islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Ҷойгоҳи Аҳли байт дар Ислом


3413
Дарс Тавсифи

الحمد لله الذي جعلنا شعوبا وقبائل لنتعارف، ثم جعل التقوى ميزانا للكرامة عنده لنتنافس والصلاة والسلام على أفضل المتقين وأكرمهم عند الله تعالي وعلي آله الأطهار وصحبه الأبرار ومن تبعهم بإحسان من الأخيار جمعنا الله وإياهم في الفردوس الاعلي دار الكرامة والقرار. وبعد:

Бародарои мусалмон! Аллоҳи мутаъол дар Каломи маҷидаш мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

«Эй касоне, ки имон овардаед! Чунон чӣ ҳаққи тарсидан аст, аз Аллоҳ битарсед ва намиред, магар дар ҳоле, ки мусалмон бошед».

Пас худам ва шуморо ба тақвои Илоҳӣ ва тарси ҳақиқии Аллоҳи мутаъол тавсия мекунам.

Бародарони мусалмон, дӯстдорони Паёмбари гиромӣ ва Аҳли байти азизи эшон! Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنْكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيرًا 33 ) [الأحزاب: 33]

«Эй Аҳли байт! Аллоҳ мехоҳад палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо покиза гардонад».

Ногуфта пайдост, ки Расули Акрам (с) сардори тамоми фарзандони Одам ҳастанд. Ин ҳақиқати мусалламест, ки ҳамаи мусалмонони ҷаҳон бар он иттифоқи назар доранд ва аз он ҷое, ки тамоми Уммати Исломӣ ҳамчуноне, ки бо худи Расули гиромӣ (с) муҳаббат доранд, табъан ба хонавода, балки Аҳли байти эшон (дуруди Аллоҳ барои ҳамаи онҳо бод), низ муҳаббат дорад».

Душманони Уммат ва ваҳдати мусалмонон, ҳамвора саъй карданд ба баҳонаи ҳубби Аҳли байт (а) дар миёни Уммат тухми тафриқа бипошанд ва аз ин ҷо шурӯъ ба душманӣ карданд, дар ҳоле, ки ҳама медонем, ки муҳаббати Оли байт (р) ҷузъи имони ҳар мусалмон аст, аммо душманони Уммати Исломӣ, гӯё чунин вонамуд карданд, ки иддае махсусе Аҳли байтро дӯст доранд ва бақия бо онон, душман ҳастанд.

Мутаъасифона, ин дасисаи онон то ҳадде дар миёни баъзе мусалмонони содда коргар афтод ва Уммати муттаҳид ва якпорчаи Исломӣ захми бузурге бардошт, пас мусаллам аст, Аҳли байт ва хонаводаи мӯмини эшон, беҳтарин хонаводааст, лизо Аллоҳи мутаъол дар ояти каримае, ки тиловат шуд, ба мақоми волои онон, ишора мекунад.

Ибтидо бояд дид, ки Аҳли байти Паёмбар (с) чӣ касоне ҳастанд?

Бинобарин қавли саҳеҳ, аҳли байт касоне ҳастанд, ки садақа бар онон ҳаром аст, ки иборатанд, аз ҳамсарон, фарзандон ва ҳар зану марди мусалмоне, ки аз насли Абдулмутталиб бошад, монанди Бани Ҳошим бин Абдуманоф.

Далел ин, ки писарамаки ҳазрати Расули Акрам (р) дар Аҳли байти эшон дохил ҳастанд. Ин ривоят ривояи Саҳеҳи Муслим аст (шумораи 1072), ки Абдумутталиб бин Рабиъа бин Ҳорис бин Абдулмутталиб мефармояд:

«ӯ ва Фазл бин Аббос хидмати Расули Акрам (с) рафтанд ва аз эшон хостанд, ки онҳоро дар байтулмол истихдом фармояд, то ин ки битавонанд аз ҳаққе, ки аз ин роҳ ба даст меоранд, издивоҷ кунанд. Расули Аллоҳ (с) фармуданд:

«إن الصدقه لا تنبغي لآل محمد إنما هي أوساخ الناس»

"Барои Оли Муҳаммад (с) садақа муносиб нест, зеро ки садақа чирки моли мардум аст".

