расули Аллоҳ (с) барои истифода ва ғанимат шумурдани ин рӯзҳо, мардумро ташвиқ намуда, мефармоянд:

«ما مِنْ أَيامٍ العَمَلُ الصَّالِحُ فِيهَا أَحَبُّ إِلى اللَّهِ مِنْ هَذِهِ الأَيَّامِ يَعْني: أَيَّامَ العَشْرِ، قَالُوا: يَا رَسُولَ اللَّهِ، وَلاَ الْجِهَادُ في سَبِيلِ اللَّهِ؟ قَالَ: «ولاَ الْجِهَادُ في سَبِيلِ اللَّهِ، إِلاَّ رَجُلٌ خَرَجَ بِنَفْسِهِ، وَمَالِهِ فَلَمْ يَرجِعْ منْ ذَلِكَ بِشَيْءٍ» روایت بخاري.

«Рӯзҳое нест, ки ибодат дар онҳо назди Аллоҳ маҳбубтар ва писандидатар аз ин аём (яъне даҳаи аввали Зулҳиҷҷа) бошад». Гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ (с)! Ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ низ аз он маҳбубтар нест? Фармуданд: «Ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ низ аз он маҳбубтар нест, магар (ҷиҳоди) марде, ки бо ҷону моли худ барои ҷиҳод хориҷ мешавад ва ҳеҷ кадомро пас наоварда (шаҳид шуда) бошад». (Ривояти Бухорӣ).

Пас бар ҳар мусалмони оқилу доно, лозим аст ин мавосиму авқотро баниҳояти хушӣ ва шодмонӣ истиқбол намуда ва ғанимат бишуморанд. Аллоҳи меҳрубон бар бандагонаш миннат ниҳода ва роҳҳои мухталифи касби савобро барои онон гушуд ва дар баробари ҳар амали нек, чандин баробар подош медиҳад, чуноне, ки мефармояд:

( مَنْ جَاءَ بِالْحَسَنَةِ فَلَهُ عَشْرُ أَمْثَالِهَا ) [الأنعام: 160]

«Ҳар кас кори неке анҷом диҳад –подоши- даҳ баробар дорад».

Ҳамчунин Паёмбар (с) мефармояд:

«إِنَّ اللهَ كَتَبَ الْحَسَنَاتِ وَالسَّيِّئَاتِ ثُمَّ بَيَّنَ ذَلِكَ: فَمَنْ هَمَّ بِحَسَنَةٍ فَلَمْ يعْمَلْهَا كَتبَهَا اللَّهُ تَبَارَكَ وَتَعَالَى عِنْدَهُ حَسَنَةً كَامِلَةً وَإِنْ هَمَّ بِهَا فَعَمِلَهَا كَتَبَهَا اللَّهُ عَشْرَ حَسَنَاتٍ إِلَى سَبْعِمَائِةِ ضِعْفٍ إِلَى أَضْعَافٍ كَثِيْرَةٍ، وَإِنْ هَمَّ بِسَيِّئَةٍ فَلَمْ يَعْمَلْهَا كَتَبَهَا اللَّهُ عِنْدَهُ حَسَنَةً كامِلَةً، وَإِنْ هَمَّ بِهَا فَعَمِلَهَا كَتَبَهَا اللَّهُ سَيِّئَةً وَاحِدَةً». متفقٌ عليه

Паёмбар (с) аз Аллоҳи мутаъол ривоят мекунад, ки «Аллоҳ некиҳо ва бадиҳоро навишт ва онҳоро равшан кард, пас ҳар кас қасди як кори хубу савоб кунад ва анҷом надиҳад, Аллоҳ як ҳасанаи комил барои ӯ менависад ва агар ният кард ва кори некро анҷом дод, даҳ ҳасана барояш менависад ва гоҳе то ҳафсад ҳасана ва бештар ва агар қасди гуноҳе намуд ва онро анҷом надод, Аллоҳ онро як ҳасанаи комил менависад, аммо агар қасди он маъсиятро кард ва онро анҷом дод, Аллоҳ онро танҳо як гуноҳ сабт мекунад».)муттафақун алайҳӣ)

Қуръони Карим усулан мӯминонро дар корҳои хайр ташвиқ намуда мехоҳад аз якдигар сабқат ҷӯянд ва бе таваҷҷӯҳ ба дигаре ва ё вуҷуди дигаре, дар корҳои хайр шитоб варзанд ва бо даранг замонро аз даст надиҳанд. Аз эшон мехоҳад, ки дар корҳои хайр аз якдигар сабқат гиранд ва мусобиқа барқарор кунанд, лизо дар даҳаи Зулҳиҷҷа мустаҳаб аст, мусалмон аъмоли зерро анҷом диҳад:

