islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Ҳуқуқи падару модар


4741
Дарс Тавсифи
Ҳаққи падару модар ҳамешагист ва рафтор бо онон ба некӣ воҷиб аст, ҳатто агар кофир бошанд ва некӣ ба онон машрут ба мусалмон будани онон нест ва некӣ ба онон воҷиб аст, агар чӣ кофир бошанд ва Ислом аз сарпечӣ аз онон ва бадӣ ба онон ба шиддат наҳй кардааст ва уқуқи волидайнро аз бузургтарин гуноҳон медонад, ки дар дараҷаи баъа аз ширк ба Аллоҳи мутаъол қарор дорад ва хидмат ба волидайнро бартар аз ҷиҳод дар роҳи Аллоҳи мутаъол медонад, ки дар Ислом бисёр бо аҳамият аст.

Даъват ба тақво ва некӣ ба падару модар

Амр ба хубӣ ба падару модар, агар чӣ ғайри мусалмон бошанд.

Баёни чигунагии некӣ ва эҳсон бо падару модар.

Баёни дараҷаи некӣ ва савобу фазли он.

Барҳазар доштан аз оқи падару модар.

Хутбаи аввал

الحمد لله منزل الكتاب، هدى وذكرى لأولي الألباب، والصلاة والسلام على نبينا محمد المفضل على البشر بجوامع الخطاب، وعلى آله المطهرين والأصحاب.

وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمداً عبده ورسوله شهادة تنجي صاحبها يوم الحساب.

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا 1 ) [النساء: 1]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَقُولُوا قَوْلًا سَدِيدًا70 يُصْلِحْ لَكُمْ أَعْمَالَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ فَازَ فَوْزًا عَظِيمًا 71 ) [الأحزاب:70 - 71]

أما بعد:

Ситоиш аз он Илоҳест, ки фармудааст:

( وَقَضَى رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا ) [الإسراء: 23]

«Ва парвардигори ту муқаррар кард, ки ҷуз ӯро мапарастед ва ба падару модари (худ) эҳсон кунед».

Ӯро сипос мегӯем, ки тамоми неъматҳо аз ӯст ва моро бениёз сохта аст ва гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуди ба ҳақ нест, ҷуз Аллоҳ, ки танҳо ва бешарик аст, он гуна шаҳодате, ки бо он умеди наҷоту растагорӣ ва ризвони Аллоҳ ва мағфирати ӯро дорем ва гувоҳӣ медиҳам, ки Паёмбар ва сарвари мо, Муҳаммад (с), банда ва Паёмбари ӯст, ки моро ба некӣ дастӯр дода ва аз бадӣ ва нофармонӣ наҳй намудааст. Дуруду саломи Аллоҳ таъоло бар вай ва бар аҳли байт ва ёронаш бод, ононе, ки нишони ҳақ буданд ва ёвари нек...

Эй мусалмонон! Аз хушбахтии инсон аст, ки падару модараш дар канораш бошанд ва чашмаш бо дидани онҳо шод шуда ва бо гармойи меҳру муҳаббати онон гармо гирад ва бо насиҳати онон бино шавад ва баракати дуои онҳо ва аҷри некии онҳо ва ҳамроҳии некии ононро ба даст оварад.

Аз Абдуллоҳ бин Умар (р) ривоят аст, ки фармуд: марде назди Расули Акрам (с) омад ва гуфт:

«أبَايِعُكَ على الهجرة والجهاد ، أبتَغِي الأجرَ من الله، قال: "فهل من والديك أحدٌ حَيٌّ ؟» قال: نعم ، بل كلاهما حَيٌّ ، قال : "فتبْتَغِي الأجرَ من الله ؟» قال: نعم! قال: "فارجع إلى وَالِدَيْكَ فأحْسِنْ صُحْبَتَهُما". (متفق عليه).

"Бо шумо бар ҳиҷрат ва ҷиҳод байъат мекунам ва аҷри онро аз Аллоҳ мехоҳам. Расули Аллоҳ (с) ба ӯ фармуданд: "Оё падару модарат дар қайди ҳаётанд?" гуфт: оре! ҳар ду зинда ҳастанд. Расули Аллоҳ фармуданд: "Оё аз Аллоҳи мутаъол аҷру подош мехоҳӣ?", гуфт: оре! Расули Аллоҳ (с) фармуданд: "Пас назди падару модарат баргард ва бо он ду ба некӣ ҳамроҳӣ кун". (Муттафақун алайҳӣ).

Эй мусалмон!... Ҳамоно бадӣ ба падару модар ва нофармонӣ тавассути писарону духтарон ҳамон мусибати бузург ва балоҳои саҳмгин ва зинадагии талх аст... бадӣ ва нофармонии талхе, ки қиссаи пурғусааш тамом шуданӣ нест...