Он гоҳ дастур доданд, ки онҳоро издивоҷ кунанд ва маҳрашонро аз саҳми хумс бипардозанд!".

Баъзе уламо, аз ҷумла имом Шофеъӣ ва Аҳмад (р) Бани Абдулманофро дар таҳрими садақа ба Бани Ҳошим, пайваст карданд, ба далели ин, ки дар гирифтани саҳми хумси хумс бо ҳам шарик буданд. Дар ҳадисе, ки имом Бухорӣ дар саҳеҳаш (шумораи 3160) аз Ҷубайр бин Мутъим ривоят мекунад, омада аст, ки: "Паёмбар (с) ба Бани Ҳошим ва Бани Мутталиб, саҳм доданд ва ба бародарони дигарашон, монанди Абдушшамс ва Навфал, саҳм надоданд, маънояш инаст, ки Бани Ҳошим ва Бани Мутталиб дар як ҳукм буданд".

Дар бораи ин, ки ҳамсарони Паёмбар (с) дар Оли байт дохиланд, далелаш ин иршоди Илоҳист:

( وَقَرْنَ فِي بُيُوتِكُنَّ وَلَا تَبَرَّجْنَ تَبَرُّجَ الْجَاهِلِيَّةِ الْأُولَى وَأَقِمْنَ الصَّلَاةَ وَآَتِينَ الزَّكَاةَ وَأَطِعْنَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنْكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيرًا 33 وَاذْكُرْنَ مَا يُتْلَى فِي بُيُوتِكُنَّ مِنْ آَيَاتِ اللَّهِ وَالْحِكْمَةِ إِنَّ اللَّهَ كَانَ لَطِيفًا خَبِيرًا 34 ) [الأحزاب:33 - 34] «Ва дар хонаҳои худ бимонед. Ва чунон ки дар замони пешини ҷоҳилият мекарданд, зинатҳои худро ошкор накунед. Ва намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба Худову паёмбараш итоъат кунед. Эй аҳли байт! Бешак Аллоҳ мехоҳад, палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок дорад Он чиро дар хонаҳоятон аз оёти Худо ва ҳикмат тиловат мешавад,. ёд кунед, бешак Аллоҳ борикбину огоҳ аст!».

Ин оят ба таври ҳатм далолат мекунад, ки Уммаҳотулмӯминин дар аҳли байт дохиланд, зеро сиёқи пеш ва баъд аз ин оят, хитоб ба онҳост.

Дар зимн бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки ин бо ривояте, ки дар Саҳеҳи Муслим (шумораи 2626) ба нақл аз Уммулмӯминин, Ойша (р) омада, мунофот надорад.

Мулоҳаза фармоед: Ҳазрати Ойиша (р) мефармояд: «Паёмбар (с) ҳангоми зуҳр, кисое (навъи либосе), ки аз мӯйи сиёҳ бофта шуда буд, бар тан доштанд ва аз хона берун рафтанд. Ҳасан бин Алӣ омад, ӯро бо худ зери кисо дохил карданд, сипас Ҳусайн омад, бо эшон дохил шуд, сипас Фотима омад, ӯро дохил карданд, сипас Алӣ омад, ӯро низ дохил карданд, он гоҳ фармуданд:

( إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنْكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيرًا 33 ) [الأحزاب: 33]

« Эй аҳли байт! бешак Аллоҳ мехоҳад, палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок созад».

Зеро ин ояти карима далолати ошкор мекунад, ки Уммаҳотулмӯминин дар ин фазилат дохиланд, чун ки хитоб дар ояти мазкур, мутаваҷҷеҳи онҳост ва Алӣ ва Фотима ва Ҳасану Ҳусайн (р) бо далолати суннат, ки дар ин ҳадис зикр шуда, машмӯли ин фазилат мегардонад.