Намоз: дар ин аём зуд рафтан барои анҷоми фароиз дар масҷид ва бисёр анҷом додани навофил, мустаҳаб аст, зеро ин аъмол аз беҳтарин асбоби наздикист. Савбон (р) мефармояд: шунидам Расули Аллоҳ (с) фармуданд:

«عَلَيْكَ بِكَثْرَةِ السُّجُودِ لِلَّهِ فَإِنَّكَ لاَ تَسْجُدُ لِلَّهِ سَجْدَةً إِلاَّ رَفَعَكَ اللَّهُ بِهَا دَرَجَةً وَحَطَّ عَنْكَ بِهَا خَطِيئَةً » روایت مسلم

"Лозим аст бар ту саҷдаи бисёр барои Аллоҳ, зеро ту саҷдае барои Аллоҳ намебарӣ, магар ин, ки Аллоҳ дараҷаи туро боло хоҳад бурд ва гуноҳе аз гуноҳонатро пок хоҳад кард". (Ривояти Муслим)

Ва ин фазилат дар тамоми сол хоҳад буд.

Рӯза: Аз Ҳунайда бин Холид (р) аз ҳамсараш (р), аз бархе аз ҳамсарони Расули Аллоҳ (с) ривоят мекунад, ки:

«كَانَ رَسُولُ اللَّهِ -صلى الله عليه وآله وسلم- يَصُومُ تِسْعَ ذِى الْحِجَّةِ وَيَوْمَ عَاشُورَاءَ وَثَلاَثَةَ أَيَّامٍ مِنْ كُلِّ شَهْر».

"Расули Аллоҳ (с) нуҳуми Зулҳиҷҷа ва ошӯро ва се рӯзи ҳар моҳро, рӯза мегирифтанд". (ривояти имом Аҳмад ва Абӯдовуд ва Насойи)

Имом Нававӣ дар бораи рӯзаи аёми даҳгона мефармояд: "Рӯзаи он шадидан, мустаҳаб аст".

Такбиру таҳлил ва тамҷид гуфтан: Расули Аллоҳ (с) мефармояд:

«ما من أيام أفضل عند الله ولا أحب إليه العمل فيهن من أيام العشر فاكثروا فيها من التهليل والتكبير والتحميد» شعب الایمان.

"Ҳеҷ аёме беҳтар аз аёми даҳгона дар назди Аллоҳ нест ва ҳеҷ амали солеҳе нест, ки анҷомаш дар ин аёми даҳгона, назди ӯ таъоло маҳбубтар азинҳо бошад, пас дар онҳо бисёр таҳлил (ло илоҳа иллаллоҳ) ва такбир (аллоҳу акбар) ва таҳмид (алҳмаду лиллоҳ) бигӯед". Тариқаи такбир:

(الله اكبر، الله اكبر، الله اكبر كبيرا) و( الله اكبر، الله اكبر، لا اله الا الله، والله اكبر، الله اكبر، ولله الحمد). (الله اكبر، الله اكبر، الله اكبر، لا اله الا الله، والله اكبر، الله اكبر، الله اكبر، ولله الحمد).

Рӯзаи рӯзи Арафа: Расули Акрам (с) дар мавриди фазилати рӯза гирифтани Арафа мефармояд:

«يُكَفِّرُ السَّنَةَ الْمَاضِيَةَ وَالبَاقِيَةَ» رواه مسلمٌ.

"Каффораи гуноҳони соли гузашта ва оянда мешавад". (ривояти Муслим)

Ғанимат шумурдани рӯзи Қурбонӣ (наҳр): Бисёре аз мусалмонон аз азаммат ва бузургии ин рӯз ғафлат меварзанд, ҳоло он, ки бархе аз уламо бар ин назаранд, ки ин рӯз мутлақан беҳтарин рӯзи сол аст, ҳатто аз рӯзи Арафа. Ибни Қайим (р) мефармояд: "Беҳтарин рӯзҳо назди Аллоҳ, рӯзи наҳр аст, ки ҳамон рӯзи ҳаҷҷи акбар аст".

Чунон, ки дар сунани Абӯдовуд аз Расули Аллоҳ (с) ривоят аст, ки фармуд:

«إن أعظم الأيام عند الله يوم النحر ، ثم يوم القر».