Ин гуноҳи бузург ва кабираест, ки боиси хашму азоби Парвардигор аст.

Аз Абӯбакр (р) ривоят аст, ки Расули Акрам (с) фармуд:

«أَلَا أُنَبِّئُكُمْ بِأَكْبَرِ الْكَبَائِرِ؟ (ثَلَاثًا). قَالُوا: بَلَى يَا رَسُولَ اللَّهِ قَالَ: "الْإِشْرَاكُ بِاللَّهِ وَعُقُوقُ الْوَالِدَيْنِ" وَجَلَسَ وَكَانَ مُتَّكِئًا "أَلَا وَقَوْلُ الزُّورِ"، مَا زَالَ يُكَرِّرُهَا حَتَّى قُلْتُ لَيْتَهُ سكت". (متّفق عليه).

"Оё шуморо ба бузургтарин гуноҳони кабира огоҳ накунам? Гуфтам: оре эй Расули Аллоҳ! Фармуд: "Ширк овардан ба Аллоҳ ва нофармонӣ ва бадӣ нисбат ба падару модар"....сипас баъд аз он, ки такя зада буд, нишаст ва фармуд: "Огоҳ бошед, ва сухани дурӯғ ва гувоҳии дурӯғ", пас ҳамчунон ин ҷумларо такрор мекард, то он ки гуфтем: кош сокит мешуданд". (Муттафақун алайҳӣ).

Ва аз Абӯҳурайра (р) аз Расули Аллоҳ (с) ривоят аст, ки фармуданд:

«رَغِمَ أنفُهُ ثُمَّ رَغِمَ أنْفُهُ ثِمَّ رَغِمَ أَنْفُهُ مَنْ أَدْرَكَ أَبَوَيْهِ عِنْدَهُ الكِبَرُ أَحَدُهُما أَوْ كِلاهُما ثُمَّ لَمْ يَدْخُلِ الجَنَّةَ."

"Хору бадбахт шуд, сипас хору бадбахт шуд, сипас хору бадбахт шуд, он ки падару модар, ё яке аз он дуро дар ҳангоми пирӣ дармеёбад, аммо (ба воситаи некӣ кардан ба онон) вориди биҳишт нагардид". (ривояти Муслим).

Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд:

"Се кас ҳастанд, ки Аллоҳ дар рӯзи қиёмат ба онон назар нанамуда ва ба биҳишт дохил намешаванд: Он, ки нисбат ба падару модараш бадӣ ва нофармонӣ кунад, ва зане, ки худро ба мардон монанд месозад ва он, ки нисбат ба номуси худ беғайрат аст". (ба ривояти Аҳмад ва Нисойи).

Пас чӣ паст аст, он ки дар ҳаққи падару модараш бадӣ мекунад ва чӣ беарзиш аст ва то чӣ андоза дар сафоҳат ва ҳамоқат ба сар мебарад! Он гоҳ, ки волидайнаш ба пирӣ расиданд ва камар хам карданд, ӯ дар муқобил, хубии онҳоро бо куфрон ва инкору фаромӯшӣ ва қатъи робита посӯх гуфт... вафои ононро бо ҷафо иваз кард ва сафо ва самимияташонро бо бад даҳонӣ...

Агар аз ӯ чизе бихоҳанд, бухл меварзад ва агар ба ӯ умеде дошта бошанд, ононро ноумед мекунанд ва агар ӯро бихоҳанд, хозир нахоҳанд шуд... посӯхашонро намедиҳад, магар ба тундӣ ва чизе намедиҳад, магар аз рӯи тарс ва чизе ҷуз калимаи "баъдтар" намедонад.

Ӯ фаромӯш намуда, ки дастӯри падару модар бояд, итоъат шавад ва ҳаққашон набояд поймол гардад... пас вой бар ҳоли нофармон... вой ба ҳоли ӯ аз он рӯзе, ки савор бар аспи нофармонӣ ва бадӣ нисбат ба падару модараш гардад ва дар рикоби аҳли бадӣ ва фисқу фуҷур роҳ биафтад... вой бар ӯ аз он рӯзе, ки боиси гаря ва оҳи падару модар шавад ва он дуро нороҳат кунад ва боиси хастагӣ ва озори онон шуда ва он дуро бо ғамҳо ва ғӯсаҳо, раҳо созад...

Эй он, ки дар ҳаққи падару модар бадӣ мекунӣ... эй он, ки ҳуқуқеро, ки бар гарданат ҳаст, фаромӯш кардаи...чӣ тавр бо тундӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ ва кӯчак шумурдан ва хор кардан ва ин рӯз ба он рӯз андохтан, бо падару модарат бархурд мекунӣ? чӣ гуна аст, ки зан ва хонавода ва дӯстон ва пулу сарватро бар онҳо муқаддам медонӣ, дар ҳоле, ки акнун барои худ марде шудаи ва онон пас аз Аллоҳ ба ту умед доранд ва аз ту интизори некӣ ва эҳтирому муҳаббат доранд.