Ин, ки Паёмбар (с) ин чаҳор нафарро ба таври хусус дар ин ҳадис зикр фармуданд, мусталзими ин нест, ки Аҳли байташ мунҳасир ба ҳаминҳо бошанд ва бақия шомил нашавад. Ҳадди аксари далолати ҳадис инаст, ки онҳо аз хусуситарин афроди Аҳли байти эшон ҳастанд.

Далолати ин оят бар духули ҳамсарони Паёмбар (с) дар Аҳли байташ мебошад ва далолати ҳадиси Ойиша (р), ки гузашт, бар духули Фотима ва Алӣ ва Ҳасану Ҳусайн (р) дар Аҳли байташ аст, мисли далолати ин иршоди Илоҳист:

( لَمَسْجِدٌ أُسِّسَ عَلَى التَّقْوَى مِنْ أَوَّلِ يَوْمٍ أَحَقُّ أَنْ تَقُومَ فِيهِ) [التوبة: 108]

«Ба ростӣ! Масҷиде, ки аз рӯзи нахуст бар тақво бунёд ниҳода шудааст, сазовортар аст, ки дар он биистӣ».

Мурод аз он масҷиди Қубо аст ва далолати суннат дар ҳадисе, ки имом Муслим дар саҳеҳаш (шумораи 1397) нақл мекунад, ки: «мурод аз масҷиде, ки ба тақво бино шуда, масҷиди худи ҳазрати Муҳаммад (с) аст».

Ҳамсарони Паёмбар (с) дар лафзи «ال» дохиланд, зеро мефармояд:

«إن الصدقة لا تحل لمحمد ولا لآل محمد».

«Бешак, барои Оли Муҳаммад, садақа ҳалол нест».

Далолати ҳадис аз ин ҷост, ки аз хумс ба Уммаҳотулмӯминин саҳм дода шавад.

Ва ҳамчунин ривояти Ибни Аби Шайба дар мусаннафаш (ҷ 3/219), ки бо исноди саҳеҳ аз Ибни Аби Мулайка нақл мекунад, ки:

«إنّ خالد بن سعيد بعث إلي عائشه ببقرة من الصدقة فردتها وقالت: إنا آل بيت محمد صلى الله عليه وآله وسلم لا تحل لنا الصدقة».

«Холид бин Саъид, хидмати ҳазрати Ойиша (р) аз моли садақа гове фиристод. Уммулмӯмин онро рад кард ва фармуд: барои «мо Аҳли байти Муҳаммад (с) садақа ҳалол нест».

Ибни Қайим (р) дар китоби арзишмандаш, «ҷалоул-афҳом» менависад: «Ин ки умуман ҳамсар ҷузъи Аҳли байти шахс ба шумор меравад, ба хусус ҳамсарони Паёмбар (с) иллаташ инаст, ки онро ба насаб ташбеҳ мекунанд, чун робитаи онҳо бо Паёмбар (с) қатъ нашудааст, ба далели ин, ки онҳо чӣ дар ҳаёт ва чӣ баъд аз вафоти ҳазрат, бар ғайрашон ҳароманд, чун модари ҳамаи мӯминон ҳастанд, лизо онҳо чӣ дар дунё ва чӣ дар охират, ҳамсарони худи Паёмбар (с) ҳастанд. Пас сабаби ин, ки онҳо Аҳли байти Паёмбар (с) ҳастанд, никоҳ аст.

Лизо Паёмбар (с) фармуданд, ки бо онҳо дуруд фиристода шавад, ба ҳамин ҷиҳат аст, ки бинобар қавли саҳеҳ, садақа бар онҳо ҳаром аст, зеро садақа чирки моли мардум аст ва Аллоҳи мутаъол шаъну манзалати Паёмбари гиромӣ (с) ва Аҳли байти эшонро аз чирки моли мардум, маҳфуз доштааст.