"Бузургтарин аём назди Аллоҳи мутаъол, рӯзи наҳр аст ва пас аз он, рӯзи қар". Ва рӯзи қар, яъне: рӯзи истиқрор дар Мино, ки рӯзи 11 Зулҳиҷҷа аст ва гуфта шудааст, ки рӯзи Арафа беҳтараст, зеро рӯзааш каффораи гуноҳони ду сол аст ва ҳеҷ рӯзе нест, ки Аллоҳи мутаъол ба андозаи рӯзи Арафа, инсонҳоро аз оташ озод созад, ба ин далел, ки дар ин рӯз Аллоҳи мутаъол ба бандагонаш наздик мешавад ва ба хотири аҳли мавқиф (Ҳоҷиёне, ки дар Арафот вуқуф кардаанд) ба фариштагон мубоҳот мекунад.

Албатта қавли аввал саҳеҳтар аст, зеро ҳадисе, ки дар бораи он омада, муъоризе надорад, валлоҳу аълам.

Ва чӣ рӯзи Арафа бофазилаттар бошад ва ё рӯзи Наҳр, инсони мусалмон чӣ ҳоҷӣ ва чӣ муқим, бояд дар ба даст овардани ин фазоил ва истифода аз фурсат, кушо бошад.

Пас чӣ гуна ба истиқболи ин рӯзҳои хайр биравем? Шоиста аст мусалмон бо тавбаи насуҳ ва содиқона ва баргаштан аз гуноҳон ва тарки онҳо, ба истиқболи ин рӯзҳои хайр биравад, зеро ин гуноҳон аст, ки инсонро аз фазли Парвадигор, маҳрум месозад ва ҳамчунин бояд, бо азми содиқ ва ҷиддӣ барои ғанимат шумурдани ин фурсатҳо, аз ин рӯзҳои муборак, истиқбол кунем ва ҳар, ки бо Аллоҳ сидқ варзад, Аллоҳ низ ӯро тасдиқ хоҳад кард:

( وَالَّذِينَ جَاهَدُوا فِينَا لَنَهْدِيَنَّهُمْ سُبُلَنَا وَإِنَّ اللَّهَ لَمَعَ الْمُحْسِنِينَ 69 ) [العنكبوت: 69]

«Касоне, ки дар роҳи мо ҷиҳод карданд, қатъан онҳоро бар роҳҳои хеш ҳидоят хоҳем кард».

Пас бародар ва хоҳари мусалмони ман! То фурсат ҳаст, аз он истифода бибар. Аллоҳ моро бар қадрдонии ин рӯзҳо, муваффақ бидорад.

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم. أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلمين انه هو الغفور الرحيم.

الحمد لله حمدا يليق بجلال وجهه وعظيم سلطانه ، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له ، وأشهد أن محمدا عبد الله ورسوله ، صلوات الله وسلامه عليه وعلى آله وأصحابه ومن سار على نهجه إلى يوم الدين وبعد:

Эй бандагони Аллоҳ! Яке аз дигар аъмоли машрӯъ дар ин даҳҳа, қурбонӣ кардан аст. Асл дар қурбонӣ онаст, ки барои зиндаҳо машруъ аст, чунон ки Расули Аллоҳ (с) ва Асҳобаш барои худ ва хонаводаашон, қурбонӣ мекарданд, аммо ин, ки бархе аз мардум гумон мекунанд қурбонӣ танҳо барои мурдагонаст, дуруст нест ва аслу асос надорад, локин қурбонӣ барои амвот се ҳолат дорад:

1- Ба ҳамроҳи афроди зинда, барои онҳо низ, қурбонӣ шавад, монанди ин, ки фард барои худ ва хонаводааш, қурбонӣ кунад ва қасдаш зиндагону амвот бошад, (хешовандонаш, ки фавт намуданд) ва далели ин қавл, қурбонии Расули Аллоҳ (с) барои худ ва хонаводааш аст, дар ҳоле, ки бархе аз хонаводаи ӯ фавт карда буданд.

2- Ин, ки фард бар асоси васияти мутаваффо, барояш қурбонӣ кунад.

3- Ин, ки фард ба унвони садақа барои амвот, ба таври мустақил қурбонӣ кунад. Ин ҷоиз аст ва фуқаҳои Ҳанбалӣ тақрир намудаанд, ки савоби он ба мутаваффо мерасад (бо қиёс ба садақа­).