Чӣ гуна аз Аллоҳ интизори хушнӯдӣ дорӣ, дар ҳоле ки ба модару падарат бадӣ кардайи? Чӣ тавр тавонистаи модаратро тарк кунӣ? Чӣ тавр тавонистӣ ӯро тарк кунӣ, дар ҳоле, ки ӯ барои ту худро аз хоб маҳрум мекард ва баданашро барои ту фано кард ва аз вуҷудаш ба ту шир дод ва оғӯшашро манзили ту гардонд ва барои ту хастагӣ ва сахтиро таҳаммул кард?

Агар ту дучори ғаму андӯҳ шудӣ, ӯ низ ғамгину андӯҳгин шуд... туро бар худ тарҷеҳ дод ва барои ту орзӯйи зиндагӣ кард, ҳатто агар ба қимати марги худаш бошад...

Акнун... анкун, ки ӯ пир шуда ва ба ту ниёз дорад, дар нигоҳи ту беарзиштар чиз гардидааст? Ва хубиҳои ӯро ба фаромӯшӣ супурдаи ва хубиашро инкор кардайи? Хидмати осони ӯ бароят сахт шуд ва умри кӯтоҳи ӯ бароят тӯлонӣ гардид? Ҳангоме ӯро тарк гуфтӣ, ки ӯ баъд аз Аллоҳ ба ту ниёз дошт ва дар ҳангоми пирӣ ӯро аз ёд бурдӣ ва синаат барояш танг шуд ва ӯро ҷоми заҳр нӯшондӣ ва худ бо хаёли роҳат хобидӣ ва худхоҳона ба сарзаниши дигарон ҳар гӯш насупурдӣ... ин буд подоши ӯ баъд аз ин ҳама сахтӣ? Ҳаққан, ки ту нодонӣ ва (курдил)...

Абӯбурда (р) ривоят мекунад, ки Ибни Умар (р) мардеро дид, ки таввофи каъба мекунад, дар ҳоле, ки модарашро бар шонаи худ гузоштааст ва мегӯяд: ман шутури роми ӯям... сипас ба Ибни Умар (р) фармуд: оё ба назари ту ҳаққашро адо кардаам? Ибни Умар (р) фармуд: Ҳар гиз на! ҳатто ба андозаи як нафасзаданҳо ҳангоми дарди зоймон». (ба ривояти Бухорӣ дар адаби муфрад).

Ва аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (с) фармуд: «Ҳеҷ фарзанде ҳаққи падарашро адо намекунад, магар он ки ӯро дар ҳоли бардагӣ биёбад ва сипас ӯро бихарад ва озод кунад». (ба ривояти Муслим).

Пас эй он, ки дар ҳаққи падару модарат бадӣ мекунӣ... чӣ қадар онҳо коми туро ширин карданд ва чӣ қадар тӯ ононро талх мекунӣ. Биё акнун камкории худро дар ҳаққи онон ҷуброн кун, ки онон туро муддати тӯлонӣ нигаҳдорӣ карданд, пас ту ононро дар ин муддати кӯтоҳ нигоҳдорӣ кун.

( وَقُلْ رَبِّ ارْحَمْهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرًا 24 ) [الإسراء: 24]

«Ва бигӯ: Парвардигоро! Он дуро мавриди раҳмат қарор деҳ, ҳамон тавре, ки маро дар кӯдакӣ тарбият карданд».

Бо онон меҳрубону нармхӯ бош ва бо фурӯтанӣ дар хидмати онҳо бош ва ба онон сухани бузургворона ва зебо бигӯ ва бигӯ Парвардигоро! Он дуро раҳмат кун, ҳамон гуна, ки ба ман дар кӯдакӣ раҳм намуданд ва нигаҳдорӣ карданд, зеро аз Абдуллоҳ бин Умар (р) аз Расули Худо (с) ривоят аст, ки эшон фармуданд:

«رِضَى الرَّبِّ فِي رِضَى الوَالِدِين، وَسَخَطُ الرَّبِّ فِي سَخَطِ الْوَالِدِين» .

«Хушнӯдии Парвардигор дар хушнӯдии волидайн аст ва хашми Парвардигор дар хашми волидайн». (ба ривояти Тирмизӣ).

أقول قولي هذا، وأستغفر الله لي ولكم، فاستغفروه إنه هو الغفور الرحيم.