Далели дигаре, ки бар таҳрими садақа бар Маволии Бани Ҳошим дорад, ривояти Абӯдовуд дар сунан (шумораи 1650) ва Тирмизӣ (шумораи 657 ва Насойи (шумораи 2611) аст, ки бо санади саҳеҳи собитшуда, албатта лафзи зайл аз Абӯдовуд аст: «Аз Абӯрофеъ ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) шахсеро барои гирифтани садақа –закот- аз Бани Махзум, мукаллаф фармуданд, он шахс ба Абӯрофеъ гуфт: ту ҳам бо ман биё, то ин ки ба ту ҳам аз музди дарёфте, чизе барасад. Гуфт: бояд аз Паёмбар (с) бипурсам, вақте пурсид, фармуданд:

«مولي القوم من انفسهم وانا لا تحل لنا الصدقة».

"Мавлои ҳар қавме, аз худи онон ба ҳисоб меояд ва барои мо садақа ҳалол нест".

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم ونفعنا بهدي سيد المرسلين وقوله القويم أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلين والحمد لله رب العالمين.

الحمد لله حمدا كثيرا طيبا مباركا فيه، كما يحب ربنا ويرضى، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمدا عبده ورسوله، وعلى آله وصحبه ومن تبعهم بإحسان إلى يوم الدين.

Бародарони мусалмон ва дӯстдорони аҳли байти Расули Акрам (с)! Аҳли байти он ҳазрат аз худашон ҳуқуқе доранд, ки бояд риъоят шавад, аз ҷумла:

Ҳаққи муҳаббат ва муволот:

Муҳаббати ҳар мусалмон, як воҷиби шаръист, аммо Паёмбари гиромӣ (с) барои хешовандони худашон фақат ба хотири қаробат ва хешовандияшон бо он ҳазрат (с) навъи муҳаббати хос дар назар гирифтанд, чунон ки Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( قُلْ لَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ أَجْرًا إِلَّا الْمَوَدَّةَ فِي الْقُرْبَى ) [الشورى: 23]

«Бигӯ: бар расондани он (Қуръон) музде аз шумо дархост намекунам, вале бояд дар миёни хешовандон дӯстӣ пеша кунед (ва ҳаққи хешовандиро ба ҷой оваред».

Ҳаққи дуруд бар онон:

Абӯмасъуди Ансорӣ (а) фармуд: «Дар маҷлиси Саъд бин Убодаҳ будем, ки Паёмбар (с) пеш омад. Башир бин Саъд аз эшон пурсид: Эй Расули Аллоҳ (с)! Аллоҳ бар мо дастур дода, ки бар шумо дуруд бифиристем, чӣ гуна дуруд бифиристем? Паёмбар (с) сокит монданд, то ҷое, ки орзӯ кардем, ки кош намепурсидем, сипас фармуданд: «Бигӯед:

اللهم صلِّ عَلَي محمد وعَلَي آل محمد كما صَلَّيْتَ علي ابراهيم وبَارِكْ علي محمد وعلي آل محمد كَمَا بَارَكْتَ عَلَي ابراهيم عَلَي العَالَمِينَ إنّك حَميدٌ مَجيدٌ. (صحيح مسلم).

Ҳаққи хумс:

Бародарони мусалмон ва шигефтагони тавҳид ва Қуръон! Ақидаи Аҳли суннат ва ҷамоъат дар тамоми масоили эътиқодӣ, ақидаи васат ва миёна байни ифрот ва тафрит аст, аз он ҷумла, ақидаашон дар бораи Аҳли байти Расули Аллоҳ (с) мебошад.