Аммо он чӣ мушаххас аст, ин қурбонӣ суннат ва мустаҳаб нест, ба далели он, ки Расули Аллоҳ (с) барои ҳеҷ кадом аз вафоткунандагонаш ба таври хусусӣ, қурбонӣ нанамудааст, на барои Ҳамза, Сайиди шуҳадо (р) ва на барои фарзандонаш, ки қабл аз эшон вафот карданд ва на барои ҳамсараш, модари мӯминон, Хадиҷа (р), ки аз маҳбубтарин ҳамсаронаш буд. Ва аз ҳеҷ кадом аз асҳоби Паёмбар (с) ривоят нашудааст, ки барои яке аз бастагони мутаваффои худ, ба таври хусусӣ, қурбонӣ карда бошанд.

Ҳамчунин коре, ки бархе аз мардум анҷом медиҳанд ва соли аввали вафоти майит барояш қурбонӣ мекунанд ва эътиқод доранд, ки дар ин қурбонӣ ҳеҷ касро набояд шарик намуд, дуруст нест. Шояд агар онҳо медонистанд, метавон аз тарафи худ ва хонаводаи худ, чӣ зиндаҳо ва чӣ рафатагон намуд, чунин намекарданд.

Бародарони мусалмон! Вақте шахс нияти қурбонӣ кард ва моҳи Зулҳиҷҷа (чӣ бо дидани ҳилол ва чӣ бо такмили моҳи Зулҳиҷҷа) ворид шуд, бар ӯ ҳаром мешавад, ки мӯйи худро кӯтоҳ кунад ва ё чизе аз он кам кунад ва ё нохуни худро бигирад ва ё ҳар чизе аз пусти худ бигирад, то ин ки қурбониро анҷом диҳад, зеро дар ҳадиси Умми Салама (р) аз Расули Акрам (с) ривоят шудааст, ки фармуданд:

«إِذَا دَخَلَتِ الْعَشْرُ وَأَرَادَ أَحَدُكُمْ أَنْ يُضَحِّىَ فَلاَ يَمَسَّ مِنْ شَعَرِهِ وَبَشَرِهِ شَيْئًا" صحیح مسلم

"Агар моҳи Зулҳиҷҷа ворид шуд ва яке аз шумо хост қурбонӣ кунад, мӯй ва нохунҳояшро нигаҳ дорад (кӯтоҳ накунад)". (Саҳеҳи Муслим)

Ва агар дар васати даҳҳаи Зулҳиҷҷа, нияти қурбонӣ кард, аз замони ният ин корҳо бар ӯ мамнуъ мешавад ва агар қабл аз ният мӯй ва нохуни худро кӯтоҳ карда, бар ӯ ишколе нест. Пас ҳикмати ин наҳй чист? Аз он ҷо, ки қурбоникунанда дар бархе аз аъмоли нусук, яъне қурбонӣ барои Аллоҳ бо ҳоҷиён мушорикат кардааст, дар бархе аз хусусиятҳои эҳром, низ бо онҳо ширкат мешавад, монанди мамнӯъ будани гирифтани мӯй ва нохун ва ғайра, аммо хонаводаи ӯ метавонанд ин корҳоро анҷом диҳанд.

Ва ин ҳукм хоси қурбоникунанда аст, аммо ин ҳукм ба хонаводаи ӯ ва касоне, ки аз тарафи онҳо қурбонӣ мекунад, таъаллуқ намегирад, зерро Расули Акрам (с) мефармояд: "Агар касе аз шумо хост қурбонӣ кунад...". Ва ҳамчунин аз эшон ривоят шудааст, ки аз тарафи аҳли байташ қурбонӣ мекарданд, аммо ривоят нашуда, ба онон дастӯри имсок аз ин мавридро дода бошад.

Аммо агар шахсе, ки нияти қурбонӣ дорад, чизе аз мӯй, ё нохун ва пусташ гирифт, гунаҳкор аст ва бояд ба Аллоҳ тавба намояд ва бори дигар такрор накунад ва каффорае бар ӯ нест ва ҳеҷ амре бар ӯ таъаллуқ намегирад.

Ва агар аз рӯи фаромӯшӣ, ё ҷаҳл, ё бидуни қасд, ин умур аз ӯ сурат гирифт, гуноҳе бар ӯ нест. Аммо агар маҷбур шуд ба иллате ин умурро анҷом диҳад, гуноҳе бар ӯ нест, масалан агар нохунаш шикаст ва роҳе ҷуз кӯтоҳ кардани он набуд, ё барои мудовои захми мавҷуд дар сар маҷбур бар тарошидани сар шуд.

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين. اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.