الحَمْدُ لِلهِِ رَبِّ العَالمِينْ، وَالصَّلاَةُ وَالسَّلاَمُ عَلىَ نَبِينّا مُحَمّدٍ –صلى الله عليه وسلم-، وَعَلى آلِهِ وَأصْحَابهِ وَمَنْ دَعَا بِدَعْوَتِهِ إلىَ يَوْمِ الدِّيْن. أمّا بعد:

Аллоҳи покро сипос ва ситоиш мегӯем барои эҳсону ёрӣ ва тавфиқаш ва гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуди барҳақ нест, ҷуз Аллоҳ, ки танҳост ва шарике надорад ва гувоҳӣ медиҳам, ки Паёмбар ва сарвари мо Муҳаммад, банда ва паёмрасони ӯ ва даъватгар ба сӯи ризвон аст... дуруду саломи бисёр бар ӯ ва бар аҳли байт ва ёронаш бод.

Аммо баъд... эй мусалмонон!... тақвои Аллоҳро пеша созед ва ӯро муроқиби худ бидонед ва аз ӯ итоъат карда ва аз вай сарпечӣ накунед...

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَكُونُوا مَعَ الصَّادِقِينَ 119 ) [التوبة: 119]

«Эй касоне, ки имон овардаед! Тақвои Аллоҳро пеша созед ва бо содиқин бошед».

Эй мусалмон... зиндагӣ чизе нест ҷуз қарзе, ки бояд адо шавад ва коре, ки ҷазо дода хоҳад шуд, пас ҳар, ки бо падару модараш некӣ кунад, фарзандонаш низ ба ӯ некӣ хоҳанд кард ва ҳар, ки бо падару модараш бадӣ кунад, фарзандонаш низ дар ҳаққи ӯ бадӣ ва нофармонӣ хоҳанд кард ва ӯро тарк хоҳанд кард, зеро аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд: «Ба падару модар некӣ кунед, то фарзандонатон ба шумо некӣ кунанд ва худатон ҳаё ва иффат дар пеш гиред, то занонатон низ роҳи ҳаё ва иффат дар пеш гиранд». (ба ривояти Ҳаким ва Табаронӣ).

Пас муборак аст ризояти падару модар ва дуои онҳо барои он, ки ба онон некӣ мекунад ва ононро ҳамроҳӣ мекунад.

Эй мусалмонон! Ҳамчунин ҳар кас падару модарашро аз даст дод, некӣ ба ононро баъд аз маргашон аз даст надиҳад, зеро ки некӣ тамом намешавад ва аз Абӯсаъиди Хузрӣ (р) ривоят аст, ки гуфт: «Дар ҳоле, ки мо назди Расули Аллоҳ (с) будем, марде аз Бани Салама бар ӯ ворид шуд ва гуфт: Эй Расули Аллоҳ! Оё аз некӣ ба падару модар чизе баъд аз маргашон боқӣ мондааст, ки ба онон некӣ намоем? Расули Аллоҳ фармуданд: «Оре! дуо ва талаби омӯрзиш барои онҳо ва анҷом додани васияти онон баъд аз маргашон ва силаи раҳми хешовандоне, ки ба ӯ марбутанд ва гиромӣ доштани дӯстони онон». (ба ривояти Аҳмад ва Абӯдовуд ва Ибни Моҷаҳ).

Аз Ойша (р) ривоят аст, ки марде ба Расули Аллоҳ (с) гуфт: модарам ба таври ногаҳонӣ ва бидуни он, ки фурсати садақа додан дошта бошад, вафот намудааст ва гумон мекунам агар (зинда буд) ва метавонист сухан бигӯяд, садақа медод, пас оё агар барои ӯ садақа диҳам вай аҷр хоҳад дошт? Расули Аллоҳ (с) фармуданд: «Оре». (муттафакун алайҳи).

Аз Амр бин Шуъайб аз падараш ва падарбузургаш ривоят аст, ки Ос бин Воил васият намуд, ки ба ҷои ӯ сад бардаро озод кунанд, пас фарзандаш Ҳишом панҷоҳ барда озод кард. Фарзанди вай Амр хост, ки панҷоҳ бардаи дигар озод кунад, пас аз Расули Аллоҳ (с) дар бораи он кор суол кард, Расули Аллоҳ (с) фармуданд: «Агар ӯ мусалмон бошад ва ба ҷои ӯ барда озод кардед, ё садақа додед, ё ҳаҷ намудед (савоби) он ба ӯ хоҳад расид». (ба ривояти Аҳмад ва Абӯдовуд).

Эй мусалмон! Самараи шунидан, пайравӣ кардан аст, пас шумо аз касоне бошед, ки суханро мешунаванд ва аз беҳтарини он пайравӣ мекунанд ва дуруду салом бифиристед бар Расули Аллоҳ, он ҳидоятгаре, ки дар рӯзи қиёмат шафоъаткунандаи мардумон аст, ки ҳар ки бар ӯ дуруд фиристад, Аллоҳ бар ӯ даҳ дуруд хоҳад фиристод...

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم فصلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.

اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.

اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين.

اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.