Бинобарин Аҳли суннат муътақиданд, ки ифтихори насаб, тобеъи ифтихори имон аст. Касе, ки Аллоҳ ӯро бо ҳар ду неъмат (имон ва насаби рафеъ) ифтихор бахшида бошад, баростӣ, ки ду медали фахрӣ якҷо бурдааст ва касе, ки тавфиқи неъмати имонро наёфта бошад, насаби шарифаш бидуни имон, суду фоидае ба ӯ нахоҳад расонид, чунон чӣ Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ ) [الحجرات: 13]

«Бешак, гиромитари шумо назди Аллоҳ, парҳезгортари шумост».

Ва Расули Акрам (с) дар поёни ҳадиси тӯлоние, ки имом Муслим онро ба ривояти Абӯҳурайра (р) дар саҳеҳаш нақл карда (шумораи 2699) мефармояд:

«من بطأ به عمله لم يسرع به نسبه».

«Касе, ки амалаш ӯро ба ақиб андозад, насабаш наметавонад, ӯро ба пеш бияндозад».

Пас касе, ки амалаш ӯро дар назди Аллоҳи мутаъол ба дараҷоти олӣ нарасонад, насабаш нахоҳад тавонист ӯро ба пеш бияндозад, то ин ки он дараҷотро касб кунад, зеро Аллоҳи мутаъол дар муқобили амал, подош медиҳад, на насаб, чунон ки мефармояд:

( فَإِذَا نُفِخَ فِي الصُّورِ فَلَا أَنْسَابَ بَيْنَهُمْ يَوْمَئِذٍ وَلَا يَتَسَاءَلُونَ 101 ) [المؤمنون: 101]

«Он гоҳ чун дар сӯр дамида шавад, он рӯз дар миёнашон пайвандҳои хешовандӣ набошад ва аз ҳамдигар напурсанд».

Расули Акрам (с) ҳамвора аз ин, ки фақат ба насаб такя шавад, бар ҳазар медоштанд, лизо фармуданд:

«يا معشر قريش، اشتروا أنفسكم من الله، لا أغني عنكم من الله شيئا، يا عباس ابن عبد المطلب لا أغني عنك من الله شئيا يا صفيه عمة رسول الله صلي الله و عليه وسلم لا أغني عنك من الله شيئا، يا فاطمة بنت محمد سليني من مالي ما شئت لا أغني عنك من الله شيئا».

«Эй Қурайшиён! Худро аз Аллоҳ бигиред, ки ман наметавонам заррае аз азоби Аллоҳро аз шумо дур кунам. Эй Аббос бин Абдулмутталиб! Ман наметавонам заррае аз азоби Аллоҳро аз ту дафъ кунам. Эй Сафия, аммаи Расули Аллоҳ! Ман наметавонам чизе аз азоби Аллоҳро аз ту дафъ кунам. Эй Фотима, духтари Муҳаммад! Аз моли дунёи ман ҳар чӣ металабӣ аз ман биталаб! Аммо чизе аз азоби Аллоҳро аз ту наметавонам дур кунам».

Дар ин ҷо бояд, ки ба мавзеъи Аҳли суннат дар қиболи навосиб ишора кунем ва ин, ки Аҳли суннат ҳамвора аз носибиҳо, эълони безорӣ кардаанд ва мекунанд. Навосиб ва Носиба касоне ҳастанд, ки буғзи Алӣ (р)ро дин медонанд.

Бародарони гиромӣ! Сухани уламои Ислом дар мавриди ситоиш аз Амири мӯминон Алӣ ва фарзандонаш (р) сареҳ ва ошкор аст ва ақидаи мо инаст, ки иншоаллоҳ Алӣ ва Ҳасану Ҳусайн (р) дар биҳишт ҷовидон хоҳанд буд, ин амр биҳамдиллоҳ бисёр равшану ошкор аст».

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صل على محمد وعلى آل محمد كما صليت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد . اللهم بارك على محمد وعلى آل محمد كما باركت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد «. اللهم صل على محمد وأزواجه وذريته كما صليت على آل إبراهيم وبارك على محمد وأزواجه وذريته كما باركت على آل إبراهيم إنك حميد مجيد.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.